Дар ҳама давру замон амнияти миллӣ яке аз масоили мубрам ва ҳассос маҳсуб ёфта, ҳанӯз аз ҳазорсолаи сеюм башарият таҳдиду хатарҳои навро ба амнияти хеш эҳсос карда истодааст. Аз оғози асри ХXI низоми тартиботи ҷаҳонӣ ба тағйироти куллии сохторӣ рӯ ба рӯ гашт, ки он ба нерӯи тоза пайдо кардани иқтидори иқтисодӣ ва сиёсии як қатор давлатҳо ва иттиҳодияҳои ҳамгироӣ иртибот дорад.
Аз ин рӯ, масъалаи таъмини амнияти милливу минтақавӣ ва хатару таҳдидҳои муосир ба он дар шароити имрӯза аҳамияти ҳам илмию назариявӣ ва ҳам сиёсиву амалӣ пайдо кардааст. Дарёфти роҳу воситаҳои таъмини амнияти миллӣ ва минтақавӣ, пешгирӣ намудани хатару таҳдидҳо яке аз муҳимтарин ҷанбаи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб меёбад.
Пешвои миллат дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ ба масоили таъмини амнияти милливу минтақавӣ, худогоҳии миллӣ, нақши бонувону ҷавонон дар таҳкими истиқлоли давлатӣ диққати махсус зоҳир намуда, аз ҷумла қайд намуданд, ки кишвари мо – Тоҷикистон таҷрибаи талхи мухолифату нооромиҳо ва беназмиву беқонуниро дар солҳои 1991 – 1997 дидааст ва хотиррасон намуданд, ки онро ҳаргиз набояд фаромӯш кунем.
Дар баробари ин, Пешвои муаззами миллат таҳдиду хатарҳои асосиро ба амнияти миллӣ ва минтақавӣ номбар намуда, таъсири вазъияти ҳарбӣ-сиёсии Афғонистонро ба фазои амнияту субот дар минтақа таҳлил намуданд.
Чуноне ки Пешвои миллат қайд намуданд: “Муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир яке аз сарчашмаҳои асосии маблағгузории терроризми байналмилалӣ ба ҳисоб рафта, бо дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, аз ҷумла ифротгароӣ, савдои одамон ва харидуфурӯши силоҳ, робитаи ногусастанӣ дорад. Аз ин лиҳоз, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои марбутаи кишварро зарур аст, ки фаъолияти худро дар самти пешгирӣ ва мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ба таври ҷиддӣ тақвият бахшида, тамоми имкониятҳоро барои ошкор намудани гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпеша ва қочоқи маводи мухаддир сафарбар намоянд”.
Вобаста ба қазияи Афғонистон Пешвои миллат бори дигар иброз намуданд, ки бо дарназардошти таҷрибаи талхи таърихии солҳои 90-уми асри ХХ Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ ба масъалаҳои дохилии ҳамсояҳои худ дахолат накарда, дар муносибат бо онҳо ягон ҳадафи ғаразнок надорад.
Пешвои миллат аз оғози саҳифаи нави таърихии Афғонистон ҷонибдори сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ дар ин кишвар буданд ва ҳамеша қайд менамуданд, ки дар Афғонистон бояд ҳуқуқу озодиҳои тамоми халқу миллатҳо таъмин карда шаванд.
Дар ин бора дар Паёми имсолаи худ Пешвои миллат чунин қайд намуданд: “Мо чунин мешуморем, ки сарҷамъ сохтани тамоми мардум ва таъсис додани ҳукумати фарогири манфиатҳо ва намояндагони ҳамаи қавму миллатҳо ва неруҳои сиёсӣ ягона роҳи расидан ба суботу оромӣ дар Афғонистон мебошад. Хотирнишон месозам, ки мардуми Афғонистон бо имконияту иқтидори бузурги сиёсӣ, тамаддунӣ, таърихӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоие, ки доранд, бояд тақдири имрӯзу ояндаи худро ба даст гиранд. Яъне, сохти давлатдорӣ ва тарзи идораи давлат бо майлу ирода ва раъйи худи мардуми ин кишвар муайян ва муқаррар карда шавад”.
Аз моҳи августи соли ҷорӣ инҷониб Афғонистон ба буҳрони шадиди гуманитарӣ ва иқтисодӣ дучор гардидааст. Чунин вазъият на танҳо ба Афғонистон, балки ба ҳамсоякишварҳо низ таъсири бузурги манфӣ хоҳад расонд. Аз ин рӯ, Пешвои миллат аз ҷомеаи ҷаҳонӣ дархост ба амал оварданд, ки ба масъалаҳои доғи рӯз дар Афғонистон – нақзи ҳуқуқу озодиҳои қавму миллатҳо, инчунин расонидани ёрии башардӯстона ба мардуми осоиштаи ин кишвар бетараф набошанд.
Як далели дигари сиёсати башардӯстона ва сулҳҷӯёнаи Пешвои миллат – расонидани кӯмаки гуманитарӣ ба халқи дар азиятбудаи Афғонистон мебошад, ки вобаста ба он Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати мамлакат супоришҳои дахлдор доданд.
Ҳамин тавр, бояд қайд намуд, ки дар баробари ҳаёти иҷтимоию иқтисодии ҷомеаи Тоҷикистон, Пешвои миллат ба масъалаи амният ва сулҳу субот дар минтақа диққати махсус зоҳир намуданд. Мо ҷавонон бо дарки масъулият дар назди падару модар, фарзандон ва Ватани азизи хеш бояд ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, баҳри таъмини амнияти комил дар кишвар саҳмгузор бошем.
Содиқова С.Р., Маҳмадсаидзода А.М.
мутахассисони пешбари Раёсати омӯзиши
масъалаҳои амнияти минтақавии
Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон