Рӯзи 27-уми январи соли 2022 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин ҷамъомад баргузор гардид, ки дар он директори нави Марказ ба ҳайати кормандон муаррифӣ карда шуд. Эмомалӣ Насриддинзода иттилоъ дод, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёӣ Хуршед Махшулзода бо сабаби ба дигар кор гузаштанаш аз вазифаи директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуд. Сипас, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин намудани доктори илмҳои фалсафа, профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Усмонзода Хайриддин Усмон қироат карда, ӯро ба ҳозирин муаррифӣ намуд. Дар бораи ҳаёт ва фаъолияти кории мавсуф маълумоти мухтасар дод.
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин ба собиқ директори Марказ, доктори илмҳои фалсафа, профессор Зиёӣ Хуршед Махшулзода барои фаъолияти пурсамараш дар вазифаи директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуд.
Сипас, Хуршед Зиёӣ ба сухан баромада, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои боварӣ изҳори сипос намуда, қайд кард, ки минбаъд низ кӯшиш мекунад, ки сазовори эътимоду боварии Пешвои миллат гардад ва ба ҳамаи кормандони Марказ барои фаъолияти пурсамарашон дар давраи роҳбариаш изҳори миннатдорӣ намуд.
Директори навтаъйини Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода ба сухан баромада, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои боварӣ ва таъйин намудан ба вазифаи масъулиятноки давлатӣ изҳори сипос намуд ва тазаккур дод, ки кӯшиш ба харҷ медиҳад, то ҷиҳати ноил гардидан ба эътимоду боварии Пешвои миллат пурсамар фаъолият намояд.
Баъдан, аз ҷумлаи кормандони Марказ сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоии Марказ, доктори илмҳои фалсафа, профессор Абдураҳмон Қурбонов ба сухан баромада, ба Хуршед Зиёӣ барои фаъолияти пурсамараш ба ҳайси директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон миннатдорӣ изҳор карда, ба директори навтаъйини Марказ Хайриддин Усмонзода барори кор орзу намуд.
Дар фарҷоми ҷамъомад Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин бори дигар директори нави Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода Хайриддин Усмонро ба муносибати таъйин гардиданашон ба вазифаи масъулиятнок табрику муборакбод карда, ба ҳайати кормандони Марказ таҳти роҳбарии ӯ барори кор ва комёбиҳо таманно намуд.
Ҳамоиш дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда доир гардид.
Хадамоти матбуотии
Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон