Иди байналмилалии занон–8 март ё Иди озодии занон дар даврони Шӯравӣ барои ҷомеаи суннатии Тоҷикистон иртиботи маънавии миллӣ надошт. Таърихи ҷашни мазкур чунин аст: дар баҳори соли 1857 милодӣ бофандазанони шаҳри Ню-Йорки ИМА бо тазоҳурот алайҳи ноадолатиҳои давлати худ бархостанд ва рӯзи 8 март гирдиҳамоии азим бо ширкати якҷояи коргарзанони фабрикаҳои бофандагию пойафзордӯзӣ сурат гирифт. Пас аз он, ки ҳукуматдорон онҳоро пароканда сохтанд, он рӯз барои занони Ню-Йорк азиз гашт ва онро “Рӯзи Занон” ном ниҳоданд. Ва баъд аз 50 сол (соли 1908) занони Ню-Йорк бори дигар ба хотири ин “Рӯзи Занон” тазоҳурот карданд ва барои худ имтиёзоту баробарӣ хостанд ва пароканда карда шуданд. Пас аз ин ҳар сол ин рӯз тазоҳуроти занони сотсиалист мешуд, то дар соли 1910 онро барои тамоми занони Амрико (ИМА) Рӯзи Занон эълом доштанд. Ҳангоме ки Конфронси дуюми байналмилалии занони сотсиалист (1911) дар шаҳри Копенгаген мегузашт, намояндагони занони амрикоӣ, ки ширкат доштанд, аз пешвои ин ҳамоиш Клара Сеткин хоҳиш карданд, ки ин Рӯзи Занони онҳоро барои тамоми сотсиалистзанҳо ҳамчун Иди байналмилалии коргарзанони сотсиалист эълон дорад ва ӯ ин пешниҳодро пазируфт. Аммо рӯзи дақиқи он ҷашнро таъйин накарданд. Ҳамин тавр, аввалин бор 19 марти соли 1911 дар миёни сотсиалистҳои Олмон, Австрия, Дания ва баъзе аз дигар давлатҳои аврупоӣ Рӯзи байналмилалии занон ҷашн гирифта шуд.
Дар соли 1912 иди мазкурро рӯзи 12 майи соли 1913-ум 2 март ва соли 1914 дар санаи 8 март ҷашн гирифтанд ва минбаъд 8 март санаи доимии таҷлили ин ҷашн шуд.
Давлати Иттиҳоди Шӯравӣ аз рӯзҳои аввали таъсис ёфтанаш ин ҷашни занонро иди давлатӣ эълом дошт. Аз соли 1965 сар карда, он рӯзро дар Шӯравӣ рӯзи истироҳат қарор доданд. Пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ин иди давлатӣ дар ҷумҳуриҳои назди Балтика барҳам дода шуд. Дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон номи “Рӯзи Модар” ва дар Арманистон “Рӯзи модар ва зебоӣ”-ро гирифт, ки дар Арманистон онро рӯзи 7 апрел ҷашн мегиранд. Умуман, бештаре аз аҳли олам ба ин натиҷа расидаанд, ки ҷашни 8 мартро наметавон байналмилалӣ номид, зеро он ба таври сунъӣ аслан иди мамлакатҳои собиқ сотсиалистӣ буд.
Аммо ин шикаста шудан ва беэътибор гаштани ҷашни мазкур дар арсаи байналмилалӣ набояд боиси ранҷидагии хотири занони тоҷик гардад, зеро онҳоро назди падарону фарзандони миллати худ арзиши дигарест, ки мутаассифона, чун дигар арзишҳои фарҳангии миллӣ ба сабаби ноогоҳии таърихӣ мавҷудияти онро дар гӯшаи фаромӯшию гумномӣ ниҳода будем. Акнун мо медонем, ки аҷдоди пуршарафи миллати тоҷик на ҳамчун занони амрикоӣ 150 сол пеш аз ин бо муборизаҳои пайдарпай баҳри истиқлоли худ чунин ҷашнеро падид овардаанд, балки мардони ориёӣ бо ихтиёри худ се ҳазор сол пеш аз ин чунин ҷашни фархундаро барои занони покдомани худ таъсис дода будаанд. Ин чӣ ифтихори бузургест, ки наҷибзодагони ориёӣ барои бонувони худ чунин тақдими олитарини инсониро арзонӣ доштанд, яъне мардони миллати мо худ ин неъматро ба занон ҳамчун нишони эҳтироми бузург ба Зан, ба Модар тақдим доштаанд, на мисли амрикоиҳо, ки занони бечора худ аз онҳо эҳтиром карданашро ба воситаи муборизаҳои бардавом талаб кардаанд.
Қайд кардан бамаврид аст, ки Искандари Мақдунӣ ҳангоми истилои Бохтару Суғд дар тайи се сол ба муқобили сахти Спитамен ва ҳамсафонаш Австон ва Катон дучор шуд. Ӯ баъди талафоти гарон, ҷангу ҷидолҳои сершумор ва заҳматҳои сангини лашкаркашиҳо ба Рухшона (Роксана) ном духтари ҳокими маҳаллӣ Оксиарт, ки хеле зебо буд, хонадор шуда, бо ашрофи Бохтару Суғд робитаҳои хешу таборӣ бунёд ниҳод. Искандар тобистони соли 323 то милод дар сини 32-солагӣ дар Бобул вафот намуд. Ба ҷойи ӯ ворисаш Александри чоруми хурдсол, ки писари қонунии Искандар ва Рухшона буд, ба тахт нишаст. Рухшона ҳамроҳи писараш Александри IY то соли 311 то милод ба ҷойи шавҳараш давлатдорӣ намудааст. Ӯ ва писари 12-солааш Александри IY бар асари суиқасд, яъне заҳр додани душманон, кушта мешаванд. Баъди онҳо империяи паҳновари Искандари Мақдунӣ рӯ ба парокандагӣ оварда, дар қисмати шарқии он Селевк ва писараш Антиох, ки фарзанди Апама, духтари Спитамен буд, қариб сад сол давлати Селевкиёнро пойдор доштанд. Апама, чи дар назди шаҳвараш ва чи дар назди ҳарбиёну аҳли дарбор, эътибор ва мартабаи баланд дошт. Эътибораш аз насабаш вобаста буд, зеро ӯ аз сулолаи шоҳони Ҳахоманишиён буд. Ин нукта аҳаммияти сиёсӣ ҳам дошт.
Мисоли дигар. Фотимаи Хуросонӣ–яке аз бонувони донишманди тоҷик, ки ӯро муғулон ба асорат то пойтахти Муғулистон бурда буданд. Ӯ дар дарбори хони бузург Уктой шахси бонуфузи дарбор шуд ва пас аз марги хони мазкур (соли 1241) ҳамроҳи зани ӯ қариб чаҳор сол империяи паҳновари муғулро идора кард. Тахмин меравад, ки бо дастгирии ӯ ба таъсиси давлати Картҳои Ҳирот иҷозат дода шуд. Фотимаи Хуросонӣ дар соли таъсиси давлати Картҳо иҷозат дода шудааст. Ӯ дар соли таъсисёбии давлати Картҳо (1245) барои худсарона идора кардани империяи муғул аз ҷониби онҳо ба қатл расонида шуд. Давлати Картҳои Ҳирот на танҳо аввалин давлати тоҷикии замон, балки аввалин давлати маҳаллии аҳдимуғулӣ дар тамоми Эронзамин буд (1245–1381) ва соли 1381 аз ҷониби Темурланг барҳам дода шуд.
Яке аз бузургтарин муаррихони тоҷик Абӯрайҳони Берунӣ зимни пажӯҳише дар таърихи урфу ойини аҷдодӣ бад-ин натиҷа расида буд, ки “дар қадимуззамон эрониҳо (аҷдоди тоҷикон)-ро расми ҷашнгирии занонашон будааст”. Аз гуфтаҳои ӯ бармеояд, ки Иди Занон дар сарзамини мо маҳз дар моҳи сеюми зимистон, ки моҳи исфандормаз ном дошт (яъне мутобиқ ба моҳҳои феврал-март), ҷашн гирифта мешуд. Яъне тақрибан мутобиқ ба ҳамин рӯзҳое будааст, ки алҳол мо Рӯзи Модарро таҷлил мекунем. Ӯ дар ин бора навиштааст: “Исфандормаз фариштаи ваколатдор бар Замин аст ва низ ба занҳои дурусткору пок ва шавҳардӯсту хайрхоҳ ваколатдор аст ва ҳанӯз ин расм дар Исфаҳону Рай ва дигар кишварҳои Паҳла (яъне сарзамини паҳновари тоҷикону форсизабонон дар замони Берунӣ) боқӣ мондааст ва ба форсӣ “Муждагирон” мегӯянд”. Аз қадим, яъне тақрибан 2500–3000 сол пеш аз ин, то асри XӀӀ ин ҷашн боқӣ будааст. Ҳатто дар Рими Қадим, ки ҷашни занон вуҷуд доштааст, баъзе аз олимон тахмин кардаанд, ки ин ойин ба он кишвар аз Эрони бостон, яъне аз аҷдоди ориёии мо гузаштааст.
Инак, дар даврони Истиқлоли давлатӣ бо ибтикори Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни миллии аз хотираҳо ба фаромӯши рафтаи худ–Рӯзи Модарро эҳё кардем ва арвоҳи аҷдоди пуршарафи худро шод гардонидем ва ҳам тоҷи аввалин будани ин ифтихорро нисбат ба эҳтироми Зан-Модар дар ҷаҳон бори дигар ба сар ниҳодем. Гумон меравад, ки дар таърих дигар мардуме вуҷуд надорад, ки ба ин қадимият аз ҷашнгирии занонашон маълумоте дошта бошад. Бидуни шак, чунин ҷашн хеле бузургу арзишманд аст, зеро пояи асосии пойдорӣ ва оромии ҷомеа бидуни шак ба зан вобастааст, аз ин рӯ, болида гардонидани рӯҳияи онҳо ба воситаи эҳё кардани ин ҷашн ба манфиати маънавии миллати тоҷик аст.
Ва дигар ин, ки мардуми олам бояд бидонад, ки аввалин муассисони чунин ҷашни зебо дар ҷаҳон киҳо будаанд, яъне падарони арҷманди мо ва пошдиҳандаи он дар миёни бештаре аз мардумони ҷаҳон–давлати муқтадири ориёиҳо Ҳахоманишиён, ки қариб нисфи ҷаҳонро беш аз дусад сол дар ихтиёр дошт ва бад-ин восита он ҷашнро барои тамоми мамолики тобеъи худ, ба мисли ҷашни Наврӯз, умумӣ гардонида буданд.
Дар робита ба ин мавзуъ шояд ашхосе падид оянд, ки нигоҳашон ба ҳар гуна ифроту тафрит кашад ва якчанд масъалаи сунъиро садди ин роҳ намоянд. Гап сари он аст, ки гурӯҳе аз мардум ба хотири эҳтироми сохти сотсиалистии собиқ ва гурӯҳе ҳам ба хотири ин ки ислом ба занон кайҳо озодиро додааст ва ҳоҷат ба он нест ва тоифае ба иллати ғарбзадагии кӯркӯрона ва ҷамоате дигар ба ин баҳона, ки ин ҷашни зардуштист ва дар ниҳоят табақае ба сабаби надоштани ифтихору эҳтиром ба арзишҳои маънавии миллии худ ва ё ҳатто беэҳтиромӣ нисбат ба зан ва ғайраву ҳоказо монеи эҳё кардани ин ҷашни пурифтихори миллии худ гардиданд.
Аз ин рӯ, хуб шуд, ки Иди Занон ба ҷашни Рӯзи Модар табдил дода шуд. Рӯзи Модари мо на ба мазмуни озодии занон, ки ҳеҷ гоҳ занони мо каниз ё беҳуқуқ набудаанд, то ҷое, ки ислом биҳиштро зери қудуми модарон қарор додааст, ё табақаи махсуси занони сотсиалист ва ё амсоли ин, балки танҳо ба хотири арҷмандӣ ва эҳтироми самимӣ нисбат ба занони покдомани миллат, зояндагон ва тарбиядиҳандагони фарзандони солими Ватан, пайвастан ба ифтихору номуси миллӣ, эҳтиром гузоридан ба ин ҷашни зебои тақдимдоштаи аҷдоди пуршарафи худ ба модарон ва бад-ин восита шод гардонидани арвоҳи онҳо ва дар ниҳоят, ба хотири худшиносӣ ва бедории миллӣ таҷлил карда мешавад.
Бояд тазаккур дод, ки мақому манзалати занону модарон дар кишвари мо дар давраи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз пеш баланд гардидааст. Аз ҳамин ҷост, ки занону духтарони мо дар ҳама соҳаҳои иқтисодиёти миллии мамлакатамон дар паҳлуи мардон истода, дар пешрафт ва шукофиии диёрамон саҳми арзанда мегузоранд. Асосгузори сулҳу ваҳдати милӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии мамлакат зикр намуданд, ки минбаъд низ мақоми занонро дар љомеаи кишварамон баланд бардошта, мавқеи онњо дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ карда мешавад. Аз ҷумла, дар Паём омадааст:
“Нақши бонувону занон дар эъмори ҷомеаи демократӣ ва дунявӣ хеле бузург мебошад. Тибқи маълумоти оморӣ занон 49,3 фоизи аҳолии кишварро ташкил медиҳанд. Имрӯз дар кишвар соҳае нест, ки занону бонувони тоҷик дар он фаъолияти пурсамар надошта бошанд. Ҳоло қариб 68 фоизи кормандони соҳаи тандурустӣ, беш аз 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 27 фоизи кормандони илм ва зиёда аз 23 фоизи онҳое, ки дар соҳаи кишоварзӣ фаъолият доранд, занону бонувон мебошанд.
Занону бонувон дар баробари фаъолият дар соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла илму маориф, хизмати давлатӣ, кишоварзӣ ва саноат, инчунин, дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, алоқа, сохтмону меъморӣ, бонкдорӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар низ софдилонаву содиқона заҳмат кашида истодаанд.
Маҳз ба ҳамин хотир, баланд бардоштани мақоми иҷтимоии занон, аз ҷумла дар мақомоти роҳбарикунанда ҳамеша дар мадди назари Ҳукумати мамлакат қарор дорад.
Бо дарназардошти ин ва бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ҷиҳати то 30 фоиз расонидани хизматчиёни давлатӣ ва то 25 фоиз расонидани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони лаёқатманд дар муҳлати се моҳ «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони болаёқат барои солҳои 2023–2030» таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод карда шавад.
Мо бояд як нуктаи муҳимро ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки зан – модар мавҷуди муқаддас мебошад ва ҳамаи сиёсатмадорону донишмандон ва бузургони олам, аз ҷумла Пайғамбари ислом аз домани поки модар ба дунё омадаанд ва бо шири ҷонбахши ӯ бузург шудаанд.
Воқеан, мақоми Зан – Модар дар ислом бисёр баланд мебошад ва беҳуда нест, ки дар Қуръони карим сураи чаҳорум бо номи “Нисо»”(занон) нозил шудааст.
Бинобар ин, ба ҷо овардани иззату эҳтироми модарону занон ва бонувону духтарон, саъю талош ба хотири ҳалли мушкилоти онҳо ва фароҳам овардани шароит барои илму донишомӯзӣ ва соҳиби касбу ҳунар гардидани духтарон вазифаи ҷонии мо мебошад.
Дар замони истиқлолият 11 500 нафар духтарон аз ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварро бо квотаи президентӣ хатм кардаанд. Дар ин давра 222 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро хатм намуда, ҳоло боз 100 ҳазор нафар духтарон дар ин муассисаҳо таҳсил карда истодаанд. Аз 42 ҳазор нафар донишҷӯёни мо, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварҳои хориҷӣ таҳсил доранд, зиёда аз 8 ҳазор нафарашон духтарон мебошанд.”
Рӯзи Модар дар кишварамон дар давраи омодагӣ ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ таҷлил мегардад. Боварии комил дорем, ки бонувони сарбаланди мо суннату ойинҳои неку бостонии халқамонро минбаъд низ идома дода, дар ободии Ватани азизамон, оромиву суботи ҷомеаи кишварамон ва пешрафти давлати соҳибистиқлоламон нақши муносиб мегузоранд.
Бо умеду орзуҳои неку хуҷаста бонувони гиромиро ба муносибати ҷашни фархундаи Рӯзи Модар табрику таҳният гуфта, ба ҳар яки шумо тани сиҳат, хотири ҷамъ, сарсабзиву комёбӣ, дар хонадонатон осоишу оромӣ, бахту иқболи нек ва рӯзгори ободу осуда таманно дорем.
Ҷашни фархундаи Рӯзи Модар муборак бошад!