Пардаи пешфарз (стериотип)–и ин нерӯгоҳ айни замон дар бунёди САSА–1000 зоҳир мегардад.Феълан ин парда,  ба аксар коршиносон имкон намедиҳад, ки оид ба ин масоил ба таври яклухт андешаҳояшонро баён намоянд.Аз ин ҷиҳат, дар радифи умдатарин масъалаҳои НБО-и “Роғун” инчунин бунёди хатти интиқолии САSА–1000 гузошта мешавад.  Ихтисораи САSА аз забони англисӣ буда, ифодагари Осиёи Марказӣ – Осиёи Ҷанубӣ аст. Тибқи  нигоришҳои матбуотӣ,  ҳадаф  аз ин хатти интиқолӣ содироти барқи Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон ва дигар кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ мебошад.Ҳоло баъзе аз доираҳои сиёсӣ зарурати шомил шудани Тоҷикистонроба хати интиқолии САSА-1000 ба содироти барқи НБО-и “Роғун” ва ҷалбисармояимолиявӣ барои бунёди он маънидод менамоянд. Ин андеша зоҳиран қобили дастгирист, вале мантиқан, паҳлуҳои баҳснокҳам дорад.Аз ҷумла, тибқи арзишҳои лоиҳавии нахустин, бояд зиёда аз 50 дарсади иқтидори ин нерӯгоҳ барои таъмини аҳолӣ бо барқ ва рушди корхонаҳои саноатии кишварамон ва 50 дарсади дигар баҳри беҳдошти сатҳи иҷтимоиюиқтисодии аҳолии кишварҳоипоёноб истифода гардида, иқтидори пурраи он ба бозори энергетикии Қазоқистону Россия интиқол мегардид.

То ҳол чунин банақшагирӣ қимати худро гум накардааст.Мутаассифона, баъд аз пош хӯрдани Шӯравӣ на ҳама масъулони соҳа ин нақшабандиро мепазиранд. Барои мисол, баъзе аз масъулони соҳа ба ҷойи ба таври маҷмӯӣ истифода бурдани барқи ин нерӯгоҳ – истифодаи оқилонаи барқи ин нерӯгоҳ дар рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ бештар ба содироти он таваҷҷӯҳ менамоянд.

Агар аз ин нуқтаи назар таносуби САSА-1000-ро натиҷагирӣ намоем, онгоҳ муаммоҳои сарбастаи он бо тамоми паҳлуҳояш ошкор мегардад. Чунончи, дар марҳилаи ҳозираагар рушди иқтисодиёти кишварамонро вобаста  самтҳои амалигардонии  зиёда аз 25 барномаи соҳаи кишоварзӣ арзёбӣ намоем, маълум мегардад, ки  мӯҳтавои онҳо аз амалгардонии ғояи ташкил додани комплекси территориявию истеҳсолии ҷануби Тоҷикистон маншаъ мегирад.

Дар ин бора материалҳои анҷуманҳои ХХV–ХХVIII-иҲКИШ маълумот медиҳанд. Аз муҳтавои маводи анҷуманҳои зикргардида бармеояд, ки дар ин тарҳ натанҳо манфиатҳои мардуми Тоҷикистон, балки минтақа ба инобат гирифта шудааст.Далел бар ин андеша он аст, ки ҳамон замон вобаста ба рушди соҳаи гидроэнергетикии Тоҷикистон натанҳо самтҳои равнақ додани соҳаи саноат ва хоҷагии қишлоқи кишварҳои болооб, инчунин, поёноб низ баён гардида буд. Аз ин андеша бармеояд, ки тарҳи мазкур ба мақсади таъмин намудани мардуми Осиёи Миёна бо барқ ва беҳбуд бахшидан ба рушди иқтисодии онҳо тарҳрезӣ гардидааст. Аммо ҳоло аз тарафи масъулони соҳа тамоюли чунин масъалагузориҳо ба назар намерасад. Минбаъд ба инобат нагирифтани ин омил боиси ташаккулёбии зиддиятҳои нав дар минтақа мегардад.

Агар тарҳи САSА-1000-ро дар доираи далелҳои зикргардида натиҷагирӣ намоем, маълум мегардад, ки олимони шӯравӣ барои Тоҷикистон мушобеҳ ба он лоиҳаи неругоҳи “Дашти Ҷум”-ро тарҳрезӣ намуда буданд. Ин неругоҳ яке аз азимтарин неругоҳҳои барқӣ дар ҷаҳон маҳсуб гардида, иктидори тавлидии хамасолаи неруи он ба 15 млрду 600 киловатт/соат энергия баробар мебошад.Он дар сарҳади байни ТоҷикистонуАфғонистон бунёд шуда, баҳри таҳким бахшидани истиқрори сулҳ дар Афғонистон нигаронда шудааст. Ба туфайли бунёди он 1,5 млн га замини Афғонистон обёрӣ гардида, бештар аз 3 млн ҷойикорӣ пайдо мегардад. Дар замони Шӯравӣ арзиши лоиҳавии ин тарҳро 4 млрд доллар баҳогузорӣ намуда буданд. Ин нерӯгоҳ натанҳо мардумиАфғонистонро бобарқ таъмин менамояд, инчунин шароити хуби зиндагиро барои онҳо фароҳам меорад. Агар бо чунин назардоштҳо ин баҳсро хулосабардорӣ намоем, маълум мегардад, ки НБО-и “Роғун” барои таҳкими истиқрори сулҳ дар кишварҳои поёноб ва неругоҳи “Дашти Ҷум” барои таҳкими сулҳ дар қитъаи Осиё нигаронида шудааст. Маҳз ҳамин андеша моро водор намуд, ки бори дигар зарурати арзёбӣ намудани хати интиқолии САSА-1000-ро барои Тоҷикистон мавриди арзёбӣ қарор диҳем.

Андешаҳое ҳаст, ки рушди минбаъдаи иқтисодиёти қитъаи Осиёба густаришёбии соҳаи гидроэнергетикаи Тоҷикистон  як андоза вобаста аст. То чӣ андоза ин андеша воқеият дорад, баҳси дигар, аммо ҳақиқат ин аст, ки дар ин самт бояд ҳамон равандеро интихоб намоем, ки таҳкими сулҳро дар қитъаи Осиё ба даст орем, чунки таъмини бехатарии сиёсию иқтисодии кишварамон ба таҳким ёфтани сулҳ дар қитъа вобаста буда, мухтавои он боз ҳам зарурати коркарди стратегияи манбаъҳои нави  энергетикиро ба миён мегузорад.

Ҳасан АСОЕВ,
коршиноси масъалаҳои экологии Маркази тадқикоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Бознашр аз маҷаллаи “Илм ва ҳаёт” №1 соли 2021

Чоп кунед