29.04.2021, шаҳри Душанбе
Муҳтарам аъзои Ҳукумат!
Ҳозирини гиромӣ!
Тавре ки аз ҳисоботу гузоришҳои пешниҳодгардида бармеояд, дар семоҳаи якуми соли 2021 дар натиҷаи тақвияти корҳо дар самти пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, истифодаи имконияту захираҳои мавҷуда, ба кор андохтани иқтидорҳои нав ва фаъол гардонидани иқтидорҳои амалкунанда устувории макроиқтисодии кишвар таъмин гардида, афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил додааст.
Бо вуҷуди ин, дар фаъолияти баъзе вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ як қатор камбудиву норасоиҳо вуҷуд доранд.
Дар ин самт, пеш аз ҳама, таъкид месозам, ки то ҳанӯз на ҳамаи имконияту воситаҳо пурра истифода шуда истодаанд.
Бинобар ин, роҳбарони вазорату идораҳо, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки фаъолияти худро дар самти пешгирӣ ва муқовимат ба таҳдиду буҳронҳо, ташаккули имконияту захираҳои молиявии ба рушд нигаронидашуда, таъмини иҷрои саривақтӣ ва босифати ҳуҷҷатҳои стратегӣ ва барномавӣ барои ноил шудан ба ҳадафҳои гузошташуда ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ вусъат бахшанд.
Ҳарчанд нақшаи даромади буҷети давлатӣ дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ барзиёд иҷро шудааст, вале нақшаи 4 намуди андоз ва пардохтҳо дар ҳаҷми умумии 73 миллион сомонӣ таъмин нагардида, бақияпулиҳои андоз 815 миллион сомонӣ, аз ҷумла 320 миллион сомониро бақияпулиҳои корхонаҳои давлатӣ ташкил медиҳанд, ки андешидани тадбирҳои заруриро тақозо менамояд.
Дар ин давра корхонаҳои азими кишвар уҳдадориҳои андозии худро аз рӯи нақшаи пешбинишуда дар назди буҷет ба маблағи 176 миллион сомонӣ таъмин карда натавонистаанд, ки ин бевосита ба иҷрои сифатноки қисми даромади буҷет таъсири манфӣ расонид.
Дар 16 шаҳру ноҳия таъмин нагардидани қисми даромади буҷетҳои маҳаллӣ ба маблағи 10 миллион сомонӣ дигар масъалаи нигаронкунанда мебошад.
Аз ин лиҳоз, ба роҳбарони Вазорати молия, Кумитаи андоз, Хадамоти гумрук супориши қатъӣ дода мешавад, ки якҷо бо дигар вазорату идораҳо, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо иҷрои пурраву сифатноки қисми даромади буҷети давлатиро дар соли 2021 таъмин намоянд.
Вазорати молия якҷо бо роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати иҷрои босифати нақшаи буҷетҳои маҳаллӣ, бахусус, нақшаи воридоти андозҳо, ояндабинии манбаъҳои воқеии андоз ва пайдо намудани манбаъҳои нави даромад пайваста чораҷӯӣ намояд.
Ба Сарвазири мамлакат, муовини якум, муовини Сарвазир – сарпарасти соҳа ва вазири молия супориш дода мешавад, ки дар ҳамкорӣ бо роҳбарони вазорату идораҳо ҷиҳати беҳтар гардонидани фаъолияти молиявии корхонаҳои азим, сари вақт пардохт намудани андозҳо ва кам кардани қарзи онҳо дар назди буҷет тадбирҳои фаврӣ андешанд.
Инчунин, Вазорати молия вазифадор аст, ки барои иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии давлат, махсусан, доир ба пардохти пурраи музди меҳнати кормандони сохторҳои буҷетӣ, нафақа, ҷубронпулию кумакпулиҳо ва беҳсозии хизматрасониҳои тиббӣ чораҳои бетаъхир андешида, нақшаи маблағгузории соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодиро сари вақт таъмин намояд.
Масъалаи дигари ташвишовар қарздорӣ аз музди меҳнат мебошад, ки ба ҳолати 1 марти соли 2021 бо дарназардошти қарзҳои пешина 86 миллион сомониро ташкил медиҳад ва асосан аз ҳисоби субъектҳои хоҷагидори ғайридавлатӣ ба вуҷуд омадааст.
Вобаста ба ин, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Прокуратураи генералӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияро зарур аст, ки якҷо бо дигар сохтору мақомоти марбута масъалаи пардохти саривақтии музди меҳнатро дар ҳамаи ташкилоту муассисаҳо, сарфи назар аз шакли моликият ва намуди фаъолияти онҳо, ҳал карда, барои пешгирии пайдоиши қарздорӣ аз музди меҳнат пайваста чораҷӯӣ намоянд.
Дар низоми бонкӣ дар баробари тамоюлҳои мусбат як қатор масъалаҳо ҷой доранд, ки ба рушди устувори иқтисоди миллӣ, хусусан, дар самти дастрасии соҳибкорон ба воситаҳои молиявии дарозмуҳлат ва арзон, рушди фаъолияти истеҳсолӣ, пардохтпазириву рақобатнокии молистеҳсолкунандагони ватанӣ ва амалигардонии ҳадафҳо дар самти саноатикунонии босуръат таъсири манфӣ расонида истодааст.
Аз ин рӯ, Бонки миллиро зарур аст, ки ҷиҳати боз ҳам зиёд намудани ҳаҷми қарз ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ, алалхусус, ба соҳибкории истеҳсолӣ, паст намудани фоизи қарзҳо, ҷалби ҳарчи бештари сармояи дохиливу хориҷӣ ба соҳаи бонкӣ, ҷорӣ кардани хизматрасониҳо бо истифода аз технологияҳои рақамӣ ва зиёд намудани сарчашмаҳои қарзии ташкилотҳои молиявии қарзӣ тамоми имкониятҳои мавҷударо равона созад.
Тибқи ҳисоботи оморӣ таваррум дар моҳҳои январ – марти соли 2021 ба 3,3 фоиз расидааст.
Чунин вазъ аз ҳисоби зиёдшавии нархи озуқаворӣ 4,4 фоиз, молҳои ғайриозуқаворӣ 2,4 фоиз ва арзиши хизматрасониҳои пулакӣ 1,3 фоиз ба вуҷуд омадааст.
Дар давраи ҳисоботӣ сатҳи баланди таваррум дар вилояти Хатлон – 4,2 фоиз ва вилояти Суғд – 3,5 фоиз ба қайд гирифта шудааст.
Муовини якуми Сарвазири мамлакат, роҳбарони Бонки миллӣ, вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, молия, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Агентии омор, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадоранд, ки барои дар сатҳи пешбинишуда нигоҳ доштани таваррум тадбирҳои муассир андешанд.
Ҳарчанд дар маҷлиси Ҳукумати мамлакат доир ба натиҷаҳои соли гузашта вобаста ба фаъолияти марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ ва ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта супоришҳои мушаххас дода шуда буданд, вале дар раванди татбиқи баъзе лоиҳаҳо то ҳанӯз камбудиҳои ҷиддӣ ба назар мерасанд.
Вобаста ба ин, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, вазорату идораҳои соҳавӣ ва марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатиро зарур аст, ки камбудиҳои ҷойдоштаро бартараф карда, дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд корҳоро доир ба татбиқи саривақтӣ, сифатнок ва шаффофи лоиҳаҳо, хусусан, доир ба азхудкунии самараноки маблағҳо густариш диҳанд.
Хотиррасон менамоям, ки татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат бо дарназардошти ҷалби сармоя, бахусус, сармояи хориҷӣ пешбинӣ гардидааст.
Вале таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳаҷми ҷалби сармояи хориҷӣ сол ба сол коҳиш ёфта истодааст.
Соли 2020 сармояи хориҷӣ ба кишвар нисбат ба соли 2019–ум 29,4 фоиз, аз ҷумла сармояи мустақим 53 фоиз кам ворид шудааст, ки чунин вазъ нигаронкунанда мебошад.
Аз ин рӯ, ба муовини якуми Сарвазир, роҳбарони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, вазорату идораҳо, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш дода мешавад, ки фаъолиятро дар самти беҳтар намудани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ ҷоннок намуда, ҷиҳати ҷалби бештари сармояи дохиливу хориҷӣ, махсусан, сармояи мустақим ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ чораҳои мушаххас андешанд.
Инчунин, сохтору мақомоти дахлдорро зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо сармоягузорон корро дар самти ташкили корхонаҳои нави истеҳсолӣ вусъат бахшанд.
Тавре борҳо таъкид карда будам, дар шароити имрӯза яке аз тадбирҳои муҳимми зиддибуҳронӣ бамаротиб афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноативу кишоварзӣ, бахусус, маҳсулоти ниёзи аввал барои ҳифзи амнияти озуқавории аҳолӣ мебошад.
Дар семоҳаи якуми соли 2021 ҳиссаи маҳсулоти хӯрокворӣ дар таркиби воридоти кишвар ҳоло ҳам зиёд боқӣ монда, 21 фоизро ташкил додааст.
Бо вуҷуди пешниҳоди имтиёзҳо барои соҳаҳои алоҳидаи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва коркарди ашёи хоми ватанӣ, вазъи корҳо дар самти ташкили иқтидорҳои истеҳсолӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар моро қонеъ гардонида наметавонад.
Дар семоҳаи аввал дар таркиби ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии кишвар ҳиссаи вилояти Суғд 53,3 фоиз, вилояти Хатлон 25,8 фоиз, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 0,4 фоиз, шаҳри Душанбе 10,2 фоиз ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 10,3 фоизро ташкил намудааст.
Бинобар ин, Вазорати саноат ва технологияҳои навро зарур аст, ки якҷо бо роҳбарони вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои таъмин намудани рушди мутавозини соҳаи саноат дар минтақаҳои кишвар бо дарназардошти дастрасии ашёи хоми ватанӣ тадбирҳои судманд андешад.
Илова бар ин, бо мақсади ноил гардидан ба нишондиҳандаҳои дар Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025 пешбинигардида вазорату идораҳои марбута бояд ҷиҳати истифодаи манбаъҳои иловагии рушд, истеҳсоли маҳсулоти дорои арзиши баланди иловашуда ва тавассути он барои татбиқи ҳадафи саноатикунонии босуръати кишвар тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Гарчанде дар семоҳаи якуми соли 2021 дар кишвар 36 корхонаи нави саноатӣ бо 460 ҷойи корӣ ба истифода супорида шудааст, аммо 110 корхонаи амалкунанда бо 1700 ҷойи корӣ фаъолият накардааст, ки боиси ташвиш мебошад.
Дар ҳамин давраи соли 2020 дар кишвар 53 корхонаи нави саноатӣ бо 940 ҷойи нави корӣ сохта, ба истифода дода шуда буд.
Бо вуҷуди ин, ки суръати рушди соҳаи саноати истихроҷ дар семоҳаи якум 32,4 фоиз таъмин гардидааст, зарур аст, ки корҳо дар самти фаъолияти мунтазами корхонаҳои соҳа, коркарди пурраи ашёи хом ва истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ дар ин корхонаҳо тақвият бахшида шаванд.
Бинобар ин, ба роҳбарияти Вазорати саноат ва технологияҳои нав супориш дода мешавад, ки бо мақсади таъмин намудани рушди босуръати соҳаи саноат ва бо ҳамин роҳ афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ниҳоии дорои арзиши баланди иловашуда ва ивазкунандаи воридот, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва дарёфти сарчашмаҳои иловагии даромади буҷети давлатӣ чораҳои зеринро амалӣ намоянд:
— дар ҳамкорӣ бо роҳбарони вазорату идораҳо, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва соҳибкорону сармоягузорон корҳоро дар самти бунёди корхонаҳои нав дар соҳаҳои саноати мошинсозӣ, сабук, хӯрокворӣ ва дорусозӣ суръат бахшад;
— якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва соҳибкорон барои дар муҳлатҳои кӯтоҳ таҷдид кардану ба кор андохтани корхонаҳои аз фаъолият бозмондаро, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо, таъмин созад;
— якҷо бо роҳбарони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва сармоягузорон масъалаи то маҳсулоти ниҳоӣ коркард намудани ашёи истеҳсолкардаи корхонаҳои соҳаи саноати истихроҷро ҳаллу фасл намояд;
— дар ҳамкорӣ бо Вазорати кишоварзӣ оид ба вусъат бахшидани корҳо доир ба зиёд кардани истеҳсол ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла зироатҳои равғандиҳанда, меваю сабзавот ва маҳсулоти гӯштиву ширӣ чораҳои муассир андешад;
— бо мақсади навсозӣ ва такмили инфрасохтори корхонаҳо, тақвияти фаъолияти инноватсионӣ дар корхонаҳои саноатӣ, татбиқи маҷмӯи тадбирҳо ҷиҳати таъмини рақобатнокӣ ва сифати маҳсулот якҷо бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ барои фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ ва ҷалби сармоягузорон чораҳои заруриро роҳандозӣ намояд.
Илова бар ин, бори дигар супориш дода мешавад, ки раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо якҷо бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав то моҳи сентябр тавассути ташкили корхонаву коргоҳҳои дӯзандагӣ бо кор таъмин намудани бонувон ва истеҳсоли либосҳои мактабиро дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо ба роҳ монда, талаботро ба ин намуди маҳсулот аз ҳисоби истеҳсоли дохилӣ қонеъ гардонанд.
Ҳамзамон бо ин, ба мақсади таъмин намудани бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ ба вазири молия ва роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор супориш дода мешавад, ки ҷиҳати аз 1 майи соли 2021 аз 18 то 10 фоиз кам кардани меъёри андоз аз арзиши иловашуда барои истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти макаронии истеҳсоли худӣ тадбирҳои фаврӣ андешанд.
Соли 2020 ба кишвар қариб 16 ҳазор тонна маҳсулоти макаронӣ ба маблағи 20 миллион доллар ворид шудааст.
Дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ ҳаҷми воридоти ин намуди маҳсулот 4,4 ҳазор тонна ва маблағи 6,2 миллион доллари амрикоиро ташкил додааст.
Ҳарчанд ки солҳои охир дар гардиши савдои хориҷии кишвар тамоюли тадриҷан зиёд шудани ҳиссаи содирот ба назар мерасад, вале бояд таъкид кард, ки барои рушди содирот ва истеҳсоли молҳои ивазкунандаи воридот то ҳанӯз на ҳамаи имкониятҳои мавҷуда пурра истифода шуда истодаанд.
Дар семоҳаи якуми соли 2021 вазни хоси содироти кишвар асосан аз ҳисоби фурӯши фулузот ва сангҳои қиматбаҳо (75 фоиз), маъдану консентратҳо (8 фоиз), нахи пахта (7 фоиз) ва алюминийи аввалия (4 фоиз) ташаккул ёфтааст, ки бе коркарди ниҳоӣ дар намуди ашёи хом содирот карда шудаанд.
Таъкид месозам, ки дар ин ҷода имкониятҳои истифоданашудаи рушди содироти молҳои саноатӣ ва кишоварзӣ хеле зиёданд.
Хусусан, камшавии содироти шарбату маҳсулоти меваю сабзавот ва аз соли 2018 то инҷониб умуман содирот нагардидани маҳсулоти бофандагӣ гувоҳи равшани истифодаи нокифояи имкониятҳои мавҷуда мебошад.
Дар робита ба ин, ба вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, кишоварзӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Агентии содирот, Бонки миллӣ, раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, “Саноатсодиротбонк” ва “Амонатбонк” супориш дода мешавад, ки барои расидан ба нишондиҳандаҳои барномавии афзоиши ҳаҷми истеҳсол ва содироти молҳои ватанӣ, беҳтар гардонидани сохтори онҳо, тарғиби ҳамаҷонибаи тамғаҳои молии ватанӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ ва дарёфти харидорон, инчунин, пешниҳоди қарзҳои дастрас дар ин самт чораҷӯӣ намоянд.
Бо мақсади баланд бардоштани нишондиҳандаҳои содироти молу маҳсулоти ватанӣ дар доираи занҷираи «ашёи хом – истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ – дарёфти бозори фурӯш» таҷрибаи ҷаҳониро дар самти коркарди фулузоти қиматбаҳою нимқиматбаҳо, нахи пахта, алюминийи аввалия ва маъданҳо то маҳсулоти тайёр бо арзиши иловагии баланд, инчунин, меваю сабзавот ҳамаҷониба омӯхта, ҷиҳати татбиқи он дар кишвар тадбирҳои заруриро амалӣ созанд.
Вазорату идораҳои дахлдор ва дигар мақомоти масъули давлатиро зарур аст, ки бо мақсади сари вақт ва пурра ба низом даровардани расмиёт оид ба додани иҷозат ва сертификатҳо дар самти содирот, воридот ва транзити молҳо ба субъектҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, инчунин, ворид намудани тағйироти зарурӣ ба қонунгузории амалкунанда дар ин самт барои пурра ташаккул додани низоми миллии «Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тадбирҳои муассир андешанд.
Вобаста ба бартараф намудани мушкилот ва ислоҳи камбудиву норасоиҳо дар бахши энергетикаи кишвар ба Вазорати энергетика ва захираҳои об супориш дода мешавад, ки:
— ислоҳоти сохтории соҳаро тақвият бахшида, дар ин замина фаъолияти самараноки низоми энергетикии кишварро таъмин намояд;
— танзими самарабахши идоракунии обанборҳои кишварро ба роҳ монда, ҷиҳати дар фасли тирамоҳу зимистон пурра таъмин намудани аҳолӣ бо нерӯи барқ чораҳои зарурӣ андешад;
— корро дар доираи лоиҳаҳои таҷдиди нерӯгоҳҳои барқи обии “Норак”, “Қайроққум”, “Сарбанд” ва лоиҳаи минтақавии CASA – 1000 тақвият бахшад;
— якҷо бо Ширкати «Шабакаҳои тақсимоти барқ» ва дигар мақомоти марбута барои ҷорӣ кардани низоми муосири назорат ва баҳисобгирии нерӯи барқ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намояд.
Бо мақсади таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ то имрӯз аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои дастгириву ҳавасмандгардонии хоҷагиҳои кишоварзӣ як қатор тадбирҳо андешида шуда, якчанд барномаи соҳавӣ, аз ҷумла “Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016 – 2020” ва “Барномаи маҷмӯии рушди соҳаи чорводорӣ барои солҳои 2018 – 2022” қабул гардидаанд, ки татбиқи онҳо барои бамаротиб зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳа, ғанӣ гардидани бозори истеъмолии кишвар ва афзоиши содирот мусоидат намуд.
Дар доираи нақшаи “Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016 – 2020” дар панҷ соли охир 15780 гектар боғ (105 фоизи нақшаи барнома), аз он 571 гектар боғҳои интенсивӣ (114 фоизи нақшаи барнома) ва 1658 гектар токзор (69 фоизи нақшаи барнома) бунёд карда шудааст.
Тайи се соли татбиқи “Барномаи маҷмӯии рушди соҳаи чораводорӣ барои солҳои 2018 – 2022” саршумори чорвои калони шохдор 60,5 ҳазор сар, чорвои хурд 238 ҳазор сар, асп 1530 сар, паранда 3 миллиону 161 ҳазор сар ва 14 ҳазор оилаи занбӯри асал зиёд гардида, истеҳсоли маҳсулот дар соли 2020 нисбат ба соли 2018, аз ҷумла гӯшт 38 ҳазор тонна, шир 40 ҳазор тонна, тухм 533 миллион дона, гӯшти паранда 23,5 ҳазор тонна, моҳӣ 1,5 ҳазор тонна ва асал 39 тонна афзоиш ёфтааст.
Дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ 716 гектар боғ, аз он 75 гектар боғи интенсивӣ бунёд гардида, саршумори чорвои калони шохдор нисбат ба аввали сол 18,6 ҳазор сар, чорвои хурд 180 ҳазор сар, паранда 664 ҳазор сар, занбӯри асал қариб 1200 оила зиёд шудааст ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта истеҳсоли гӯшт 3,2 ҳазор тонна, шир 5,2 ҳазор тонна, тухм 9,5 миллион дона, гӯшти паранда 1,7 ҳазор тонна ва моҳӣ 72 тонна афзоиш ёфтааст.
Барои идома додани дастгирии давлатии соҳаи кишоварзӣ ва таъмини фаровонии бозори истеъмолӣ тамоми хоҷагиҳои кишоварзии мамлакат дар соли 2021 аз пардохти андози ягонаи замин озод карда шуданд.
Иқдоми мазкур боиси ҳавасманд шудани кишоварзон гардида, ба афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ мусоидат менамояд.
Бояд гуфт, ки дар чор моҳи аввали соли ҷорӣ кишти баҳории зироатҳои кишоварзӣ дар майдони 337 ҳазор гектар ё 73 фоизи дурнамо гузаронида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 28 ҳазор гектар ё 9 фоиз зиёд мебошад.
Бори дигар таъкид менамоям, ки вазъи ҷаҳони муосир вобаста ба пайомадҳои пандемияи коронавирус, низоъҳои сиёсиву тиҷоратӣ, болоравии нархҳои маҳсулоти ниёзи аввал, тағйирёбии иқлим, ки имрӯзҳо баръало эҳсос мегардад, инчунин, номуайянии дурнамои онҳо дар соли 2021 мураккаб боқӣ мемонад.
Бинобар ин, барои ҳифзи амнияти озуқавории кишвар ва бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандон бояд корҳо дар самти оқилона истифода намудани ҳар як ваҷаб замин ва гирифтани 3 – 4 ҳосил, афзоиш додани майдони кишти картошка, ҷамъоварии беталафи ҳосили маҳсулоти кишоварзӣ, таъмини муттасили бозори дохилӣ, содироти меваю сабзавот, омодагӣ ба кишти такрорӣ ва бунёди корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ тақвият бахшида, захира намудани озуқаворӣ барои давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021 – 2022 дар ҳар як оила таъмин карда шавад.
Аз ин рӯ, ба роҳбарони Вазорати кишоварзӣ, дигар вазорату идораҳои марбута, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш дода мешавад, ки фаъолияти худро доир ба истифодаи самараноки обу замин, зиёд намудани майдони кишти зироатҳо, ташкили гармхонаҳои доимамалкунанда, ба роҳ мондани парвариши тухмиҳои репродуксионии баландсифат ва ба тағйирёбии иқлим тобовар, бунёду барқарорсозии боғу токзор, алалхусус, боғҳои интенсивӣ, таъмин намудани хоҷагиҳои кишоварзӣ бо нуриҳои минералӣ ва дастгирии ҳаматарафаи онҳо тақвият бахшанд.
Илова бар ин, ҷиҳати таъмини рушди босуръати соҳаҳои чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳидорӣ ва занбӯриасалпарварӣ ва ба ин васила афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳаҳои зикршуда иҷрои саривақтиву босифати барномаҳои қабулгардидаро ҷиддӣ назорат карда, бо дарназардошти камобиву хушксолии баамаломада барои захира кардани хӯроки чорво бо истифода аз имкониятҳои ноҳияҳои кӯҳистон (Шамсиддини Шоҳин, Муъминобод, Ховалинг, Балҷувон, Темурмалик) чораҳои бетаъхир андешанд.
Тибқи маълумоти оморӣ гарчанде дар семоҳаи аввали соли 2021 ҳаҷми умумии боркашонӣ дар кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,1 фоиз афзоиш ёфтааст, вале ин нишондиҳанда тавассути нақлиёти роҳи оҳан қариб 21 фоиз кам шудааст.
Тавре борҳо таъкид карда будам, самаранок истифода накардани роҳҳои оҳани кишвар сабаби пеш аз муҳлат хароб гардидани роҳҳои мошингард аз ҳисоби мошинҳои гаронвазн мебошад.
Маълумоти оморӣ нишон медиҳад, ки ҳаҷми борҳои тавассути роҳи оҳан дар моҳҳои январ – марти соли 2021 кашонидашуда нисбат ба нақлиёти автомобилӣ 16,4 миллион тонна ё 14,7 баробар кам мебошад.
Идома ёфтани ин раванд ба пеш аз муҳлати муқарраршуда фарсуда гардидани роҳҳои мошингард ва зиёд шудани садамаҳои нақлиётӣ оварда мерасонад.
Вобаста ба ин, ба Вазорати нақлиёт зарур аст, ки:
— якҷо бо мақомоти масъул ҷиҳати самаранок истифода бурдани иқтидорҳои боркашонии нақлиёти роҳи оҳан ва нигоҳдории таносуби ҳаҷми боркашониро байни ин намуди нақлиёт ва нақлиёти автомобилӣ мавриди омӯзиш қарор дода, хулосаҳои худро оид ба зиёд намудани интиқоли борҳо тавассути нақлиёти роҳи оҳан ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд;
— дар ҳамкорӣ бо Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ва вазорату идораҳои дахлдор оид ба дарёфти маблағгузорӣ барои омода намудани асосноккунии техникиву иқтисодӣ, лоиҳакашӣ ва оғози сохтмони роҳи оҳани нав дар қитъаи Ҷалолиддини Балхӣ – Ҷайҳун –Панҷи Поён бо ҷалби шарикони рушд чораҳои зарурӣ андешад;
— якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба рақамикунонии соҳаи нақлиёти автомобилӣ, аз ҷумла хизматрасонии логистикӣ чораҳои заруриро амалӣ созад.
Ҳозирини муҳтарам!
Имрӯз дар низоми таҳсилоти кишвар истифодаи технологияҳои муосир, аз ҷумла технологияҳои рақамӣ васеъ гардида истодааст ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаву ибтидоии касбӣ мутобиқи талаботи давлатӣ ба шабакаи интернет пайваст мебошанд.
Аммо сифати барномаҳои таълимӣ ва мутахассисони дорои таҳсилоти касбӣ ба талаботи иқтисоди рақамӣ ҷавобгӯ набуда, дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот норасоии омӯзгорони соҳибтахассуси соҳаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, инчунин ба кишварҳои хориҷӣ барои кор рафтани чунин мутахассисон мушоҳида мешавад.
Бинобар ин, Вазорати маориф ва илм вазифадор аст, ки бо мақсади беҳтар намудани сифати таълим дар ҳама зинаҳои таҳсил ҷиҳати навсозӣ намудани нақшаву барномаҳои таълимӣ дар асоси стандартҳои таҳсилоти касбӣ, технологияҳои рақамӣ ва мутобиқ ба талаботи бозори меҳнат чораҳои ҷиддӣ андешад.
Ҳамзамон бо ин, ҷиҳати таъмини ҳадафҳои стратегии муайянгардида, аз ҷумла саноатикунонии босуръати кишвар ва шуғли пурмаҳсул вазоратҳои маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, саноат ва технологияҳои навро зарур аст, ки барои тақвияти ҳамкорӣ байни муассисаҳои таҳсилоти касбӣ ва корхонаҳои саноатӣ бо дарназардошти ҷойҳои кории таъсисшаванда барои омода кардани мутахассисони соҳибкасб, ташкили таҷрибаомӯзии донишҷӯён ва минбаъд бо кор таъмин намудани онҳо чораҷӯӣ намоянд.
Ҳамчунин, норасоии омӯзгорони соҳибкасб дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба назар мерасад ва аз шумораи умумии омӯзгорон 1758 нафарашон (1,4 фоиз) бо маълумоти миёнаи умумӣ фаъолият карда истодаанд.
Вазорати маориф ва илм бояд ҷиҳати ҳалли мушкилоти зикршуда, махсусан, ба ҷойи кор ҳозир шудани хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии равияи омӯзгорӣ чораҳои фаврӣ андешад.
Бо мақсади ташкил ва гузаронидани иммунизатсия бар зидди бемории сироятии КОВИД – 19 дар кишвар аз 22 марти соли ҷорӣ иммунизатсияи аҳолӣ оғоз шуд, ки давра ба давра амалӣ карда мешавад.
Вобаста ба ин, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро зарур аст, ки корҳои фаҳмондадиҳиро дар самти иммунизатсия бар зидди бемории сироятии КОВИД – 19 пурзӯр намуда, барои ҳарчи бештар ба иммунизатсия фаро гирифтани табақаҳои осебпазири аҳолӣ чораҳои амалӣ андешад.
Вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ бо мақсади рушди соҳаи дорусозӣ ва бо ҳамин роҳ таъмин намудани талабот ба маводи доруворию молҳои тиббӣ барои ташкили корхонаҳои истеҳсоли доруворӣ ва лавозимоти тиббӣ, хусусан, бо истифода аз гиёҳҳои шифобахш ва ашёи хоми маҳаллӣ тадбирҳои фаврӣ ва мушаххасро амалӣ намоянд.
Муҳтарам аъзои Ҳукумат!
Ҳозирини гиромӣ!
Аз баррасии натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар семоҳаи якуми соли 2021–ум бармеояд, ки имконоту захираҳои мавҷуда ба таври пурра ва самаранок истифода нагардидаанд.
Бинобар ин, бори дигар Ҳукумати мамлакат, вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор карда мешаванд, ки тамоми имконияту иқтидорҳои мавҷудаи дохилиро самаранок истифода бурда, то охири сол фаъолияти мунтазам ва пурраи соҳаҳои иқтисоди миллӣ, бахусус, соҳаҳои кишоварзӣ ва саноатро таъмин намоянд.
Ҳамзамон бо ин, зарур аст, ки барои дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни 30 – солагии истиқлоли давлатӣ ҳамкориро бо соҳибкорону шахсони саховатпеша ҷиҳати идома додани тадбирҳои ободкориву созандагӣ тақвият бахшида, корро вобаста ба тозаву озода ва зебо гардонидани ҳар як манзили зист, кӯчаву хиёбон ва маҳалҳои аҳолинишин густариши боз ҳам бештар бахшанд.
Бори дигар хотирнишон месозам, ки аз рӯйи пешгӯиҳо соли 2021 нисбат ба соли қаблӣ аз лиҳози таъминот бо маводи ғизоӣ қариб дар тамоми дунё яке аз солҳои вазнинтарин ва тибқи изҳороти созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ҳатто ҳалокатбор хоҳад буд.
Болоравии нархҳо, пастшавии ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, тағйирёбии иқлим ва пайомадҳои ногувори он – хушксолӣ, камобӣ, инчунин, бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла пандемияи коронавирус ва бекорӣ ба сатҳи зиндагии қариб тамоми мардуми дунё таъсири манфии худро расонида истодааст.
Дар кишвари мо, тавре ки мушоҳида мегардад, таъсири раванди тағйирёбии иқлим баръало эҳсос шуда, сардиҳои баҳори имсола ба соҳаи боғдорӣ, яъне ҳосили дарахтони мевадиҳанда, ба монанди зардолу, бодом ва дарахтони дигар зарари ҷиддӣ расониданд.
Инчунин, камборишии вақтҳои охир боиси камобӣ ва хушксолӣ гардида, ба соҳаҳои зироаткориву боғдорӣ ва чорводорӣ талафоти зиёд мерасонад.
Бинобар ин, бо истифода аз фурсат, бори дигар ба тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, муроҷиат карда, таъкид месозам, ки мо бояд аз ҳар як ваҷаб замин, пеш аз ҳама, заминҳои наздиҳавлигиву президентӣ ва заминҳои байни боғҳоро самаранок истифода карда, тамоми кӯшишу ғайрати худро барои рӯёнидани се – чор ҳосил ва дар кишти такрорӣ ҳарчи бештар истеҳсол кардани картошка, ғалладонагӣ ва лӯбиёгиҳо (шолӣ, ҷуворимакка, мош, лӯбиё) равона созем.
Ҳоло, ки фасли баҳор, яъне мавсими кишту кор идома дорад, бояд ҳар шахсе, ки бо замин сару кор дорад, барои истеҳсоли маҳсулот саъю талош намояд ва ҳар як оила низ дар фикри истеҳсоли маҳсулот, таъмин намудани аҳли оила, фарзандони худ ва захираи маводи ғизоӣ бошад, то мардуми мо дар фасли тирамоҳу зимистон танқисӣ накашанд ва дар шароити вазнини соли ҷорӣ муҳтоҷи дигарон нашаванд.
Аз тамоми сокинони кишвар хоҳиш мекунам, ки вазъияти ҷаҳони имрӯза ва мушкилоти бавуҷудомадаро саҳл нашуморанд ва ба ин масъала бисёр ҷиддӣ муносибат намоянд.
Вобаста ба ин, такроран иброз менамоям, ки мо бояд минбаъд низ талаботи қонун дар бораи танзими расму ойинҳоро риоя кунем, ба зиёдаравӣ ва исрофкорӣ, махсусан, ба исрофи нон ва дигар маводи ғизоӣ роҳ надиҳем.
Раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони вазорату идораҳо, тамоми хизматчиёни давлатӣ ва ҳар як шаҳрванди бонангу номуси ҷомеа бо дарназардошти он, ки то ҷашни бузурги миллиамон ҳамагӣ чор моҳ боқӣ мондааст, иҷрои пурра ва саривақтии супоришҳои имрӯза ва қаблан додашударо бо дарки баланди масъулият дар назди Ватани азизамон бояд таъмин намоянд.
Нақшаҳои Ҳукумат ва вазифаҳо барои соли 2021 дар паёми Президент, супоришҳои Роҳбари давлат дар маҷлисҳои Ҳукумати кишвар ва сафарҳои корӣ ба вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо мушаххас карда шудаанд.
Бори дигар таъкид менамоям, ки вазифаи муҳимтарини раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва сарпарастоне, ки аз ҳисоби аъзои Ҳукумат, роҳбарони сохтору мақомоти марказӣ ба шаҳру ноҳияҳо вобаста шудаанд, инчунин, роҳбарони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот дар вақти то ҷашни сисолагии истиқлоли давлатӣ боқимонда ба вусъатбахшии корҳои ободониву созандагӣ, аз ҳар хонаи истиқоматӣ сар карда, то кӯчаву хиёбон, майдону гулгашт ва ҳар як маҳалли аҳолинишин сафарбар намудани соҳибкорону тоҷирон, шахсони хайрхоҳу саховатпеша ва тамоми мардум мебошад.
Ҳамчунин, хотиррасон месозам, ки таъмини фаъолияти бонизому самараноки соҳаҳои иқтисоди миллӣ, махсусан, бахшҳои истеҳсолӣ, суботи молиявӣ, шуғл ва саломатии аҳолӣ, инчунин, фаровонии бозори дохилӣ бо маҳсулоти зарурати аввалия ва ҳифзи иҷтимоии гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа вазифаи аввалиндараҷаи шумо – аъзои Ҳукумати мамлакат, роҳбарони вазорату идораҳо, махсусан, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ба ҳисоб рафта, аз ҳар яки шумо қобилияти ташкилотчигӣ ва масъулияти баланди кориро тақозо менамояд.
Саломат бошед!
Бознашр: АМИТ “Ховар”