ДУШАНБЕ, 15.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон давоми 30 соли истиқлолияти давлатӣ барои баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии шоистаи мардум ва рушди минбаъдаи кишвари азизамон мусоидат менамоянд. Дар ин замина нақши сиёсати хориҷии кишвар таҳти роҳбарии меъмор ва поягузори он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле муҳим ба ҳисоб меравад. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаҳои муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Муҳаммадзодаро доир ба дастовардҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзури хонандагон мегардонем.

Нақши муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун поягузори  сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муайян сохтани ҳадафҳои муҳим, самтҳои асосӣ  ва усули сиёсати хориҷӣ ва дипломатияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бисёр муассир ва корсоз аст. Вижагии сурату сират гирифтани сиёсати хориҷии Тоҷикистони навин аст, ки заминаи назариявии ин бахши муҳими ҳаёти давлатӣ на дар доираи коршиносон ва назарияпардозон, балки раҳораҳ, ҳангоми анҷоми фаъолияти пурталоши дипломатии Сарвари давлати Тоҷикистон эҷод шудааст.

Мактаби сиёсиву дипломатии Пешвои муаззами миллат таълимгоҳест, ки дар марҳалаи бисёр мураккабу пуртазод ташаккул ёфта, мавқеи  созандагиву бунёдкорӣ касб намудааст. Ин мактаби  сиёсӣ дорои хусусияти  универсалӣ мебошад, ки ҳокимият ва муносибатҳои он  аз ҷониби ин ниҳоди сиёсӣ бо риояи принсипҳои демократӣ амалӣ гашта, манфиати давлату миллат аз ҳама боло гузошта шуда, дар ин ҷода ба дастовардҳои зиёди стратегӣ ноил гардидаем.

Бояд гуфт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун муайянкунандаи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон давраи то соли 2018-ро ҳамчун марҳалаи эҳё ва барқарорсозии давлатдории миллии тоҷикон ҷамъбаст намуда, марҳалаи нави рушди Тоҷикистонро чун давраи рушди устувори давлатдории миллӣ эълон намуданд.

Фарқи асосии марҳалаи нави рушди давлатдорӣ аз марҳилаи ҷамъбастшуда он аст, ки агар дар марҳилаи эҳё ва барқарорӣ вазифаи асосии давлат бозсозии сохтори давлатӣ ва ҳалли проблемаҳои дохилӣ ва хориҷии марбут ба таҳкими Истиқлолият ва ҷойгоҳи Тоҷикистон дар низоми байналмилалӣ бошад, дар марҳилаи нав ин масъалаҳо аллакай ҳалли худро ёфта, масъалаи асосӣ маҳз рушди устувори давлатдории миллӣ мебошад.

Оғози чунин марҳила дар низоми сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои комилан нав ба миён гузошта, моҳият ва ҳадафҳои нави сиёсати хориҷиро тақозо менамояд. Бинобар ин, моҳият, вазифаҳо ва самтҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи сифатан нави рушди давлатдорӣ бояд мавриди омўзишу таҳқиқ қарор гиранд. Дар баробар ин, бояд пояҳои усулӣ ва методологии сиёсати хориҷии кишварро низ такмил дод ва равобити хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мувофиқ ба меъёр ва талаботи равандҳои ҷаҳони муосир ба сатҳи сифатан нав баровард.

Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун меъмор ва поягузори сиёсати хориҷии таърихи навини давлатдории  тоҷикон хизматҳое ба анҷом расонида тавонистаанд, ки ормонҳои  ҳазорсолаи тоҷикистониён ва  тоҷикони дунё будаанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун пушту паноҳи тоҷикони дунё дар ҳодисаҳои охири Афғонистон бо ҷасорату матонат ва иродаи қавӣ барои пуштибонии тоҷикони Афғонистон, ки беш аз 46 дарсади аҳолии онро ташкил медиҳанд, дар вохӯриҳои сатҳи олӣ бо роҳбарони кишварҳои ҷаҳон ва инчунин аз минбарҳои сатҳи ҷаҳонӣ талошҳои зиёд намуда, ҳамеша дар фикру андешаи ҳифз ва пуштибонии тоҷикони дунё мебошанд. Илова бар ин, изҳорот ва мавқеъгирии сиёсати хориҷии Президенти  Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмонро вобаста ба ҳаводиси охири Афғонистон якчанд кишварҳои ҷаҳон дар самти сиёсати хориҷии худ сармашқи кор қарор дода, аз ин мавқегирии стратегӣ пайравӣ менамоянд.

Эҳёи расму оин ва фарҳанги миллии тоҷикон, муаррифии мероси адабӣ, таърихӣ ва фарҳангии ҳалқи тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ, бузургдошти доимии чеҳраҳои мондагор ва фарзандони баруманди миллат ва таърихи қадимаи миллати тоҷик дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ аз дастовардҳои дигари Пешвои миллат мебошад.

Ба кишвари амнтарини ҷаҳон табдил ёфтани Тоҷикистон ва ба сегонаи аввали давлатҳои амни ҷаҳон дар раддабандиҳои байналмилалӣ ворид гаштани он яке аз дастовардҳои дигари  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад.

Бояд иброз дошт, ки роҳандозии усули “дарҳои боз” дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон, эътирофи байналмилалӣ пайдо кардани ҷумҳурӣ аз ҷониби кишварҳои ҷаҳон ва теъдоди зиёди созмонҳои байналмилалӣ, барқарор намудани ҳамкории дипломатӣ бо 180 кишвари ҷаҳон,

ифтитоҳи қариб 50 намояндагии дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар ва дар назди созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, ифтитоҳи беш аз 30 намояндагии дипломатии кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои минтақавию байналмилалӣ дар Тоҷикистон аз ҷумлаи дастовардҳои Президенти кишвар мебошанд.

Дар зарфи  солҳои охир хислат ва муҳтавои таҳаввулоти байналмилалӣ табиатан аҳамияти хосаи омили беруниро дар ҳаёти кишвари мо ва робитаи наздики рушди дохилиро бо воқеияти байналмилалӣ муайян намуд. Дар ин марҳала зери таъсири равандҳои муосир сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтавои прагматикӣ ва воқеъбинона пайдо намуд, ки он ба татбиқи пайгиронаи ҳадафҳои милливу давлатии кишвар мусоидат кард. Воқеъбинии сиёсӣ асосҳои сиёсати хориҷиро мустаҳкам гардонида, ин раванд бо дарназардошти паҳлўҳои нави муносибатҳои байналмилалӣ, бо такя ба ҳақиқати воқеии марҳалаи ҷаҳонишавӣ идома пайдо кард, ки он аз чунин дастовардҳои дигари меҳварӣ иборат мебошад:

Якум, бо дарназардошти зарурати такмили фаъолият дар самти таҳия ва иҷрои шартномаҳои байналмилалӣ ва мувофиқнамоии онҳо ба манфиатҳои миллӣ, инчунин бештар мутобиқ намудани фаъолияти созмонҳои масъули сиёсати хориҷӣ ба Вазорати корҳои хориҷӣ ва сохторҳои марбута, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хидмати дипломатӣ» (солҳои 2014 ва бо тағйироти нав дар соли 2019) ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (соли 2016) дар таҳрири нав қабул гардиданд.

Илова бар ин,  Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.12.2006 “Дар бораи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон”  қабул карда шуд. Дар асоси қарори мазкур як қатор тағйирот анҷом дода шуданд, аз ҷумла, сохтори Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷдиди назар карда шуд.

Дуюм, 27 январи соли 2015 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Консепсияи нави сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки дар он бо дарназардошти таҳаввулоту тағйироти дар арсаи байналмилалӣ бавуҷудомада ҳадафу мақсадҳо ва самтҳои асосии сиёсати хориҷии кишвар муайян карда шуданд. Консепсияи нави сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷрои раванди татбиқи манфиатҳои миллиро дар сиёсати хориҷии давлат муайян ва мушаххас намуда, сабаби  комёбиҳои назарраси кишвар дар сиёсати байналхалқӣ шуд.

Сеюм, дипломатҳои тоҷик то соли 2016 дар тақвими миллӣ рўзи касбии худро надоштанд. Вобаста ба ин, Парлумони кишвар нақши сиёсати хориҷии мамлакатро дар раванди таърихии ташаккул ва рушди Тоҷикистон ба ҳайси давлати соҳибихтиёру мустақил муҳим арзёбӣ намуда, 29 сентябрро ба унвони Рўзи кормандони хизмати дипломатӣ дар Тоҷикистон муайян намуд. Аз ин ҷост, ки ҳар сол, 29 сентябр дар мамлакати мо Рўзи кормандони хизмати дипломатӣ ҷашн гирифта мешавад.

Чорум, бо дарназардошти вазъи имрўзаи технологияҳои иттилоотӣ, дар хадамоти консулӣ шабакаи электронии фарогири масоили додугирифти раводид ва рафтуомади шаҳрвандон, аз ҷумла шаҳрвандони хориҷӣ ба роҳ монда шуд. Ҳамчунин дар ин радиф барномаи судури раводиди электронӣ (e-visa) ба кор андохта шуд, ки айни замон шаҳрвандони зиёда аз 80 кишвари дунё метавонанд аз он истифода кунанд. Ин иқдом дар ташаккули имиҷи мусбати кишвар ва рушди соҳаи сайёҳии давлат нақши бузург дорад.

Панҷум, раванди рушди шарикии гуногунҷанбаи минтақавӣ ва тамоюлҳои мусбат вусъат гирифта, ғояи он мазмуну муҳтавои нави амалӣ касб намуд. Соли 2018 дар муносибатҳои дуҷониба бо кишвари ҳамҷавор ва дўсти мо — Узбекистон таҳаввулоти таърихӣ рух доданд ва мо тамоми масъалаҳои ҳалталабу шиддатнокеро, ки тайи зиёда аз бист сол байни ду кишвар ба миён омада буданд, пурра ҳал карда, ҳамкориямонро ба сатҳи шарикии стратегӣ баровардем.

Шашум, дар ин давра шумораи кишварҳои шарикони стратегии Тоҷикистон ба шаш давлат расонида шуд, ки ин аз самаранокии ҳамин марҳилаи тарихии сиёсати хориҷии кишвар ва дипломатияи мо дарак медиҳад. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як қатор кишварҳо, аз ҷумла Ҷумҳурии   Қазоқистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Туркманистон, Ҷумҳурии Узбекистон ва Беларус эъломияи муштараки шарикии стратегӣ ба имзо расонид, ки  дар натиҷаи он қадамҳои сифатан нав дар самти таҳкими сиёсати дўстона бо ин давлатҳо гузошта шуданд.

Ҳафтум, Тоҷикистон робитаҳои муассиру самарабахш ва созандаи худро бо созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, шарикони рушд ва ниҳодҳои  бонуфузи молиявӣ ба таври назаррас идома бахшид.

Ҳаштум, иштироки фаъоли Тоҷикистон дар форуми “Кишварҳои Осиёи Марказӣ” ва форматҳои “Осиёи Марказӣ + ИМА”, “Осиёи Марказӣ +Кореяи Ҷанубӣ”, “Осиёи Марказӣ + Япония”, “Осиёи Марказӣ + Иттиҳоди Аврупо”, “Осиёи Марказӣ + Ҳиндустон”, “Осиёи Марказӣ + Чин” ва “Осиёи Марказӣ + Русия” ба таҳкими муколама ва амалишавии манфиатҳои умумӣ, тавассути татбиқи лоиҳаҳои мутақобилан мувофиқашуда мусоидат намуданд.

Формати C5+1 таҷрибаи охирин дар соҳаи ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ мебошад. Дар самти пешбурди барномаҳои созандаи минтақавӣ C5+1 имконияти хубе барои Тоҷикистон ба шумор меравад. Азбаски муносибатҳо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ яке аз авлавияти асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистон аст, барои кишвар на танҳо дастгирии ин сиға муҳим аст, балки минбаъд низ тавсеаи он бо мақсади ташаккули сохтори мукаммали минтақавии дорои механизми мушаххаси ҳамоҳангсозии сиёсати дохилиминтақавӣ зарур мебошад. То имрӯз дар чаҳорчӯби он лоиҳаҳои бузурги ҳамкорӣ мавриди татбиқ қарор дода мешаванд.

Ҳамчунин соли 2020 дар шароити буҳрони ҷаҳонии коронавирус дар низоми равобити дуҷониба ва бисёрҷониби байналмилаливу минтақавӣ сиғаи нави нишаст ва вохӯриҳои роҳбарони давлатҳо ва созмонҳо дар қолаби “вебсаммитҳо” ё видеоконфронсҳо бо истифода аз технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар фазои маҷозӣ ба амал омад, ки ин раванд аз ҳар кишвар ва созмонҳои байналмилалию минтақавӣ пешбурди сиёсати хориҷии рақамиро тақозо намуда, ба манфиати ҳар яки онҳо мебошад. Дар чунин шароит  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон низ ҷиҳати тавсеаи муносибатҳо бо шарикони анъанавӣ ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ вохўриҳои дуҷонибаву бисёрҷониба ва мулоқоти сатҳи олӣ анҷом дода, дар аксарияти чорабиниҳои байналмилаливу минтақавӣ дар қолаби “вебнишастҳо” ё ҷаласаҳои онлайнӣ  иштирок намуда, бо  суханрониҳои пурмуҳтавои худ ташаббусҳои амиқу дақиқро ҷиҳати тавсеаи минбаъдаи ҳамкории Тоҷикистон бо дигар давлатҳо ироа намуданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи сипаришуда бо мақсади тавсеаи бештари робитаву ҳамкорӣ бо тамоми кишварҳои шарик доир ба ҳаллу фасли масъалаҳои мубрам ва расидан ба ҳадафҳои мутақобилан судманд, инчунин таъмини манфиатҳои миллии кишвар ва мардуми он дар арсаи байналмилалӣ саъю кўшиш намуд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт сиёстаи «дарҳои боз»-ро бо дарназардошти воқеияти нави байналмилалӣ идома дода, кўшиш ба харҷ дод, ки ҳамкориро бо шарикони стратегӣ ва минтақавию байналмилалӣ ба сатҳи сифатан нав барорад ва дар ин самт ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.

Имрӯз бояд дар низоми сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи татбиқи муштараки лоиҳаҳои ояндадори сармоягузорӣ ва зерсохторӣ, ки барои расидан ба ҳадафҳои стратегии кишвари мо, аз ҷумла саноатикунонии босуръат мусоидат мекунанд, аҳамияти бештар ва махсус зоҳир карда шавад. Татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар дар низоми сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон афзалият дошта, ҳукумати кишвар ҳадафҳои мазкурро дар доираи ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба баҳри рушди устувор ва таъмини зиндагии шоиста ва беҳрӯзии шаҳрвандони Тоҷикистон амалӣ менамояд. Аз ин лиҳоз, татбиқи ҳадафҳои стратегӣ дар низоми сиёсати хориҷии Тоҷикистон яке аз самтҳои калидӣ ба ҳисоб рафта, татбиқи амалии он дар дурнамои наздик воқеият дорад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти воқеияти нави байналмилалӣ бо аксари кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ муносибатҳои нек ва ҳамкории судманди гуногунҷанбаро дар соҳаҳои мухталиф ба роҳ монда, минбаъд низ фаъолиятро дар ин самт тақвият мебахшад.

Ҷавҳари сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳимояи манфиатҳои миллӣ ташкил дода, он манфиатмеҳвар аст. Имрӯз, ки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон манфиатҳои миллии кишварро ҳимоя карда метавонад, равобити дипломатии муътадилро бо кишварҳои ҷаҳон ба роҳ мондаву суботи сиёсию амниятии дохилии Тоҷикистонро таъмин намудааст, пас бо итминони комил метавон гуфт, ки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати муваффақ буда, мамлакати мо ба дастовардҳои муассир ва беназир ноил гардидааст.

khovar.tj

Чоп кунед