Рӯзи 19 ноябри  соли 2021  бо ташаббуси  Институти Русия, Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказии Академияи илмҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин ва дастгирии Институти таҳқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон, Иститути миллии таҳқиқоти стратегии Ҷумҳурии Қирғизистон, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти муносибатҳои байналмилалии Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон, Институти таҳқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии  назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Форуми байналмилалии марказҳои таҳлилии Ҷумҳурии Мардумии Чин ва кишварҳои “панҷгона”-и Осиёи Марказӣ шакли ҳузурӣ ва маҷозӣ баргузор гардид.

Ҳамоиши мазкур ба 30-солагии истиқлоли давлатҳои Осиёи Марказӣ (соли 2021) ва 30-солагии барқарор гардидани муносибатҳои дипломатӣ байни Чин ва панҷ кишвари Осиёи Марказӣ (соли 2021) бахшида шуд. Бояд тазаккур дод, ки тайи 30 соли даврони Истиқлолияти давлатӣ ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуногун  байни Ҷумҳурии Мардумии Чин ва давлатҳои Осиёи Марказӣ беш аз пеш густариш ёфтанд. Ҳар ду ҷониб ҳамкориҳои судмандро дар чаҳорчӯби механизмҳои гуногун, ба монанди СММ, СҲШ ва МҲТБО баҳри манфиатҳои  мутақобилаи тарафайн ва рушди умумӣ  тавсеа доданд.

Дар моҳи июли соли 2020 мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Чин ва кишварҳои “панҷгона”-и Осиёи Марказӣ доир гардид. Дар моҳи майи соли 2021 дар шаҳри Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқоти дувуми вазирони корҳои хориҷии Чин ва давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуд, ки ин ҳамоиш ҳамгироӣ ва таҳкими дӯстию ҳамкориҳои шаш давлатро баръало нишон дод.

Барои амалӣ намудани созиши бадастомада дар мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Чин ва кишварҳои “панҷгона”-и Осиёи Марказӣ, табодули иттилоот байни марказҳои таҳлилии Чин ва Осиёи Марказӣ ва ҳалли якҷояи масоили муҳимми амният ва рушди минтақа бояд пеш аз пеш таҳким бахшида шавад. Форуми марказҳои таҳлилии Чин ва кишварҳои “панҷгона”и Осиёи Марказӣ дар мавзӯи “Амният ва рушди Осиёи Марказӣ дар шароити нави вазъият дар Афғонистон” бо ташаббуси Институти Русия, Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказии Академияи илмҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин яке аз чунин тадбирҳои муҳим ва мубрам ба шумор меравад.

Дар  бахши дуюми Форуми байналмилалии “Амният ва рушди Осиёи Марказӣ дар шароити нави вазъият дар Афғонистон” дар радифи намояндагони дигар давлатҳо директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, профессор Хуршед Зиёӣ дар мавзӯи “Таъсири вазъияти нав дар Афғонистон дар конфигуратсияи амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ” маърӯзаи илмӣ  намуда, қайд кард, ки Тољикистон кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳониро дар ҳалли ҳамаҷонибаи қазияи Афғонистон пуштибонӣ мекунад ва чунин мешуморад, ки ҳаққи муайян кардани ояндаи Афғонистон комилан ба худи мардуми ин кишвар тааллуқ дорад. Мо ҷонибдори Ҳукумати фарогир ва ҳамшумул дар Афғонистон мебошем ва ин мавқеъгириро Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоишҳои сатҳи баланди байналмилалӣ иброз доштаанд. Гузашти вақт нишон  медиҳад, ки мавқеъгирии давлати Тоҷикистон дар қазияи Афғонистон дурусту саҳеҳ мебошад, ки кишварҳои дигар онро пуштибонӣ намуда, пайравӣ намуда истодаанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳифзи тамомияти арзии ин давлати дӯсту ҳамсоя ва таъмини ваҳдати ҳамаи неруҳои сиёсии он манфиатдор буду ҳаст. Кишвари мо дар фаъолияти муштараки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар кушодани кӯргиреҳи қазияи Афғонистон саҳм хоҳад гирифт. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид барҳақ фармудаанд, ки “Афғонистони бародар ва ҳамкешу ҳамзабон дар байни кишварҳои минтақа дар самти вусъат додани ҳамкориҳои гуногунсоҳаи мутақобилан судманд барои мо ҳамеша ҳақ­қи афзалият хоҳад дошт”.

Аҳаммияти самти минтақавии сиёсати хориљии мо, пеш аз ҳама, дар он ифода мешавад, ки имрӯз манфиатҳои миллӣ, амнияти миллӣ ва рушди иқтисодии кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва Афғонистон ба ҳам вобастагии зич дошта, таъмини комили рушду субот ва амнияти ҳар кишвар танҳо дар заминаи таъмини рушду амнияти минтақавӣ имконпазир мебошад.

Иштирокчиёни ҳамоиши байналмилалӣ андешаҳои худро дар бораи вазъияти нав дар Афғонистон ва таъсири он  ба минтақаи Осиёи Марказӣ ва  Ҷумҳурии Мардумии Чин  баён намуда, ҳамоҳангсозии амалу фаъолият, табодули иттилоот ва расонидани кумакҳои ҳамдигарӣ, мустаҳкам намудани ҳамкориҳо дар соҳаҳои сиёсию амниятӣ, иқтисодиёту тиҷорат ва дигар соҳаҳои муҳимми хоҷагии халқи ин давлатҳоро  таъкид ва таъйид намуданд.

Форуми байналмилалиро директори Пажӯҳишгоҳи Русия, Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказии Академияи илмҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин Сун Чжуанчжи ҷамъбаст ва натиҷагирӣ карда, ба иштирокчиёни ҳамоиш барои изҳори андешаҳои судманд изҳори сипос намуд.

Ҳамоиш дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда  доир гардид.

Хадамоти  матбуотии
Маркази
тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   

Чоп кунед