Рӯзи 12 октябри соли 2021 ҷаласаи ҳайти кормандони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Ҳамоишро бо сухани муқаддимавӣ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Зиёӣ ифтитоҳ намуда, тибқи рӯзномаи ҷаласа доир ба натиҷаҳои фаъолияти илмию пажӯҳишӣ ва ташкилии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли 2021 ва нақшаву пешниҳодҳо доир ба фаъолияти раёсатҳои Марказ дар се моҳи боқимондаи соли равон гузориш дод. Ӯ аз ҷумла қайд кард, ки дар давраи ҳисоботӣ дар Марказ пажӯҳишҳо дар мавзӯъҳои зерин сурат гирифтанд:

  • Амнияти миллӣ, минтақавӣ ва манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон: моҳият, мундариҷа, таҳаввулот ва ҷанбаҳои сиёсию ҳуқуқӣ;
  • Моҳият ва усули арзёбии амнияти иқтисодӣ дар шароити муосир;
  • Технологияи сиёсии ҳамкории ниҳодҳои давлат бо ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди таъмини амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Трансформатсияи сохтории иқтисодиёт ва мушкилоти навсозии инноватсионии саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Хусусиятҳо ва заминаҳои такмили сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳалаи нави рушди давлатдории миллӣ;
  • Таҳлилу арзёбии вазъи соҳибкории инноватсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Амнияти иҷтимоӣ: муҳтаво ва махсусиятҳои он дар марҳалаи нави рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар аввали сол корҳои илмиву таҳқиқотии раёсатҳо дар ҷаласаҳои Марказ мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор гирифтанд. Ин имкон дод, ки ҳисоботи илмию таҳқиқотии Марказ дар муддати муайяншуда бо сифат ва ба талабот ҷавобгӯй пешниҳод гардад. Ба ғайр аз ин, иҷрои чорабиниҳои мушаххас бо мақсади таъмини самаранокии амалии пажӯҳишҳо ба нақша гирифта шудааст.

  1. Шӯрои илмӣ ва Шӯрои илмию методии Марказ

Шӯрои илмии Марказ дар ҳайати 23 нафар, аз ҷумла 12 доктори илм ва 5 номзади илм фаъолият кард. Ба мақсади амалӣ намудани стратегияи ягонаи давлатӣ, ҷамъиятию сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар ба ҳайати Шӯрои илмӣ дар қатори олимони Марказ олимону мутахассисон аз дигар ташкилотҳои ҷумҳурӣ низ дохил карда шуданд.

Шӯрои илмию методии Марказ аз 17 нафар иборат аст. Дар Шӯрои илмию методӣ натиҷаҳои корҳои илмӣ ва таҳқиқотии раёсатҳо мунтазам мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд. Ҷаласаҳои Шӯрои илмию методии марказ оид ба натиҷагирии корҳои илмию таҳқиқотӣ барои соли 2021 ва солҳои 2021–2025 доир гардиданд.

  1. Таҳия ва пешниҳоди гузоришҳои таҳлилӣ ва иттилоотию таҳлилӣ

Дар доираи баргузории корҳои илмию таҳқиқотӣ кормандони Марказ пешниҳодот, гузоришҳои таҳлилӣ ва иттилоотию таҳлилӣ барои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои амният ва дигар вазорату кумитаҳои давлатӣ, созмону ниҳодҳои дахлдор омода намуда, ирсол намуданд.

Дар нуҳ моҳи соли 2021 кормандони Марказ ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ниҳодҳои давлатӣ 64 гузориши таҳлилӣ, иттилоотию таҳлилӣ дар ҳаҷми умумии 1073 саҳифа ва ғайра пешниҳод карданд, аз ҷумла:
3. Иштирок дар комиссияҳои Ҳукуматӣ ва гурӯҳҳои корӣ

Роҳбарият ва мутахассисони Марказ дар гурӯҳҳои кории ҳукуматӣ ва ҷамъиятӣ доир ба масъалаҳои мушаххас иштирок намуданд:

  • Гурӯҳи кории байниидоравӣ доир ба “Таҳсилоти босифат” дар Вазорати маориф ва илми ҶТ;
  • Гурӯҳи корӣ дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ: “Лоиҳаи таҳқиқоти таҳлилии вазъият дар бораи дастрасӣ ва иштироки шахсони дорои маъюбият ба хизматрасониҳои тиббӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, маориф, воситаҳои зиндагӣ ва таҳияи стандартҳои дастрасӣ дар Тоҷикистон”;
  • Гурӯҳи корӣ дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ: “Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим”;
  • Гурӯҳи корӣ дар Вазорати молия: “Таҳияи Кодекси андоз дар таҳрири нав”.

 

 

 4.Ҳамкориҳо бо мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва муасисаҳои илмию таҳқиқотӣ

Марказ робитаҳои кории машваратиро бо вазорат, кумита ва агентиҳои ҷумҳурӣ, мақомоти маҳаллии идоракунии давлатӣ, пажӯҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотӣ, аз ҷумла, Пажӯҳишгоҳи фалсафа, ҳуқуқ ва сиёсатшиносии ба номи академик А.Баҳоуддинов, Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва демография, Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва этнографияи ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва як қатор муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат амалӣ намуд.

Дар нуҳ моҳи соли 2021 дар Марказ аз Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат 4 нафар, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 32 нафар, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон 9 нафар, дар маҷмӯъ, 45 нафар донишҷӯ таҷриба омӯхтанд.

  1. Ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ

Марказ дар доираи созишномаҳои ҳукуматӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла, намояндагиҳои Созмони Милали Муттаҳид, САҲА, СҲШ, СААД, Бонки Ҷаҳонӣ, Фонди Байналмилалии Асъор, Созмони Олмонии Ҳамкории Байналмилалӣ, Маркази Дипломатияи Пешгирикунанда (шаҳри Ашқобод) ҳамкориҳоро густариш дод.

Марказ узви Маркази таҳлилии СААД, узви Форуми СҲШ ва яке аз муассисони Академияи САҲА дар шаҳри Бишкек мебошад.

Кормандони Марказ дар нуҳ моҳи соли 2021 беш аз 311 мусоҳиба ва суханронӣ дар васоити ахбори омма (ВАО) намуданд.

Дар назар аст, ки то охири соли 2021 на камтар аз ҳашт чорабинии илмию амалӣ баргузор гардад.

  1. Конфронсҳои илмию амалӣ, симпозиум ва мизҳои гирд

Дар зарфи нуҳ моҳи соли ҷорӣ Марказ чорабиниҳои илмию амалиро дар мавзӯъҳои зерин баргузор намуд:

Мизи гирд дар мавзӯи “Дидгоҳи давлатмењвар ва масъалањои тањкими истиќлоли давлатї” (18.03.2021), “Нишасти маҷозии муштарак бо Маркази мутолиоти сиёсӣ ва байналмилалии Вазорати корҳои хориҷии Эрон” (11.05.2021), мизи гирд дар мавзӯи Амнияти зеҳнӣ дар низоми амнияти миллӣ (21.05.21), конфронси муштараки илмию амалӣ дар мавзӯи “Нуқтаҳои нави густариш ва таҳкими ҳамкориҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон” (03.06.2021), мизи гирд дар мавзӯи Фазои маҷозӣ: имконият ва таҳдидҳо ба амнияти миллӣ (8.06.2021), видеоконфронси маҷозӣ таҳти унвони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон: дурнамои ҳамкории мутақобилан судманд” (16.06.2021), видеоконфронси маҷозии байналмилалӣ таҳти унвони “Ҳамдигарфаҳмӣ, дӯстӣ, фазои боз–асоси пешрафти ҳамкориҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон” (17. 06.2021), “Форуми байналмилалии коршиносони ИДМ оид ба амнияти иттилоотӣ” (29.06.2021), видеоконфронси байналмилалӣ таҳти унвони “20-соли СҲШ: аз форуми минтақавӣ то эътирофи ҷаҳонӣ” (20.08.2021), конфронси илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи “Эмомалӣ Раҳмон яке аз бунёдгузорони СҲШ” (27.08.2021),

Гузоришҳо аз чорабиниҳои илмӣ ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардида, дар рӯзномаҳои давлатӣ ва мустақил ба таври васеъ инъикос ва дар сомонаи интернетии Марказ гузошта мешаванд.

Дар ин давра кормандони Марказ дар конфронсу ҷамъомадҳо, семинару маҳфилҳо, мизҳои гирд, ки аз ҷониби созмонҳои гуногуни ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ баргузор шуданд, бо 92 маърӯза карда, беш аз 345 суханронӣ дар васоити ахбори омма намуданд.

  1. Фаъолияти нашриявӣ

Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маводи ташвиқотӣ ва фаҳмондадеҳиро таҳти унвони “Нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ: моҳият ва самтҳои асосии он” дар шакли китобча таҳия намуд (дар ҳаҷми 60 саҳифа, дар шакли электронӣ). ба Дастгоҳи иҷроияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуд.

  1. 8. Сомонаи интернетии Марказ ва маҷаллаи “Тоҷикистон ва ҷаҳони имрӯзӣ”

Сомонаи Марказ ба таври доимӣ фаъол буда, дар он маводи илмию таҳлилӣ, хабару матолиби ҳаррӯза, гузоришҳо, суханрониҳо, мақолаҳои маҷаллаи “Тоҷикистон ва ҷаҳони имрӯз” ва китобҳои таълифнамудаи кормандони Марказ ҷой дода шудаанд. Дар давраи ҳисоботӣ дар сомонаи интернетии Марказ 833 мақола ва матолиби гуногуни илмӣ, хабару гузоришҳо бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҷой дода шудаанд.

Дар ин давра шумораи якуми маҷаллаи “Тоҷикистон ва ҷаҳони имрӯз” №1 (73) соли 2021 бо теъдоди 25 мақола ба нашр расид. Шумораи №2 (74)-и нашрияи номбурда бо теъдоди 26 мақола таҳияву таҳрир гардида, барои чоп омода карда шуд. Шумораи сеюми маҷаллаи мазкур ба фаъолияти бистсолаи СҲШ бахшида мешавад. Инчунин, тамоми нусхаҳои маҷаллаи Марказ дар шакли PDF дар сомонаи мазкур ҷойгир карда шудаанд, ки ниёзмандон метавонанд ба таври ройгон аз онҳо истифода баранд.

Маҷаллаи нави Марказ бо номи “Муносибатҳои байналмилалӣ ва амният” бо теъдоди 15 мақола таҳрир намуда, барои чоп омода карда шуд.

9.Корҳои ташвиқотӣ ва тарғиботӣ

Дар нуҳ моҳи соли 2021 роҳбарият ва кормандони Марказ дар як қатор чорабиниҳои сиёсӣ ва тарғибу ташвиқи сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми фаъол доштанд. Шумораи умумии суханрониҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, муассиса ва корхонаҳои давлатӣ бештар аз 85 адад буд.

  1. Ҳамкорӣ бо марказҳои таҳлилӣ ва пажӯҳишии дигар кишварҳо

Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як қатор марказҳои таҳлилӣ ва пажӯҳишии дигар давлатҳо, аз ҷумла, бо марказҳои таҳқиқоти стратегии марказҳои Русия, Қазоқистон, Чин, Афғонистон, Ҳиндустон, Эрон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Туркия, Латвия, Литва, Лаҳистон ҳамкориҳои самарабахш дорад.

 Сипас чанд нафар кормандони Марказ пиромуни бурду бохти фаъолияти илмию пажӯҳишӣ ва ташкилии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли 2021 ва нақшаву пешниҳодҳо доир ба фаъолияти раёсатҳои Марказ дар семоҳаи минбаъдаи соли ҷорӣ фикру андешаҳои судманд иброз намуданд. Музокирачиён дар қатори аҳамият ва арзиши корҳои илмию таҳқиқотии анҷомдодаи Марказ камбудиву норасоиҳоро низ гуфта гузаштанд. Онҳо барои боз ҳам беҳтар гардидани он тавсияҳо доданд ва доир ба фаъолияти минбаъдаи илмию таҳқиқотии Марказ, оид ба ҳамкориҳо бо мақомоти давлатӣ, муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва байналмилалӣ таклифҳои муфиду арзишманд пешниҳод намуданд.

Ҷаласаи кормандони Марказро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Зиёӣ ва муовини директори Марказ Парвиз Муҳаммадзода ҷамъбаст ва натиҷагирӣ карда, ба аҳли кормандони ин муассисаи муҳимми давлатӣ барори кор орзу намуданд.

Ҳамоиш дар фазои озод, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда баргузор гардид.

Хадамоти матбуотии Маркази
тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед