Вобаста ба хусусиятҳои хоси равандҳои муосир ва боло рафтани авҷи рақобатҳои геополитикӣ миёни қудратҳои ҷаҳонӣ ҳар як масъалаи кӯчак ва ё хоси минтақа ва кишварҳо метавонад ба абзори геополитикӣ табдил ёфта, аз ҷониби абарқудратҳо ҳамчун корти сиёсӣ истифода гардад. Аз ин рӯ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, таъмини амнияти миллӣ ва ҳифзи субот барои ҳар як давлат ва соҳибдавлат ҳадафи усулӣ ба шумор рафта, пояндагӣ ва бардавомии зуҳури он маҳз аз амалӣ намудани ин ҳадафҳо вобастагии амиқ дорад.
Дар шароити муосири сиёсати ҷаҳонӣ мушкилоте аз қабили болоравии хатари терроризму ифротгароӣ, бархурди манфиатҳои кишварҳои абарқудрат ва ба вуҷуд омадани низоъҳои мусаллаҳона дар марзи давлатҳо ва дигар хатару таҳдиҳое, ки ҷомеаи ҷаҳониро фаро гирифтаанд, давлатҳои миллиро зарур аст, ки дар баробари таъмини рушди устувор, ба масъалаи таъмини амнияти миллӣ ва иқтидори мудофиавии хеш таваҷҷуҳи ҷиддӣ равона намоянд. Дар ин раванд Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил ва воҳид дар низоми байналмилалӣ аз фишор ва таъсири ин таҳдидҳо дар канор набуда, ба масъалаи ҳифзи амният ва ваҳдату субот, ҳам дар сатҳи дохилидавлатӣ ва ҳам дар сатҳи минтақавию байналмилалӣ таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир менамояд.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чанд маротиба дар паёмҳои худ ба таври муфассал иброз доштанд, авзои сиёсии сайёра сол то сол ноорому бесубот гардида, боиси ташвишу нигаронии ҷиддии ҷомеаи ҷаҳон шуда истодааст. Ин вазъият самаранокии мубориза бо хатару таҳдидҳои замони муосирро коҳиш дода, баръакс, боиси пуштибонӣ ёфтани гурӯҳҳои террористиву ифротгаро аз ҷониби баъзе доираҳо ва истифодаи ин нерӯҳои даҳшатнок ба муқобили минтақаву давлатҳои алоҳида мегардад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери раҳбарии Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тӯли 30-соли Истиқлоли давлатӣ тавонистанд кишвари моро аз ҳолати ҷанги таҳмилии шаҳрвандиву буҳрони мутлақи иқтисодӣ, парешонии арзишиву бечорагии иҷтимоӣ наҷот дода, ба роҳи ваҳдату ягонагӣ, рушду субот ва сарбаландиву ифтихор бирасонанд. Таърих собит менамояд, ки дар роҳи расидан ба ҳадафҳои асосии рушди устувор нақши суботу амният ва ваҳдату ягонагии ҷомеа мавқеи меҳварӣ дошта, танҳо бо дарки амиқи ин асл таъмини иҷрои он имконпазир мегардад.
Вақте мо дар бораи мафҳуми “Ваҳдати миллӣ” сухан мегӯем, онро на ҳамчун як ҳодисаи алоҳидаи сиёсӣ, балки ҳамчун як зарурати ҳаётӣ дар назар дорем, зеро дар ин марҳалаи мураккаби таърихӣ ва дар ин муҳити пурошӯби минтақавӣ таҳкими ваҳдати миллӣ ва муътадил нигоҳ доштани фазои сиёсию идеологии ҷомеа барои давлатдории тоҷикон аҳамияти сарнавиштсоз дорад.
Дар замони таҳаввулёбии равандҳои геополитикии ҷаҳонӣ, ноустувории амнияти минтақавӣ ва боло рафтани таҳдиду хатарҳои хусусияти идеологӣ дошта, маҳз ғояи Ваҳдати миллӣ метавонад ҳамчун омили баланд бардоштани худшиносии миллӣ миёни ҷавонони мо баромад намояд.
Воқеан, устувории Ваҳдати миллӣ буд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист дар кӯтоҳтарин муддат ба чунин дастовардҳои назарраси иқтисодию иҷтимоӣ бирасад. Маҳз сиёсати сулҳофарини Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон дод, ки кишвари фарҳангбунёду арзишмеҳвари мо бо қадамҳои устувор ба марҳалаи нави рушди давлатдории миллӣ ворид гардад. Вобаста ба ин, ҳифзи Ваҳдати миллӣ ва таҳаввули он ба арзиши ҷамъиятӣ вазифаи ҷонии ҳар як шаҳрванди ин сарзамин дониста мешавад.
Мутаассифона, бархе аз гуруҳҳои манфиатҷӯ ва фирефтаи таъсири қувваҳои хориҷӣ бе дарки умқии заруратҳои меҳварии ҳифзи суботу амният ва бе шинохти воқеии дастовардҳое, ки дар ин марҳила мардуми сарбаланди кишвар зери раҳбарии фарзанди фарзонаи ин сарзамин, Пешвои муаззами миллат ба даст овардаанд, кӯшиш менамоянд, ки кишварро дубора дар рӯбарӯи набардҳои манфиатҳои пучи худ оҷиз гардонанд. Ин гурӯҳҳои бехабар аз мафҳумҳои волои ҳуввияти миллӣ ва холӣ аз арзишҳои худшиносӣ олуфтаи ҳадафҳои нопоки худ гашта, бо ишора ва мудирияти хоҷагони хориҷии худ вазъи мӯътадили ватани азизи моро мехоҳанд дубора халалдор намоянд.
Хушбахтона, мардуми сарбаланди Тоҷикистони азизу муқаддаси мо аллакай ин таҷрибаи талхи таърихиро хуб дарк намуда, ба ҳеҷ ваҷҳ имкон намедиҳанд, ки кишвар дубора ба он олуда гардад. Таъмини рушди босуботи ватани маҳбуби мо вазифаи муқаддаси ҳар як сокини ин сарзамин буда, ҳифзи ваҳдату амният ба қарзи ҷонии ҳар як шаҳрванди соҳибдавлат мубаддал гаштааст.
Бахтиёр Холиқов,
Коршиноси масоили сиёсӣ