Амнияти иқтисодӣ маҷмӯи ҷанбаҳо ва омилҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, ҳарбӣ, илмӣ, техникӣ ва иҷтимоӣ, ки вазъ ё сатҳи амнияти миллии давлатро муайян мекунанд фаҳмида мешавад.
Бо ибораи дигар, амнияти иқтисодиро метавон ҳамчун ҳифзи манфиатҳои ҳаётан муҳими кишвар аз таҳдидҳои дохилӣ ва беруни, яъне, ҳифзи нерӯи ҳарбӣ, кадрӣ ва зеҳнии он, иттилоот, технология, рушди истеҳсоли технологияи баланд маънидод намуд.
Дар шароити кунуни, масъалаи амнияти иқтисодӣ барои кишвари мо аз ҳарвақта бештар аҳамияти муҳим дорад. Ин раванд, натанҳо бо хусусияти гузариши иқтисодиёт ба рушди устувор, аъзогии кишвар дар СУС, шиддат гирифтани рақобати тиҷоратӣ миёни кишварҳо, рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ алоқаманд буда, балки ба авҷ гирифтани бархӯрдҳои тиҷоратӣ ва таҳримҳо байни кишварҳои абарқудрати ҷаҳон ва дигар таҳдиду буҳронҳои ҷойдошта вобаста мебошад.
Аз таҳлилҳо мушоҳида мегардад, ки масъалаи таъмини амнияти иқтисодӣ ва роҳҳои муосири ноил шудан ба он натанҳо дар кишвари мо, балки дар дигар кишварҳо низ бо сабабҳои объективӣ ба таври универсалӣ ё мушаххас таҳлилу арзёбӣ нагардидааст. Бинобар ин, таҳлилу арзёбии масъалаи зикргардида муҳим ва саривақтӣ ба ҳисоб меравад.
Таҳлилҳои илман асоснокшудаи коршиносони масоили иқтисодии кишварҳои хориҷӣ нишон медиҳанд, ки барои муайян намудани сатҳи таъмин ва тавсифи амнияти иқтисодӣ нишондиҳандаҳои зерин нақши муҳим доранд:
- Нишондиҳандаҳое, ки қобилияти иқтисодиётро дар реҷаи такрористеҳсолии ҷамъиятӣ инъикос мекунанд. Яъне, суръати афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД), ММД ба ҳар сари аҳолӣ, сохт ва ҳиссаи андозҳо ва пардохтҳо дар он, ҳиссаи сармоягузории дохилӣ, аз ҷумла давлатӣ дар ММД;
- Нишондиҳандаҳое, ки суботи иҷтимоиро таъмин мекунанд. Яъне, истеъмоли маҳсулоти асосии хӯрокворӣ ба ҳар сари аҳолӣ мутобиқи меъёрҳои аз ҷиҳати илмӣ асоснок, таъмини аҳолӣ бо молҳои истифодаи дарозмӯҳлат (ба ҳар ҳазор нафар), ҳиссаи одамон бо даромадҳое, ки аз сатҳи зиндагӣ камтаранд, сатҳи бекорӣ, давомнокии миёнаи умри аҳолӣ;
- Нишондиҳандаҳои устувории низоми молиявӣ. Яъне, сатҳи таваррум, касри буҷети давлатӣ, ҳаҷми қарзи давлатӣ нисбат ба ММД, ҳиссаи хароҷоти мудофиа дар ММД, ҳаҷми захираҳои тилло ва асъор, тавозуни пардохт;
- Нишондиҳандаҳои фаъолияти оптималии минтақаҳо дар дохили кишвар. Яъне, тафовут дар сатҳи ММД ба ҳар сари аҳолӣ аз рӯи минтақаҳо, фарқ кардани минтақаҳо аз рӯи сатҳи зиндагии аҳолӣ ва ҳиссаи даромади онҳо;
- Нишондиҳандаҳое, ки дараҷаи криминализми иқтисодиётро тавсиф мекунанд. Яъне, ҳиссаи иқтисоди пинҳонӣ (соявӣ) дар ММД, ҳиссаи андозҳо ва пардохтҳо дар ММД, ҳиссаи тарҳҳои андоз дар арзиши иловашуда, ки дар корхона ба вуҷуд омадааст;
- Нишондиҳандаҳое, ки дараҷаи оптималии «дохилшавӣ» -и иқтисодиёти миллиро дар иқтисоди ҷаҳонӣ тавсиф мекунанд. Яъне, квотаҳои содирот ва воридот, сохтори содирот ва воридот, ҳиссаи воридот дар истеъмоли дохилӣ, ҳаҷми қарзи беруна ва ММД; пардохтҳои хидмати қарзи беруна;
- Нишондиҳандаҳои рушд ва дастгирии потенсиали илмӣ. Яъне, ҳиссаи хароҷоти илмӣ-тадқиқотӣ дар ММД, сатҳи маърифати аҳолӣ, хароҷоти таҳсилот нисбат ба ММД, шумораи донишҷӯён ба 10 ҳазор нафар аҳолӣ.
Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки дар шароити зудтағйирёбанда ва вазъи шиддатноки ҷаҳони муосир, муқовимат ба таҳдиду хатарҳо, ташаккули имконияту захираҳои молиявии ба рушд нигаронидашуда, таъмин намудани гуногунсамтии иқтисодиёт, густариши раванди рақамикунонии иқтисодиёт, такя кардан ба иқтидору имкониятҳои дохилӣ ва истифодаи самараноку мақсадноки онҳо, ба кор андохтани иқтидорҳои нав, фаъол гардонидани иқтидорҳои амалкунанда, ҷалби ҳарчи бештари сармояи ватаниву хориҷӣ ва дастгириву тақвияти рушди соҳибкорӣ ва бахши хусусӣ аз ҷумлаи самтҳои асосии таъмини амнияти иқтисодӣ ба ҳисоб меравад.
Ҳамин тавр, дар самти таъмини стратегияи амнияти иқтисодӣ омилҳои зиёде метавонанд таъсиргузор бошанд, аммо асоси онро дар шароити иқтисодиёти бозоргонӣ, рушди фаъолияти соҳибкорӣ ташкил медиҳад.
Бояд зикр намуд, ки дар Консепсияи амнияти миллии ИМА, ки ҳанӯз соли 1954 таҳия шуда аст, оид ба ин масъала чунин қайд гардидааст: «Муҳофизат ва ҳавасмандгардонии рақобати озод, рушди соҳибкории хурду миёна асоси натанҳо шукуфоии иқтисодӣ, балки амнияти миллии тамоми кишвар мебошад».
Ҳоло дар кишварҳои аз лиҳози саноатӣ тараққикарда маҳз соҳибкорӣ заминаи иҷтимоии иқтисоди миллӣ, суботи сиёсии ҷомеа ва давлат буда, ҳисаи он дар истеҳсоли ММД беш аз 50 дарсадро ташкил медиҳад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рушди устувори минбаъдаи худрро дар шакли индустриалӣ ва инноватсионӣ пешбинӣ кардааст ба рушди бахши хусусӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ, махсусан соҳибкории инноватсионӣ бо дарназардошти нақши муҳим доштанаш дар ҳалли масоили иқтисодию иҷтимоми мамлакат, ғанӣ гардонидани имкониятҳои буҷети давлатӣ ва ноил гардидан ба ҳадафу афзалиятҳои дар доираи ҳуҷҷатҳои муҳими стратегӣ, муайян гардида, диққати махсус зоҳир намуда, дар ин самт пайваста тадбирҳои муассири давлатӣ, андешида мешаванд.
Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки дар замони муосир бе таъмини рушди саноат ва татбиқи дастовардҳои илмӣ-инноватсионӣ дар истеҳсолот ба мувафақиятҳо ноил гаштан ғайриимкон аст.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки инноватсияҳое, ки дар технологияҳои нав, маҳсулот ва таҷҳизот, хизматрасонӣ, дар равандҳои нави ташкил ва такмили ихтисоси кадрҳо инъикос ёфтаанд, рақобатпазирии баланди иктисодиётро таъмин мекунанд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки ҳоло дар мамлакатҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ пешрафта ҳиссаи афзоиши ММД аз ҳисоби истифодаи инноватсияҳо 70-80 дарсадро ташкил медиҳад. Илова бар ин, таҳия ва ҷорӣ намудани инноватсияҳои технологӣ дар кишварҳои тараққикарда, ба монанди Германия -71,8 дарсад, Белгия-53,6%, Эстония – 52,8%, Финляндия -52,5 фоиз ва Шветсия 49,6 то 72 дасадро ташкил медиҳад. Аммо дар кишвари мо, бо сабабҳои гуногун ин нишондиҳанда чандон назаррас нест.
Бо дарназардошти вазъи мавҷуда, ҳоло ҳукумати мамлакат ҳамаи захираву имкониятҳоро барои таҷдиду бунёди инфрасохтори иқтисодиву иҷтимоӣ, ворид намудани технологияҳои ҳозиразамон, фароҳам овардани фазои мусоид барои сармоягузориву соҳибкорӣ, рушди бахши хусусӣ ва ба ин васила таъмини амнияти иқтисодӣ сафарбар кардааст.
Маҷмӯан, ҳоло барои фаъолияти соҳибкорӣ, махсусан, соҳибкории истеҳсолӣ, қариб 110 (50% имтиёзҳои андозӣ) номгўи имтиёзҳо пешбинишуда, субъектҳои соҳибкориро зарур аст, ки имтиёзҳо ва сабукиҳои пешбининамудаи қонунгузориро самаранок истифода баранд ва низоми пардохти андозро пурра, риоя намоянд.
Ислоҳоти доир ба беҳтар намудани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ амалигардида имкон дод, ки дар давоми даҳ соли охир нишондиҳандаҳои макроиқтисодии кишвар дар сатҳи устувор нигоҳ дошта, рушди воқеии иқтисодиёт ба ҳисоби миёна 7 фоиз таъмин карда шавад.
Дар натиҷаи дастгирии пайвастаи давлату Ҳукумат ҳоло 70 фоизи ММД аз ҳисоби бахши хусусӣ таъмин карда мешаванд, ки ин нисбат ба соли 1998 тақрибан 2,5 маротиба зиёд мебошад. Қариб 80 фоизи пардохтҳои андозии буҷети давлатӣ ва 67 фоизи аҳолии аз лиҳози иқтисоди фаъол низ аз ҳисоби бахши хусусӣ таъмин мегардад.
Дар натиҷаи дастгирии пайвастаи давлату Ҳукумат тавассути татбиқи ислоҳоти зарурӣ фазои мусоиди соҳибкориву сармоягузорӣ фароҳам гардида, муколама ва шарикии давлат бо бахши хусусӣ дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ низ густариш ёфта, Тоҷикистон се маротиба ба даҳгонаи давлатҳои ислоҳотгар шомил гардид.
Гарчанде, дар самти рушди фаъолияти соҳибкорӣ, махсусан соҳибкории инноватсионӣ тамоюлҳои мусбат ба назар расад ҳам, вале раванди дастгирии давлатии соҳибкорӣ вобаста ба вазъ ва рушди муносибатҳои бозорӣ дар кишвар, инчунин шароити зудтағйирёбанда ва вазъи шиддатноки ҷаҳони муосир ва дар ин замина таъмини амнияти иқтисодӣ талаб мекунад, ки ислоҳот дар ин самт минбаъд низ, идома дода шавад, аз ҷумла тадбиқи масъалаҳои зерин мувофиқи мақсад шуморида мешавад:
- Бо дарназардошти имкониятҳои мавҷуда таҳияи Стратегияи амнияти иқтисодӣ. Ба андешаи мо, ин ҳуҷҷат бояд пеш аз ҳама ба нигоҳ доштани нерӯи кофии илмӣ, техникӣ ва истеҳсолӣ равона карда шавад;
- Тақвияти рушди технологияҳои рақамӣ. Ин раванд барои рақобатпазир гардонидани иқтисодиёт аз ҷумлаи шарти асосӣ ба шумор меравад. Илова бар ин, ҷоннок намудани корҳо ҷиҳати васеъ ҷорӣ намудани дастовардҳои илмии воқеан амалишаванда дар истеҳсолот ва афзоиш додани ҳаҷми маблағгузориҳо барои анҷоми корҳои илмӣ-тадқиқотӣ;
- Муҳаё сохтани шароити мусоид ҷиҳатии дастрасии кофи пайдо намудани соҳибкорон, махсусан соҳибкорони дар соҳаи саноат фаъолияткунанда ба захираҳои қарзӣ-молиявии дарозмӯддат ва боз ҳам вусъат бахшидани чорабиниҳо доир ба ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ дар самти ташкили фаъолияти инноватсионӣ;
- Ҳарчи зудтар бартараф кардани масъалаҳои нокифоя будани ҳаҷми қарздиҳӣ ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ, беҳтар намудани сатҳи идоракунии корпоративӣ ва зиёд намудани ҳаҷми маблағгузорҳо ба рушди корхонаҳои истеҳсолӣ;
- Таҳлилу арзёбии эътимоднок доир ба ҳимояи давлат аз таҳдиду хатарҳои дохилӣ ва берунӣ;
- Таҳияи санади меъёрии ҳуқуқии дахлдор бо мақсади аз байн бурдани ҳолатҳои санҷиши ғайриқонунӣ ё дахолат ба фаъолияти сармоягузорону соҳибкорон;
- Муқовимат ба таҳдиду буҳронҳо, ташаккули имконияту захираҳои молиявии ба рушд нигаронидашуда, таъмин намудани гуногунсамтии иқтисодиёт;
- Васеъ ҷорӣ намудани хатҳои нави технологӣ ва нигоҳ доштани таназзули фондҳои истеҳсолӣ;сатҳи пасти рақобатпазирии маҳсулот;аз даст додани бозорҳои беруна ва дохилии маҳсулот;
- Омилҳои асосии амнияти иқтисодӣ ва рушди пай дар пайи он кадрҳои баландихтисос, захираҳои дахлдори моддӣ, зеҳнӣ ва иттилоотӣ мебошанд. Вобаста ба ин, фаъолиятҳо оид ба таъмини амнияти иқтисодӣ самтҳои асосии зеринро бояд дар бар гиранд:
- идоракунии самарабахши кадрҳо;
- ҳифзи сарватҳои моддӣ ва молиявӣ;
- ҳифзи моликияти зеҳнӣ;
- ҳифзи захираҳои иттилоотӣ.
Дар маҷмӯъ, ҳаминро метавон хулоса намуд, ки соҳибкорӣ ва рушди бахши хусусӣ дар таъмини амнияти иқтисодии кишвар нақши муҳим дошта, ҳар қадаре, ин бахши муҳими иқтисодиёт рушду тараққи кунад, ҳамон андоза кафолати амнияти иқтисодии мамлакат таъмин хоҳад гашт.
Ҳарчанд, ки дар натиҷаи мунтазам амалӣ гардидани тадбирҳои судманд дар самти беҳтар намудани фазои соҳибкорию сармоягузорӣ ба баланд гардидани мавқеъи байналмилалии Ҷумҳури Тоҷикистон оид ба ташкил ва пешбурди соҳибкорӣ тамоюлҳои мусбат мушоҳида гардад, ҳам вале ҳануз ҳам дар ин самт масъалаҳои зиёди ҳалталаби дигар, ки мо онҳоро болотар гуфта гузаштем ҷой доранд. Бинобар ин, идома додани ислоҳот дар ин масир, яъне то вақте, ки бахши хусусӣ, соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва истеҳсолкунандагони ватанӣ дар сатҳи байналмилалӣ қобили рақобат ва фазои сармоягузории кишвар аз рӯи ҳамаи нишондиҳандаҳо мусоид нагардад мувофиқи мақсад шуморида мешавад.
Одианаев А.И.,
сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои
соҳибкорӣ ва рушди бахши хусусӣ