НАҚШИ ПОЙТАХТ ДАР ҲАМГИРОИИ ИҶТИМОӢ ВА ФАРҲАНГӢ

Санаи 17 апрели соли 2026 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи гирди илмию амалӣ таҳти унвони «Нақши пойтахт дар таҳкими ҳамгироии иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеаи муосири Тоҷикистон» баргузор гардид.
Ҳамоишро муовини директори Марказ Лоҳутӣ Шарифзода ифтитоҳ намуда, дар сухани муқаддимавии худ аҳамияти мавзӯи баррасишавандаро таъкид кард. Қайд гардид, ки пойтахт ҳамчун маркази сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ дар таҳкими ваҳдат, ҳамгироии иҷтимоӣ ва рушди арзишҳои миллӣ нақши калидӣ мебозад.
Дар ҷараёни мизи гирд иштирокчиён бо маърузаҳо дар мавзӯъҳои «Пойтахт — оина ва симои миллат», «Душанбе ҳамчун маркази сиёсӣ-фарҳангии Тоҷикистон» ва «Дастовардҳои пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи рушди иқтисоди миллӣ» баромад намуданд.
Зикр гардид, ки пойтахт на танҳо макони ҷойгиршавии мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ, балки таҷассумгари идеологияи миллӣ, ифодаи сиёсати давлат дар самти шаҳрсозӣ, катализатори рушди иқтисодӣ ва пайвандгари фарҳанги куҳан бо арзишҳои муосир мебошад. Гарчанде дар тадқиқотҳои илмӣ пойтахтҳо асосан ҳамчун марказҳои маъмурӣ арзёбӣ мегарданд, аммо нақши онҳо аз ин доира хеле фаротар аст.
Таъкид шуд, ки фарқияти асосии пойтахт аз дигар шаҳрҳо дар тамаркузи қудрати сиёсӣ ва идоракунии давлатӣ зоҳир мегардад. Барои сиёсатшинос пойтахт маркази қабули қарорҳои давлатӣ, барои иқтисодшинос — макони тамаркузи фаъолиятҳои иқтисодӣ ва шуғл, барои макроиқтисодшинос — нуқтаи ташаккули сиёсати молиявию саноатӣ ва барои меъмор — фазои ҳамоҳангсозии анъана ва навоварӣ мебошад.
Дар ду даҳсолаи охир ҷиҳати ободонӣ ва зебогардонии шаҳри Душанбе корҳои назаррас анҷом дода шуданд. Бунёди иншооти муҳташам, аз ҷумла Қасри миллат, Осорхонаи миллӣ, Китобхонаи миллӣ, Қасри Наврӯз, биноҳои Парлумон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ, маҷмааи «Истиқлол», роҳҳои муосир, боғу гулгаштҳо ва биноҳои баландошёна симои пойтахтро ба куллӣ дигаргун намудаанд.
Ҳамзамон, тайи солҳои охир дар шаҳри Душанбе марказҳои муҳими илмӣ, фарҳангӣ ва иқтисодию иҷтимоӣ ҷойгир гардида, раванди саноатикунонии мамлакат ва бунёду азнавсозии корхонаҳои хурду бузург пойтахтро тадриҷан ба як шаҳри саноатӣ табдил додааст.
Дар робита ба мақоми сиёсӣ, зикр гардид, ки пойтахт мунтазам мизбони чорабиниҳои сатҳи баланд гардида, барои муаррифии симои мусбати кишвар дар арсаи байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Бо дарназардошти нақши муҳими пойтахт, таъкид шуд, ки сокинони он бояд ҳисси баланди масъулият дошта бошанд, зеро рафтору фарҳанги ҳар як шаҳрванд ба обрӯ ва симои умумии шаҳр таъсири мустақим мерасонад.
Зикр гардид, ки эълон гардидани соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» масъулияти шаҳрвандонро дучанд мегардонад. Аз ин рӯ, ҳар як сокини пойтахт бояд ба тозагӣ, тартибот ва фарҳанги баланди шаҳрнишинӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намояд.
Иштирокчиёни мизи гирд ба хулоса омаданд, ки шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди таҳкими ҳамгироии иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа нақши меҳварӣ дорад. Рушди устувори пойтахт, истифодаи самараноки имкониятҳои иқтисодӣ, татбиқи технологияҳои муосир ва баланд бардоштани фарҳанги шаҳрнишинӣ аз омилҳои асосии пешрафти минбаъдаи он арзёбӣ гардиданд. Ҳамзамон, зарурати тақвияти ҳамкориҳои илмӣ-тадқиқотӣ, татбиқи пешниҳодҳои амалӣ ва ҷалби фаъоли ҷомеа дар раванди рушди пойтахт таъкид карда шуд.

Хадамоти матбуотии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон