Дар таъмини амнияти соҳаи маориф низоми идоракунӣ ва сатҳи маблағгузорӣ яке аз вазифаҳои калидии сиёсати иҷтимоӣ дар самти маориф мебошад, ки он омили муҳимми рушди соҳаи мазкур ба ҳисоб меравад. Дар шароити имрӯз, дар таъмини амнияти иҷтимоию иқтисодӣ ва рушди ҷомеа, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ, расидан ба сатҳи ҷаҳонии иқтисодӣ, азхудкунии имкониятҳои нави технологӣ аз таҳкими неруи кадрӣ, сатҳу сифати таълим ва инкишофи заминаи моддию техникии соҳаи маориф вобаста мебошад, ки дар натиҷаи он сатҳи саводнокии аҳолии кишвар муайян мегардад.
Дар таълиму тарбия намудани инсони комил нақши илму маориф хеле калон мебошад. Маҳз низоми маориф воситаи муҳимми ташаккули шахс мебошад, ки ҳар як шахсро тавассути муассисаҳои таълимӣ ҳамчун неруи зеҳнӣ ва захираҳои меҳнатӣ тайёр намуда, дар онҳо қобилияти таъмини рушд ва амнияти шахсии онҳоро бедор месозад. Аз ин рӯ, дар баробари соҳаҳои гуногуни иҷтимоӣ соҳаи маориф, яке аз самтҳои муҳимми сиёсати давлат ба ҳисоб рафта, рушди он аз омилҳои гуногун вобаста мебошад, ки инкишофу пешрафти босуботи давлат ва миллатро таъмин менамояд
Имрӯз соҳаи маорифи кишвар бо фарогирии доираи васеи аҳолӣ, шабакаи рушдёфта ва гуногуншаклии муассисаҳои таҳсилотӣ тавсиф меёбад. Дар давоми солҳои соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дарназардошти нигаҳдории соҳаи маорифи давраи шуравӣ, дар мамлакат асосҳои нави модели таълимии давлат бо иқтисодиёти хусусӣ гузошта шудаанд ва барои баланд бардоштани некуаҳволии халқ равона гардидаанд. Дар ин самт як қатор санадҳои асосии миллии меъёрии ҳуқуқӣ, ки соҳаи маорифро ба танзим медароранд, таҳия ва қабул шудааст. Инчунин, стандартҳои таълимии давлатии нав доир ба таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи махсус ва олии касбӣ (бакалавр, магистр), китобҳои дарсӣ ва барномаю нақшаҳои таълимӣ дар ҳамаи самтҳои соҳаи маориф таҳия ва дар амал ҷорӣ карда шудаанд. Мактабҳои нав сохта ва вайроншудаҳо барқарор гардида истодаанд. Як қатор муассисаҳои таълимии шакли нав – литсейҳо, гимназияҳо, коллеҷҳо ва ғайра сохта шудаанд.
Айни замон вазифаи асосӣ ва афзалиятноке, ки таъмини амнияти соҳаи маорифи кишварро муайян месозанд, дар самтҳои гуногун тайёр намудани мутахассисони баландихтисос ва рушди заминаи моддию техникии соҳа мебошад. Аз ин рӯ, ҷузъи муҳимтарини навсозии соҳаи маориф ҳалли масъалаи таъминот бо кадрҳо ва баланд бардоштани мақоми иҷтимоию иқтисодии кормандони соҳаи маориф, дар навбати аввал омӯзгорон ва инкишофи заминаи моддию техникӣ ба ҳисоб меравад.
Захираҳои кадрии соҳаи маориф, бахусус дар зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ сатҳу сифати таълим ва ҳавасмандии ҳайъати омӯзгоронро тавсиф менамояд. Аз ин рӯ, омӯзгорон яке аз омилҳое мебошанд, ки сифати таълим аз онҳо вобаста буда, насли оянда маҳз тавассути онҳо донишу малакаи хубро ба даст оварда метавонанд. Ҳамзамон, омӯзгор нафаре мебошад, ки ба хонандагон на танҳо донишу малака меомӯзад, балки дар ташаккули шахсияти онҳо, яъне дар иҷтимоигардии шогирдон низ иштирок мекунад.
Маълумоти омории маориф нишон медиҳад, ки дар соли таҳсили 2019–2020 шумораи омӯзгорон дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ 124 268 нафарро ташкил медиҳанд, ки аз онҳо 73904 нафар занон мебошанд. Аз шумораи умумии омӯзгорон 5627 нафар (3345 н. зан) дар ВМКБ, 44361 нафар (23110 н. зан) дар вилояти Хатлон, 38491 нафар (25257 н. зан) дар вилояти Суғд, 8859 нафар (6886 н. зан) дар шаҳри Душанбе ва 26930 нафар (15306 н. зан) дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ фаъолият менамоянд. Аз рӯйи сатҳи маълумотнокӣ 74,0% бо маълумоти олӣ, 5,9% бо маълумоти олии нопурра, 18,6% бо маълумоти миёнаи касбӣ ва 1,5% бо маълумоти миёнаи умумӣ ба хонандагон дарс меомӯзанд, ки таносуби занон аз шумораи умумии омӯзгорон 59%–ро ташкил медиҳад. Имрӯз таносуби хонандагон ва омӯзгорон дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ тибқи талабот ба роҳ монда нашудааст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар синфҳои 1–4 ба ҳар як нафар омӯзгор 23,6 нафар хонанда ва дар синфҳои 5–11 бошад, ба як нафар омӯзгор 13 нафар хонанда рост меояд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки дар зинаи аввали таҳсилот сарбории омӯзгорон аз ҳисоби хонандагон зиёд мебошад. Дар натиҷаи дар як синф аз меъёр зиёд ба таҳсил фаро гирифтани хонанда сатҳи дониши хонандагон паст мегардад, ки ин, албатта, дар оянда ба амнияти зеҳнии кишвар таъсири худро мегузорад.
Солҳои охир дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар, махсусан дар шаҳрҷойҳо, аз 35 то 45 нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Ҳол он, ки тибқи талабот бояд дар як синф то 25 нафар хонанда фаро гирифта шавад, зеро он вақти муайяне, ки барои ҳар як фан ҷудо мегардад, ба ҳамин миқдор хонанда рост меояд. Ғайр аз ин, худи омӯзгор низ дар вақти аз меъёр зиёд будани хонанда хастагӣ эҳсос намуда, ба онҳо якхел муносибат намекунад, ки ин боиси рӯҳафтодагии хонанда гардида, барномаи таълимиро азхуд карда наметавонад.
Доир ба эҳтиёҷоти кадрие, ки дар соли 2019 (2760 нафар) шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои кишвар ба Вазорати маориф ва илм пешниҳод намудаанд, аз тарафи вазорат бо роҳхат ба муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои кишвар 4217 нафар мутахассиси ҷавон фиристода шуаанд, ки аз онҳо 2969 нафар ё 70,4% ба ҷойи кор ҳозир гардиданд. Тибқи рақамҳои ба ҷойи кор ҳозир гардидани мутахассисони ҷавони соҳа бояд мушкилоти норасоии кадрҳо дар ин самт ҳалли худро ёбад.
Мутаасифона, ҳамасола дар баробари бартараф намудани мушкилоти норасоии омӯзгорон ва таъмини муассисаҳои таълимии кишвар бо кадрҳои омӯзгорӣ, нафарони зиёде ҳастанд, ки бо сабабҳои гуногун аз кор мераванд. Аз ҷумла, соли 2017 тибқи омори Вазорати маориф, ки шумораи омӯзгорон дар муассисаҳои таҳсилоти умумии рӯзона 120635 нафарро ташкил медоданд, аз онҳо 8035 нафар (164 нафар фавтидаанд) аз кор рафтаанд. Ин омил боиси мушкилот дар таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо омӯзгорон мегардад, зеро мутахассисони ҷавоне, ки ба ин самт равона мегарданд, ҳавасмандиашон нисбати касби омӯзгорӣ паст мегардад. Аз ин рӯ, барои бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта, мақомотҳои дахлдор бояд бо ҳар восита кадрҳои ботаҷрибаи соҳаи омӯзгориро ҳавасманд гардонда, садди роҳи аз кор рафтани онҳо гарданд, чунки тарбияи насли наврас маҳз аз омӯзгори ботаҷриба вобаста мебошад.
Бо вуҷуди ин, дар ҳисоботи Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф (ҳоло Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон) соли 2019 нишон дода шудааст, ки тибқи санҷиш дар як қатор муассисаҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ норасоии омӯзгорони дорои маълумоти олӣ ба назар мерасад. Норасоии омӯзгорон асосан аз фанҳои дақиқ, аз ҷумла, математика, физика, химия, биология ва забонҳои русию англисӣ мебошанд. Тибқи санҷишҳои гузаронидашудаи хадамоти мазкур дар аксари муасисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳо омӯзгорони ғайриихтисос фаъолият менамоянд, ки ин бевосита ба сифати таълим ва азхудкунии барномаҳои таълимӣ таъсири манфии худро мерасонад.
Бояд тазаккур дод, ки таҳсилоти миёнаи асосӣ зинаи базавӣ ба ҳисоб рафта, тайёр намудани мутахассисони баландихтисос маҳз дар асоси донишу малакае, ки насли наврас дар заминаи мактабҳои таҳсилоти умумӣ ба даст овардаанд, тайёр мегарданд. Аз ин рӯ, барои тайёр намудани мутахассисони баландихтисос, пеш аз ҳама, иқтидори кадрии соҳаи омӯзгориро дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ баланд бардоштан лозим аст.
Сатҳи маблағгузорӣ ва заминаи моддию техники муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи маориф омили муҳимми таъмини рушд ва хизматрасонии босифати соҳа ба ҳисоб меравад, ки дар такмили низоми идоракунии он нақши калон дорад. Бахусус сатҳи маблағгузорие, ки барои таҳсилоти умумӣ ҷудо мегардад, барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим нақши муҳим мебозад. Аз ин рӯ, такмили низоми идоракунӣ дар соҳаи маориф аз ҷумлаи самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад, ки дар натиҷаи давра ба давра зиёд гардидани сатҳи маблағгузории буҷетӣ дар соҳаи маориф заминагузор мебошад.
Айни замон соҳаи маорифи кишвар аз се сарчашма маблағгузорӣ мегардад, ки қисми аосии онро маблағҳои буҷетӣ ташкил медиҳанд ва он, пеш аз ҳама, ба пардохти музди меҳнати корманди соҳа равона гардидааст. Тибқи маълумоти омории Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ буҷети соҳаи маориф дар соли 2020 тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020» 5 004 689 149 сомонӣ пешбинӣ шуда буд, ки нисбат ба соли 2019 – ум 13,6 дарсад мебошад. Нисбат ба ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ 19,2 дарсад ва нисбат ба ММД 5,7 дарсадро ташкил медиҳад, ки 19,2 дарсади ҳаҷми умумии хароҷоти Буҷети давлатӣ ва 5,7 дарсади ММД-ро ташкил медиҳад. Қайд кардан зарур аст, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ дар самти маориф маблағгузорӣ ҳамасола зиёд мегардад.
Ҳамасола аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ғайр аз маблағҳои буҷети давлатӣ, маблағҳои сармоя барои рушд ва ислоҳоти соҳаи маориф ва илм ҷалб карда мешавад, ки бо ёрии он як қатор масъалаҳои соҳаи маориф ва илми ҷумҳурӣ ҳалли худро меёбанд.
Манбаи дигари маблағгузорӣ дар соҳаи маориф дастгирии падару модарон ва шахсони алоҳидаи хайрхоҳ, аслан соҳибкорони ватанӣ мебошанд, ки онҳо ҷиҳати дастгирии соҳаи маориф, бахусус дар бунёди сохтмони муассисаҳои таълимии замонавӣ корҳои назаррасро анҷом медиҳанд. Аз ҷумла, дар соли 2013 танҳо аз тарафи чунин шахсони хайрхоҳ 15 муассисаи таълимӣ барои 2406 ҷойи нишаст ба маблағи 12 млн. 329 ҳазор сомонӣ сохта ба истифода дода шуд.
Дар соли 2019, тибқи маълумоти омории дастрасгардида, дар қаламрави ҷумҳурӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ сохтмони 130 бинои муассисаи таълимӣ ва бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои 32560 ҷойи нишаст бо маблағи умумии 500 млн. сомонӣ сохта, ба истифода дода шуд, ки аз ин шумора сохтмони 32 бинои муассисаи таълимӣ барои 9574 ҷойи нишаст аз ҳисоби соҳибкорон ва ба тариқи ҳашар сохтмони 40 бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои 4913 ҷойи нишаст ба анҷом расонида шудааст. Чунин иқдому ташаббусҳое, ки аз тарафи шахсони саховатманд амалӣ гардида истодааст, айни ҳол идома дорад.
Ҳамин тавр, аз таҳлилҳои боло бармеояд, ки имрӯз вобаста ба равандҳое, ки ҷомеаи ҷаҳониро фаро гирифтаанд, нақши маориф дар таъмини амнияти миллӣ, бахусус дар рушди ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии ҷомеаи муосир мавқеи муҳим ва калидиро ишѓол менамояд.
Новобаста аз он, ки имрӯз дар самтҳои гуногуни соҳаи маориф афзалиятҳои назаррасе дида мешавад, дар баробари он, ҳанӯз мушкилоти зиёде ҳастанд, ки барои рушди соҳа монеъ гардида, ҳалли худро мехоҳанд. Аз ин рӯ, мақомотҳои дахлдорро зарур аст барои бартараф намудани мушкилоти соҳа, пеш аз ҳама, дар таъмини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо омӯзгорони соҳибкасб, ки маҳз онҳо дар рушди зеҳнии хонандагон хишти аввалро мегузоранд, чораҳои зарурӣ андешанд.
М.Н. Назирова,
сармутахассиси Раёсати
таҳлили масъалаҳои иҷтимоии
Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон