БАРРАСИИ НАТИҶАҲОИ СЕ МОҲАИ ФАЪОЛИЯТИ МАРКАЗ ДАР ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИЛМӢ-МЕТОДӢ
7 апрели соли 2026, дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои илмӣ-методӣ баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа доктори илмҳои фалсафа, профессор, узви вобастаи АМИТ, директори Маркази тадқиқоти стратегӣ Хайриддин Усмонзода, муовинони директор, сардорони раёсатҳо, роҳбарони шуъбаву бахшҳо ва кормандони илмии Марказ иштирок намуданд.
Ҳамоишро муовини якуми директори Марказ, раиси Шӯрои илмӣ-методӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ Ораз Муртазозода бо сухани муқаддимавӣ ифтитоҳ намуда, иштирокчиёнро бо рӯзномаи ҷаласа шинос кард.
Тибқи рӯзнома, дар ҷаласаи мазкур як масъалаи асосӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт: Ҳисоботи раёсатҳои Марказ оид ба натиҷаҳои фаъолияти се моҳаи аввали соли 2026.
Сардорони раёсатҳо зимни суханрониҳои худ доир ба самтҳои муҳими корҳои илмию таҳқиқотии ба анҷом расонидашуда, таҳияи маводҳои таҳлилӣ, нашри мақолаҳо, гузаронидани чорабиниҳои илмӣ ва таҳкими равобити байналмилалӣ гузориш дода, ба саволҳои иштирокчиёни ҷаласа посухҳои мушаххасу қаноатбахш ироа намуданд.
Дар ҷараёни ҷаласа аъзои Шӯрои илмӣ-методӣ оид ба фаъолияти раёсатҳо, рушди самтҳои афзалиятноки таҳқиқотӣ ва саҳми Марказ дар ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ фикру мулоҳизаҳои судманд баён намуданд.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ кормандони Марказ дар конфронсҳо, семинарҳо, ҳамоишҳо ва мизҳои гирди сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ фаъолона ширкат варзида, бо маърузаҳои илмӣ суханронӣ намудаанд. Ҳамзамон, гузоришҳо ва иттилооти марбут ба ин чорабиниҳо пайваста дар васоити ахбори оммаи давлатӣ ва сомонаи расмии Марказ нашр гардидаанд. Қайд гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ дар сомонаи Марказ 38 хабарҳо ва мақолаву матолиби гуногуни илмӣ бо се забон — тоҷики, русӣ ва англисӣ дарҷ гардидаанд. Дар ин давра ба сомонаи Марказ беш аз 15 ҳазор нафар хонанда ворид шуда маводҳои онро мутолиа намуданд.
Хайриддин Усмонзода, директори Марказ, зимни сухани ҷамъбастӣ ба фаъолияти раёсатҳо ва саҳми онҳо дар рушди таҳқиқоти стратегӣ дар се моҳаи аввали соли 2026 баҳои муносиб дод.
Ҷаласаи Шӯрои илмӣ-методӣ дар фазои озоди илмӣ, бо рӯҳияи созанда, ҳамдигарфаҳмӣ ва муҳокимаи пурсамар доир гардид.

Хадамоти матбуотии Маркази тадқиқоти
стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон