Коршинос Маркази таиқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасан Асоев: «Таъсири ҳавои номусоид ба дарахтони навъҳои маҳаллӣ камтар мерасад»

ДУШАНБЕ, 07.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, бинобар пешгӯии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 то 11 октябр дар ҷумҳурӣ ҳаво номусоид шуда, ҳарорат якбора паст мефарояд. Дар баъзе ноҳияҳо шамол дар як сония то 7-12 метр вазида, бориши  борон дар водиҳою баландкӯҳҳо  ба барф табдил меёбад.

Агар ҳавои номусоид дар Тоҷикистон ду-се рӯз идома ёбад ва ё зуд гузарад, ба ҳосили ҷамъоваринашудаи зироат ва сабзавот хисороти  зиёд намерасонад. Аз ин рӯ моро зарур аст, ки аз ин равандҳои табиӣ огоҳ бошем»,-гуфт  коршиноси масоили экологӣ  Ҳасан Асоев  ба хабарнигори АМИТ «Ховар» дар робита ба ҳавои номусоид ва таъсири он ба маҳсулоти кишоварзӣ.

Ба саволи хабарнигори АМИТ «Ховар» дар мавриди он ки  сардиҳои аввал метавонанд ба заминҳои кишоварзӣ ва ҳосили расида зарар расонанд, коршиноси масоили экологӣ Ҳасан Асоев  посух дод, ки кишоварзони мамлакат бояд аз паст гардидани ҳарорати ҳаво ноумед нагарданд, зеро ҳарорати пасти ду ё серӯзаи ҳаво талафоти  зиёд боқӣ намегузорад.

Ба гуфти Ҳасан Асоев,  равандҳои тағйирёбии иқлим яке аз мушкилоти асосии ҷомеаи муосир гардидаанд. Масъалаи асосӣ дар он ифода меёбад, ки то ҳол дар бораи равандҳои тағйирёбии иқлим нуқтаи назари ягонаи илмӣ дида намешавад.

«Як нуктаро бояд ба назар гирем, ки инсон дар табиат на шоҳ асту на гадо, балки ҷузъи табиат мебошад ва мувофиқи қонунҳои табиат зиндагӣ мекунад. Мақсади асосии бурдани тамоми тадқиқоти илмӣ, пеш аз ҳама, омӯзиши қонунияти табиат ва вобаста ба он зиндагӣ кардан мебошад», — гуфт ҳамсуҳбат.

Коршиноси масоили экологӣ чунин меҳисобад, ки  агар зироат ва дарахтон бештар аз навъҳои маҳаллӣ бошанд, яъне дар ин минтақа инкишоф ёфта, пурра ба муҳити он созгор бошанд, таъсири ҳавои номусоид ба онҳо то андозае камтар мерасад. Аммо навъҳои воридгардида аз ин ҳавои номусоиду сард бештар зиён мебинанд.

Имрӯз тағйирёбии иқлим ва вазъи экологии дунё тамоми ҷамъиятро ба ташвиш овардааст.

Ба андешаи коршиносон, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба офатҳои табиӣ осебпазир мебошад. Солҳои охир тағйирёбии иқлим, аз қабили вайроншавии реҷаи бориш, баландшавии ҳарорати ҳаво, коҳиши масоҳати пиряхҳо,  зиёд шудани шумораи рӯзҳои гарм, кам шудани шумораи рӯзҳои хунук, тағйироти назарраси ҳаҷм ва муҳлати бориш ба мушоҳида мерасад.

Барои ҳалли мушкилоти тағйирёбии иқлим ва мутобиқшавӣ дар соҳаи кишоварзӣ истифодаи гармхонаҳо барои парвариши зироати гуногун ва шинонидани навъҳои ба сармо ва хушкӣ тобовари дарахтони мевадиҳанда барои муҳофизати онҳо аз обу ҳавои ноустувор, инчунин бунёди паноҳгоҳҳо аз гармӣ ва сармо барои чорво тавсия дода мешавад.

khovar.tj

Чоп кунед