Баъд аз эътирози ғайриқонунии санаи 25-28-уми ноябри дар шаҳри Хорӯғ бавуҷудомада, пахши филми ҳуҷҷатии “Нерӯи қонун” аз рӯи бисёр воқеиятҳо ва дасисаҳои баъзе гурӯҳҳои ҷиноятӣ парда бардошт. Баъд аз боздошти шаҳрванд Гулбиддин Зиёбеков, ки дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дошт, чанд нафар шахсони манфиатхоҳ ва фурсатталаб, кӯшиш намуданд, ки бо паҳн намудани иттилооти дуруғ тафаккури сокинони Бадахшонро мағзшӯӣ намуда, аз онҳо барои расидан ба ҳадафҳои нопоки худ истифода намоянд. Воқеан, дар рӯзи аввал яъне 25 ноябр ашхоси фурсатталаб ва ҳамшарикони ҷиноятии Гулбиддин Зиёбеков то ҷое тавонистанд, ки баъзе афроди ноогоҳро ба эътирози ғайриқонунии ташкилгардида ҷалб намоянд. Инчунин, гурӯҳҳои ифротӣ ва террористии дар хориҷи кишвар ҳузурдошта, дар он шабу рӯз тамоми василаҳоро истифода намуданд, то дубора Тоҷикистонро ба вартаи нооромӣ кашанд. Бояд қайд намуд, ки дар рӯзи аввал мақомоти маҳаллӣ дар вилоят сокинонро барои шинохти асли қазия даъват намуданд ва талош намуданд, ки сокинони шаҳри Хоруғро аз фиреби шахсони фурсатталаб ҳимоя намоянд. Албатта, дар натиҷаи тадбирандешии ниҳодҳои давлатӣ вазъи Бадахшон дар муддати кӯтоҳ муътадил гардид.
Маврид ба зикр аст, ки дар ҳолати бавуҷудомада, ниҳодҳои давлатӣ ба сокинон таъкид намуданд, ки ҳангоми боздошти шаҳрванд Гулбиддин Зиёбеков аз ҷониби ниҳодҳои давлатӣ ҳеҷ амали ғайрқонунӣ сурат нагирифтааст ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ омодааст, ҷузъиёти ҳодисаро пурра шарҳ диҳад. Ҳамин тавр, филми ҳуҷҷатии “Нерӯи қонун” дар ҳошияи воқеаиҳои охири шаҳри Хоруғ барои сокинон пешниҳод карда шуд, ки бисёр воқеиятҳоро ошкор қонунмандиву қонумеҳварии Тоҷикистонро собит намуд. Ҳар як шаҳрванди огоҳ баъд аз тамошои филми “Нерӯи қонун” хулоса карда метавонад, ки воқеан давлати мо принсипҳои инсондӯстиро дар меҳвари фаъолияти тамоми ниҳодҳо қарор додааст. Дар филми мазкур мушоҳида намудан мумкин аст, ки то кадом андоза ниҳодҳои давлат, дар вилояти Бадахшон таҳаммулпазиранд. Дар баробари дигар шаҳрвандони кишвар ман низ баъд аз тамошои филми ҳуҷҷатии “Нерӯи қонун” ба чанд хулоса расидам, ки баён намудани онҳоро ба маврид медонам:
- Филми ҳуҷҷатии “Нерӯи қонун” қудрати қонун ва волоияти онро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон дод. Ин филм исбот намуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳама муносибатҳо қонун афзалият дорад. Яъне, баробарии қонун дар кишвар таъмин аст ва ҳама барои кирдори худ дар назди қонун як хел ҷавоб мегуянд.
- “Нерӯи қонун” собит намуд, ки Гулбуддин Зиёбеков воқеан дар чандин ҷиноятҳои бузург даст дошта, тартибот ва низоми ҷамъиятиро дар ягон ҳолат риоя намекунад. Далелҳо ва видеонаворҳои дар филм нишон дода шуда, далели гуфтаҳои болянд. Аз таҳқир ва ҳамла ба корманди мақомоти прокуратура то беэътинои ба даъватҳои расмии мақомот, инчунин аз истифода ғайриқонунии силоҳ то ҳамкори бо гурӯҳҳои ҷиноятпеша кирдорҳои ҷиноятии Гулбиддин Зиёбеков буд, ки ҳама бо далел ва садову сурат дар филми “Нерӯи қонун” инъикос гардидаанд. Яъне, дар умум шаҳрванд Зиёбеков Гулбиддин ҷиноятҳои гуногунро содир намудааст ва мақомоти давлатӣ дар асоси меъёри қонун бо он муносибат намудаанд.
- Аз далелҳои овардашудаи филм хулоса намудан мумкин аст, ки эътирози ғайриқонунии 25-28-уми ноябр, ки дар шаҳри Хоруғ ба вуҷуд омада буд, комилан ғайриқонунӣ аст. Яъне, афроди ҷамъомада барои ҳимоя аз як ҷинояткор ҷамъ омадаанд на барои дарки ҳақиқат. Дар баробари ин ниҳодҳои давлатӣ дар вилоят бо дарки баланди масъулият ва эҳсоси баланди инсондӯстӣ дар муқобили ҳама харобкории эътирозгарон таҳаммулгароиро пеша намуда, сокинонро ба оромӣ ва ҳифзи суботи ҷомеа даъват намуданд.
- Бояд қайд намуд, ки дар ташкили эътирози ғайриқонунӣ қувваҳои сеюм ва хориҷӣ нақши калидӣ доштанд. Аз хориҷи кишвар ба унвони саркардагони эътироз ворид гардидани маблағи ҳаҷман калон далел бар он аст, ки қувваҳои сеюм ҳанӯз ҳам талош доранд, ки субот ва ваҳдати ҷомеаи моро халалдор намоянд ва ҳадафҳои нопоки худро амалӣ созанд. Аз ин рӯ шаҳрвандони кишвар махсусан, сокинони шарафманди Бадахшон бояд зираки сиёсиро аз даст надиҳанд ва ҳамеша огоҳ бошанд, ки танҳо давлат такягоҳи шаҳрвандон аст ва ҳифзи суботу ваҳдат ва амнияти миллӣ муҳимтарин вазифаи ҳар як шаҳрванд аст.
- Воқеаи ба амадомада ва филми “Нерӯи қонун” бори дигар собит намуд, ки доираҳои ифротӣ ва террористии дар хориҷи қишвар қарордошта, на мухолифи Ҳукумат балки, душмани давлату миллат мебошанд. Мушоҳида намудани фаъолияти онҳо дар он лаҳзаҳо то имрӯз далели равшани душмани миллат будани онҳост. Тамоми шабака ва сомонаҳои доираҳои экстремистиву террористӣ аз ҷумла, ТТЭ ҲНИ ва “Гурӯҳи 24” фақат ҷанг ва нооромиро ташвиқ намуда, сокинони Тоҷикистонро ба низоъ даъват менамуданд. Албатта, шаҳрвандони огоҳи Тоҷикистон алакай кӣ будан ва чӣ хостани онҳоро хуб медонанд. Тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон хуб медонанд, ки ТТЭ ҲНИ ва “Гурӯҳи 24” ду созмони ифротӣ ва террористӣ мебошанд, ки ба муқобили манфиатҳои миллии Тоҷикистон фаъолият мебаранд. Аз ин рӯ бояд сокинони Бадахшон ба дасисаҳои хоинони миллат дода нашуда барои таъмини сулҳу оромӣ дар кишвар саҳми арзандаи худро гузоранд ва дар ҳалли ҳама гуна масъалаҳо аз назари ақли солим амал намоянд.
СОМОНИ СОСОН,
сиёсатшинос