Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори аъзои дигари ҷомеаи байналмилалӣ дар раванди истиқрори сулҳу субот дар Афғонистон саҳми назаррасе гузоштааст. Махсусан иқдомҳои шахсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт калидӣ будаанд.

Сазовори таъкид аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз аввалин давлатҳоест, ки масъалаи барқарории сулҳу суботро дар кишвари ҷангзадаи ҳамсояи худ аз минбари Созмони Милали Муттаҳид ва созмонҳои дигари байналмилалӣ ҳамчун мушкилоти ҷаҳонӣ эълом дошт ва аввалин ҳамоишҳои байналмилалиро барои давлатҳои сарпарасти ҳалли сиёсию иқтисодии қазияи Афғонистон баъд аз вуруди низомиёни кишварҳои Ғарб ба сарзамини он баргузор намуд.

Аз ибтидо Ҷумҳурии Тоҷикистон эълом дошта буд, ки масъалаи Афғонистон роҳи ҳалли низомӣ надорад. Аз ин рӯ, бо ин кишвари ҳамсоя робитаҳои иқтисодӣ ва фарҳангию иҷтимоӣ ба роҳ монда шуда, кишвари мо ба Афғонистон пулҳои мошингузар кушод, мутахассисонро барои соҳаҳои мухталифи ин кишвар омода намуд ва робитаҳои дигари хусусияти гуманитаридоштаро тавсеа бахшид. Маҳз чунин амалҳо як омили муҳимми бавуҷудоии нишонаҳои нахустини истиқрори сулҳ дар ин кишварҳои ҳамсоя гаштанд.

Аз љумла, Сарвари давлати мо дар Паёмашон аз 26 декабри соли 2019 ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ   чунин самтҳоро дар ин масъала муайян карда буданд:

– қазияи Афғонистон роҳи ҳалли низомӣ надорад ва фақат воситаву фишангҳои сиёсиву дипломатӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ метавонанд калиди ҳалли масоили печидаи он бошанд;

– Тоҷикистон кӯшишҳоро ҷиҳати дарёфти роҳҳои сулҳомези ба эътидол овардани вазъи сиёсиву низомӣ ва таъмини рушди устувори иҷтимоиву иқтисодии он ҳамаҷониба пуштибонӣ мекунад;

– ҳама гуна иқдомоти созандаи роҳандозӣ намудани раванди музокироти сулҳ дар Афғонистонро Тоҷикистон истиқбол менамояд.

Дар ин Паёмашон Пешвои миллат изҳори умед намуданд, ки «талошҳои ҷонибҳои алоқаманд дар ин ҷода натиҷаҳои мусбат ба бор хоҳанд овард. Зимнан, мо боз ҳам ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муроҷиат намуда, даъват ба амал меорем, ки доир ба масъалаи истиқрори сулҳу оромӣ дар сарзамини азиятдидаи Афғонистон бо масъулияти том мавқеъгирӣ намояд. Ҷониби Тоҷикистон минбаъд низ саҳми амалии худро дар ин самт хоҳад гузошт».

Бори дигар таъкид месозем, ки бояд раванди ҳалли қазияи Афғонистон собитқадамона ба пеш бурда шуда, сулҳу суботи бебозгашт дар ин кишвари ҷангзада, ки зиёда аз чил сол боз ба гирдоби мухолифатҳои шаҳрвандӣ кашида шудааст, барқарор гардад. Субот ва устуворӣ дар ин кишвар ба манфиати минтақа, Осиёи Марказӣ, аз ҷумла ба манфиати амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳад буд.

Ҳамин нақши Афғонистонро дар таъмини сулҳу оромӣ дар минтақа ба эътибор гирифта, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми Паёмҳои хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2001 то соли 2021 ба масъалаи мазкур таваҷҷуҳи хосса доштаанд. Барои исботи ин маънӣ аз суханони Пешвои муаззами миллат дар Паёмҳояшон дар поён чанд намунае пешниҳод мегардад.

 Аз Паём ба Аъзои Маҷлиси Миллӣ ва вакилони Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
30.04.2001

Тоҷикистон дар оянда низ бо созмонҳои байналхалқи ва минтақавӣ ҳамкориҳои худро идома ва густариш хоҳад дод.

Илова бар ин, мамлакати мо минбаъд ҳам дар ҳалли дастҷамъонаи масъалаҳои минтақа ва берун аз он ба қадри имкон саҳм хоҳад гирифт. Зеро мо хуб мефаҳмем, ки дар шароити глобализатсияи масъалаҳо ҳалли онҳо барои ин ё он давлат дар алоҳидагӣ мушкил ва баъзан аз имкон берун аст. Дигар ин, ки тинҷиву оромии кишварҳои ҳамсоя ва умуман минтақа кафолати тинҷиву оромии мо низ мебошад.

Ман борҳо аз минбари Созмони Милали Муттаҳид ва дигар анҷуманҳои бонуфузи байналмилалӣ иброз доштам ва ҳоло бори дигар ҳамчун Роҳбари давлате, ки ҷанги гражданиро паси сар карда, таҷрибаи талх дорад, таъкид менамоям, ки қазияи Афғонистон роҳи ҳалли низомӣ надорад.

Бинобар ин, бо истифода аз фурсат мехоҳам таваҷҷӯҳи ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ, нерӯҳо ва гурӯҳҳои дар нооромиҳои он кишвар шарик ва умуман мардуми шарифи Афғонистон — тоҷикон, паштуҳо, ӯзбекҳо ва дигар халқияту қавмҳои ин сарзамини азияткашидаро ба як далели таърихи худашон ҷалб намоям.

Гузаштагони шумо танҳо дар ду асри охир чандин бор бар зидди қувваҳои истеъморӣ парчами муборизаро барои озодӣ баланд бардошта, барои таъмини истиқлолият ҷоннисориҳо кардаанд.

Вале дар охири асри XX ва ибтидои асри XXI, садсоле, ки бешубҳа давраи дастоварду пешравиҳои бузург барои инсоният хоҳад шуд, сарзамини худро майдони ҷанги ҳамватанӣ ва паногоҳи қувваҳои экстремистиву террористӣ қарор додан, мардуми кишварро сарсону саргардон кардан оқибатҳои даҳшатнок дорад.

Мардуми Афғонистон қадри озодиву истиқлолро хуб мешиносад, тамомияти арзиро қимат медонад. Аз ин рӯ, изҳори итминон кардан мумкин аст, ки кувваҳои даргир оқибат роҳи ҳалли сиёсии масъаларо пайдо хоҳанд кард, ба пора шудан ва аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест шудани ватанашон роҳ нахоҳанд дод.

Албатта, барои расидан ба ин ҳадаф пеш аз ҳама Россия ва Штатҳои Муттаҳидаи Америка якҷоя бо Созмони Милали Муттаҳид нақши муҳим бозида метавонанд.

Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
22.04.2002

Ҷаҳонгирӣ ва кишваркушоиҳои имрӯза либоси басо рангоранг доранд. Ҳадаф ва ғаразҳои аслии сиёсию иқтисодӣ аз назарҳо пинҳон мемонанду хусуматҳои қавмию этникӣ, низоъҳои идеологию динӣ ва дигар сабабу баҳонаҳо ба навбати аввал мебароянд. Дар натиҷаи таҳрики устокоронаи сиёсию иқтисодӣ ва идеологӣ давлатҳои хурду бузург дар қитъаҳои Осиё, Африқо ва Аврупо ба доираи бозиҳои ғаразноки давлатҳои манфиатдор кашида мешаванд ва таҳти таъсири онҳо раванди мӯътадили ҳаёт дар сарзаминҳои гуногуни ҷаҳон ва саросари сайёра халалдор мегардад.

Афғонистони ба мо ҳамсоя далели ин гуфтаҳо шуда метавонад, ки қариб чаҳоряк аср инҷониб оташи ҷанг дар ин кишвари мусибатзада хомӯш намегардад. Мо дар давоми даҳ соли истиқлолияти давлатии худ таваҷҷӯҳи аҳли оламро ҳамеша ба ҳалли мусолиматомези қазияи Афғонистон ҷалб мекардем, зеро вазъияти мураккаби ин кишвари ҳамсоя оромии Тоҷикистонро халалдор мекард ва водор месохт, ки воситаву имкониятҳои бе ин ҳам маҳдуди худро бештар барои таъмини амнияти кишварамон сафарбар намоем.

Бо дарки амиқи манфиатҳои миллии худ ва вазъи воқеии Афғонистон мо ҳалли қазияи ин кишварро дар дастгирии нерӯҳое медидем, ки метавонистанд такягоҳи сулҳу суботи минтақа бошанд.

Дар ҳоле, ки бисёр сиёсатмадорон ва давлатҳои ҷаҳон дар он давраи номуайяниҳо ба ин масъала бетафовут менигаристанд, мо ба сиёсати низоми иртиҷоии толибон баҳои воқеӣ дода, барқарории ҳеҷ гуна муносибатро бо онҳо раво надидем. Тоҷикистон ягона давлате буд, ки сиёсати устувори худро нисбат ба режими толибон ба ҳеҷ ваҷҳ тағйир надод ва пайваста ба нерӯҳои Иттиҳоди шимол, ки ҳамчун қувваи ягона бар зидди террористони мазкур мубориза мебурданд, ҳамаи кӯмакҳои имконпазирро расонид. Ҷараёни ҳодисаҳо дурустии мавқеи моро исбот кард ва сиёсати пешгирифтаи мо аз тарафи роҳбарону сиёсатмадорони бисёр давлатҳо ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ба таври воқеӣ арзёбӣ гардид.

Ба ин маънӣ, мубориза бар зидди низоми террористии толибон барои Тоҷикистон баъд аз воқеаҳои 11 сентябр шурӯъ нашудааст.

Мо борҳо кӯшиш ба харҷ дода будем, ки таваҷҷӯҳи аҳли башар ба таври кофӣ ба авзои Афғонистон нигаронида шуда бошад. Ҳанӯз соли 1999 ман аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод карда будам, ки гирдогирди Афғонистон як минтақаи амниятӣ бунёд гашта, пеши ин хатари бузург гирифта шавад.

Дар баробари сар шудани муборизаи пурвусъат ба муқобили терроризми байналмилалӣ Тоҷикистон мавқеи худро ошкоро эълон намуд ва барои амалиёти муваффақиятнок ба хотири аз байн бурдани парваришгоҳҳои терроризм ва экстремизм дар Афғонистон аз ҷониби худ тамоми чораҳои имконпазирро андешид.

Имрӯз мо ба Штатҳои Муттаҳидаи Америка ва дигар кишварҳои аъзои иттиҳоди мубориза бар зидди терроризми байналхалқӣ бо назари сипос менигарем, ки дар саркӯб ва нобуд сохтани низоми иртиҷоии толибон ва пойгоҳҳои террористони байналмилалӣ дар Афғонистон нақши ҳалкунанда бозиданд.

Аз ин минбари баланд истифода намуда, мехоҳам хотирнишон созам, ки роҳбарияти Тоҷикистон ин сиёсати худро минбаъд низ идома хоҳад дод, то ки Афғонистон дигар на пойгоҳи терроризми байналмилалӣ, экстремизм ва на маркази қочоқи маводи мухаддир, балки як кишвари ором ва ҳамсояи осуда бошад. Ҳамчунин, бо мақсади ҳукмфармо гаштани сулҳу амнияти пойдор дар Афғонистон мо бояд ба ин кишвар кӯмаку дастгирии худро дареғ надорем.

Тоҷикистон дар барқарорсозии иқтисодиёти баъдиҷангии Афғонистон бо роҳи иштирок дар лоиҳаҳои гуногун, пеш аз ҳама тарбияи кадрҳо ва мутахассисон, барқарор намудан ва сохтмони роҳу кӯпрукҳо, хатҳои интиқоли барқ ва бисёр соҳаҳои дигар саҳм хоҳад гузошт. Ҳамкориҳои мо аллакай шурӯъ шудаанд.

Мо аз таҷрибаи худ медонем, ки роҳи сулҳ ҳамвор нест ва тай кардани он сабру таҳаммул ва хиради бузургро тақозо мекунад. Сарнавишти ояндаи Афғонистон пеш аз ҳама, албатта, дар дасти худи мардуми Афғонистон аст.

Итминони комил дорем, ки Идораи муваққатии Афғонистон ва халқи ғаюри афғон дар ояндаи наздик як ҳукумати фарогири манфиатҳои ҳамаи қавму халқиятҳо ва миллатҳои сокини кишварро ташкил мекунанд ва тақдири хешро ба дасти худ гирифта, дар сарзамини аҷдодиашон низоми мутамаддинро хоҳанд сохт. Дар ин кор нақши Созмони Милали Муттаҳид дар ҳамоҳангсозӣ ва сарпарастии кӯшишҳои давлатҳои ҳамсоя ва маҷмӯаи шаш ҷамъи ду дар бобати истиқрори сулҳ дар Афғонистон бояд ҳалкунанда бошад. Барои ин бояд механизмҳои умумии татбиқу густариши фарҳанги сулҳ дар арсаи байналмилалӣ зимни ба инобат гирифтани манфиатҳои миллӣ ва умумибашарӣ эҷод шаванд. Умуман, дар асри нав масъулият ва вазифаҳои Созмони Милали Муттаҳид, ки мақоми асосии ҳифзи сулҳ ва амнияти миёни кишварҳо дар арсаи байналмилалӣ мебошад, бояд чандин баробар афзояд.

 Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
04.04.2003

Мо инкор намекунем, ки аз касофати ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва бинобар дар ҳамсоягии Афғонистони ҷангзада қарор доштани Тоҷикистон баробари ба забон гирифтани номи кишвари мо дар пеши назари бархе аз ҷаҳониён як сарзамини бесарусомон ва гирифтори даргириҳо намоён мегашт. Вале акнун, баъди хотима ёфтани ҷанги тӯлкашида дар хоки Афғонистон мо метавонем умед бандем, ки кишварҳои пешрафта минбаъд ба Тоҷикистони орому босубот ва узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир мекунанд. Дар ин робита мехоҳам ҳамчунин хотирнишон созам, ки моҳи июли соли гузашта ба муносибати панҷсолагии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллии Тоҷикистон дар пойтахти кишвари мо – шаҳри Душанбе доир ба таҷрибаи сулҳофаринии тоҷикон ва истифодаи он дар нуқтаҳои доғи ҷаҳон конфронси байналмилалӣ баргузор гардида буд.

***

Муносибатҳо бо Афғонистони ҳамсоя ба сифати яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба шумор мераванд. Тоҷикистон аз рӯзи аввал тарафдории худро аз ҳукумати нави Афғонистон бо сарварии Ҳамид Карзай изҳор намуда буд. Мо ҷонибдори сулҳу суботи комил ва рушди иқтисодии кишвари ҳамҷавор мебошем. Аз ин рӯ, мо тамоми кӯшишҳои мудохиларо ба корҳои дохилии Афғонистон қатъиян маҳкум намуда, мехоҳем, ки раванди сулҳ дар заминаи аз тарафи ҳамаи ҷонибҳои афғонӣ пазируфташуда идома ёбад.

***

Пешниҳоди Тоҷикистон дар бораи ташкили коалитсияи байналмилалии мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир низ аҳамияти бағоят муҳим дорад.

То ин дам аз минбарҳои гуногуни баланд, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид борҳо таваҷҷӯҳи оламиёнро ба ин масъала ҷалб намуда, таъкид сохта будам, ки муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир чун терроризми байналмилалӣ хусусияти глобалӣ гирифта, ба тамоми инсоният таҳдид мекунад. Ва ягон давлат, ҳатто агар абарқудрат ҳам бошад, дар танҳоӣ бар зидди ин вабои асру замон истодагарӣ карда наметавонад. Аз ин рӯ, онро фақат проблемаи Афғонистон ҳисобидан баробари худфиребист.

Бо назардошти ин, ман дар мулоқотҳои чандинкаратаи худ бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ва роҳбарони як қатор давлатҳои пешрафта масъалаи созмон додани коалитсияи муқтадирро бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ба миён гузошта будам.

Хушбахтона, мо имрӯз бо қаноатмандӣ гуфта метавонем, ки пешниҳодоти мо доир ба ин масъалаи ҷиддӣ мавриди таваҷҷӯҳ ва дастгирӣ қарор гирифта истодаанд.

***

Дар шароити ҳозира ягон давлат бе дастовардҳо, бе илму техника ва технологияҳое, ки дар Ғарб тавлид ёфтаанд, пешрафти худро таъмин карда наметавонад. Аз ин лиҳоз, кирдори дар Афғонистон содиркардаи толибон, яъне куфр эълон намудани истифодаи радио, телевизион, фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ, поймол кардани ҳуқуқи занон ва монанди инҳо маҳз нишонаи тирагии хирад ва ҷаҳолат аст. Мо бояд фаҳмем, ки торикию ҷаҳолат дар пойи ҷомеа мисли занҷиранд ва то ҷамъият аз он раҳоӣ наёбад, ба ҷое намерасад. Бинобар ин донишу маърифатро мо бояд аз ҳама муқаддам донем ва муттасил дастовардҳои тозаи илму фарҳангро азбар намоем. Маҳз ҳамин нерӯи бузурги зеҳнӣ, ифтихори миллӣ ва ватандӯстӣ дар баробари муташаккилӣ, интизом ва меҳнатдӯстӣ ба олмониҳо имкон дод, ки баъди шикасти сахт дар Ҷанги дуюми ҷаҳон аз нав қомати худро рост кунанд ва кишвари харобгардидаи худро эҳё намуда, онро ба давлати мутараққии дунё табдил диҳанд ва сатҳи баланди зиндагии мардумашонро таъмин намоянд.

***

Муносибатҳо бо Афғонистони ҳамсоя ба сифати яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба шумор мераванд. Тоҷикистон аз рӯзи аввал тарафдории худро аз ҳукумати нави Афғонистон бо сарварии Ҳамид Карзай изҳор намуда буд. Мо ҷонибдори сулҳу суботи комил ва рушди иқтисодии кишвари ҳамҷавор мебошем. Аз ин рӯ, мо тамоми кӯшишҳои мудохиларо ба корҳои дохилии Афғонистон қатъиян маҳкум намуда, мехоҳем, ки раванди сулҳ дар заминаи аз тарафи ҳамаи ҷонибҳои афғонӣ пазируфташуда идома ёбад.

 Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
30.04.2004

Дар баробари ин қисмати роҳи Кулма – Қарақурум то сарҳади кишвари Хитой, пули миёни Тоҷикистону Афғонистон дар ноҳияи Дарвоз моҳи майи соли ҷорӣ ба истифода дода хохад шуд. Ҳамчунин имсол сохтмони пули Панҷи поён ва Ишкошим, ки кишвари моро бо Афғонистон пайваст намуда, барои ба баҳр баромадан имконият фароҳам меорад ва моҳи августи соли ҷорӣ навбати якуми азнавсозии шоҳроҳи Душанбе – Нуробод – Саритош бо ҷалби 24 миллион доллари амрикоӣ оғоз меёбад. Бунёди туннели мошингарди Анзоб идома ёфта, барои татбиқи лоиҳаи сохтмони туннели Шаршар корҳои омодагӣ ҷараён доранд.

***

Бояд ёдовар шуд, ки аз 4183 километр марзҳои умумии Тоҷикистон бо Ӯзбекистон, Қирғизистон, Хитоӣ ва Афғонистон 2912 километри он алҳол зери назорати қувваҳои сарҳадии Тоҷикистон қарор дошта, соли гузашта 500 километр марз бо Хитоӣ ва 73 километр бо Афғонистон бо ташаббуси ҷониби Россия ба ихтиёри нерӯҳои марзбони Тоҷикистон вогузор гардид. Акнун мувофиқи Созишномаи мазкур ва натиҷаҳои музокироти гурӯҳҳои кории тарафайн қитъаҳои боқимондаи сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон дар оянда марҳила ба марҳила ба марзбонони тоҷик супорида мешаванд. Албатта, таъмини иҷрои ин кор аз лиҳози моддӣ барои буҷет осон нест. Дар баробари ин, мо аз Федератсияи Россия, ки дар ташкили қувваҳои сарҳадбони Тоҷикистон ва таъмини моддиву техникии онҳо нақши созанда гузошт, сипосгузор ҳастем ва изҳори умед мекунем, ки дар такмил ва таҳкими минбаъдаи нерӯҳои ҷавонӣ марзбони мо ёрии худро дареғ нахоҳад дошт.

***

Тоҷикистон кӯшишҳои ҷудоиандозӣ ва истифода аз бартариҳои мавқеи ҷуғрофӣ барои мақсадҳои сиёсии ғаразнокро дар минтақа маҳкум намуда, кӯшиш дорад, ки тавассути муттаҳид сохтани имкониятҳои ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҷалби воситаҳои беруна проблемаҳои ҷиддии минтақавӣ ҳаллу фасл шаванд. Барои амният ва пешрафти натанҳо кишвари мо, балки тамоми минтақа вазъияти Афғонистон таъсири ҷиддӣ мерасонад. Аз ин рӯ, мо ба имрӯзу ояндаи ин ҳамсояи худ бетафовут нестем. Имсол дар ин кишвари ҳамсоя воқеаҳои муҳими сиёсӣ дар назар аст, ки аз бисёр ҷиҳат тақдири минбаъдаи онро муайян месозанд. Дар ин марҳилаи ҳассоси таърихӣ ман вазифаи сиёсати хориҷии Тоҷикистонро дар ҷалби таваҷҷӯҳи аҳли олам ба мушкилоти имрӯзаи Афғонистон, таҳкими фазоӣ ваҳдат ва ризоияти сиёсӣ дар он кишвар ва кӯмаки ҳамаҷониба дар бозсозии он мебинам.

Албатта, кишвари мо низ дар ин кори хайр бояд фаъолона ширкат дошта бошад. Баробари ин, мо кӯшишҳои мудохила ба корҳои дохилии кишвари ҳамсоя, тафриқаандозӣ, ҳавасмандгардонии экстремизми сиёсӣ, динӣ ва миллиро маҳкум менамоем, зеро маҳз чунин аъмол сабаби асосии бӯҳрони тӯлонӣ ва фоҷиавӣ дар ин кишвар буд. Ба ақидаи мо, танҳо Афғонистони ягона, демократӣ ва сулҳпарвар имкони раҳоиро аз бӯҳрони ҳозира дошта метавонад.

Афзоиши рӯзафзуни ҳаҷми истеҳсол ва қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон хеле ташвишовар аст. Мавқеи Тоҷикистон дар ин масъала бетағйир боқӣ мемонад, яъне барои ҳалли ин проблемаи глобалӣ муттаҳид сохтани ҳамаи воситаву имкониятҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ зарур мебошад. Зеро он фақат проблемаи Афғонистон ва Осиёи Марказӣ нест. Танҳо бо таъсиси иттиҳоди глобалии мубориза бар зидди маводи мухаддир метавон кӯшишҳои ҳамаи созмону кишварҳоро ҳамоҳанг сохта, самаранокии муборизаро бар зидди ин вабои аср таъмин намуд.

 Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Ш.Раҳмонов ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
16.04.2005

Ҳукумат ва Вазорати нақлиёт вазифадор карда мешаванд, ки баистифодадиҳии онро дар моҳи марти соли 2006 таъмин намоянд. Инчунин дар шоҳроҳи Душанбе – Кӯлоб – Хоруғ – Кулма сохтмони туннели автомобилгарди Шар-Шар шурӯъ гардидааст ва зарур аст, ки суръати сохтмони он тезонида шавад.
Ҳамзамон, корҳои лоиҳакашӣ ва сохтмони панҷ кӯпрук аз болои дарёи Панҷ дар мавзеъҳои Фархору Шӯрообод, Панҷи Поёну Ишкошим, ки тавассути қаламрави Афғонистон ба бозорҳои нав ва бандарҳои ҷаҳонӣ баромадани моро таъмин месозанд, идома дода мешаванд.
Ба Ҳукумат супориш дода мешавад, ки бо ҷалби сармояи хориҷӣ ҷиҳати лоиҳакашӣ ва сохтмони роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа-Панҷ ва Қундузи Афғонистон чораҳои зарурӣ андешад.
Инчунин барои таҷдиди роҳҳои автомобилгарди Душанбе – Хуҷанд ва Қӯрғонтеппа – Панҷи Поён лоиҳаҳои инвеститсионӣ таҳия карда, бо ҷалби сармояи хориҷӣ корҳои амалӣ оғоз карда шаванд.
Раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини истиқлолияти энергетикию озуқаворӣ вазифаи умумимиллӣ ва омили муҳими пешрафти кишвар аст.

***

Дар мулоқоти роҳбарони Тоҷикистон ва Россия дар Сочи моҳи июни соли 2004-ум дар мавриди масъалаҳои ниҳоят муҳими дуҷониба, қабл аз ҳама ҳалли масъалаи қарзи Ҷумҳурии Тоҷикистон, базаи ҳарбии Федератсияи Россия ва ба ихтиёри Тоҷикистон вогузор намудани ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистон бо Афғонистон, ки солҳои тӯлонӣ ҳалли худро намеёфтанд, мувофиқаи тарафҳо ҳосил гардид.

***

Равобити дӯстона ва ҳамкории васеи мо бо Эрон, Афғонистон, Ҳиндустон ва Покистон – кишварҳое, ки бо онҳо пайвандҳо ва арзишҳои зиёди муштараки таърихӣ ва фарҳангӣ дорем, аз афзалиятҳои муҳими сиёсати хориҷии мо мебошад.

***

Мо равандҳои имрӯзаи яке аз ҳамсояҳои наздики худ Афғонистонро асосан мусбат арзёбӣ менамоем ва эътимод дорем, ки онҳо ба таъмини тадриҷии амнияту суботи саросарӣ, ташкили сохторҳои зарурии идора ва назорати иҷтимоӣ, инчунин тақвияти рӯҳияи созандагӣ мусоидат хоҳанд намуд.

Дар ин марҳалаи ҳассос ва сарнавиштсози ин кишвари ҷафодида зарур аст, ки асосҳои мустаҳками низоми нав ва таносуби шаклгирифтаи нерӯҳои сиёсӣ ва миллию қавмӣ нигоҳ дошта шаванд.
Ҳамзамон, мубориза бо нерӯҳои боқимондаи гурӯҳҳои террористӣ ва истеҳсолу қочоқи маводи мухаддир ҳамчун таҳдидҳои ҷиддӣ барои ин кишвар ва ҷаҳон бояд пайгирона ва босубот идома ёбад.
Бозсозии муваффақона омили ниҳоят муҳими таъмини раванди субот ва ризоияти сиёсӣ дар ин кишвари дӯст ва ҳамсояи мост. Ҷумҳурии Тоҷикистон омода аст дар ин кори хайр саҳми шоиста гирад.
Ҷиҳати амалӣ шудани ҳамкориҳои судманд Ҳукумати Тоҷикистон бояд силсилаи барномаҳо ва санадҳо, бахусус дар бораи дастгирии тиҷорат, обёрӣ, кишоварзӣ, илм, маориф, тандурустӣ ва фарҳанг таҳия намояд.
Ин ба соҳибкорон ва субъектҳои гуногуни мо имконият медиҳад, ки равобити дуҷонибаи кишварҳои моро вусъат бахшанд. Бахусус, таҳияи барномаи асосноки таъмини Афғонистон бо барқ ниҳоят зарурист.
Вазорати энергетика ҷиҳати таҳия ва татбиқи он бояд тамоми иқдомоти заруриро амалӣ намояд.

Ширкати фаъоли Афғонистон дар созмонҳои минтақавӣ аз ҷумла, Созмони ҳамкории Осиёи Марказӣ ва Бунёди байналмилалии наҷоти Арал ва умуман ҳамкории васеи минтақавии он ба нафъи ин кишвар ва суботу амнияти минтақа аст.

 Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
20.04.2006

Ташаккули муносибатҳои мо бо Афғонистони ҳамсоя дар шароити ниҳоят мураккаб ва сангини сиёсии ин кишвар сурат гирифт.

Бо шикасти низоми ифротӣ, таъмини тадриҷии суботу амният ва хусусан эҳёи сохторҳои зарурии ин кишвари ҷафодида заминаи мусоиди равобити ҳамаҷониба фароҳам гардид.

Бо вуҷуди ин, ҳамкории мо дар мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, таъмини амнияти босуботи марзӣ, ташвиқи фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ва сохторҳои иҷтимоиву фарҳангӣ ва хусусан татбиқи ҳадафманди барномаҳои иқтисодии пешниҳоднамудаи мо ба сатҳи баланд ва муосир ниёзманд аст.

 Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
30.04.2007

Барои таҳкими минбаъдаи қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, таъмини суботу оромии ҷомеа бояд бар зидди ҷиноятҳои хавфноки муосир – терроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, одамфурӯшӣ ва дигар ҷиноятҳои трансмиллӣ муборизаи қатъӣ бурд.

Сол ба сол зиёд шудани истеҳсоли маводи мухаддир дар Афғонистон хатари ин ҷиноятҳоро боз ҳам меафзояд, ки он ба оромию суботи минтақа ва умуман ҷаҳон таҳдид менамояд.

Зарур аст, ки мақомоти номбурда барои муборизаи самаранок бурдан бо ин хатарҳои ҷаҳонӣ дар ҳамоҳангии фаъолияти байниҳамдигарӣ ва ҳамкорӣ бо мақомоти марбутаи дигар кишварҳо амал намоянд.

***

Чун сухан дар бораи равобити мо бо кишварҳои минтақа меравад, бояд таъкид кард, ки мо ҷонибдори содиқи ҳамкориҳои минтақавӣ ҷиҳати боло бурдани сатҳи зиндагии халқҳоямон ва таъмини амнияту осудагӣ ва суботи минтақа ҳастем.

Мо ин амну амониро таҷзия ва тақсим намекунем, балки чунин мешуморем, ки оромии ҳар як кишвар василаи амнияти ҳамсояи ӯст ва дар ин замина бо эътилофи байналмилалии зиддитеррористӣ, ки ҳадафи асосии он мубориза бар зидди хатару таҳдидҳои муосир дар минтақа аст, ҳамкории созанда дорем.

Аз ин лиҳоз, мо бо кишварҳои Ғарб, ки имрӯз таъмини амнияти Афғонистон ва мубориза бо хатару таҳдидҳои муосирро ба дӯш гирифтаанд, равобити худро густариш хоҳем дод. Чи дар масоили иқтисодӣ ва чи дар ҳалли мушкилоти мубрами башарият мо ҳамкориҳои худро бо кишварҳои Ғарб ва бахусус Штатҳои Муттаҳидаи Амрико бештар тақвият хоҳем бахшид.

Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо Созишномаи шарикӣ ва ҳамкорӣ дорад ва таҳкими муносибатҳо бо ин Иттиҳод, инчунин тавсеаи беш аз пеши онҳо ба манфиати ҳамагон хоҳад буд.

Дар ин раванд мо муносибати дуҷониба ва равобити шарикиро бо ҳамаи кишварҳои Иттиҳоди Аврупо инкишоф хоҳем дод.

Мо ҳамкориҳои дӯстона, муассир ва созандаро бо кишварҳои ҳамҷавори худ дар минтақа – Эрон, Афғонистон, Ҳиндустон, Покистон ва Туркия мисли пештар самти афзалиятноки сиёсати худ медонем.

 Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
25.04.2008

Дар ин раванд аҳамияти беш аз пеш касб намудани густариши ҳамаҷонибаи равобити созанда ва ҳамкориҳои судманд бо Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мавриди таъкид аст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон шарики фаъоли эътилофи байналмилалии мубориза бо терроризм буд ва хоҳад монд.
Дар ин самт мо ҳамдастии созандаро бо Штатҳои Муттаҳидаи Амрико, Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои дигари ин эътилоф на фақат дар ин соҳаи муҳим тавсеа хоҳем бахшид, балки ба густариши ҳамкории муфиди иқтисодӣ низ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир хоҳем кард. Дар айни замон, чунин фаъолиятро дар чорчӯбаи имкониятҳои Созмони Ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ва дигар институтҳои минтақавию байналмилалӣ идома хоҳем дод.

Ҳамин тариқ, бояд таносуб ва тавозуни оқилона ва дурандешонаи сиёсати хориҷиву дохилии кишвар таъмин карда шавад, ки он ба татбиқи муваффақонаи манфиатҳои миллӣ ва давлатии мамлакат ҷиҳати таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ, боло бурдани сатҳи зиндагии мардуми кишвар ва афзудани обрӯю эътибори мо дар ҷаҳони имрӯза хизмат намояд.

 Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
15.04.2009

Табиист, ки мо дар оянда низ ҳамкориҳои босамари худро бо кишварҳои форсизабон таҳким бахшида, барои сулҳу субот ва пешрафти иқтисодии Афғонистони бародар ҳамаҷониба мусоидат хоҳем кард.

Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ
24.04.2010

Мо талош варзидем, ки аз тариқи эҳёи равобити суннатӣ ва қадимаамон бо кишварҳои мусулмонӣ, мамолики араб ва манотиқи дигари дунё муносибатҳои хуб дошта бошем. Дар байни онҳо метавон Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҳиндустон, Туркия, Покистон ва Ҷопонро ном гирифт.

***

Сиёсати хориҷии сулҳҷуёна ва мусолиматхоҳонаи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамеша дар ҷустуҷўи дўстон ва хайрхоҳон мебошад, ки стратегияи таъмини марзҳои осоиштаву ором ва ҳусни ҳамҷаворӣ ҷузъи ҷудонашавандаи он аст.

Аз ин рў, мусоидат дар роҳи ба эътидол овардани вазъи кунунии Афғонистони ҳамсоя ҳамеша мавриди эҳтимом ва кўшишҳои мост. ҳақиқате мусаллам аст ва ҳеҷ ҷои шакку тардид нест, ки амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ бо амну амонӣ дар Афғонистон пайванди ногусастанӣ дорад.

Тоҷикистон, ки ҳанўз солҳои ҷанги шаҳрвандии кишвар, сарфи назар аз душвориҳои худ, ҳамеша барои Афғонистони осоишта, сулҳхоҳ ва рушдёбанда садо баланд мекард, имрўз низ аз паи ин ҳадафҳост.
Сохтмони роҳу пулҳо ба сўи Афғонистони ҳамсоя, нақшаҳои боз ҳам бузургтари бунёди хатҳои барқ, роҳҳои оҳану автомобилгард, ки василаи густаришу рушди босуръати пайвандҳои мо бо мардуми ин кишвари дўст хоҳанд буд, мисоли қавлу амали ягонаи мост.

Вале, бо тамоми қадрдонӣ аз кўшишҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки дар он низ мо шарик ҳастем, Тоҷикистон амиқан эътиқодманд аст, ки роҳу василаи сирф низомии барпо кардани сулҳ дар Афғонистон вуҷуд надорад. Аз ин рў дастгириву пуштибонии ҷустуҷўи тариқаву василаҳои фарогири побарҷо намудани сулҳи комил ва пойдор дар ин кишвари азияткашида бояд мавриди таваҷҷўҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирад.
Тоҷикистон омода аст дар ин роҳ ҳамаи имконоти хешро ба миён гузорад ва агар ҳатто қисмате аз таҷрибаи нодири сулҳи тоҷикон дар ин ҷода муфид бошад, мо истифодаи онро дар ин кори хайр дареғ нахоҳем дошт.

 Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ
20.04.2011

Мо бо кишварҳои минтақа ва ҳамҷавор равобити неки ҳамсоягӣ, ҳусни тафоҳум ва муносибатҳои мутақобилан судманд дорем ва ба тавсеаи доираи ин равобит ва тақвияту густариши онҳо сидқан манфиатдорем. Аз ин рў, мустаҳкам намудани робитаҳо ҳам дар асоси бисёрҷониба ва ҳам дар заминаи дуҷониба бо кишварҳои дўсти Эрон, Афғонистон, Ҳиндустон, Покистон, Туркия ва дигарон чун яке аз афзалиятҳои сиёсати хориҷии мо боқӣ хоҳад монд.

***

Мо дар ҳаллу фасли чи масоили дохилӣ ва чи минтақавӣ, аз ҷумла мушкилоти Афғонистон, бо кишварҳои аъзои эътилофи зиддитеррористӣ, аз ҷумла Штатҳои Муттаҳидаи Амрико, мамлакатҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо ҳамкории созанда дорем.

Барпо намудани сулҳу оромӣ дар ин кишвари ҳамҷавору ҳамкеш бо манфиатҳои миллии Тоҷикистон созгор аст ва дар айни замон, саҳми назарраси мамлакати мо дар муборизаи умумӣ бар зидди терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккили трансмиллӣ хоҳад буд. ҳамкориҳои дуҷониба бо Штатҳои Муттаҳидаи Амрико, инчунин иштирок дар татбиқи Стратегияи Иттиҳоди Аврупо нисбат ба Осиёи Марказӣ чун мавзўъҳои муҳимтарини сиёсати хориҷии мо боқӣ мемонанд, ки зимни он мо иртибототи созандаи худро бо Созмони Амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо низ рушду густариш хоҳем бахшид.

Дар бораи узви ҳамшарики ин Созмон – Афғонистони ҳамсоя сухан ронда, таъкидан зикр карданӣ ҳастам, ки амну амонӣ дар ин кишвари бародар барои Осиёи Марказӣ ва алалхусус, Тоҷикистон чун обу ҳаво зарур аст ва мо мисли ҳамеша дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва ҳам дар чаҳорчўбаи робитаҳои дуҷонибаи худ барои расидан ба ин ҳадафи воло кўшиш ба харҷ хоҳем дод. Муборизаи муштарак бар зидди хатару таҳдидҳои нав ва зуҳуроти дигари манфӣ ва кўмаку мусоидат ба саъю талошҳои Афғонистон, дар кишвари мо омода кардани кадрҳои зарурӣ ва соҳаҳои дигар ҳамеша дар рўзномаи ҳамкории мо бо ин кишвари дўст хоҳанд буд.

 Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
20.04.2012

Чун сухан дар бораи минтақаи ҳамҷавор рафт, мо наметавонем масоили марбут ба Афғонистони ҳамсояро баррасӣ накунем, зеро ҳамеша таъкид бар он дорем, ки амнияти Осиёи Марказиро бидуни таъмини амният дар Афғонистон тасаввур кардан ғайриимкон аст. Равандҳои мусбати инкишофи вазъ дар ин кишвари дӯсту бародар, албатта, боиси қаноатмандии мо ҳастанд.

Вале бояд гуфт, ки онҳо ҳанӯз комилан ба тамоюлоти ғайри қобили баргашт мубаддал нагаштаанд ва дар ин ҷода ҳанӯз саъю талоши зиёде бояд кард.

Дар ин замина ҳамкориҳои созандаи мо бо эътилофи байналмилалӣ, ки ҳамеша хуб буданд ва бо кишварҳои Ғарб, ки шомили он ҳастанд, идома хоҳанд ёфт. Равобити гуногунҷанбаи мо бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар ин самт омили муҳиме хоҳад буд.

Вале хуруҷи эълоншудаи ин нерӯҳо дар соли 2014 масъулияти моро, ки чун кишвари буферӣ бо сарҳади тӯлонии қариб 1400 – километра дар рӯ ба рӯи таҳдиду хатарҳои муосир қарор дорем, дучанд зиёд хоҳад кард.

Ҳарчанд кишварҳои эътилоф эълом кардаанд, ки ин ҳамкориҳои онҳо ҷиҳати тақвияти амният дар Афғонистон давом меёбанд, мусаллам аст, ки баъди он таърих мо бо воқеияти наве рӯ ба рӯ хоҳем шуд.

Аз ин рӯ, ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи сиёсиву иқтисодии мо, аз ҷумла ҳамкории амниятии мо чи бо созмонҳои марбута, ки узвашон ҳастем ва чи бо худи Афғонистони бародар тақвият ва таҳким хоҳанд ёфт.

 Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
26.04.2013

Солҳои охир дар асоси нақшаву тадбирҳои стратегӣ бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ лоиҳаҳои ҳаётан муҳими энергетикӣ, ба монанди нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда -1, хатҳои интиқоли барқи «Ҷануб-Шимол» ва «Лолазор-Хатлон», хатти интиқоли барқи байни Тоҷикистону Афғонистон, корҳои барқарорсозии нерӯгоҳи Роғун, таҷдиду навсозии иншооти амалкунандаи энергетикии Норак, Қайроққум, Сарбанд, Помир ва Варзоб амалӣ гардида истодаанд. Ҳамзамон бо ин, якҷо бо шарикони рушд, аз ҷумла бо Бонки Умумиҷаҳонӣ корҳои таҳқиқотии лоиҳаи нерӯгоҳи Роғун, инчунин таҳияи лоиҳаи хатти интиқоли барқи байналмилалии “CASA -1000” идома доранд.

***

Дар баробари ин, масъалаи бунёди роҳҳои алтернативӣ тақозо менамояд, ки Ҳукумати кишвар доираи ҳамгироии иқтисодиро тавсеа бахшида, дар доираи созмонҳои минтақавӣ ҷиҳати пайваст шудан ба шабакаҳои байналмилалии коммуникатсионӣ ва ташкили шабакаҳои нави мутобиқ ба меъёрҳои муосир чораҳои зарурӣ андешад.

Бо ин мақсад ҷиҳати амалисозии лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон, ки омили муҳими рушди иқтисодии Тоҷикистон ва давлатҳои минтақа хоҳад гардид, андешидани чораҳои зарурӣ идома дорад.

***

Мо муборизаро бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир самти афзалиятноки сиёсати давлати худ эълон кардаем.

Бо мақсади таъмин намудани натиҷаи ҳарчи бештари фаъолият дар ин самт моҳи феврали соли ҷорӣ бо Фармони Президенти мамлакат Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 – 2020 тасдиқ гардид.

Бо дарназардошти хатарҳои зикршуда ва дар соли 2014 аз қаламрави Афғонистон хориҷ гардидани нерӯҳои байналмилалии зиддитеррористӣ роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомиро зарур аст, ки дар самти мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, баланд бардоштани иқтидори мудофиавии мамлакат ва ҳифзи сарҳади давлатӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

 Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
23.04.2014

Татбиқи чунин лоиҳаҳо, аз ҷумла сохтмони хатти роҳи оҳани Туркманистон – Афғонистон – Тоҷикистон, роҳҳои мошингарди байналмилалии Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ-Кулма, Душанбе – Турсунзода, Айнӣ – Панҷакент, Восеъ – Ховалинг ва хусусан роҳи оҳани Ваҳдат – Ёвон – Қӯрғонтеппа барои беҳтар гардидани фазои сармоягузории кишвар, пайваст шудан ба шабакаҳои байналмилалии нақлиётӣ, инкишофи бозори дохилӣ ва афзоиши ҳаҷми хизматрасониҳои байналмилалӣ мусоидат хоҳад кард.

***

Як ҳақиқат мусаллам аст, ки мардумони Осиёи Марказӣ метавонанд дар якҷоягӣ ва муттаҳидӣ ҳар гуна масъалаву мушкилотро ҳаллу фасл кунанд ва бар зидди ҳар гуна хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир якҷоя истодагарӣ намоянд.

Ҳарчи зудтар барқарор гардидани сулҳу суботи сиёсии пойдор дар қаламрави ҳамсояи ҷанубии мо – Афғонистони ҳамҷавор – ҷавобгӯи манфиатҳои ҳаётиву миллии Тоҷикистон аст.

Истиқрори сулҳи деринтизор ва эҳёи ҳаёти осоишта дар кишвари азияткашидаи Афғонистон бо таъмини амнияти минтақавӣ низ пайванди ногусастанӣ дорад.

Бо оғози хуруҷи воҳидҳои низомии эътилофи байналмилалии зиддитеррористӣ Афғонистони ҳамсоя ба марҳалаи нав ворид мешавад.

Дар ин давра зарур аст, ки таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва дӯстону хайрхоҳони Афғонистон ба ниёзҳо ва масоили мубрами он коҳиш наёбад ва дар ин кор кишварҳои минтақа низ бояд саҳми фаъол дошта бошанд.

Дар шароити навин бозсозии сохторҳои бунёдии Афғонистон тавассути сохтмони роҳҳои оҳану мошингард, хатҳои интиқоли барқ ва лӯлаҳои газ аҳаммияти бузурги иқтисодиву иҷтимоӣ ва геоиқтисодӣ касб менамояд.

Дар ин замина мо омодаем, ки ҳамкориҳоро бо Афғонистони бародар густариш дода, имконоти худро ҷиҳати амалӣ гардонидани тарҳҳое, ки ба рушди иҷтимоиву иқтисодии минтақа ва ин кишвар нигаронида шудаанд, сафарбар намоем.

Дар муносибатҳои мо бо Ҷумҳурии Исломии Эрон, чун бо Афғонистон, омили марбут ба умумиятҳои таърихии мардумони мо мавқеи муҳим дорад. Ҳамкориҳои гуногунпаҳлуи Тоҷикистону Эрон сол аз сол амиқтару ғанитар мегарданд.

Дар зарфи даҳ соли охир асоси муҳимми равобити мо – ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ хислати бунёдӣ пайдо намуда, ба сатҳи баландтар баромадааст.

Умед аст, ки раванди тавсеа ёфтани ҳамкориҳои сеҷонибаи Тоҷикистону Эрону Афғонистон тақвияти бештар пайдо мекунад ва барои гузаштан ба марҳалаи сифатан нави иртибототи густурдаи кишварҳои мо мусоидат менамояд.

 Аз Паёми Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
23.01.2015

Ҷиҳати пешгирии паҳн намудани намудҳои нави воситаҳои нашъадор, такмили усулҳои мубориза дар ин самт, тарзи офиятбахшии шахсони гирифтори бемории нашъамандӣ, таҳкими ташаккули афкори ҷомеа бар зидди воситаҳои нашъадор ва умуман пурзӯр намудани мубориза бар зидди ин хатари марговар ба мақсад мувофиқ аст, ки қонунгузорӣ дар соҳаи назорат ва мубориза бо муомилоти ғайриқонунии чунин воситаҳо бо дарназардошти таҷрибаи кишварҳои пешрафта ва талаботи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ таҷдиди назар карда шавад.

Ҳамзамон бо ин, ҳамкориҳои байналмилалӣ, махсусан бо кишвари ҳамсоя – Афғонистон дар самти таъмини амният дар хатти сарҳади миёни ду давлат ва мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор густариш дода шавад.

***

Бо зикри ҳамаи ин афзалиятҳо ва самтҳои асосии сиёсати хориҷӣ мо набояд фаромӯш кунем, ки тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои муассир ва тавсеаи доираи онҳо бо кишварҳои ҳамсояи мо, аз ҷумла Афғонистон, дорои аҳмияти хоса мебошад.

Мантиқист, ки дар шароити ба вуҷуд омадани воқеияти нав, яъне баъди хуруҷи нерӯҳои эътилофӣ аз сарзамини ин кишвари дӯсту бародари мо робитаҳоямон бояд дар ҳамаи бахшҳо вусъати тоза пайдо намоянд, зеро тавре, ки медонем, масъалаҳои суботу амнияти Афғонистон ва вазъи эмину осоишта дар Осиёи Марказӣ бо якдигар сахт алоқаманданд.

 Аз Паёми Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
20.01.2016

Рӯйдодҳои охири ҷаҳон, яъне боз ҳам тезутунд гардидани вазъ дар Шарқи Наздик, Осиё, Африқои Шимолӣ, Аврупо ва дигар минтақаҳои дунё нишон медиҳанд, ки терроризм ва экстремизм ба хатарҳои аввалиндараҷаи ҷаҳони муосир табдил ёфтаанд.

Доманаи фаъолияти созмонҳои террористӣ торафт васеъ шуда, фаъолшавии онҳо, аз ҷумла дар ҳамсоякишвари мо – Афғонистон вазъиятро боз ҳам мураккабтар гардонидааст.

Хулоса, имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст.

Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд.  Истифодаи «сиёсати дугона» нисбат ба терроризм ва экстремизм самаранокии кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳониро дар муборизаи муштарак бо ин зуҳурот ҷиддан коҳиш дода, баръакс, мухолифатҳои наверо байни эътилофҳои ҳарбиву сиёсӣ эҷод мекунад ва авзои ҷаҳонро боз ҳам ноором месозад.

Ман чандин маротиба аз минбарҳои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ таъкид карда будам, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад.

Гузашта аз ин, зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм, ки аксаран таҳти шиорҳои диниву мазҳабӣ сурат мегирад, ба дини мубини ислом иртиботе надорад, баръакс, аз ҷониби душманони ин дини муқаддас роҳандозӣ шуда, аз ваҳшонияти асримиёнагии террористӣ, пеш аз ҳама, кишварҳои исломӣ ва мусулмонони сайёра зарар мебинанд.

Боиси таассуф аст, ки баъзе созмонҳои байналмилалӣ аз ҷониби як қатор доираҳо ва давлатҳову фондҳо ошкоро маблағгузорӣ гардидани созмонҳои террористиву ифротгаро, поймолшавии ҳуқуқи инсон, аҳволи тоқатфарсо ва дар роҳи муҳоҷират дар баҳрҳо ғарқ шудани ҳазорон нафар гурезаҳо, аз ҷумла занону кӯдаконро нодида мегиранд.

Аз ин лиҳоз, метавон гуфт, ки бар асари истифодаи қувва ва зӯрӣ дар равобити байналмилалӣ, дар ҳифзи манфиатҳои хеш рӯбарӯ омадани қудратҳои ҷаҳонӣ  ва  минтақавӣ, зери фишори нерӯву унсурҳои бегона амалан аз байн рафтани низоми давлатдории як силсила кишварҳо ва вусъати торафт афзояндаи терроризму экстремизм вазъи ҳуқуқи байналмилалӣ хеле заиф шуда, истиқлолияти давлатҳои миллӣ осебпазир гардидааст. Намуна ва пайомадҳои чунин вазъро мо дар мисоли Сурия, Ироқ, Либия, Яман ва Афғонистон мебинем.

Ислоҳи ин вазъ таҳкими пойгоҳи ҳуқуқии мубориза бо терроризм ва экстремизм, аз ҷумла дар санадҳои байналмилалӣ муқаррар намудани муҷозоти кишварҳои ба терроризм мусоидаткунанда, роҳандозӣ намудани тафтиши байналмилалии зуҳуроти терроризм ва мавриди муҳокимаи Суди байналмилалӣ қарор додани роҳбарони сиёсӣ ва ҳарбӣ, фондҳои ба ном хайрия, соҳибкорон ва дигар ашхоси ба терроризм мусоидаткунандаро тақозо менамояд.

Тоҷикистони соҳибистиқол, ки ҳанӯз солҳои навадуми асри гузашта даврони фоҷиабори муқовимат ба экстремизм ва терроризмро аз сар гузаронида, дар ин роҳ даҳҳо ҳазор талафоти ҷонӣ дода буд, ҳамеша дар сафи пеши мубориза бо ин зуҳуроти даҳшатноку нафратовар қарор дорад.

 Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
22.12.2017

Муносибатҳои Тоҷикистон бо давлатҳои калидӣ ва дигар кишварҳои Осиё хусусияти шарикӣ пайдо карда истодаанд, ки далели равшани ҳадафҳои созандаи мо мебошанд.

Мо минбаъд низ ҳамкориҳоро дар чунин рӯҳияи созанда бо ҳамаи кишварҳои Осиё идома хоҳем дод.

Мо чунин мешуморем, ки кумак ба эҳёи иқтисодӣ ва рушди иҷтимоии Афғонистон беҳтарин роҳи истиқрори сулҳу субот дар ин кишвар ва таъмини амният дар минтақа мебошад.

Аз ин рӯ, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал меорем, ки ҷиҳати дастгирии рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва беҳтар намудани вазъи амниятии ин кишвар кумакҳои амалии худро афзоиш диҳанд.

Тоҷикистон кӯшиш менамояд, ки ҳамкории беғаразонаро бо Ҳукумати кишвари ҳамсоя дар ҳамаи ин соҳаҳо тақвият бахшад.

 Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
26.12.2018

Тайи солҳои охир дар натиҷаи бунёди шоҳроҳҳои мошингарди байналмилалӣ ва пайвастани Тоҷикистон бо роҳҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, кушода шудани роҳи оҳан ва 16 гузаргоҳи сарҳадӣ бо Ӯзбекистон кишвари мо аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ ёфт ва ҳадафи дуюми стратегиамон амалӣ гардид.

***

Ҳукумати мамлакат ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди хизмат ба Қувваҳои Мусаллаҳ, аз ҷумла Қӯшунҳои сарҳадӣ тамоми чораҳои заруриро андешида истодааст.

Тайи панҷ соли охир барои ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ 170 иншооти нав сохта шуданд.

Танҳо дар хатти сарҳади давлатӣ бо Афғонистон, ки қариб 1400 километрро ташкил медиҳад, зиёда аз 100 иншооти ҳифзи сарҳад ба фаъолият оғоз намуданд.

Суботу оромии ҳамсоякишварамон – Афғонистон барои мо мисли обу ҳаво зарур аст ва Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ талош меварзад, ки дар ин кишвари дӯст сулҳи пойдор барқарор гардад.

Гузашта аз ин, тайи солҳои зиёд Тоҷикистон ҳамчун сипар на танҳо амнияти худ, балки бехатарии минтақа, кишварҳои пасошӯравӣ ва аврупоиро аз паҳншавии маводи мухаддир, силоҳ, терроризму экстремизм ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ таъмин карда истодааст.

Аз ин рӯ, мо чи аз тариқи минбарҳои байналмилалӣ ва чи дар доираи гуфтушунидҳо бо роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ пайваста даъват ба амал меорем, ки ба қазияи Афғонистон таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад.

Мо кӯшишҳои Ҳукумати Афғонистони дӯст ва ҷомеаи ҷаҳонро ҷиҳати роҳандозӣ намудани раванди музокироти сулҳ дар кишвар, ба эътидол овардани вазъи сиёсиву низомӣ ва таъмини рушди иҷтимоиву иқтисодии он ҳамаҷониба пуштибонӣ мекунем ва бори дигар изҳор медорем, ки қазияи Афғонистон танҳо роҳи ҳалли низомӣ надорад.

Ҷангу низоъ ва мухолифати мусаллаҳона даҳшат аст, қатлу куштори одамони бегуноҳ аст, қашшоқиву бенавоӣ, бадбахтӣ, касодии иқтисодӣ ва шикасти низоми қонунияту давлатдорист.

Мо даҳшати ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-уми асри гузаштаро, ки душманони миллати тоҷик ба сари мо таҳмил карда буданд, ҳаргиз фаромӯш намекунем ва бо итминон изҳор медорем, ки мардуми мо дигар ба доми фиреби душманону бадхоҳони миллат, ки то ҳанӯз аз ҳадафҳои ғаразноки худ даст накашидаанд, гирифтор намешаванд.

Аз ин рӯ, мо ҳамеша ҷонибдори сулҳ дар саросари ҷаҳон ҳастем ва хоҳонем, ки тамоми мухолифату низоъҳо, дар кадом минтақа ё кишваре, ки набошанд, танҳо бо роҳҳои осоишта ва музокирот ҳаллу фасл карда шаванд.

 Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ
26.12.2019

Рушду тавсеаи ҳамкориҳои минтақавӣ ва таъмину таҳкими амнияту субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ яке аз рукнҳои бунёдии сиёсати хориҷии давлати моро ташкил медиҳад.

Мусаллам аст, ки амнияту суботи минтақаи мо, қабл аз ҳама, бо вазъи Афғонистон вобастагӣ дорад ва идомаи минбаъдаи муноқишаву низоъ дар Афғонистон метавонад ҳам барои ин кишвар ва ҳам барои минтақа оқибатҳои манфии дарозмуддатро ба бор орад.

Авзои ноороми ин кишвари дӯсту ҳамсоя тайи чил соли охир исбот месозад, ки қазияи Афғонистон роҳи ҳалли низомӣ надорад ва фақат воситаву фишангҳои сиёсиву дипломатӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ метавонанд калиди ҳалли масоили печидаи он бошанд.

Тоҷикистон кӯшишҳои Ҳукумати Афғонистонро ҷиҳати дарёфти роҳҳои сулҳомези ба эътидол овардани вазъи сиёсиву низомӣ ва таъмини рушди устувори иҷтимоиву иқтисодии он ҳамаҷониба пуштибонӣ мекунад.

Мо чунин мешуморем, ки тақдири Афғонистон ва роҳи ояндаи онро бояд худи мардуми ин кишвар ҳаллу фасл ва муайян созанд.

Ба ин манзур, мо аз ҳама гуна иқдомоти созандаи роҳандозӣ намудани раванди музокироти сулҳ дар Афғонистон истиқбол менамоем ва умед дорем, ки талошҳои ҷонибҳои алоқаманд дар ин ҷода натиҷаҳои мусбат ба бор хоҳанд овард.

Зимнан, мо боз ҳам ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муроҷиат намуда, даъват ба амал меорем, ки доир ба масъалаи истиқрори сулҳу оромӣ дар сарзамини азиятдидаи Афғонистон бо масъулияти том мавқеъгирӣ намояд.

Ҷониби Тоҷикистон минбаъд низ саҳми амалии худро дар ин самт хоҳад гузошт.

***

Тоҷикистон соли 2019 раёсати як қатор созмонҳои минтақавӣ ва ниҳодҳои онҳо, аз ҷумла Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва Форуми ҳамкории амниятии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупоро ба уҳда дошт.

Соли оянда раёсати Тоҷикистон дар Хазинаи байналмилалии наҷоти баҳри Арал, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Раванди Истамбул оид ба Афғонистон оғоз мешавад.

 Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»
26.01.2021

Ҳукумати Тоҷикистон бо дарназардошти вазъи мураккаби минтақа ба таҳкими доимии ҳифзи сарҳад, махсусан, сарҳади Тоҷикистону Афғонистон диққати аввалиндараҷа дода, барои пешгирӣ кардани қочоқи маводи мухаддир, силоҳ, адабиёти экстремистӣ ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ дар хатти сарҳади давлатӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Хотирнишон месозам, ки ин тадбирҳо на танҳо ба ҳимояи манфиатҳои кишвари мо, балки ба оромиву суботи кишварҳои дуру наздик, бахусус, кишварҳои минтақа низ мусоидат менамоянд.

***

Пӯшида нест, ки Тоҷикистон дар хатти пеши мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои замони муосир қарор дошта, дар таъмини амнияти минтақа нақши муҳим дорад.

Аз ин лиҳоз, мо минбаъд низ бо кишварҳои минтақа ва ҳамҷавор, аз ҷумла бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва дигар шарикони худ ҳамкории зичу судмандро дар соҳаи амният идома хоҳем дод.

Мо итминон дорем, ки ба суботу амнияти пойдор дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон метавон танҳо аз тариқи раванди сулҳе расид, ки аз ҷониби Ҳукумати Афғонистон ва мардуми он идора, назорат ва пеш бурда мешавад.

Идомаи муаррифии шоистаи нақшаҳои бунёдкорона, иқдомҳои сулҳҷӯёна ва азму ниятҳои неку созандаи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ, ҳамчунин, ҳузури фаъоли кишвари мо дар раванди ҳаллу фасли мушкилоти олами муосир аз ҷумлаи ҳадафҳое мебошанд, ки барои расидан ба онҳо минбаъд низ кӯшиш ба харҷ хоҳем дод.

Таҳияи Хуршед Зиёӣ
доктори илми фалсафа, профессор,
директори Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед