Рӯзи 2 декабри соли 2021 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи гирд дар мавзўи “Арзёбии фазои соҳибкорӣ дар Тоҷикистон: вазъ ва дурнамо” баргузор гардид. Ҳадафи баргузории ҳамоиш таҳлилу арзёбии масъалаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва дарёфти роҳҳои ҳалли дигар мушкилоти ҷойдошта дар ин самт мебошад. Дар мизи гирд намояндагони вазорату идораҳо, бонкӣ, олимони пажӯҳишгоҳи илмию таълимӣ, мутахассисону коршиносони соҳавӣ, соҳибкорон, намояндагони бахши хусусӣ ва рӯзноманигорони ватанӣ ширкат варзиданд.
Ҳамоишро бо сухани муқаддимавӣ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Зиёӣ ифтитоҳ намуда, ҳозиринро хайрамақдам гуфт ва қайд кард, ки соҳибкорӣ ва рушди бахши хусусӣ бо дарназардошти нақши муҳим доштанашон дар ҳалли масъалаҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакат ва ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии кишвар муайян гардидааст. Аз ин лиҳоз, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди бахши хусусӣ, соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар мамлакат таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд ва ташаббускори ҳалли масъалаҳои марбут ба дастгирии соҳибкорӣ мебошад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди бахши хусусӣ ва соҳибкорию сармоягузориро дар санадҳои муҳимми стратегии мамлакат, аз ҷумла, “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” яке аз воситаҳои асосии таъмини ҳадафҳои гузошташуда муайян намудааст, ки тибқи сарчашмаҳои маблағгузории амалисозии онҳо ба бахши хусусӣ 54,7 млрд. доллари амрикоӣ ё 46,3 дарсади маблағҳои пешбинишуда рост меоянд, ки ин далели возеҳу равшани аҳаммияти бахши хусусӣ барои таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ мебошад.
Ҳамин тавр, ҳоло дар назди кишвари мо доир ба истифодаи самараноки захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ, табдил додани мамлакат ба кишвари транзитӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, баланд бардоштани самаранокии саноати коркард ва тавсеаи имкониятҳои шуғли босамари аҳолӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ бар пояи рушди бахши хусусӣ ва соҳибкорӣ вазифаҳои асосӣ қарор доранд. Аз ин рӯ, то соли 2030 як қатор нишондиҳандаҳои мақсаднок бо такя ба рушди бахши хусусӣ ва соҳибкорӣ муайян карда шудаанд, ки дар заминаи он беш аз 3 баробар афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохил, тавсеаи диверсификатсияи иқтисодиёти миллӣ, беш аз ду баробар коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ва то 50 дарсад баланд бардоштани ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ дар назардошта шудааст.
Ба андешаи мо, чунин вазифагузорӣ тақозо менамояд, ки минбаъд ба ҷанбаҳои сифатии рушди иқтисоди миллӣ, аз ҷумла, тавассути такмили низоми дастгирии бахши хусусию соҳибкорӣ, махсусан соҳибкории истеҳсолӣ диққати аввалиндараҷа, зоҳир карда шавад.
Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади расидан ба авлавиятҳои мазкур як зумра имтиёзу сабукиҳо пешбинӣ гардидаанд. Дар маҷмӯъ, алҳол барои фаъолияти соҳибкорӣ, махсусан, соҳибкории истеҳсолӣ, қариб 110 номгӯйи имтиёзҳо пешбинӣ шуда, субъектҳои соҳибкориро зарур аст, ки имтиёзҳо ва сабукиҳои пешбининамудаи қонунгузориро самаранок истифода баранд ва низоми пардохти андозро пурра риоя намоянд. Танҳо соли 2020 ҳаҷми имтиёзу сабукиҳо ба рушди субъектҳои соҳибкорӣ пешбинигардида ба 39 млрд. сомонӣ расида, нисбат ба солҳои 2016–2018 тақрибан 62 дарсад зиёд мебошад.
Аз ҳаҷми умумии имтиёзу сабукиҳои ба рушди субъектҳои соҳибкорӣ ҷоригардида 22,4 млрд. сомонӣ ба имтиёзҳои андозӣ ва 20,7 миллиард сомонӣ имтиёзҳои гумрукӣ рост меояд, ки ин саҳми Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳибкорӣ дар соҳаҳои иқтисодиву истеҳсолӣ мебошад.
Дар заминаи ислоҳоту тадбирҳои амалинамудаи Ҳукумати мамлакат ҳоло 70 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) аз ҳисоби бахши хусусӣ таъмин карда шуд, ки ин нисбат ба соли 1998 тақрибан 2,5 маротиба зиёд мебошад. Илова бар ин, ҳоло қариб 80 дарсади пардохтҳои андозии буҷети давлатӣ ва 68 дарсади аҳолии аз лиҳози иқтисоди фаъол низ аз ҳисоби ин бахши муҳимми иқтисодиёт таъмин мегардад.
Дар маҷмӯъ, мунтазам амалӣ кардани ислоҳот доир ба беҳтар намудани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ имкон фароҳам овард, ки шумораи субъектҳои соҳибкорӣ дар соли 2021 ба 339 ҳазор адад баробар гардида, нишондиҳандаҳои макроиқтисодии кишвар дар сатҳи устувор нигоҳ дошта, рушди воқеии иқтисодиёт ба ҳисоби миёна 7 дарсад таъмин карда шавад. Аммо гарчанде дар самти ташкили фаъолияти соҳибкорӣ ва рушди бахши хусусӣ тамоюлҳои мусбат мушоҳида гардад, ҳам вале сифати рушди он бо дарназардошти вазъи зудтағйирёбандаи иқтисодиёти ҷаҳон ва рақобати байналмилалӣ ҳануз ҳам ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ нест. Бинобар ин, вазъи бамаломада моро водор месозад, ки ин бахши муҳимми иқтисодиётро пайваста мавриди омӯзиш, таҳлилу барассӣ қарор диҳем.
Аз ин лиҳоз, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таҳлилу арзёбии фазои соҳибкорӣ дар кишвар тасмим гирифт, ки мизи гирдро дар мавзӯи “Арзёбии фазои соҳибкорӣ дар Тоҷикистон: вазъ ва дурнамои рушд” баргузор намояд. Аз натиҷаҳои кори ҳамоиш як гузориши таҳлилӣ таҳия гардида, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол мегардад.
Сипас дар назди ҳозирин намояндаи Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ Абдурауф Ҷӯра дар мавзӯи “Муосиргардонии хизматрасонии давлатӣ ва тақвияти рақамикунонии фаъолияти соҳибкорӣ”, проректор оид ба илм ва робитаҳои байналмиллалии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ Фарҳод Шарофов дар мавзӯи “Ташаккули фазои мусоиди соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ: вазъ ва дурнамои рушд”, мудири кафедраи Идоракунии молияи давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ Маҳмадшоҳ Достиев дар мавзӯи “Хусусият ва самтҳои асосии фаъолияти соҳибкории экологӣ ва нақши он дар ҳалли мушкилоти муҳити зист”, сардори Идораи методология ва бозомӯзии кормандони Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” Завқиддин Умарзода дар мавзӯи “Қарз ҳамчун меҳвари рушди фаъолияти соҳибкорӣ, директори Маркази бозомӯзии соҳибкорони Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷинвест” Фирдавс Нориён дар мавзӯи “Хусусиятҳо ва заминаҳои гузариш ба иқтисодиёти инноватсионӣ”, муовини якуми директори Маркази дастгирӣ ва рушди соҳибкорӣ дар шаҳри Душанбе Сайёра Қодирова дар мавзӯи “Имконият ва масъалаҳои дастгирии рушди соҳибкорӣ дар шаҳри Душанбе”, сардори шуъбаи молия ва банақшагирии Идораи рушди Корхонаи воҳиди давлатии “Саноатсодиротбонк” Ҳасан Шарофов дар мавзӯи “Дастгирии молиявии рушди фаъолияти соҳибкорӣ”, мудири шуъбаи мониторинг ва омӯзиши сармоягузорӣ дар КАС-и Пажӯҳишгози иқтисодиёт ва таҳқиқи системавии рушди кишоварзии Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ Давлаталӣ Аҳмадов дар мавзӯи “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ”, муовини сардори Раёсати бамеъёрдарории техникӣ ва стандартонии Агентии “Тоҷикстандарт” Тоҳир Нуруллозода дар мавзӯи “Дастгирии соҳибкорӣ ва мусоидат ба рушди соҳибкорӣ аз ҷониби Агентии “Тоҷикстандарт”, ходими пешбари илмии Пажӯҳишгоҳи иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ Баҳодур Маҳкамов суханронӣ карданд ва ба саволҳои ҳозирин посухҳои қаноатбахш доданд. Баъдан иштирокчиёни ҳамоиш пиромуни суханрониҳо фикру андешаҳои судманд иброз намуданд.
Мизи гирдро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Зиёӣ, муовини директори Марказ Саодат Ҷӯрахонзода, сардори Раёсати таҳқиқоти масъалаҳои соҳибкорӣ ва инкишофи бахши хусусии Марказ Амин Одинаев ҷамъбаст ва натиҷагирӣ карда, ба иштирокчиёни ҳамоиш барои ширкати фаъолона изҳори сипос намуда, изҳори умед намуданд, ки нишасти илмии мазкур барои боз ҳам беҳтар гардидани фазои соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.
Ҳамоиш дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда доир гардид.
Хадамоти матбуотии
Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон