Соҳибкорӣ яке аз соҳаҳои муҳим ва афзалиятноки иқтисодиёти кишвар ба ҳисоб рафта, барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, таъмини аҳолӣ бо ҷойҳои корӣ ва баланд бардоштани некуаҳволии мардум нақши муҳим мебозад. Аз ин лиҳоз, ҳамасола Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии мамлакат соҳибкорӣ ва бахши хусусиро ҳамчун самти афзалиятноки иқтисоди кишвар таҳлилу арзёбӣ карда, ҷиҳати дастгирӣ ва беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ вазифагузорӣ менамоянд. Дар Паёми навбатӣ низ муҳиммияти рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва бахши хусусӣ ва дастовардҳои ин соҳа дар замони истиқлолият қайд гардид, ки онҳоро чунин хулоса кардан мумкин аст:
- Эътироф гардидани шаклҳои гуногуни моликият;
- Кафолат додан ба фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқи соҳибмулкӣ;
- Фароҳам овардани шароити мусоид барои сармоягузорӣ;
- Пешниҳод гардидани зиёда аз 110 имтиёз ва сабукиҳои андозиву гумрукӣ;
- Аз 4 ба 1 адад расонидани шумораи сохторҳои бақайдгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ;
- Аз 49 то ба 3–5 рӯз кам кардан ва ба таври ройгон ба роҳ мондани муҳлати бақайдгирии давлатии субъектҳои соҳибкорӣ;
- То ба 400 миллиард сомонӣ расидани дороиҳои бахши хусусӣ (аз ҳисоби арзиши амволи ғайриманқул ва дороиҳои молиявии ширкату корхонаҳои бахши хусусӣ);
- Қабул гардидани Кодекси андоз дар таҳрири нав.
Ҳамчунин, дар Паём барои рушди минбаъдаи ин соҳа як қатор вазифаҳои нав гузошта шуданд:
- Андешидани тадбирҳои қатъӣ ҷиҳати зиёд намудани қарзҳои имтиёзноки дарозмуҳлат, хусусан, барои соҳибкории истеҳсолӣ, пешниҳоди хизматрасониҳои босифат бо истифода аз технологияҳои рақамӣ ва гузариши пурра ба ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ, инчунин, ҳарчи бештар ҷалб кардани сармояи дохиливу хориҷӣ ба низоми бонкӣ;
- Андешидани чораҳои амалӣ ҷиҳати ҷорӣ намудани низоми электронии пайгирии муроҷиати сармоягузорон дар доираи «Равзанаи ягона» ва таҳияи тартиби роҳандозии ҳамкории электронӣ бо сармоягузорон дар ҳамаи сатҳҳои мақомоти давлатӣ;
- Ба роҳ мондани раванди бақайдгирии субъектҳои соҳибкорӣ дар давоми 24 соат, аз ҷумла, ба тарзи электронӣ то охири соли 2022;
- Бо дарназардошти фароҳамсозии омилҳои ҳавасмандгардонӣ дар корхонаҳои саноатии аз фаъолият бозмонда, аз ҷумла корхонаҳои нассоҷии дар ихтиёри давлат қарордошта, роҳандозӣ намудани низоми идоракунии корпоративӣ ва бо ҷалби бахши хусусӣ таъмини фаъолияти самароникӣ;
- Озод намудани замини тутзорҳо ба муддати 10 сол аз пардохти андози ягонаи замин;
- Аз пардохти андозҳо пурра озод намудани шахсони ҳуқуқие, ки ба коркарди пилла ва истеҳсоли матоъҳои шоҳӣ, атласу адрас ва дигар маснуоти бофандагии дастӣ машғуланд;
- Таъмин намудани гузариши соҳаҳои гуногуни саноат ба технологияҳои инноватсионӣ, хусусан, таҷҳизоти каммасрафи барқӣ ва дар ин замина васеъ ҷорӣ намудани истеҳсоли маҳсулоти рақобатнок бо истифода аз «энергияи сабз»;
- Андешидани тадбирҳои мушаххас дар самти таъмин кардани рушди саноати дорусозӣ, аз ҷумла, истеҳсоли доруворӣ аз гиёҳҳои шифобахши ватанӣ.
Аз дастовардҳои ноилгардада ва вазифаҳо барои оянда гузошташуда бармеояд, ки масъалаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва бахши хусусӣ таҳти назорати доимии роҳбари давлат қарор додашуда, тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд, ки ба боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти соҳибкорию рушди бахши хусусӣ мусоидат менамояд. Инчунин, солҳои 2022 – 2026 эълон гардидани “Солҳои рушди саноат” барои рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва бахши хусусӣ дар соҳаҳои мухталифи саноат замина гузошта, барои ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегии миллӣ мусоидат менамояд.
Ҳамин тавр, мақсад ва вазифаҳои ҳамасола дар Паёми Пешвои миллат ироагардида ва ҳамчун барномаи мушаххас, ба боз ҳам беҳтар гардидани фазои соҳибкорӣ мусоидат намуда, ба афзоиши шумораи субъектҳои соҳибкорӣ ва дар ин замина таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ки аз ҷумлаи ҳадафҳои стратегии кишвар ба ҳисоб меравад, таъсири мусбат хоҳад гузошт.
Содиқова А.Ф.,
корманди Раёсати тадқиқоти
масъалаҳои соҳибкорӣ ва инкишофи
бахши хусусии МТС – и назди Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон