Рӯзи 27  октябри  соли 2021 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи гирд дар мавзӯи  “Тандурустӣ ҳамчун омили муҳимми амнияти иҷтимоӣ”  баргузор гардид. Дар ҳамоиш намояндагони вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ, марказу пажӯҳишгоҳҳои илмӣ, коршиносон, кормандони васоити ахбори оммаи ватанӣ  ширкат варзиданд.

Мизи гирдро бо сухани муқаддимавӣ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Хуршед Зиёӣ кушода, иштирокчиёни  нишасти илмию амалиро  хайрамақдам гуфт  ва  зимни суханронӣ қайд кард, ки  тандурустӣ яке аз соҳаҳои муҳимтарини иҷтимоӣ мебошад, ки ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Дар Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 26 январи соли 2021 зикр гардидааст, ки бо дарназардошти он ки тандурустӣ яке аз соҳаҳои муҳимтарини иҷтимоӣ мебошад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи Истиқлоли давлатӣ маблағгузории соҳаи тандурустиро ҳамасола зиёд карда, то 2,1 миллиард сомонӣ расонид.  Дар муддати сӣ соли Истиқоли давлатӣ  беш аз 1300 муассисаи нави тиббӣ бунёд гардида, қариб 25 ҳазор кадрҳои дорои маълумоти олӣ ва 147 ҳазор нафар кормандони миёнаи тиббӣ омода карда шудаанд. Ҳоло дар соҳаи тандурустии мамлакат қариб 110 ҳазор нафар кормандон фаъолият мекунанд, ки аз онҳо 75 ҳазор нафарашон табибон ва кормандони миёнаи тиббӣ буда, беш аз 68 дарсадашонро занон ташкил медиҳанд.

Дар соли 2020 аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ барои муассисаҳои тиббӣ дар ҳаҷми қариб 1 миллиард сомонӣ таҷҳизоти зарурӣ, доруворӣ ва маводи муҳофизатӣ харидорӣ карда шуд.

Дигар самти афзалиятноки соҳаи тандурустӣ ба талаботи замони муосир мутобиқ гардонидани шароити муассисаҳои тиббӣ мебошад. Бо ин мақсад, дар соли 2020–ум 108 иншооти нави тандурустӣ бунёд ва 283 иншоот аз таъмири асосӣ бароварда шуд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки солҳои охир сироятёбӣ бо барангезандагони ҳар гуна бемориҳо ба яке аз мушкилоти асосии соҳаи тандурустӣ табдил ёфтааст. Аз ин лиҳоз, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро зарур аст, ки масъалаи таъсиси Маркази ҷумҳуриявии микробиология ва вирусшиносиро мавриди омӯзиш қарор дода, пешниҳодҳои худро оид ба ҳалли ин масъала ба Ҳукумати мамлакат манзур намояд.

Бояд таъкид кард, ки тандурустӣ ҳамчун омили муҳимми амнияти  иҷтимоӣ барои  суботу оромии  ҷомеа,   баланд бардоштани сатҳи зиндагонии мардум ва пешрафту рушди устувор аҳаммияти  бузург дорад. Аз ин рӯ, баргузории ҳамоиш ва баррасию арзёбии мавзӯи “Тандурустӣ ҳамчун омили муҳимми амнияти иҷтимоӣ”  арзишманду мубрам мебошад ва умед дорем, ки  мизи гирди имрӯза барои тавсеаи минбаъдаи  сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи тардурустӣ, сиҳҳати омма ва таъмини амнияти иҷтимоӣ дар  кишварамон мусоидат хоҳад кард.

Ҳамин тавр, мизи гирд ба кори худ шурӯъ намуд.  Дар назди ҳозирин муовини сардори Шуъбаи назорати муомилоти маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковник Фирӯза Муродзода  дар мавзӯи “Нақши Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тарғиби тарзи ҳаёти солиим”,  ходими калони илмии Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мадина Ҳоҷиева дар  мавзӯи “Пешгирии қатъи истифодаи меҳнати кӯдакон–роҳи самарабахши ҳифзи саломатии онҳо”, намояндаи МДТ “Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон”  Наргис Раҳматова дар мавзӯи “Масъалаҳои рӯзмарра ва дурнамои ҳамкориҳо оид ба ҳифзи ҳуқуқи беморон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”.  мудири кафедраи тибби оилавии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино Марям Ёдгорова  дар мавзӯи “Саҳми тибби оилавӣ дар ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ”, сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳои соҳавии МТС-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирдавс Насриддинов дар мавзӯи “Вазъи даромад ва сатҳи зиндагии аҳолӣ дар давраи КОВИД–19”, сардори Раёсати кор бо ҷавонони дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Иброҳимҷон Иброҳимзода дар мавзӯи “Солимии ҷавонон омили муҳимми рушди ҷомеа”, муовини сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон назди Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарзона Худойдодова мавзӯи “Солимии зан–кафили солимии насли миллат”, сармутахассиси Раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳамат Назирова дар мавзӯи “Таъмини маводи доруворӣ яке аз омилҳои муҳимми таъмини амнияти тандурустӣ” суханронӣ намуда, ба саволҳои ҳозирин посухҳои қаноатбахш доданд. Баъдан пиромуни маърӯзаҳои ироашуда ибрози назар ва табодули афкори арзишманд  сурат гирифт.

Мизи гирдро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Зиёӣ ҷамъбасту натиҷагирӣ кард ва ба иштирокчиёни ҳамоиш барои ширкати фаъолона изҳори сипос намуд.

 Ҳамоиш дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда баргузор гардид.

   
Хадамоти  матбуотии  МТС-и
назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед