Ба муносибати 50 солагии таъсиси
Институти илмию тадқиқотии иқтисодӣ ва иқтисодию математикии методҳои банақшагирӣ бо Маркази ҳисоббарории назди Госплани Ҷумҳурии Шӯравӣ-Сотсиалистии Тоҷикистон
Санаи 30 сентябри соли 2021 аз таъсиси Институти илмию тадқиқотии иқтисодӣ ва иқтисодию математикии методҳои банақшагирӣ бо Маркази ҳисоббарории назди Госплани Ҷумҳурии Шӯравӣ-Сотсиалистии Тоҷикистон, ки бо Қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Шӯравӣ-Сотсиалистии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 1971 ташкил шуда, оғози таҳқиқоти стратегӣ ва ояндабинӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, 50 сол пур мешавад. Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 феврали соли 1994, №93 таъсис ёфтааст, идомадиҳандаи фаъолияти Институти илмию тадқиқотии иқтисодӣ ва иқтисодию математикии методҳои банақшагирӣ бо Маркази ҳисоббарории зикршуда ва Институти тадқиқоти иқтисодии Вазорати иқтисоди Ҷумҳурии Шӯравӣ-Сотсиалистии Тоҷикистон мебошад, ки соли 1991 бо Қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Шӯравӣ-Сотсиалистии Тоҷикистон дар заминаи он таъсис ёфтааст.
Чунонки таъкид гардид, санаи 30-юми сентябри соли 1971 бо Қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон Институти илмию тадқиқотии иқтисодӣ ва иқтисодию математикии методҳои банақшагирӣ бо Маркази ҳисоббарории назди Госплани Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (Госплан – комиссияи давлатӣ оид ба банақшагирӣ) таъсис ёфта, то соли 1991 фаъолият намуд. Нуфуз ва салоҳиятҳои ин институт ё пажӯҳишгоҳ он замон хеле баланд буда, нақшаю барномаҳои давлатии миёнамуҳлат ва дарозмуҳлат, аз ҷумла барномаҳои рушд ва ҷобаҷогузории қувваҳои истеҳсолкунанда дар ҷумҳурӣ, дар маҷмӯъ, самту таносуби рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар маҳз аз ҷониби ҳамин ниҳод таҳия ва асоснок мешуд.
Институти илмию тадқиқотии иқтисодӣ ва иқтисодию математикии методҳои банақшагирӣ бо Маркази ҳисоббарории назди Госплани Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон бо таҷҳизоти дар он даврон инноватсионӣ, аз ҷумла ду мошини ҳисоббарории ЕС–1020 ва ЕС–1033 муҷаҳҳаз буда, амалиёти илмталаби ҳисоббарориро дар соҳаи иқтисоду иҷтимоиёт анҷом медод. Баъдан дар ин пажӯҳишгоҳ мошини ҳисоббарории ЕС–1045 ва ду адад мошинаи ЕС–1046 мавриди истифода қарор дода шуд. Солҳои 90-уми асри гузашта бо пайдо шудани компютерҳои шахсии «WANG» пажӯҳишгоҳ бо 3 адад аз ин компютерҳо таъмин карда шуд, ки бо забони ҳисоббарории Бейсик кор мекарданд.
Соли 1991 бо Қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар заминаи Институти илмию тадқиқотии иқтисодӣ ва иқтисодию математикии методҳои банақшагирӣ бо Маркази ҳисоббарории назди Госплани Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ниҳоди нав – Институти тадқиқоти иқтисодии Вазорати иқтисоди Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалитстии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки то соли 1994 фаъолият намуд.
Бо расидан ба соҳибистиқлолӣ 21 феврали соли 1994 дар пойгоҳи Институти тадқиқоти иқтисодии Вазорати иқтисоди Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалитстии Тоҷикистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №93 Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. Дар рӯзҳои барои кишвар хеле душвор, дар шароите, ки ҳанӯз бесуботии сиёсӣ ва иқтисодӣ идома дошт, таъсиси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдоми муҳиме ҷиҳати бартараф намудани падидаҳои буҳронӣ, оғози ислоҳоти иқтисодӣ ва тарҳрезии асосноки дурнамои рушди давлати тозаистиқлоли тоҷикон гардид.
Чӣ тавре, ки мебинем, аз таъсиси ниҳоде, ки минбаъд дар заминаи он Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз кард, имсол 50 сол пур мешавад. Бояд таъкид намуд, ки анъанаҳои неки Институти илмию тадқиқотии иқтисодӣ ва иқтисодию математикии методҳои банақшагирӣ бо Маркази ҳисоббарории назди Госплани Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалитстии Тоҷикистон ва Институти тадқиқоти иқтисодии Вазорати иқтисоди Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалитстии Тоҷикистонро идома дода, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали таъсиси худ ба як ниҳоди бонуфузи дорои пояи устувори моддию техникӣ ва кадрӣ табдил ёфт. Дар оғози фаъолият дар Марказ 108 корманди илмӣ дар шуъбаҳои таҳлил ва ояндабинии рушди иҷтимоию иқтисодӣ, таҳлил ва ояндабинии сиёсӣ, таҳқиқи механизмҳои бозори озод, рушди устувори иқтисод, рушди соҳаҳои асосии саноат ва зерсохторҳои истеҳсолотӣ, масъалаҳои комплекси агросаноатӣ, санҷиши ҳуқуқӣ, робита бо воситаҳои ахбори омма, робитаю ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, таъмини иттилоотӣ ва дастгирии компютерӣ кору фаъолият менамуданд.
Солҳои аввали фаъолияти Марказ чун марҳилаи баҳсу талошҳои ҷиддӣ оид ба масъалаҳои таъмини сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ, эҳёи сиёсию иқтисодии кишвар ва мушаххас сохтани самтҳои асосии рушди сиёсӣ, иҷимоӣ ва иқтисодии мамлакат ҳисобида мешаванд. Давраҳои баъдии рушди Марказ ва фаъолияти густурдаи он низ хусусиятҳо ва шароити сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии охири асри ХХ ва оғози асри ХХ1-ро худ инъикос намудаанд. Аз ҷумла, даҳсолаи дуюми рушди Марказ ба давраи ҷустуҷӯи роҳҳо ва самтҳои таъмини амнияти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва шаклгирии пояҳои институтсионалии рушди кишвар рост меояд.
Санаи 18 июли соли 2003 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, №1109 Низомнома ва сохтори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид, ки мувофиқи он Марказ муассисаи давлатии илмию таҳқиқотӣ, иттилоотию таҳлилӣ ва машваратӣ буда, бевосита ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеъ мебошад. Сохтори Марказ аз роҳбарият, раёсатҳои масъалаҳои макроиқтисодӣ, таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилӣ, таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷӣ, таъминоти иттилоотӣ, таҳқиқоти масъалаҳои соҳибкорӣ ва рушди бахши хусусӣ, таҳқиқоти масъалаҳои соҳавӣ, таҳлили масъалаҳои иҷтимоӣ, таҳияи стратегияҳои миллӣ ва барномаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ, шубаҳои муҳосибот, кадрҳо ва корҳои махсус, умумӣ ва маъмурию хоҷагидорӣ иборат буд.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2012, № 1203 ба Низомномаи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Ҳоло Марказ муассисаи давлатии илмӣ-таҳқиқотӣ, таҳлилию машваратӣ ва ояндабинӣ буда, мақоми ташкилоти илмиро дорад. Муассиси он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар иҷрои вазифаҳои худ бевосита ба Президенти ҷумҳурӣ тобеъ мебошад.
Ҳадафҳои асосӣ аз таъсиси Марказ аз инҳо иборат аст:
– таҳлил ва пешгӯии равандҳои баамалояндаи иҷтимоию сиёсӣ, иқтисодӣ ва маънавию фарҳангӣ дар Тоҷикистон;
– таҳқиқоти проблемаҳои таъмини манфиатҳои стратегӣ ва амнияти сиёсию иқтисодии Тоҷикистон;
– таҳияи стратегияи рушди сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоии мамлакат;
– таҳқиқоти проблемаҳои фаъолияти иноватсионии соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии Тоҷикистон;
– таҳлил ва пешгӯии равандҳои демократикунонӣ, этнополитикӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ;
– ташкил ва гузаронидани корҳои илмӣ-таҳқиқотии дорои хусусияти пешгӯию таҳлилӣ оид ба самтҳои стратегии муносибатҳои байналмилалӣ;
– таҳлили фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилотҳои динӣ, ҳаракатҳо ва иттиҳодияҳо, созмонҳои ҷамъиятӣ ва дигар ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ;
– омӯзиши вазъи афкори ҷамъиятӣ, муносибати аҳолӣ нисбат ба сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва дохилию хориҷии аз тарафи мақомоти давлатӣ ба амал бароварандашаванда.
Барои бадастории ҳадафҳои гузошташуда Марказ вазифаҳои зеринро иҷро мекунад:
– гузаронидани таҳқиқоти фарогир оид ба самтҳои афзалиятноки иқтисодиёт, сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– омода сохтани маводи иттилоотию таҳлилӣ, тавсия ва пешниҳодҳо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– мустақилона ва ё дар ҳамкорӣ бо мақомоти дигари давлатӣ ва ҷамъиятӣ таҳия намудани консепсияҳои сиёсати давлатӣ оид ба соҳаҳои алоҳида ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намудани онҳо;
– таҳлил ва ҳамоҳангсозии барномаҳои ҳамкориҳои васеи байниидоравӣ;
– гузаронидани ташхиси лоиҳаи консепсия, стратегия ва барномаҳои давлатӣ, санадҳои муҳимми меъёрӣ ва қарорҳои Ҳукумат;
– ташкил ва гузаронидани конференсияҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ, ҷаласаҳои илмию методӣ, семинарҳо, «мизҳои мудаввар» ва дигар чорабиниҳои илмӣ оид ба проблемаҳои муҳими иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсии рушди ҷомеа, давлат ва ҳамакориҳои байнидавлатӣ;
– ташкили кор оид ба тарбияи кадрҳои илмӣ, такмили тахассуси илмии муҳаққиқон ва хизматчиёни давлатӣ;
– анҷом додани фаъолияти нашриётӣ ва нашри маводи илмӣ ва ғайра.
Сохтори Марказ аз раёсат ва шуъбаҳои зерин иборат мебошад:
- роҳбарият;
- раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилӣ;
- раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоӣ;
- раёсати омӯзиши масъалаҳои амнияти минтақавӣ;
- раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷӣ;
- раёсати таъминоти иттилоотӣ;
- раёсати таҳлили масъалаҳои макроиқтисодӣ;
- раёсати тадқиқоти масъалаҳои соҳавӣ;
- раёсати тадқиқоти масъалаҳои соҳибкорӣ ва инкишофи бахши хусусӣ;
- муҳосибот;
- шуъбаи кадрҳо, корҳои махсус ва умумӣ;
- шуъбаи маъмурию хоҷагидорӣ.
Дар Марказ нашрияи илмӣ – маҷаллаи «Тоҷикистон ва ҷаҳони имрӯз» мавҷуд аст, ки дар феҳристи нашрияҳои тақризшавандаи Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Русия ба қайд гирифта шудааст.
Имрӯз дар Марказ 81 нафар корманди илмӣ ва кормандони маъмурию ёрирасон машғули фаъолиятанд.
Директори нахустини Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иқтисодшинос, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, академики АМИТ Н.К. Қаюмов таъин гардида буд.
Нуриддин Қаюмов дар соҳаи самаранокии иқтисодиёти миллӣ, рушд ва ҷойгирсозии қувваҳои истеҳсолкунанда ва иқтисодиёти давраи гузариши кишварамон таҳқиқот гузаронидааст. Корҳои илмии ӯ инчунин ба таҳқиқу арзёбии соҳаҳои назариявӣ ва амалии иқтисодиёти давраи гузариш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудаанд.
Аз соли 1998 то декабри соли 2001 Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро доктори илмҳои фалсафа, профессор Искандар Асадуллоев сарварӣ намудааст. И.К.Асадуллоев муаллифи чандин монография ва мақолаҳо мебошад. Дар корҳои илмию таҳқиқотии ӯ проблемаҳои геополитика, фалсафаи сиёсат, ҳаёти байналмилалӣ, амнияти минтақавӣ ва миллии Тоҷикистон инъикос ёфтаанд. Ӯ доир ба масоили муҳими муосир борҳо дар конфронсҳои илмию амалии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ суханронӣ кардааст. Якчанд кори илмӣ-тадқиқотии Искандар Асадуллоев ба забонҳои хориҷӣ тарҷума шудаанд.
Аз соли 2001 то 2005 Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро профессор Сироҷиддин Комилов роҳбарӣ намудааст.
Cоли 2006 ба вазифаи директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Суҳроб Шарипов таъйин гардид. Суҳроб Шарипов доктори илмҳои сиёсӣ ва муаллифи ду монография, бештар аз 300 мақолаи илмӣ-таҳлилӣ ва ширкаткунандаи бештар аз сад конфронсҳои байналмилалии илмию амалӣ будааст.
Аз соли 2012 то аввали соли 2014 роҳбарии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро Б.А.Маҳмадов ба зимма доштааст. Ӯ муаллифи беш аз 100 монография, мақолаҳои илмӣ ва монографияхо мебошад, аз ҷумла «Фалсафаи сиёсии калом», «Маънии хайр», «Тоҷикистон», «Ғуруби офтоб», «Афсонаи танҳоӣ», «Сабрия», «Ҳаёте, ки аз барқ ҷило нагирифтааст» (бо забони ӯзбекӣ), «Чиҳил духтар», «Ёде аз рӯзҳои гузашта», «Сарнавишт» ва «Дурдонаҳои маърифат».
Аз соли 2014 роҳбари Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар таъйин шудааст.
Солҳои 2019 -2020 ба ҳайси директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодирзода Диловар Баҳриддин фаъолият намудааст.
Дар солҳои гуногун ба ҳайси муовинони директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсони гуногун фаъолият намуда, дар рушди он саҳм гузоштаанд. Аз ҷумла, солҳои 1994–1997 Исматов Бобомурод муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон будааст.
Солҳои 1998–2002 ба ҳайси муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Юнусов Толибой фаъолият бурдааст.
Солҳои 1994–1997 Клеандров Иван Михайлович муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон будааст.
Солҳои 1994–1998 ҳамчун муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурмаҳмадов Мирмаҳмад фаъолият доштааст.
Бобокалонов Олимҷон Комилович солҳои 1999–2012 муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон будааст.
Аз соли 2001 то соли 2019 Сафаров Сайфулло Саъдуллоевич муовин ва баъдан муовини якуми директори Марказ будааст.
Аз соли 2012 то соли 2019 Муминова Фарида Маҳмудовна ҳамчун муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият доштааст.
Аз соли 2014 то соли 2019 ба ҳайси муовини директори Марказ Сафолов Муҳаммадӣ Қурбонович будааст.
Ҳоло ба ҳайси муовинони директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадзода Парвиз Абдураҳмон ва Ҷурахонзода Саодати Хурсанд фаъолият доранд.
Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои мавҷудияти хеш нақшаҳои илмию таҳқиқотии зиёдеро бомуваффақият амалӣ намуда, вазифаҳо ва супоришҳои ба уҳдааш гузоштаро иҷро кардааст. Натиҷаи чунин корҳо дар таҳияи лоиҳаи санадҳои қонунгузорӣ, меъёрии ҳуқуқӣ, ташаккул ва рушди сиёсати дохилию берунӣ, таҳияи барномаҳои стратегии соҳаҳои мухталифи ҳаёти иҷтимоию иқтисодии кишвар истифода бурда гардидаанд.
Ибтидо аз соли 2006 дар Марказ иҷрои мавзуъҳои илмӣ-таҳқиқотии фармоишӣ, ки аз буҷети ҷумҳурӣ маблағгузорӣ карда мешаванд, ба роҳ монда шудааст. Аз ҷумла, солҳои 2006-2010 мавзуъҳои зерин ба иҷро расидаанд: Самти 1. Ташаккули стратегияи идоракунии давлат дар шароити ҷомеаи таҳаввулёбанда (Асосҳои стратегияи такмили идоракунии давлат дар шароити ҷаҳонишавӣ; Шаклҳо ва усулҳои демократии идоракунии ҷомеа ва давлат; Сиёсати хориҷӣ ва робитаҳои берунии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ташаккули низоми нави ҷаҳонӣ; Таъмини иттилоотии таҳқиқот ва татбиқи технологияҳои иттилоотӣ дар таҷрибаи идоракунии давлатӣ). Самти 2. Мушкилоти танзими давлатии равандҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (Усулҳои буҷетӣ-молиявӣ ва пулӣ-кредитии танзими иқтисодиёт; Ташаккул ва рушди механизмҳои танзими давлатӣ дар комплекси агоросаноатӣ; Ташаккули низоми танзими давлатии бахши хусусии иқтисодиёт; Идоракунии давлатии равандҳои иҷтимоӣ).
Солҳои 2011-2015 бошад, дар Марказ дар ду самти афзалиятнок таҳқиқот анҷом шудаанд, ки он дар маҷмӯъ, 8 мавзӯи муҳимро дар бар мегирад: Самти 1. Стратегияи рушди низоми сиёсӣ ва фарҳанги сиёсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: 1. Проблемаҳои назариявӣ ва амалии робитаи низоми сиёсӣ ва фарҳанги сиёсӣ; 2. Ҷанбаҳои этнополитикии рушди низоми сиёсӣ ва фарҳанги сиёсӣ; 3. Сиёсати хориҷӣ ва низоми сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон; 4.Такмили коркардҳои иттилоотию технологӣ барои дар амал ҷорӣ намудани тадқиқоти илмию таҳлилӣ. Самти 2. Консепсияи таъмини рушди сифатии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон: 1. Суботи макроиқтисодӣ ва рақобатпазирӣ; 2. Консепсияи рушди бахши асосии иқтисод бо дарназардошти арзиши изофа; 3. Консепсияи рушди соҳибкории истеҳсолӣ; 4. Консепсияи рушди бахши иҷтимоии иқтисод бо самтгирӣ ба ҷанбаҳои сифатӣ.
Солҳои 2016-2020 Марказ дар ду самт – «Масъалаҳои таъмини амнияти иттилоотӣ, иҷтимоӣ, миллӣ ва минтақавӣ ҳамчун стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Ташаккули низоми миллии баҳогузории индикативии амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳқиқоти илмӣ гузаронидааст, ки мавзӯъҳои зеринро фаро мегирифтанд: Дурнамои амнияти минтақавӣ ва ҷойгоҳи амнияти миллӣ дар он; Стратегияи сармоягузорӣ дар таъмини рушди кишвар; Омилҳои таъмини амнияти миллӣ дар равандҳои сиёсати дохилӣ ва дурнамои он; Стратегияи идоракунии амнияти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон; Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва натиҷагириҳои миёндаврӣ аз татбиқи амалии он; Стратегияи рушди соҳибкорӣ–асоси фаъолияти босуботи иқтисодиёти кишвар; Самтҳои асосӣ (стратегӣ), вазифаҳо ва афзалиятҳои рушди амнияти иҷтимоии кишвар барои солҳои 2021-2025.
Барои солҳои 2021-2025 аз ҷониби Марказ ду мавзӯи нав ба қайд гирифта шуда, фаъолияти илмию таҳқиқотии он ба иҷрои ин мавзӯъҳои фароишӣ равона гардидааст: Самти 1. «Амнияти миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар марҳилаи нави рушди давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон: масъалаҳо ва дурнамои стратегии таъмини он» (Ҳифзи манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми амнияти минтақавӣ ва миллӣ дар марҳилаи нави рушди давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон: масъалаҳо ва дурнамои таъмини он; Технологияи сиёсии нигоҳ доштани амнияти миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар марҳилаи нави рушди давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон; Масъалаҳои такмили асосҳои назариявӣ ва самтҳои амалии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи нави рушди давлатдории миллӣ). Самти 2. “Роҳҳои баландбардории амнияти миллӣ ва таъмини рақобатпазирии иқтисоди Тоҷикистон” (Роҳҳои таъмини амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ; Рушди индустриалӣ-инноватсионии иқтисодиёт ва навсозии (модернизатсияи) саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон; Механизми бартарафсозии монеаҳои маъмурӣ ва таъмини рушди соҳибкории инноватсионӣ; Ҳадафҳо ва самтҳои муҳимми сиёсати иҷтимоӣ чун ҷузъи амнияти миллӣ дар марҳилаи нави рушди давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон: масъалаҳо ва дурнамои стратегии таъмини он).
Дар асоси иҷрои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар Марказ мунтазам конфронсҳои илмӣ ва семинару мизҳои гирд доир ба проблемаҳои калидии сиёсати дохиливу хориҷӣ ва рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар баргузор мегарданд. Чунин конфронсу семинарҳо ва мулоқотҳои илмӣ аксаран бо ширкати намояндагони кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ доир шуда, натиҷаҳои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар шакли монография, маҷмӯаҳо ва мақолаҳои илмӣ ба табъ мерасанд.
Дар Марказ Шӯрои илмӣ ва Шӯрои илмию методӣ амал мекунанд, ки пайваста корҳои илмию таҳқиқотиро муҳокима, баррасӣ ва тасдиқ менамоянд.
Як самти муҳимми фаъолияти Марказ таҳия ва пешниҳоди гузоришҳои таҳлилӣ ва иттилоотию таҳлилӣ ба шумор меравад. Дар доираи баргузории корҳои илмию таҳқиқотӣ ва фаъолияти рӯзмарра кормандони Марказ оид ба масъалаҳои муҳимми ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва робитаҳои баналмилалӣ, амнияти миллӣ, минтақавӣ, байналмилалӣ ва амсоли он пешниҳодот, гузоришҳои таҳлилӣ ва иттилоотию таҳлилӣ барои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои амният ва дигар вазорату кумитаҳои давлатӣ, созмону ниҳодҳои дигари дахлдор омода ва ирсол менамоянд, ки ҳамагӣ ба ҳалли масъалаҳои рӯзмарра ва мушкилоти амалии ҷумҳурӣ равона шуданд.
Мутахассисони Марказ ҳамчун коршиносони соҳавӣ дар фаъолияти комиссияҳои ҳукуматӣ ва гурӯҳҳои кории байниидоравӣ доир ба масъалаҳои муҳими сиёсию фарҳангӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ ширкат менамоянд. Ҳамкориҳои Марказ бо мақомоти давлатӣ, вазорат, кумитаҳо ва агентиҳои ҷумҳурӣ, мақомоти маҳаллии идоракунии давлатӣ, пажӯҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотӣ, аз ҷумла Пажӯҳишгоҳи фалсафа, ҳуқуқ ва сиёсатшиносӣ ба номи академик А.Баҳоуддинов, Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва демография, Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва этнографияи ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва як қатор муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат ба роҳ монда шудаанд. Дар Марказ аз Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон, Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайра таҷриба меомӯзанд.
Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам маводи ташвиқотӣ ва фаҳмондадеҳиро дар шакли китобчаҳо таҳия намуда, ба масъулони соҳа тақсим менамояд. Сомонаи интернетии Марказ ба таври доимӣ фаъол буда, дар он маводҳои илмию таҳлилӣ, хабарҳои ҳамарӯза, гузоришҳо, суханрониҳо, мақолаҳо ва китобҳои Марказ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҷой дода шудааст. Соле чор маротиба маҷаллаи илмии Марказ – “Тоҷикистон ва ҷаҳони имрӯз” нашр мегардад. Тамоми нусхаҳои маҷаллаи Марказ дар шакли PDF дар сомонаи интернетӣ ҷойгир карда шудааст, ки ниёзмандон ва кормандони Марказ метавонанд ба таври ройгон аз онҳо истифода баранд.
Роҳбарият ва кормандони Марказ пайваста дар чорабиниҳои сиёсӣ ва тарғибу ташвиқи сиёсати Президенти кишвар хеле саҳми фаъол доранд.
Марказ дар доираи созишномаҳои ҳукуматӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла намояндагиҳои Созмони Милали Муттаҳид, САҲА, СҲШ, СААД, Бонки ҷаҳонӣ, Фонди Байналмилалии Асъор, Созмони Олмонии Ҳамкории Байналмилалӣ, Маркази Дипломатияи Боздоранда (шаҳри Ашқобод) ҳамкориҳоро ба роҳ мондааст. Ин ҳамкориҳо бо як қатор марказҳои таҳлилии дигар давлатҳо, аз ҷумла бо марказҳои таҳлилии Федератсияи Русия, Қазоқистон, Чин, Афғонистон, Ҳиндустон, Эрон, марказҳои тадқиқоти стратегии Ӯзбекистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Туркия, Латвия, Литва, Лаҳистон ва ғайра низ дар сатҳи баланд қарор доранд. Марказ узви Маркази таҳлилии СААД, узви Форуми СҲШ ва яке аз муассисони Академияи САҲА дар шаҳри Бишкек мебошад.
Кормандони Марказ ҳамасола аз курсҳои такмили ихтисос, аз ҷумла дар хориҷи кишвар мегузаранд.
Дар зарфи 50 соли фаъолият мутахассисони Марказ як қатор монография ва китобҳоро нашр намуданд, ки миёни онҳо метавон чунин таълифотро зикр намуд: Актуальные проблемы формирования гражданского общества в Таджикистане. Ч.1.–Душанбе: Ирфон, 2010.–160 с.; Буҳрони Афғонистон ва амнияти минтақавӣ (Маҷмӯаи мақолаҳо). Душанбе: Ирфон, 2014. –188 с; Кахоров Г.Г. Социальная стратификация Таджикистанского общества. –Душанбе: Ирфон, 2011.–236 с.; Муминова Ф.М. (дар ҳаммуаллифӣ). Минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон: назария ва методологияи таҳлил.- Душанбе, 2013.–164 с.; Мирзоев С.Т. Гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир таҳдид ба низоми амнияти миллӣ. –Душанбе: Ирфон, 2014.–256 с.; Сафаров С.С. (в соавторстве с Бабаджанов Р.М и др.). Проблемы социального отчуждения и развитие человеческого потенциала Республики Таджикистан. – Душанбе: Фарзин, 2012. –166 с.; Саидов Ф.С. Национальное исследование по определению форм стигматизации и дискриминации людей живущих с ВИЧ/СПИД-ом. – Душанбе, 2012.; Умаров Ф.Б. Республика Таджикистан и мусульманский мир: особенности сотрудничество. –Душанбе: Ирфон, 2011, 183 с.; Худобердӣ Холиқназар. Тоҷикистон–СҲШ: субот ва шукуфонӣ.– Душанбе: Эр-граф, 2014.–382 с.; Шарипов С.И. Политические процессы в таджикском обществе. Сборник статей 1998–2011 гг. – Душанбе: 2011.–375 с.; Зиёӣ Х.М. Ҷомеа ва масъалаҳои иҷтимоию сиёсӣ (маҷмӯаи мақолаҳо). – Душанбе: Аржанг, 2021. – 273 с.; Қурбонов А.Ш. Вазъи маориф ва илм дар шароити Истиқлоли давлатӣ. –Душанбе: Ирфон, 2021. -353 с.; Джурахонзода С., Кодирзода Д.Б. Совершенствование системы оказания услуг служб занятости в Республике Таджикистан.-Душанбе 2021. – 190 с. ва ғайра.
Тамоми кормандони собиқу кунунии Институти илмию тадқиқотии иқтисодӣ ва иқтисодию математикии методҳои банақшагирӣ бо Маркази ҳисоббарории назди Госплани Ҷумҳурии Шӯравӣ-Сотсиалистии Тоҷикистон, меросбари он – Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кулли мутахассисону ҳаводорони пажӯҳишҳои стратегиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 50-солагии таъсиси Институти илмию тадқиқотии болозикр табрику таҳният гуфта, барои рушди Марказ ва таҳқиқоти стратегӣ дар кишварамон комёбиҳои нав ба навро таманно мекунем.
Зиёӣ Хуршед Махшулзода,
доктори илми фалсафа, профессор,
директори Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон