Сокинон Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи аҳолии сайёра дар паҳншавии босуръати идеология ва ғояҳои бегонаи асосан фарҳангӣ қарор дорад. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки филмҳои хориҷӣ ҷавонон ва занонро ба худ ҷалб кардааст. Бешубҳа, бархе аз падидаҳои номатлубе, ки дар ҷомеаи шаҳрвандии мо ба мушоҳида мерасанд, аз таъсири бевоситаи шабакаи Интернет ва филмҳои хориҷӣ маншаъ мегиранд. Ин вазъият дар замони ҳассоси ҷаҳонишавӣ хеле нигаронкунанда аст.
Миёни миллати мо филмҳои асосан туркӣ ва русӣ бисёр машҳуранд. Дар ин филмҳо фарҳанги зиндагии як шахс ё як оила ва як миллати бегона тариқи ба тамошо гузошта шуда, ҳамчун намунаи маданият таблиғ мегардад. Рўз аз рўз силсилафилмҳо шавқовар шуда, бинандаро дар ҳайрат оварда ўро маҷбур месозанд, ки қисмати дигарашро тамошо кунад. Ин ҳолатро худи режисёрони синамо ( адреналин ) ном мебарад, ки филмро аз рӯи баланд бурдани ( адренали ) бинанда баҳо медиҳанд. Дар ҳолати тамошои ин филмҳо бинанда худро дар ғаму шодии актиёри филм ҳамроҳ мекунад, руҳан азоби психологӣ мекашад. Пас аз тамошои филм бинандагони он дар давоми зиндагии худ ба қаҳрамони филм тақлид карда, кўшиш менамояд, ки ҳар ҳолати дар филм бударо дар ҳаёти зиндагии худ анҷом диҳад. Ин далели он аст, ки ў аз фарҳанги аҷдодии хеш дур шуда, ба тақлидкунандаи либоспушии миллатҳои дигр рӯ меоранд.
Ҷавонон ва занон бисёртар фирефтаи ин филмҳо шудаанд, онҳо қадру қиммати вақти хешро надониста беҳуда сарфаш мекунанд. Ба ҷавонон зарур аст, ки вақти худро ба китобхонӣ гузаронанд ва донандаи фарҳангу таърихи бузурги худ бошанд.
Занонро бошад зарур аст, ки ба тамошои филм худро гирифтор накарда, ба тарбияи фарзандони худ машғул шаванд. Аз пайи зиёд кардани меҳру муҳаббат нисбати шавҳари худ бошанд, зеро занон идомадиҳандаи миллатанд ва ҷавонон ояндаи миллат мебошанд. Ҳардуро зарур аст аз таъриху фарҳанги худ бохабар бошанд. Барои давлату миллат фарзандони солиму солеҳаро тарбия кунанд ва нагузоранд, ки филми хориҷӣ аз байн барандаи фарҳангу миллати мо бошанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳар як оилаи тоҷик аз фонди худаш китоби “Тоҷикон”-ро туҳфа намуда истодаанд то мо фарҳанги таърихи худро дуруст шиносем. Ин нишонаи он аст, ки мо бояд на аз фарҳанги бегона, балки пайрави кунем, аз таърихи бузурги аҷдодии худ ва аз фарҳанги ғании худ ҳаловат барем. Мо ҳамеша пайрави Пешвои миллати худ бошем ва давлату миллати худ бошем.
Тағоймуродов Некрӯз,
мутахассиси Раёсати таҳлил
ва ояндабинии сиёсати хориҷии
МТС-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон