Рӯзи 19 октябри соли 2021 бо ташаббуси Академияи илмҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин, Пажӯҳишгоҳи Осиёи Марказии Донишгоҳи педагогии Шэнси Форуми байналмилалии иқтисодии Авруосиё дар шакли маҷозӣ баргузор гардид.
Ҳамоишро ноиби Президенти Академияи илмҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин Цсян Хуэй бо сухани муқаддимави ифтитоҳ кард. Сипас ноиби губернатори Ҳукумати Мардумии музофоти Шэнси Хао Хуэйцзе, Вазири ҳамгироӣ ва макроиқтисодии Комиссияи иқтисодии Авруосиё (ЕАЭС) Сергей Глазев, ректори Донишгоҳи педагогии Шэнсе профессор Ю Сюнцюн, муовини аввали Раиси Президиуми Академияи миллиии илмҳои Ҷумҳурии Беларус, академик Сергей Чижик суханронии табрикӣ намуданд. Дар ҳамоиши мазкур намояндагони марказҳои зеҳнии Чин, Русия, Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Украина, Озарбойҷон ширкат варзиданд.
Дар бахши дуюми ҷаласаи пленарии форуми байналмилалӣ таҳти унвони “Мудирияти минтақавии Созмони Ҳамкории Шанхай чун майдон барои бунёди “Як камарбанд, як роҳ” дар радифи намояндагони дигар давлатҳо муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Парвиз Муҳаммадзода дар мавзӯи “Иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи ҳамгироии нави байналмилалии “Як камарбанд, як роҳ” маърӯзаи илмӣ ироа намуд. Ӯ аз ҷумла қайд кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон чун анъана дар татбиқи лоиҳаҳои гуногуни минтақавӣ фаъолона ширкат меварзад ва онҳоро яке аз ҷузъҳои калидии рушди иқтисоди миллӣ меҳисобад.
Қобили зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон Стратегияи миллии рушдро то соли 2030 амалӣ мекунад, ки ҳадафҳои стратегии дарозмуддат ва афзалиятҳои рушди кишварро дар бар мегирад. Тоҷикистон яке аз аввалин кишварои ҷаҳон аст, ки Барномаи муштараки бунёди «Як камарбанд, як роҳ»-ро бо Чин имзо кардааст ва ба раванди мутобиқсозии “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” бо ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ»-и Чин таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамояд. Барои Тоҷикистон ин ибтикор имконоти нави истифодаи иқтидори саноатии худро мекушояд.
Дар ин замина кишвари мо ба формати ҳамгироии «Як камарбанд, як роҳ» дар фазои СҲШ аҳамияти махсус медиҳад. Маҳз дар чунин як давраи душвор дар рушди сиёсию иқтисодии ҷаҳонӣ, бо дарназардошти воқеиятҳои нави ҷаҳонӣ, ташаббуси Чинро саривақтӣ ва зарурӣ мешуморад, зеро он манфиатҳои иқтисодии бисёр кишварҳоро инъикос ва муттаҳид мекунад. Ташаббуси “Як камарбанд, як роҳ” барои кишварҳои дорои соҳаи кишоварзии пешрафта равзанаи нави имкониятҳоро мекушояд.
Илова бар ин, зимни суханронии худ муовини директор Парвиз Муҳаммадзода ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки 28 апрели соли 2019 дар доираи Форуми дуюми байналмилалии «Як камарбанд, як роҳ» оид ба зарурати ҳавасмандгардонии рушди “иқтисоди сабз”, аз ҷумла, “энергияи сабз”, садо дода буд, махсус таъкид намуд. Идеяи рушди Роҳи абрешими тоза низ бо принсипҳои рушди “иқтисоди сабз” робита дорад.
Вобаста ба ин, зикр гардид, ки аз ҷиҳати истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия Тоҷикистон дар ҷаҳон дар ҷойи шашум қарор дорад ва инчунин аз ҷиҳати таъминоти оби тозаи ошомиданӣ ҷойи аввалро ишғол мекунад. Дар ҳудуди Тоҷикистон 13000 пирях ва тақрибан 1000 дарё мавҷуданд, ки зиёда аз 60 дарсади захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд. Мавҷудияти ин захираҳо заминаи рушди иқтисоди сабзро фароҳам меоварад.
Илова бар ин, ироа гардид, ки Тоҷикистон дар чорроҳаи роҳҳои машҳури тиҷоратии Шарқ ва Ғарб ҷойгир буда, аз замонҳои қадим дар тиҷорати байналмилалӣ ва рушди муносибатҳои чандинасраи кишварҳои Авруосиё мавқеи муҳимро ишғол кардааст. Иқтидори нақлиётӣ ва коммуникатсионии минтақа аз ҷониби кишварҳои узви СҲШ, ки дар рушди «Як камарбанд, як роҳ» иштирок мекунанд, ба таври васеъ эътироф гардидааст.
Дар заминаи Эъломияи муштарак, ки дар Форуми дуюми байналмилалии “Як камарбанд, як роҳ” қабул карда шуд, аҳамияти рушди роҳҳои нақлиётӣ ва логистикаи фаромарзӣ, аз ҷумла роҳҳое, ки кишварҳои Осиёи Марказиро бо кишварҳои Қафқоз, Аврупо, Африқо, Осиёи Ҷанубӣ, Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ва минтақаи Уқёнуси Ором барои таҳкими иқтидори нақлиёт ва коммуникатсия мепайванданд, дарҷ гардидаст. Дар ин Эъломияи муштарак, бо пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон, дар банди 35-уми он чунин мавқеъ ворид ва ба мувофиқа расидааст: мубодила ва ҳамкорӣ дар соҳаи рушди деҳот ва ҳунарҳои мардумӣ, шоҳроҳи “Ӯзбекистон-Тоҷикистон-Чин” дар замимаи он дар баробари дигар ташаббус ва лоиҳаҳо ҷой дода шудааст. Бояд гуфт, ки ин иқдом ба табдил додани Тоҷикистон ба яке аз марказҳои пурқудрати транзитӣ ва логистикӣ дар қитъаи Авруосиё мусоидат мекунад.
Ба андешаи ӯ, бо саъю кӯшиши муштарак, такмил додан ва эҷод кардани афзорҳои нави ҳамкорӣ, ҷустуҷӯи нуқтаҳои нав барои наздикшавӣ ва диверсификатсияи роҳҳои ҳамкорӣ бо истифода аз захираҳо ва иқтидори ҳамаи кишварҳое, ки ташаббуси “Як камарбанд, як роҳ”-ро дастгирӣ намудаанд, онро бо муҳтавои мушаххасу амалӣ пурра намудан лозим аст.
Дар бахши сеюми ҳамоиш таҳти унвони “Имкониятҳои нав дар марҳалаи нав: таҳсил ва бардошти муштарак, инноватсия ва рушд” муовини директори
Пажӯҳишгоҳи рушди иҷтимоии кишварҳои Авруосиёи Маркази омӯзиши проблемаҳои рушд дар назди Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин, Сюй Тао зимни суханронии худ ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бобати дар сатҳи байналмилӣ аз ҷониби СММ соли 2025-ро “Соли ҳифзи пиряхҳо” эълон намудан, ибтикори хеле муҳим арзёбӣ намуда, даъват ба амал овард, ки бояд ин пешниҳод аз ҷониби марказҳои зеҳнии ҷаҳон мавриди омӯзишу таҳқиқ қарор гирад.
Иштирокчиёни ҳамоиши байналмилалӣ андешаҳои худро дар бораи фаъолияти Созмони Ҳамкории Шанхай дар мавриди бунёди тарҳи “Як камарбанд, як роҳ” баён намуда, ҳамоҳангсозии амалу фаъолият, табодули иттилоот ва расонидани кумакҳои ҳамдигарӣ ба мақсади бартарафсозии оқибатҳои ногувори иҷтимою иқтисодии пандемия, мустаҳкам намудани ҳамкориҳо дар соҳаҳои сиёсию амниятӣ, иқтисодиёту тиҷорат, амалисозии самарабахши зарфияти иқтисодӣ, транзитию нақлиётӣ, тандурустӣ, фарҳанг, маориф, туризми давлатҳои шомили ин лоиҳаи бузурги байналмилалиро таъкид ва таъйид намуданд.
Форуми байналмилалиро муовини директори Пажӯҳишгоҳи Русия, Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказии Академияи илмҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Чжэнли ҷамъбаст ва натиҷагирӣ карда, ба иштирокчиёни ҳамоиш барои изҳори андешаҳои судманд изҳори сипос намуд.
Ҳамоиш дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда доир гардид
Хадамоти матбуотии Маркази
тадқиқоти стратегии
назди Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон