Рӯзи 11 майи соли 2021 видеоконференсияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар мавзӯи “Масоили дуҷониба ва минтақавӣ” баргузор гардид. Дар оғози ҳамоиш директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёӣ Хуршед Махшулзода ва раиси Маркази мутолиоти сиёсӣ ва байналмилалии Ҷумҳурии Исломии Эрон Саидмуҳаммад Козим Саҷҷодпур сухани ифтитоҳӣ намуда, иштирокчиёни видеоконфронсро хайрамақдам гуфтанд.
Сипас бахши аввали ҳамоиш таҳти унвони “Муносибатҳои дуҷониба: масъалаҳои иқтисодӣ ва иртиботӣ (роҳҳои иртиботи нақлиётӣ)” таҳти раёсати муовини пажӯҳишӣ ва мутолиотии раиси Маркази мутолиоти сиёсӣ ва байналмилалии Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҷиди Қофилабошӣ доир гардид. Дар ин бахш Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ, Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтақии Собирӣ, собиқ Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиашраф Муҷтаҳид Шабистарӣ, раиси идораи дуҷонибаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Ғуломҳусайн Ёдгорӣ, роҳбари дастгоҳи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Давлатов суханронӣ намуданд ва ба суолҳои ҳозирин посухҳои қаноатбахш доданд.
Бахши дуюми ҳамоиш таҳти унвони “Масоили минтақавӣ: Осиёи Марказӣ ва Авруосиёи Бузург” таҳти раёсати муовини директори Маркази тадқиқоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадзода Парвиз Абдураҳмон баргузор шуд. Дар бахши мазкур коршиноси масоили сиёсӣ, собиқ муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдунабӣ Сатторзода, ходими аршади Маркази мутолиоти сиёсӣ ва байналмилалии Ҷумҳурии Исломии Эрон Баҳман Оқоризоӣ, ходими аршади илмии Маркази мутолиоти сиёсӣ ва байналмилалии Ҷумҳурии Исломии Эрон Алиризо Бегдилӣ, сардори Раёсати омӯзиши масъалаҳои амнияти минтақавии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Додихудоев, сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Холиқов суханронӣ намуданд.
Дар ҳар ду бахши ҳамоиш мутахассисон оид ба маҷмӯи масъалаҳои ҳамкориҳои мутақобилаи дуҷонибаву бисёрҷониба, омилҳои таъсиррасон ба ин равобит, пешниҳодҳои мушаххасу ҷолиб ҷиҳати дарёфти роҳҳал ва тақвияти ҳамкориҳои минбаъдаи миёни ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг, инчунин, пиромуни масоили ҳамгироии минтақавӣ ибрози назар намуданд.
Коршиносони ҳар ду тараф вобаста ба муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Эрон назари ҳамсон дошта, таъкид гардид, ки барои ҷонибҳо эҷоди эътимоди комили тарафайн ва як назари осебшиносона зарур аст.
Ҳамоишро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Зиёӣ ва раиси Маркази мутолиоти сиёсӣ ва байналмилалии Ҷумҳурии Исломии Эрон Саидмуҳаммад Козим Саҷҷодпур натиҷагирӣ ва ҷамъбаст карда, ба ҳозирин барои ширкати фаъолона изҳори сипос намуданд.
Видеоконференсия дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда доир гардид.
Хадамоти матбуотии Маркази
тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон