ДУШАНБЕ, 15.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 15 октябр, дар ҷаласаи солонаи Шӯрои сарони давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шакли видеоконфронс иштирок мекунанд, иттилоъ медиҳад Хадамоти матбуоти Сарвари давлат.

 Ҷаласа таҳти раёсати Ҷумҳурии Беларус баргузор мешавад. Сарони кишварҳои ИДМ масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ дар доираи Иттиҳодро баррасӣ хоҳанд кард.

Аз рӯи натиҷаҳои ҷаласа қабули якчанд изҳороти сарони кишварҳои ИДМ, аз ҷумла ба муносибати 30-солагии Иттиҳод, оид ба ҳамкорӣ дар таъмини амнияти биологӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷират, ҳифзи ҳуқуқҳои интихоботии шаҳрвандони Иттиҳод, инчунин санадҳое, ки ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои дигар равона шудаанд, дар назар аст.

Ёдовар мешавем, ки дирӯз дар Минск ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Вазири корҳои хориҷӣ Содиқ Имомӣ дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ШВКХ ИДМ) ширкат варзид.

khovar.tj

Чоп кунед