«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ» — ТАРҒИБИ ЛИБОСИ МИЛЛӢ ВА ФАРҲАНГИ АҶДОДӢ
15 апрели соли 2026 дар боғи «Истиқлол» занону духтарони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар аксияи «Тоҷикона мепӯшем», ки бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардидааст, фаъолона иштирок намуданд.
Аксияи мазкур ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо мақсади арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ ва анъанаҳои неки аҷдодӣ, махсусан тарғиби либосҳои миллии атласу адрас ва чакан, инчунин баланд бардоштани фарҳанги либоспӯшӣ ва пешгирии тамоюлҳои бегонапарастӣ баргузор гардид.
Қобили зикр аст, ки бо фаро расидани фасли баҳор, аллакай соли ҳаштум аст, ки дар кишвар аз 1 март то 31 май иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем» баргузор мегардад. Дар доираи ин иқдом либосҳои миллии тоҷикона, аз ҷумла атлас, чакан ва дигар намунаҳои сару либоси миллӣ муаррифӣ карда мешаванд.


Хадамоти матбуотии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон