Рӯзи 16 июни соли 2021 дар шаҳри Тошканд бо ташаббуси Институти тадқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон видеоконфронси маҷозӣ таҳти унвони “Ӯзбекистон ва Тоҷикистон: дурнамои ҳамкории мутақобилан судманд” баргузор гардид. Ҳамоишро муовини якуми директори Институти тадқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Акрамҷон Неъматов ифтитоҳ карда, иштирокчиёни ҳамоишро хайрамақдам гуфт. Сипас директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Зиёӣ суханронии табрикӣ намуда, баргузории чунин нишастро дар густариши равобити дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон муҳим ва муфид арзёбӣ кард.
Дар бахши аввали ҳамоиш таҳти унвони “Рушди ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, ҳамкориҳои саноатӣ, коммуникатсияи нақлиётӣ ва логистика” мудири бахши Маркази тадқиқот ва ислоҳоти иқтисодии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Хуршед Асадов, муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саодат Ҷӯрахонзода, сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои макроиқтисодии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Миракилова суханронӣ намуданд. Дар бахши дуюми ҳамоиш таҳти унвони “Таҳкими робитаҳои фарҳангиву гуманитарӣ, сайёҳӣ, илм ва маориф” муовини сардори Раёсати Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҷавоҳир Шукуров, директори Пажӯҳишгоҳи илмиву тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилшод Раҳимӣ, ходими калони илмии Институти тадқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Лобар Умарова, муовини сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои иқтимоии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарзона Худойдодова изҳори назар карданд. Дар бахши сеюми конфронс таҳти унвони “Ҳамкориҳо дар самти мубориза бо таҳдидҳои умумӣ ва амнияти минтақавӣ” сардори Шуъбаи Институти тадқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Амир Саломов, муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Муҳаммадзода ва дигарон маърӯза намуданд.
Иштирокчиёни ҳамоиш вазъ ва дурнамои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни Ӯзбекистон ва Тоҷикистонро мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор дода, ҳамоҳангсозии амалу фаъолият, табодули иттилоот ва расонидани кумакҳои ҳамдигарӣ ба мақсади бартарафсозии оқибатҳои ногувори иҷтимоӣ, иқтисодии пандемия, мустаҳкам намудани ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисодиёту тиҷорат, амалисозии самарабахши иқтидори иқтисодӣ, транзитиву нақлиётӣ, тандурустӣ, фарҳанг, маориф, туризм ва дар самти мубориза ба таҳдидҳои умумӣ ва амнияти минтақавӣ таъйид ва таъкид намуданд.
Видеоконфронси маҷозиро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Зиёӣ ва муовини якуми директори Институти тадқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Акрамҷон Неъматов ҷамъбаст ва натиҷагирӣ карда, ба иштирокчиёни ҳамоиш изҳори сипос намуданд.
Ҳамоиш дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда доир гардид.
Хадамоти матбуотии Маркази
тадқиқоти стратегии
назди Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон