Рӯзи 21 майи соли 2021 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи гирд дар мавзӯи “Амнияти зеҳнӣ дар низоми амнияти миллӣ” баргузор гардид. Дар ҳамоиш намояндагони вазорату идораҳои давлатии кишвар, олимону коршиносон, мутахассисони соҳаи ҳифзи амнияти зеҳнӣ, васоити ахбори оммаи давлатии Тоҷикистон ширкат варзиданд.
Мизи гирдро бо сухани муқаддимавӣ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, профессор Хуршед Зиёӣ кушода, ҳозиринро хайрамақдам гуфт ва дар мавзӯи “Ҷангҳои менталӣ дар ҷаҳони муосир ва мавқеи Тоҷикистон дар раванди муборизаҳои иттилоотӣ” маърӯза кард.
Сипас дар назди ҳозирин сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Қурбонов дар мавзӯи “Амнияти зеҳнӣ–ҷузъи муҳимми амнияти миллӣ”, муовини сардори Ситоди Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифбек Шарифзода дар мавзӯи “Маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон–калиди амнияти иттилоотӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ”, сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвин Нуриддин дар мавзӯи “Сиёсати давлатии кадрҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити истиқлол: монеаҳо ва пешомадҳо”, ходими илмии Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Бахтиёр Зулфонов дар мавзӯи “Омилҳои асосии муҳоҷирати зеҳнҳо ва роҳҳои пешгирии он”, муовини сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарзона Худойдодова дар мавзӯи “Раванди муҳоҷирати зеҳнҳо“, ходими хурди илмии Пажӯҳишгоҳи равандҳои сиёсӣ, дипломатия ва масоили ҷаҳонишавии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Шарифзода дар мавзӯи “Механизмҳои муосири ҳифзи моликияти зеҳнӣ” суханронӣ карданд ва ба саволҳои ҳозирин посухҳои қаноатбахш доданд. Баъдан иштирокчиёни ҳамоиш пиромуни суханрониҳо фикру андешаҳои судманд иброз намуданд.
Мизи гирдро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Зиёӣ натиҷагирӣ ва ҷамъбаст карда, ба иштирокчиёни ҳамоиш барои ширкати фаъолона изҳори сипос намуда, изҳори умед кард, ки ин нишасти илмию амалӣ барои боз ҳам беҳтар гардидани ҳифзи амнияти зеҳнӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.
Ҳамоиш дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда доир гардид.
Хадамоти матбуотии Маркази
тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон