Гарчанде солҳои соҳибистиқлолӣ дар соҳаи кишоварзии кишварамон таҳаввулоти ҷиддӣ ба амал омада бошад ҳам, новобаста аз ин, дар ин самт мушкилот ба назар мерасад. Бо дарназардошти ин андеша, мо ин ҷо тасмим гирифтем, ки рушди соҳаи пахтакориро дар давраи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо усули таҳлилӣ, муқоисавӣ аз нигоҳи дастовардҳои генетикаи экологӣ мавриди омӯзиш қарор дода, ба ин восита муаммо, мушкилот ва дурнамои ин соҳаро барои оянда баён намоем.
Дар гузашта пахтакорӣ маҳсулоти асосии соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб мерафту он дар қатори маҳсулоти аҳаммияти стратегидошта–алюминий дохил мешуд. Боиси таассуф аст, ки дар сохторҳои маҳаллӣ имрӯз тамоюли чунин раванди коргузорӣ ба назар намерасад. Омилҳо гуногунанд, вале далели равшан ин аст, ки соли 1980 дар Тоҷикистон беш аз як миллион тонна пахта истеҳсол карда мешуд. Алҳол ин нишондиҳанда сесад-чорсад ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Аҷобат ин аст, ки дар даврони Шӯравӣ миқдори корхонаҳои коркарди пахта дар кишварамон 22 ададро ташкил медод, алҳол миқдори онҳо ба 226 расидааст. Дар ҳоле, ки то соли 1991 ҳосилнокии ҳар як гектар пахта 30,6 сентнериро ташкил медод, алҳол ин нишондиҳанда дар кишварамон ба 20,6 сентнер расидааст. Суоле мубрам ин аст, чаро дар кишварамон масоҳати замини кишти пахта ва ҳосилнокии он коҳиш ёфтаасту аммо ҳамасола миқдори корхонаи коркарди пахта зиёд мешавад? Чунин тамоюл дар ҳолатест, ки Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2007, №392 “Дар бораи Барномаи коркарди пурраи нахи пахтаи истеҳсолшаванда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул гардидааст. Пурпечутобии ин мушкилот дар он аст, ки то ҳол таносуби корхонаҳои коркарди пахта ва корхонаҳои ашёи хоми он дар кишварамон ба таври дақиқ муайян карда нашудааст. Ҳол он, ки чунин навъи корхонаҳо аз шаш хели андоз озод карда шудаанд. Аҳаммияти дигари ин масъала айни замон дар он зоҳир мегардад, ки чаро новобаста аз тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди ин соҳа ба талаботи замон ҷавоб намедиҳад. Дарвоқеъ, пахтакорӣ дар ташаккул додани рушду пешрафти саноати сабук нақши калидӣ мебозад. Сабаб шояд дар он бошад, ки гарчанде давоми сӣ соли Истиқлоли давлатӣ бо талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии соҳибкорон дар кишварамон як қатор корхонаҳои саноати сабук бунёд гардида бошад ҳам, аммо то ҳол аз тарафи мутахассисони касбӣ ҳисобу китоб карда нашудааст, ки барои ба таври мунтазам фаъолият намудани онҳо чӣ миқдор ашёи хоми пахта лозим аст. Кадом омилҳо садди коркарди ин ашёи хом дар кишварамон мегарданд. Пиромуни ин масоил андешаҳо гуногунанд, вале то ҳол таҳлили амиқ аз лиҳози иқтисодӣ бо диди илмӣ ба назар намерасад. Ба фикри мо сабаби аслӣ дар он аст, ки ҳар як навъи бавуҷудовардаи олимон дар давраи Шӯравӣ бо хусусиятҳои хоси саноатиаш мавриди баҳси муҳандисони ин соҳа қарор мегирифт. Алҳол чунин масъалагузорӣ аз тарафи муҳандисони ин соҳа ба назар намерасад. Мушобеҳи нахи навъҳои “108-Ғ”, “Қирғиз” ва пахтаи маҳиннах, ки дар аксар корхонаҳои саноати сабуки ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ мавриди истифода қарор мегирифтанд. Дар баробари ин, гарчанде давоми солҳои соҳибистиқлолӣ олимону мутахассисони ин соҳа навъҳои зиёде ба вуҷуд оварда, минтақабоб гардида бошад ҳам, аммо то ҳол нақши навъҳои минтақагардонидашуда дар рушди саноати сабуки кишварамон ба таври ҷузъӣ мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор нагирифтааст. Баръакс, баъзе олимон бар он назаранд, ки “навъҳои беном” дар кишварамон паҳн шуда истодаанд, ки онҳо ба рушди минбаъдаи ин соҳа таъсири манфӣ мерасонанд. Ҳамзамон, воқеияти рӯзгор собит менамояд, ки ҳеҷ гоҳ хоҷагиҳои хурди деҳқонӣ рушду пешрафти ин соҳаро ба пуррагӣ таъмин карда наметавонанд. Аз ин ҷиҳат вақти он расидааст, ки вобаста ба замон васеъкунии киштзорҳои ин зироати техникиро ҷустуҷӯ намоем, зеро ҳамасола аз тариқи матбуот, телевизион, радио ва дигар расонаҳо олимону мутахассисони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон барои парвариши навъҳои ба вуҷудоварда ва минтақагардонидашударо тавсия намоянд ҳам, аммо фикру андешаҳои онҳо аз тарафи роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ дастгирӣ намеёбанд. Онҳо сабаби инро чунин тавзеҳ медиҳанд: фучерҳо ҳангоми харидани пахта ба баҳонаи паст будани нахи навъҳои маҳаллӣ онҳоро бо нархи арзон мехаранд ва деҳқон хароҷоти худро пӯшонида наметавонад. Аз ин лиҳоз, хоҷагиҳои деҳқонӣ зимни кишти пахта ба парвариши навъҳои хориҷи бештар таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд. Шояд таъсири ҳамин омил бошад, ки масоҳати кишти навъҳои хориҷӣ аз навъҳои маҳаллӣ дар кишварамон ҳамасола зиёд мегардад. Чаро боре ҳам ин паҳлуи масъала мавриди баҳси корхонаҳои саноати коркарди ашёи хоми пахта ва деҳқонон тавъам мавриди арзёбӣ қарор намегирад? Дар ҳоле, ки имрӯз нархи як кило равғани пахта қариб 20 сомониро ташкил медиҳад.
Бояд тазаккур дод, ки тухмии навъҳои хориҷии пахта то се дарсад равған доранд, аммо ин нишондод дар навъҳои маҳалӣ беш аз 14 дарсадро ташкил медиҳад. Азбаски аз навъҳои хориҷӣ истеҳсоли равған самараи иқтисодӣ надорад, аз ин рӯ, корхонаҳои коркарди равған барои истеҳсоли он таваҷҷуҳ зоҳир наменамоянд. Дар заминаи ин андешаҳо пешниҳод менамоем:
–якум, дар барномаҳои кишоварзии телевизион ва радио аз нигоҳи мутахассисони касбӣ навъҳои бавуҷудовардаи олимони тоҷик аз навъҳои хориҷӣ бо умумият ва бартариашон тарғиб карда шаванд. Мо ба ин васила метавонем роҳбарони хоҷагиҳои деҳқониро ба парвариши навъҳои минтақабобгардонидашудаи маҳаллӣ ҳавасманд намоем.
–дуюм, аз нигоҳи роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ширкатҳое, ки ба харидори пахта машғуланд, пайваста навъҳои маҳаллиро аз ҷиҳати нахаш баҳои манфӣ дода, арзиши маҳсулоти деҳқони тоҷикро паст мезананд. Аммо боиси таассуф аст, ки то ҳол андешаҳои ширкатҳои харидори пахта аз тарафи масъулони ин соҳа аз нигоҳи ҳирфавӣ дар матбуот масъалагузорӣ карда намешавад. Ин масъала низ бояд тариқи расонаҳо мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор гирад;
–сеюм, танҳо дар ҳамбастагии илм ва истеҳсолот олимони тоҷик метавонанд навъҳое офаранд, ки дар рушди соҳаи саноати сабуки на танҳо Тоҷикистон, балки минтақа нақши калидӣ гузошта тавонад. Яъне вақти он расидааст, ки ҳамбастагии олимони касбиро ба ин соҳаи саноат ба монанди давраи Шӯравӣ роҳандозӣ намоем. Танҳо бо чунин масъалагузорӣ мо метавонем аз лиҳози пахтакорӣ раванди саноатикунокии кишварамонро мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор диҳем. Акнун вақти он расидааст, ки аз дидгоҳи илмӣ ба тарғибу ташвиқи маърифати кишоварзон доир ба саноатикунонии кишварамон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намоем.
Ҳасан Асоев,
коршиноси масоили экологии
Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон