(Чанд сабақе аз ҳодисаҳои Қазоқистон)

 Ҳодисаҳои ибтидои моҳи январи соли 2022 дар Ҷумҳурии Қазоқистон бори дигар собит намуданд, ки ба вазъи ҳар як кишваре, ки ба ягон мушкилоти сиёсӣ, иқтисодӣ ё иҷтимоӣ мерасад, тамоми бозингарҳои глобалию байналмилалӣ, миллӣ ва ҳатто маҳаллӣ, қабл аз ҳама, аз нигоҳи манфиатҳои эгоистии худ менигаранд. Аз ҷумла, дар асоси таҳлили моҳияти ин бадбахтие, ки мардуми Қазоқистон ба он дучор шуд, инчунин бо такя ба иттилооти манбаъҳои расмии ин кишвар ва андешаҳои коршиносони байналмилалӣ метавон қатъиян хулоса намуд, ки ин ҳодисаро ҳар касе, ки имкон дошт, барои амалисозии ҳадафҳои нопоку ғаразҳои эгоистии худ мавриди истифода қарор дод.

Аввалан, он тазоҳургарони бо ном осоишта, ки сабабгори бадбахтии тамоми сокинони Қазоқистон гаштанд, танҳо талаби паст намудани нархи газро доштанд, ки бо тасмими то охир насанҷидашуда ва ё қасдан ба миён гузошташуда ду баробар боло рафта буд. Инро ба назар гирифта, Президенти ин кишвар тибқи талаби мардум сари вақт ин тасмимро бекор кард ва нархи авваларо барои газ на танҳо баргардонид, балки онро каме поёнтар ҳам бурд. Ҳукумати кишвар низ ба истеъфо равон гардид. Вале тазоҳургарон манфиатҳои эгоистии худро аз ҳама боло гузошта, аз рӯи мақоли машҳур, ки «Иштиҳо ҳангоми хӯрокхӯрӣ меояд», рафтор намуданд ва шиорҳои нав ба миён гузоштанд ва ё баъзеҳояшон пароканда гардида, мардуми дигареро, ки баъди қонеъ гардидани талабҳои онҳо даст ба тахрибкорию кушторҳо заданд, аз ин ҳаракатҳои сӯзанда боз надоштанд ва ҳатто амалу кирдорҳои ношоистаи онҳоро маҳкум ҳам накарданд. Ин амали тазоҳургарон аз нигоҳи ахлоқӣ намунаи олии эгоизм (худпарастӣ) ба ҳисоб меравад ва нишон медиҳад, ки барои чунин ашхос манфиатҳои шахсӣ болотар аз ҳама буда, манфиатҳои умумиллӣ ва давлатӣ заррае ҳам қадру қиммат надоранд.

Дуюм, террористони байналмилалӣ аз кишварҳои шарқӣ, ки баъд аз танг карда баровардан аз давлатҳое чун Сурия, Ироқ ва Афғонистон ва бо сабабҳои норавшану номаълум дар ин кишвари Осиёи Марказӣ пайдо шуданд, аз тазоҳурот истифода бурда ва ғаразҳои эгоистии худро амалӣ сохта, зӯроварию кушторро дар ин минтақа оғоз карданд. Барои ин террористон, ки ба қавли худашон ҳадафҳои бо ном «ҷиҳодию исломӣ» доранд, заррае аҳаммият надошт, ки Қазоқистон кишвари мусулмонон аст. Зеро барои ин террористони зархариди байналмилалӣ ҳадафҳои эгоистии худи онҳо – гирифтани маблағ аз хоҷагон, каллабурии ҳамдинони худ ва дигар ҳадафҳои тору сиёҳ болотар аз дину мазҳаб ва ҳаёти ҳамкешу ҳаммазҳабон ба ҳисоб меравад.

Сеюм, муаллифони «инқилобҳои ранга» дар нисбати бадбахтие, ки дар Қазоқистон рух дод, ягон тадбири пешгирикунанда пешниҳод насохта, баръакс бо истифода аз технологияҳои маълуми худ ба осиёби ин ҳодисаҳои мудҳиш об рехтанд. Бо ин роҳ ва бо истифода аз ҳаракати ташкилоти миллии ғайриҳукуматие, ки худи муаллифони «инқилобҳои ранга» онҳоро мабалғгузорӣ мекунанд, тазоҳуротро вусъат бахшида, ин бозигарони глобалӣ дар мувоҷеҳ сохтани тазоҳуроти осоиштаи мардум ба сӯи тахрибкорию одамкушӣ нақши ниҳоят манфиро ба иҷро расониданд. Дар натиҷа манфиатҳои эгоистии чунин бозингарон, ки бар зидди давлатҳои абарқудрати ҳамсоя нигаронида шудаанд, мардуми Қазоқистонро ба як бадбахтие овард, ки оқибатҳои ногувори он то дер боз ба ҷой хоҳанд буд.

Чорум, дуздону ғоратгарон бо сӯхтану тороҷи моликияти мардум ва давлат, миллатгароён бо даъватҳои худ бар зидди миллатҳои дигари сокини Қазоқистон, элитаҳои соҳибкорӣ бо кӯшиши забти объектҳои бунёдию стратегӣ, орзуи барҳам задани ҳокимияти давлатии амалкунанда ва даҳҳо унсурҳои дигари ҷинояткору тахрибкор ҳамагӣ бо амалҳои ношоистаи худ собит сохтанд, ки, мутаассифона, ҳадафҳои эгоистӣ дар ҳодисаҳои ибтидои моҳи январи соли 2022 дар Қазоқистон дар ҷойи аввал қарор доштанд. Ба ибораи дигар, дар чунин вазъи фавқулода тамоми эгоистон дар ин кишвар ба ҳолате, ки дар илм «ҷунуни оммавӣ» ном дорад, гирифтор шуда, манфиатҳои миллату давлат ва халқи худро ба куллӣ фаромӯш намуданд. Ин ҳолат барои ҳар як миллату давлат хеле аламовару нангин аст. Ин ҳолат сабақест, ки ҳамаи мо онро бояд биомӯзем ва ҳеч гоҳ ба такрори он дар ягон вазъе роҳ надиҳем.

Сабақи аввал аз ҳодисаҳои Қазоқистон ин аст, ки ташкили бенизомию бетартибӣ бо дарназардошти ҳадафҳои муғризона ва эгоистии худ ва зидди манфиатҳои давлату миллат ба ҳар як кишвару ба ҳар як халқ танҳо бадбахтӣ ба бор меорад. Дар амалия қабул шудааст, ки ҳар гуна ҷангро оқибат сулҳ аст ва ҳар бенизомиро оқибаташ тартиб. Вале то расидан ба ҳолати сулҳу бонизомӣ садҳову ҳазорҳо қурбониҳо мешаванд. Аз ҷумла, дар ҳодисаҳои фавқуззикри Қазоқистон даҳҳо нафар кушта ва садҳо нафар захмӣ гаштанд, садҳо иншооти шахсию давлатӣ сӯхтаву хароб гардиданд, ба мардум ва давлат то ним миллиард доллари амрикоӣ зарари моддӣ расонида шуд. Муҳимтар аз ҳама он аст, ки ба имиҷи Қазоқистон, ки то ин замон яке аз давлатҳои пешрафта ва бонуфузи Осиёи Марказӣ маҳсуб буд, тазоҳуроту тахрибкориҳо зарбаи ҷонкоҳе заданд, ки то дер боз барқарор кардани он кори хеле сангин хоҳад буд.

Сониян, дар асоси таҳлили ҳодисаҳои Қазоқистон метавон натиҷагирӣ намуд, ки бологузории ғаразҳои эгоистиро нисбат ба манфиатҳои миллату давлат тамоми бозингарони саҳнаи сиёсат моҳирона дар дилхоҳ кишвар танҳо ба манфиати худ истифода мекунанд. Барои чунин бозингарон манфиатҳои давлату миллатҳои ба буҳрон расида ягон арзише надорад. Вобаста ба ин бояд ба эътибор гирифт, ки ин гуна бозингарон қодиранд ҳар гуна ҳодисаи ҷузъиро ҳам истифода намуда, аз он тавассути «самараи шапалак» офати мудҳише созанд.

Сеюм, мардуми кишвари моро зарур аст, ки тамоми масъалаҳоро танҳо тавассути роҳҳои қонунӣ ҳаллу фасл намоянд. Тоҷикистони соҳибистиқлол давлати ҳуқуқбунёд аст ва неруи қонун дар давлати мо аз ҳама болост. Аз ин рӯ, дар шароите, ки мо имрӯз дар марзҳои худ дорем, дар вазъияте, ки дар кишварҳои ҳамсояи мо баъзе гуруҳҳо эътилофбозӣ бо ҳамзабононро оғоз кардаанд, ба ҳар як сокини Тоҷикистони ориёинажоди мо зарур аст, ки бо меҳнати шабонарӯзӣ ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва давлатиро дар пояи аввал гузорад, худшиносӣ ва ватандӯстиро тақвият бахшад ва барои татбиқи сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти олии кишвар барои эҳё, бунёд ва таҳкими давлатдории миллӣ мусоидат намояд. Зеро вазъи глобалии даврони муосир аз мо боисрор тақозо мекунад, ки барои ҳифзи соҳибистиқлолӣ ва давлатдории миллӣ, ки онро баъди ҳазор сол ба даст овардаем, зираку ҳушёр, ба қавли ниёгонамон, соҳиби «фикри чолок» ва «табъи даррок» бошем ва ҳадафҳои эгоистии худро фаромӯш сохта, манфиатҳои миллату давлатро аз ҳама боло гузорем.

ХУРШЕД ЗИЁӢ,
доктори илми фалсафа, профессор,
директори Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед