ДУШАНБЕ, 18.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Чанд рӯз қабл ба  муносибати ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нави директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, профессор Хуршед Зиёӣ таҳти унвони «Сӣ мақола оид ба масъалаҳои иҷтимоию сиёсӣ дар Тоҷикистон» тавассути нашриёти «Аржанг» ба нашр расид, хабар дод ба АМИТ  «Ховар» котиби матбуоти Маркази тадқиқоти стратегӣ Қиёмиддин Сатторӣ.

Дар китоби мазкур якчанд мақолаҳои арзишманди илмӣ, илмию оммавии донишманди маъруфи тоҷик доир ба масъалаҳои иҷтимоию сиёсӣ, фарҳангиву маънавӣ ва мушкилоти дигари ҷомеаи кишварамон гирд оварда шудаанд.

Муаллиф  дар мақолаҳои  «Истиқлоли давлатӣ ва сиёсати истиқлолхоҳии Пешвои миллат», «Сӣ дастоварди муҳими Тоҷикистон дар сӣ соли Истиқлоли давлатӣ», «Барномаи рушди устувор ва таъмини зиндагии шоистаи мардум», «Инъикоси масъалаҳои глобалӣ дар робитаҳои байналмилалии Тоҷикистон ва Паёми Пешвои миллат», Саҳми Сарвари давлати Тоҷикистон дар оғози раванди истиқрори сулҳ дар Афғонистон», «Бетарафии зиёиён ҳамчун омили сар задани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ», «Ҷанги менталӣ: моҳият ва шаклҳои зуҳур», «Хабарнигорӣ ва ҷанги иттилоотӣ: моҳият ва тафовут», «Рақамикунонӣ ва баъзе пайомадҳои иҷтимоии он», «Саноатикунонӣ ҳамчун падидаи иҷтимоӣ», «Муносибатҳои сиёсӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон», «Форуми СҲШ чун платформаи самарабахш барои табодули зеҳнӣ» ва ғайра бо забони фасеҳу содаи адабӣ мазмуну муҳтавои мураккаб ва муҳимро мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор додааст. Хонандагони нуктасанҷ аз мутолиаи  мақолаҳои ин китоб баҳраи зиёди илмию маънавӣ мегиранд.

Китоби «Сӣ мақола оид ба масъалаҳои иҷтимоию сиёсӣ дар Тоҷикистон» дастовези арзандаест ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон.

khovar.tj

Чоп кунед