Гарчанде солҳои соҳибистиқлолӣ дар соҳаи кишоварзии кишварамон таҳаввулоти ҷиддӣ ба амал омада бошад ҳам, новобаста аз ин, дар ин самт мушкилот ба назар мерасад. Бо дарназардошти ин андеша, мо ин ҷо тасмим гирифтем, ки рушди соҳаи пахтакориро дар даврони Истиқлоли давлатӣ бо усули таҳлилӣ, муқоисавӣ ва селексиявӣ аз нигоҳи дастовардҳои генетикаи экологӣ мавриди омӯзиш қарор дода, ба ин восита муаммо, мушкилот ва дурнамои ин соҳаро баён намоем.

Пахтакорӣ дар гузашта маҳсулоти асосии соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб мерафту он дар қатори маҳсулоти аҳамияти стратегидошта –алюминий дониста мешуд. Боиси таассуф аст, ки дар сохторҳои маҳаллӣ имрӯз тамоюли чунин раванди коргузорӣ ба назар намерасад. Омилҳо гуногунанд, вале далели равшан ин аст, ки соли 1980 дар Тоҷикистон беш аз як миллион тонна пахта истеҳсол карда шуд. Алҳол ин нишондиҳанда сесад-чорсад ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Аҷобат ин аст, ки дар даврони Шӯравӣ миқдори корхонаҳои коркарди пахта дар кишварамон 22 ададро ташкил медод, алҳол миқдори онҳо ба 226 расидааст. Дар ҳоле ки то соли 1991 ҳосилнокии ҳар як гектар пахта 30,6 сентнерро ташкил медод, алҳол ин нишондиҳанда дар кишварамон 20,6 сентнер мебошад. Суоли мубрам ин аст, чаро масоҳати замини кишти пахта ва ҳосилнокии он коҳиш ёфтааст, аммо ҳамасола миқдори корхонаи коркарди пахта зиёд мешавад? Чунин тамоюл дар ҳолатест, ки Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2007, №392 “Дар бораи Барномаи коркарди пурраи нахи пахтаи истеҳсолшаванда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул гардидааст. Пурпечутобии ин мушкилот дар он аст, ки то ҳол таносуби корхонаҳои коркарди пахта ва корхонаҳои ашёи хоми он дар кишварамон ба таври дақиқ муайян карда нашудааст. Ҳол он ки чунин навъи корхонаҳо аз шаш навъи андоз озод карда шудаанд. Аҳамияти дигари ин масъала айни замон дар он зоҳир мегардад, ки чаро новобаста аз тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди ин соҳа ба талаботи замон ҷавобгӯ нест?

Дарвоқеъ, пахтакорӣ дар ташаккул додани пешрафти саноати сабук нақши калидӣ дорад. Сабаб шояд дар он бошад, ки гарчанде давоми солҳои Истиқлоли давлатӣ ба туфайли талошҳои Ҳукумат ва дастгирии соҳибкорон дар кишварамон як қатор корхонаҳои саноати сабук бунёд гардида бошад ҳам, аммо то ҳол аз тарафи мутахассисони касбӣ ҳисобу китоб карда нашудааст, ки барои ба таври мунтазам фаъолият намудани онҳо чӣ миқдор ашиёи хоми пахта лозим аст, кадом омилҳо садди коркарди ин ашёи хом дар кишварамон мегарданд? Пиромуни ин масоил андешаҳо гуногунанд, вале то ҳол таҳлили амиқ аз лиҳози иқтисодӣ бо диди илмӣ намерасад.

Ба фикри мо, сабаби аслӣ дар он аст, ки ҳар як навъи бавуҷудовардаи олимон дар давраи Шӯравӣ бо хусусиятҳои хоси саноатиаш мавриди баҳси муҳандисони ин соҳа қарор мегирифт. Айни ҳол чунин масъалагузорӣ аз тарафи муҳандисони ин соҳа ба назар намерасад, мушобеҳи нахи навъҳои “108-Ғ”, “Қирғиз” ва пахтаи маҳиннах, ки дар аксар корхонаҳои саноати сабуки ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ мавриди истифода қарор мегирифт. Дар баробари ин, гарчанде давоми солҳои соҳибистиқлолӣ олимону мутахассисони ин соҳа навъҳои зиёде ба вуҷуд оварда, минтақабоб гардонида бошанд ҳам, аммо то ҳол нақши навъҳои минтақагардонидашуда дар рушди саноати сабуки кишварамон ба таври ҷузъӣ мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор нагирифтаанд. Баръакс, баъзе олимон бар он назаранд, ки “навъҳои беном” дар кишварамон паҳн шуда истодааст, он ба рушди минбаъдаи ин соҳа таъсири манфӣ мерасонад. Ҳамзамон, воқеияти рӯзгор собит менамояд, ки ҳеҷ гоҳ хоҷагиҳои хурди деҳқонӣ рушду пешрафти ин соҳаро ба пуррагӣ таъмин карда наметавонанд. Аз ин ҷиҳат, вақти он расидааст, ки вобаста ба замон васеъкунии киштзорҳои ин зироати техникиро ҷустуҷӯ намоем, зеро ҳамасола аз тариқи расонаҳо олимону мутахассисони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон парвариши навъҳои минтақагардонидашударо тавсия намоянд ҳам, аммо фикру андешаҳои онҳо аз тарафи роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ дастгирӣ намеёбанд. Онҳо сабаби инро чунин тавзеҳ медиҳанд: фучерҳо ҳангоми харидани пахта ба баҳонаи паст будани нахи навъҳои маҳаллӣ онҳоро бо нархи арзон мехаранд ва деҳқон хароҷоти худро пӯшонида наметавонад. Аз ин лиҳоз, хоҷагиҳои деҳқонӣ зимни кишти пахта ба парвариши навъҳои хориҷӣ бештар таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд. Шояд таъсири ҳамин омил бошад, ки масоҳати кишти навъҳои хориҷӣ аз навъҳои маҳаллӣ дар кишварамон ҳамасола зиёд мегардад. Чаро боре ҳам ин паҳлуи масъала мавриди баҳси корхонаҳои саноати коркарди ашёи хоми пахта ва деҳқонон мавриди арзёбӣ қарор намегирад? Дар ҳоле, ки имрӯз нархи як килограмм равғани пахта беш аз 20 сомониро ташкил медиҳад.

Бояд тазаккур дод, ки тухми навъҳои хориҷӣ то се дарсад равған доранд, аммо ин нишондод дар навъҳои маҳалӣ бештар аз 14 дарсадро ташкил медиҳад. Азбаски аз навъҳои хориҷӣ истеҳсоли равған самараи иқтисодӣ надорад, аз ин рӯ, корхонаҳои коркарди равған барои истеҳсоли он таваҷҷуҳ зоҳир наменамоянд.

Дар заминаи ин андешаҳо пешниҳод менамоем, ки дар барномаҳои кишварзии телевизион ва радио аз нигоҳи мутахассисони касбӣ бартарии навъҳои бавуҷудовардаи олимони тоҷик нисбат ба навъҳои хориҷӣ тарғиб карда шаванд. Ба ин васила метавонем таваҷҷуҳи роҳбарони хоҷагиҳои деҳқониро ба парвариши навъҳои минтақабобгардонидашудаи маҳаллӣ ҷалб намуда, камбудиҳои тахассусии навъҳои хориҷиро баён созем. Ба ин восита моҳияти фаъолияти ширкатҳои манфиатдореро ҳам, ки ба харидории пахта машғуланд ва ғаразмандона навъҳои маҳаллиро аз ҷиҳати нах баҳои манфӣ дода, арзиши маҳсулоти деҳқони тоҷикро паст мезананд, ошкор намоем, то деҳқонони тоҷик фирефта нашаванд.

Ахиран, танҳо дар ҳамбастагии илм ва истеҳсолот олимони тоҷик метавонанд навъҳое офаранд, ки дар рушди соҳаи саноати сабуки на танҳо Тоҷикистон, балки минтақа нақши калидӣ гузошта тавонад. Яъне, вақти он расидааст, ҳамбастагии олимони касбиро ба ин соҳаи саноат ба таври воқеӣ роҳандозӣ намоем. Танҳо бо чунин масъалагузориҳо ва диди илмӣ ба соҳаи пахтакорӣ метавонем раванди саноатикунонии кишварамонро таъмин намуда, ба ҳадафи чоруми стратегии миллии худ бирасем.

Ҳасан АСОЗОДА,
коршиноси масоили экологӣ

 

(бознашр аз маҷаллаи “Илм ва ҳаёт”, №3, 2021)

 

Чоп кунед