Рӯзи 29 октябри соли 2021 аз ҷониби Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар мавзӯи “30 соли Истиқлоли давлатии Тоҷикистон: масъалаҳо ва дастовардҳо” баргузор гардид. Дар кори ҳамоиш намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои давлатӣ, олимону коршиносон, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ ширкат варзиданд.
Ҳамоиш бо мақсади баррасии масъалаи таҳким ва таассуроти ояндасоз аз ҷашнгирии 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, имкониятҳо ва масъулияти бузурги давлатдории миллӣ ва рушди он дар фазои ташаккули низоми нави ҷаҳонӣ доир гардид.
Ҳамоишро бо сухани муқаддимавӣ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Зиёӣ ифтитоҳ намуда, ҳозиринро хайрамақдам гуфт ва қайд кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Истиқлоли давлатиро “арзишмандтарин дастоварди миллати фарҳангсолор ва куҳанбунёди тоҷик” дар замони муосир шумурдаанд. Дар ҳақиқат ҳам, дастёбӣ ба ин неъмати волотарин, ки барои ҳар як халқу миллат азизу муътабар аст, як сарчашмаи бебаҳоест, ки тамоми равандҳои дигари ҳаёти давлату миллатҳоро муайян месозад. Аз ҷумла, миллати тоҷик ба шарофати ин дастовард, яъне расидан ба соҳибистиқлолӣ, дар зарфи 30 сол таҳти сарварии хирадмандонаи Пешвои миллат ба комёбиҳои назаррасе ноил гардид, ки дар таърихи халқи мо назири худро надоранд.
Дастовардҳои зикршуда хеле зиёданд, вале аз байни онҳо мутахассисони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 30-тои онро тибқи омори то имрӯз дастрасбуда ҷудо намуданд. Дар ин замина, аз нуқтаи назари мо, бояд дар мадди аввал чунин дастовардҳои муҳимми Тоҷикистон дар сӣ соли Истиқлоли давлатӣ номбар карда шаванд:
Аввалан, дар харитаи сиёсии ҷаҳон пайдо шудани Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол, ба узвияти комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шудани он ва суханронии нахустини Роҳбари давлати тоҷикон – Пешвои миллат аз минбари ин созмон.
Дуюм, ба ҳайси Сарвари давлат интихоб шудани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба шарофати ин хотима додан ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ ва тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, таъмини фазои сулҳу оромӣ, ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ дар кишвар ва ба намунаи таҷрибаи нодир барои ҷаҳониён табдил ёфтани сулҳи тоҷикон.
Сеюм, оғози бунёди давлати миллӣ дар даврони муосир ва ташаккул ёфтани мактаби давлатдории миллии Пешвои миллат дар самти эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ, ки дар якҷоягӣ ҳамаи он ба бунёди ҷомеаи адолатпарвар нигаронида шудаанд.
Чорум, муайян намудани ҳадафҳои стратегии миллӣ – баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, саноатикунонии босуръати кишвар ва ноил гардидан ба унсурҳои асосии ин ҳадафҳо.
Панҷум, эҳёи расму ойин ва фарҳанги миллии тоҷикон, ба ҳайси забони давлатӣ эътибори воқеӣ пайдо кардани забони тоҷикӣ, муаррифии мероси адабӣ, таърихӣ ва фарҳангии ҳалқи тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ, бузургдошти доимии чеҳраҳои мондагор ва фарзандони баруманди миллат ва таърихи қадимаи миллати тоҷик дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ.
Шашум, ба Феҳристи Мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО ворид намудани Саразм (соли 2010), Боғи миллии Тоҷикистон (соли 2013), ба Рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият шомил гардидани “Шашмақом” (соли 2008), Наврӯз (соли 2010), “Оши палав” (2016) ва “Чакан” (соли 2018), бо қарорҳои ЮНЕСКО арҷгузорӣ намудани як қатор шахсиятҳои фарҳангии тоҷикон ва рӯйдодҳои таърихии миллат.
Ҳафтум, ба куллӣ дигаргун сохтани симои пойтахти кишвар, сохтмони нақб, пул ва роҳҳои бузурги автомобилгарду роҳи оҳан дар саросари кишвар ва ба як давлати пешрафта дар ҷаҳон ва миёни собиқ ҷумҳуриҳои шӯравӣ табдил ёфтани Тоҷикистон аз ҷиҳати сифати роҳҳои автомобилгард.
Мутахассисони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин, понздаҳ дастоварди кишвари моро дар солҳои Истиқлоли давлатӣ бо овардани рақамҳои мушаххас номбар намуданд, ки чунинанд:
–Бунёди неругоҳҳои барқии хурду бузург дар кишвар, аз ҷумла Роғун ва даҳҳо неругоҳҳои барқии дигар.
–Дар тӯли сӣ соли охир 50 маротиба зиёд гардидани маҷмӯи маҳсулоти дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
–Тахминан 97 маротиба афзудани даромадҳои буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 96 маротиба афзудани хароҷоти он дар солҳои соҳибистиқлолӣ.
–Нисбат ба соли 1991 тақрибан 35 маротиба афзоиш ёфтани гардиши савдои хориҷии ҷумҳурӣ, ки бо арзи хориҷӣ ҳисоб шудааст.
–Аз 358 корхонаи саноатӣ дар соли 1991 тахминан ба 2500 адад расонида шудани шумораи онҳо то имрӯз.
–Рушди бахши хусусӣ дар кишвар, ки ҳоло беш аз 70 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва қариб 80 дарсади пардохтҳои андозии буҷети давлатӣ аз ҳисоби ҳамин бахш ташакул ёфта, қариб 70 дарсади аҳолии аз лиҳози иқтисодӣ фаъол низ дар ин бахш машғули фаъолияти меҳнатӣ мебошанд.
–Таҷдид гардидани сохтори 728 хоҷагии кишоварзии мавҷуда ва 31 адад хоҷагии инфродӣ ва дар заминаи онҳо таъсис додани қариб 6 ҳазор хоҷагиҳои деҳқонӣ ё фермерӣ ва қариб 162 ҳазор хоҷагӣ ҳамчун соҳибкори инфродӣ, ки беш аз 90 фоизи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро таъмин мекунанд.
–Дар зарфи се соли омодагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд гардидани зиёда аз 25 ҳазор иншооти хурду бузурги иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва маишиву фарҳангӣ дар мамлакат аз ҷониби давлат ва шаҳрвандони саховатманду меҳанпараст.
–Дастгирии илм, маориф ва фарҳанг ҳамчун сармояи рушди давлат, бунёди зиёда аз 3 ҳазор иншооти соҳаи маориф бо зиёда аз 645 ҳазор ҷойи нишаст, аз 13 адади соли 1991 бо шумораи умумии 70 ҳазор нафар донишҷӯ ба 40 адад бо фарогирии қариб 230 ҳазор нафар донишҷӯ расонида шудани теъдоди муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ.
–Баланд бурдани мақоми занон ва ҷавонон дар ҷомеа, ҷалби онҳо ба идоракунии давлатӣ, афзудани миқдори онҳо дар тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар корхонаҳои давлатӣ ва бахши хусусӣ, соҳибкории инфиродӣ.
–Қариб то 500 адад афзудани теъдоди муассисаҳои тандурустии давлатӣ, ки соли 1991 ҳамагӣ ба 374 адад мерасид ва то қариб 1750 адад расонидани бунгоҳҳои саломатӣ аз 1510 адади даврони ибтидоии соҳибистиқлолӣ.
–Ба зиёда аз 10 ҳазор адад расонида шудани теъдоди иншооти варзишӣ дар мамлакат, ки нисбат ба соли 1991 беш аз 9 баробар зиёд мебошад.
Дар соҳаҳои дигари ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии Тоҷикистон аз дастовардҳои муҳимми 30 соли Истиқлоли давлатӣ мутахассисони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин далелҳоро (7 нукта) зикр кардаанд:
–таъмини амнияти озуқаворӣ ва тахминан се маротиба коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ дар кишвар;
–ташкили Артиши миллии Тоҷикистон аз сифр ва комилан ба дӯши худ гирифтани ҳифзи оромию суботи давлат ва кулли сарҳадҳои он;
–ташаккул ва рушди қонунгузории миллӣ, аз ҷумла қабули қонунҳои миллие, ки дар собиқаи ҳуқуқии ҷаҳонӣ шабеҳи худро надоранд;
–ба як кишвари амнтарини ҷаҳон табдил ёфтани Тоҷикистон ва ба сегонаи аввалин давлатҳои амни ҷаҳон дар раддабандиҳои байналмилалӣ ворид гаштани он;
–роҳандозии усули “дарҳои боз” дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон, эътирофи байналмилалӣ пайдо кардани ҷумҳурӣ аз ҷониби қариб 200 кишвар ва теъдоди зиёди созмонҳои байналмилалӣ, барқарор намудани ҳамкориҳои дипломатӣ бо 180 кишвари ҷаҳон, ифтитоҳи қариб 80 намояндагии дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар ва дар назди созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, ифтитоҳи беш аз 30 намояндагиҳои дипломатии кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои минтақавию байналмилалӣ дар Тоҷикистон;
–раисии бевоситаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, ба макони баргузории чорабиниҳои сатҳи минтақавию байналмилалӣ табдил ёфтани пойтахти кишвар ва ҳамчун бренди миллии Тоҷикистон дар чорабиниҳои байналмилалӣ эътирофи ҷаҳонӣ касб намудани “Раванди Душанбе”;
–амалисозии ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои амният, об, экология, ҳифзи пиряхҳо, тағйирёбии иқлим ва ташаккули дипломатияи об ҳамчун ҷавҳари нодири пешбурди сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар ҷаҳон ва ғайра.
Албатта, дастовардҳои Тоҷикистон дар 30 соли Истиқлоли давлатӣ хеле зиёд буда, ба тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии кишвар дахл доранд. Вале номбар кардани шумораи маҳдуди онҳо ҳам аз он шаҳодат медиҳад, ки дар муҳлати хеле кӯтоҳ кишвари соҳибистиқлоли мо таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат он роҳеро паймуд, ки ниёгони мо аз аҳли Оли Сомон онро тӯли мавҷудияти давлати Сомониён тай намуда, забон, фарҳанг ва ҷавҳари миллии халқи тоҷикро барои садсолаҳо ҳифз карданд. Аз ин рӯ, эътимоди комил дорем, ки дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 30 соли Истиқлоли давлатӣ низ дар саҳифаҳои китоби бузурги миллати тоҷик чун таърихи аҳди Сомониён бо ҳарфҳои заррин сабт шуда, барои абадӣ сохтани фарҳангу тамаддун, забон ва дигар арзишҳою муқаддасоти миллӣ хидмат хоҳанд кард.
Мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Нурулло Оқилзода зимни суханронии пурмуҳтаво аз ҷумла зикр намуд, ки ҳадафи конфронси имрӯза на танҳо арзёбии дастовардҳои бузург тайи 30 соли Истиқлоли давлатӣ, балки пайдо кардани омилҳои таҳкими соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ мебошад. Боварии комил дорем, ки олимону мутахассисони дар ин ҳамоиш ширкатдошта доир ба масъала ва мавзӯъҳои зикршуда тавсияҳои муфид пешниҳод менамоянд.
Сипас дар назди ҳозирин муовини якуми директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Муҳаммадҷон Соҳибзода дар мавзӯи “Рушди қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масири сӣ соли Истиқлоли давлатӣ: дастовардҳо ва дурнамо”, ноиби ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм ва инноватсия, номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент Амид Комилбек дар мавзӯи “Тоҷикистон дар масири Истиқлоли давлатӣ”, сардори Раёсати таъмини ташкили фаъолияти судҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуманнон Додозода дар мавзӯи “Нақши мақомоти судӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон дар 30 соли Истиқлолияти давлатӣ”, сардори Раёсати кор бо ҷавонони дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Амир Иброҳимзода дар мавзӯи “Ҷавонон дар масири 30 соли Истиқлоли давлатӣ”, сардори Маркази илмию тащқиқотии ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия Манучеҳр Алимардонӣ дар мавзӯи “Асосҳои таҳкими конститутсионӣ-ҳуқуқии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, мутахассиси пешбари Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирӯз Равшаналиев дар мавзӯи “Нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккул ва рушди Истиқлоли давлатӣ”, сардабири ҳафтномаи ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии “Қонун ва ҷомеа”-и дастгоҳи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Ҳасан Шерализода дар мавзӯи “Истиқлол–имконият ва масъулияти бузурги давлатдории миллӣ”, муовини сардабири рӯзномаи “Минбари халқ”, номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент Маҳмадулло Наимов дар мавзӯи “Заминаи рушди ҷомеаи муосир–идеологияи созанда”, намояндаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдурашид Ҳотамиён, намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фаридун Юсуфҷонов, мудири шуъбаи Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Салоҳиддин Амонӣ ва дигарон суханронӣ намуданд ва ба саволҳои иштирокчиёни ҳамоиш посухҳои қаноатбахш доданд. Баъдан пиромуни маърӯзаҳои мазкур ҳозирин фикру андешаҳои судманд иброз карданд.
Ҳамоишро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Зиёӣ, муовини директори Марказ Парвиз Муҳаммадзода ҷамъбасту натиҷагирӣ карда, ба иштирокчиёни ҳамоиш барои ширкати фаъолона изҳори сипос намуданд.
Хадамоти матбуотии
Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон