Шоҳӣ талабӣ бирав гадои ҳама бош,
Бегона зи хеш ошнои ҳама бош.
Хохӣ, ки туро чу тоҷ бар сар биниҳанд,
Дасти ҳама гиру хоки пои ҳама бош.        

Атоуллоҳ  Ҳусайнӣ.

Юнониён ҳикмати бузурге доранд,ки мефармоянд; “Худоён ба яке истеъдод медиҳаду ба дигаре–омади кор. Вале он касро ки ҳам ин даст медиҳаду ҳам он, нафареро, ки некуаҳволии инсонҳоро аз шахсияти хеш афзалтар медонад, иҷрои кори бузурге насиб мешавад ва ӯ абадӣ дар ёди халқи хеш мемонад”,

Ҷойи пушида нест, ки имрӯзҳо Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчун наҷотбахши давлат, сарҷамкунандаи миллат, кафили сулҳу ваҳдат, эҳёгари фарҳанги миллӣ, бунёдгузори мактаби давлатдории муосири миллӣ, меъмори давлатдории навини тоҷикон ва дар маҷмӯъ, Асосгузори бақои давлату иттиҳоди миллат ва пешвои  умумимиллӣ шинохта ва эътироф шудааст.

Баробари  Истиқлоли давлатӣ  Худованд  ба  халқи  мо  роҳбареро  насиб  гардонид, ки  бо  кирдору  амалҳои  некаш  тавонист  мардуми  парешонро  дар  атрофаш  муттаҳид  намуда, ба  қалби  мардумаш  шуълаи  умедро  бедор  ва  бо  қадамҳои  қатъӣ  ба  сулҳу  осоиш,  рушду  суботи  минбаъда  ҳидоят  намуда, давлатро  аз  фаноёбӣ  наҷот  диҳад.  Ёдовар  шудан  бамаврид  аст, ки  Эмомалӣ  Раҳмон    маҳз  тавассути  марди  олиму  оқилу  фозилу  хирадманд  буданаш,  бидуни  талафот  Созишномаи умумии истиқрори  сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистонро  ба  имзо  расонида,  дар  роҳи  овардани  сулҳу салоҳ  нақши  муҳимро  ифо  намуд. Боиси  ифтихори  ҳамагон  аст, ки  таҷрибаи  пойдории  сулҳи  Тоҷикистонро  дигар  кишварҳои  ҷаҳон  омӯхта,  истифода  мебаранд.

Дар  арсаи  байналмилалӣ  ҳамчун  шахси  сулҳофару  сулҳпарвар,  сарҷамкунандаи  миллату  мардумсолор,  амалисозандаи  заҳматҳои  ояндабинона  баҳри  рушду  нумӯ  ва  ободии  Ватану  овардани  шароити  арзанда  барои  мардуми  кишвар,  ташаббускори  ҳалли  масъалаҳои  глобалӣ  шинохта  шудани  Пешвои  миллат,  Президенти  Тоҷикистонро  на  танҳо  сокинони  кишвар,  инчунин,  ҷаҳониён  эътироф  намудаанд,  ки  барои  тасдиқи  ин  гуфтаҳо  зарурат  ҷой  надорад, зеро  тавре  халқ  мегӯяд: “Он  чӣ    аён  аст,  ҳоҷат  ба  баён  нест”.

Собиқ Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷорҷ Буш ишора намуда буданд, ки; “Эмомалӣ Раҳмон дар замони бисёр тезутунд ба кишвараш ва халқаш сарвар гардид, вале тавонист халқу давлаташро аз варта наҷот диҳад. Вай дар муддати на чандон тӯлонӣ дар мамлакат сулҳ барқарор кард ва ба арсаи байналмилалӣ баромад. Чунин сиёсатмадорон каманд…” Ҳамчунин, Сипаҳсолори машҳур, Қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд низ қайд карда буданд, ки “Ман имрӯз роҳбари давлати шуморо дидам,ки ҷон ба кафи даст зери тиру туп барои даъвати бародарони фирорӣ ба сулҳу ваҳдат омадааст. Роҳбаре, ки барои мардумаш ҷонашро дареғ намедорад, қодир аст сулҳ оварад. Атрофи ӯ муттаҳид шуда, ӯро гиромӣ доред. Бадбахтии миллати мо – афғонҳо дар он аст, ки мо то ҳанӯз чунин роҳбари ғамхор надоштаем”.

Собиқ Вазири амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Саидамир Зуҳуров дар яке аз хотираҳояш нақл мекунад, ки “ агар Эмомалӣ Раҳмон намебуд, Тоҷикистон ҳамчун давлат аз байн мерафт, онро тақсим мекарданд, пора-пора мешуд, миллати тоҷик дар Осиёи Марказӣ несту нобуд мегашт. Президент давлат сохт, миллат сохт. Тоҷикони боақл бояд атрофи ӯ муттаҳид шаванд, кишварашонро ба касе бовар накунанд.”

Имрӯз  баҳои баландтарин  ба  фарзанди  фарзонаи  миллатамон  сазовор  шудан  ба  боварии  халқ ва маъво  гирифтан  ба  дили  ӯст, ки  хушбахтона,  ин  ба  Пешвои  маҳбубамон  ба  пуррагӣ  насиб  гаштааст.  Маҳз  бо  дарназардошти  хизматҳои  шоиста  баҳри  эҳёи  давлати  тоҷикон,  саҳми  бузургаш  дар  барқарор  кардани  сулҳ,  сарҷамъ  кардани  миллати  тоҷик  ва  ваҳдати  мардум  ба  фарзанди  фарзонаи  халқи  тоҷик,  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  унвони  “Асосгузори  сулҳу  Ваҳдати  миллӣ  — Пешвои  миллат”  дода  шудааст.  Аз  ин  лиҳоз,  барои  мо  ҳаёту  хизматҳои  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  намунаи  олии  ватандӯстӣ,  намунаи  беҳтарини  хизмат  ба  Ватан  ва  ҷомеа,  вафо  ба  қавлу  амал  мебошад. Дар байни мардум Пешвои миллат ҳамчун Муборакқадаму Мубораксимо ва Мубораксафою Мубораквафо мақому манзалат ва маъруфият пайдо намуданд.

. Аз рӯзҳои аввали оғози фаъолияти роҳбарияш Ҷаноби Олӣ, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ваъдаҳою гуфтаҳояшро сад дар сад мавриди амал ва иҷро қарор дода, дар арсаи байналмилалӣ бо қабул шудани Ваҳдати миллию сулҳи тоҷикона обрӯю нуфузи тоҷиконро баланд бардошта, исбот намуданд, ки “Хунро бо хун намешӯянд, хунро бо об мешӯянд” ва бо истеъдоди баланду қобилияти ташкилотчигияш ба боварии халқ мушарраф гаштанд;

Касе, ки боварии халқро арзанда мегардад
Ба ҳар кас дустрӯ, ҳар хонаро зебанда мегардад.

 Боиси сарфарозист, ки дар назди Созмони Миллали Муттаҳид мактаби омӯзиши сулҳи тоҷикона барои давлатҳое, ки низои дохилӣ доранд, кушода шудааст ва ин мактаби бузург то имрӯзҳо ба оламиён хизмат мекунад. Ҳамчун як фарди сулҳпарвар, мардумшиносу таваҷҷуҳи инсонпарварона дошта, дар ҳамаи форумҳои умумиҷаҳонӣ ва Созмони миллали муттаҳид доир ба амнияту оромии кишвари ба мо дӯсту ҳамсоя– Афғонистони ҷангзада пешниҳоду суханрониҳо мекунанд…

Халқпарварӣ яке аз пешаҳои дӯстдоштаи ӯст.   Маҳз  дар  ҳама  ҳолатҳо  ба  пешвози  мардум  рафтан,  бо  онҳо  аз  наздик  суҳбат  оростан,  хоҳишу  дархостҳои  онҳоро  шунида, ба  дардҳои  онҳо  муддаво шудан  ва ғайра  Эмомали  Раҳмонро  бо  мардум  бузургтару  қавитар  ва  тавоно  намуд.  Шоҳиди  ҳолате  будам,  ки  як  марди  солор  дар  ноҳияи  Ёвон  баъди   бо  Ҷаноби  Олӣ  Эмомалӣ  Раҳмон  аз  наздик  зиёрат  намудан,  ҳафтаҳо  дасти  худро  нашуста,  бо  ифтихор  байни  мардум  Худоро  ситоиш   мекард,  ки  ба  ӯ  чунин  хушбахтии  бузургро  ато  намудааст.  Ҷойи  пӯшида  нест,  ки  дар  сафарҳои  хизматияш  ба  шаҳру  ноҳияҳои  ҷумҳурӣ  Ҷаноби  Олӣ  даставвал  ба  пешвози  пирони  рӯзгордида, собиқадорони  ҷангу  меҳнат  ва  фаъолон  ташриф  меоранд,  ки  ин садоқату  самимияти  хоси роҳбари  давлат аст:

То  тавонӣ  нотавононро  ба  чашми  кам  мабин,
Хизмати  як  ришта  иттиҳод  диҳад  гулдастаро.

 Ҷаноби  Олӣ  дар  яке  аз суханрониҳояшон  гуфта  буданд, ки  “ то  оне  ки  ман  зинда  ҳастам,  ятимону  маъюбон, пиронсолон  ва  шахсони  бесарпаноҳро  яккаву  танҳо  намегузорам”.  Бале, ӯ  ҳамон  абармард  аст, пуштибону  соябони  сари  ятимон,  қадамҷояш  хонаи  ятимон  асту  маконаш  пур  аз  меҳри  эшон.  Дар  ҳар  як  сафарҳояшон  бо  онҳо  аз  наздик  вохӯрда,  сари  онҳоро  сила намуда, барояшон  туҳфае тақдим  менамоянду  дуои  хайрашон  медиҳад:

То туро дод Худо давлату мулку ҳашаме,
Боядат кард ба ҳар хаста нигоҳи караме.
То тавонӣ зи дарат ҳоҷати муҳтоҷ барор,
Бо даме, ё қадаме, ё қаламе, ё дираме!

 Боиси  ифтихор  ва  қаноатмандист,  ки  суҳбату  вохӯриҳое  ки  Пешвои миллат,  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  баъди  боздиди  сафарҳояшон  дар  шаҳру  ноҳияҳо  ташкил  мекунанд,  як  мактаби  бузурги  тарбияю  маънавист.  Суханони  ӯро  пиру  ҷавон  як  хел  гӯш  мекунанду  таассурот  мегиранд,  чунки  Эмомалӣ  Раҳмон  бо  забони  ноби  тоҷикӣ  сода  ва  оммафаҳм  ҳарф  мезананд.  Ба ифтихори ташрифи Ҷаноби Олӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бисёр корхонаҳои хусусию давлатӣ ба кор оғоз намуда, ҷойҳои нави корӣ бунёд мешаванд ва фаъолияти ин коргоҳҳо боиси пайдо шудани манбаъҳои нави буҷет мегарданд. Мардумшиносию хештаншиносии Пешвои муаззами миллат чунон баландаст, ки новобаста аз вохӯриҳо ба хонадони сокинони ноҳияҳои ташрифовардаашон меҳмон шуда, дар гирди дастархони хоксорона суҳбатҳои хосса меороянд ва ҳамчун Президенти мардумӣ эътироф гаштаанд.

Дар рафти ҳама вохӯрию сӯҳбатҳояшон Ҷаноби Олӣ иброз медоранд, ки “ Ман халқи худро аз ҷони худ зиёд дӯст медорам, зеро ман бо нону намаки онҳо ба ин мартабаҳо расидам ва ин нону намакро пос медорам ва ба он хиёнат намекунам “.

Воқеаҳои моҳи апрелии дар Ворух рухдода як бори дигар халқпарвару мардумшинос будани  Ҷаноби Олиро исбот намуд. Ӯ дар канор наистода дар ҳамин лаҳзаҳои ҳассос ба пешвози мардуми Ворух рафта, аз наздик бо мардум вохӯрӣ намуда ҷавонмардона таъкид намуданд, ки Ворухро ба ягон чиз иваз нахоҳанд кард. Ин вохурӣ ба дили сокинони Ворух қувват бахшида, мардумро боз ҳам ба иттиҳоду дастҷаъмӣ   даъват намуд;

Иттиҳоди қавм душманро шикаст овардан аст,
Хиштҳо якҷоя бардоранд бори хонаро.

Ҷолиби қайд аст, ки Пешвои миллат ҳангоми ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ барои беҳдошти шароити мардум чи қадар сабукиҳою имтиёзҳоро мавриди амал қарор дода, бо ҳамин василаҳо барои баланд шудани сатҳи  иқтисодию иҷтимоии шаҳрвандони ҷумҳурӣ кумак мерасонанд…

Бале. Эмомалӣ Раҳмон Мардумсолор аст, ки халқро ба сӯйи ободӣ раҳнамун сохта, Роғунро бо шикастани ҳама шакку шубҳаҳои дӯсту душман сохт. Ӯ ҳамон Мушкилкушоест, ки ормонҳои чандинсолаи миллатро бароварда сохт. Ҳамчун Пайғомрасон пайғоми сулҳро бароямон овард, сулҳе, ки маргро ба зиндагӣ, мамотро ба ҳаёт табдил карда, сулҳе, ки то ҳанӯз орзуи аксари кишварҳои даргир боқӣ мондааст. Шахсияти барҷаста, ватандӯст, мардумшиносу халқпарвар, ваҳдаторову хештаншинос, нангорову баномус ва амсоли инҳо намунаи ибрати ҷаҳониён гаштааст.

Эмомалӣ Раҳмон Фарзонамард аст, ки дар дили ҳар яки мо чароғи умед ба фардоро рӯшан нигоҳ  медорад. Зиҳӣ Эмомалӣ Раҳмон! Будани Шумо барои миллати мо ифтихор аст. Ба қавли шоир;

Пешвое, ки гавҳараш нур аст,
Суханаш нуру минбараш нур аст.
Қадамаш хуррамиву ободӣ,
Ватанаш нуру кишвараш нур аст.
Ба шаби тира дастболо шуд,
Офтобе, ки лашкараш нур аст.
Нури ҳафт осмон нигоҳбон бод,
Ватанеро, ки сарвараш нур аст.

 

Имомназари Каримиён,
муовини Сардори Раёсати
тадқиқоти масъалаҳои соҳавии
Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед