НАТИҶАГИРИИ ДАСТОВАРДҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИЁТИ КИШВАР ДАР СОЛИ 2025: ПЕШГУЙИҲО ВА ВОҚЕИЯТ

Бо вуҷуди пешравиҳои зикргардида, Ҳукумати мамлакат, вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор карда мешаванд, ки иҷрои саривақтиву босифати барномаву нақшаҳои қабулгардида ва дар ин замина рушди иқтисоди кишварро дар соли 2025-ум дар сатҳи на кам аз 8 фоиз таъмин намоянд.
(Аз Паёми Президенти ҶТ ба Маҷлиси Олӣ, 28.12.2024)
Муътадил нигоҳ доштани суръати рушди воқеии иқтисодиёти кишвар ва дар маҷмуъ, нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, бахусус дар заминаи татбиқи босамари барномаву нақшаҳои қабулгардида, яке аз вазифаҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад.
Қайд намудан зарур аст, ки дар «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» суръати воқеии рушди иқтисодиёти мамлакат дар соли 2025-ум ба ҳисоби миёна 8,0 дарсад пешбинӣ гардида буд.
Тибқи нақшаи дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2027», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз якуми июни соли 2024, №328 ба тавсиб расидааст, ин рақам дар давоми соли 2025-ум дар сатҳи на кам аз 8,1 дарсад арзёбӣ гардида буд.
Нишондиҳандаи мазкурро баъзе ниҳоду созмонҳои бонуфузи байналмилалии молиявии ҷаҳонӣ, аз ҷумла Бонки Ҷаҳонӣ — 6,0 дарсад, Бонки Осиёии Рушди — 7,4 дарсад, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд -7,5 дарсад ва ниҳоят Хазинаи Байналмилалии Асъор дар сатҳи — 6,7-8,0 дарсад пешгуйӣ карда буданд.
Сохтору ниҳодҳои байналмилалии молиявии зикргардида, баъзе сабабҳои асосии чунин вазъро дар соли 2025 дар таъсири омилҳои манфии зерин арзёбӣ намуда буданд:
 Коҳиш ёфтани суръати рушди иқтисодиёти ҷаҳонӣ, бахусус дар заминаи вазъи мураккаб ва пешгуйинашаванда ҷаҳони муосир, зиёд гардидани мушкилоту масъалаҳои тиҷоратӣ, хусусан канда шудани занҷираҳои таъминоти молу маҳсулот, кор ва хизматрасониҳо дар сатҳи глобалӣ;
 Ноустувории нархи ашёи хом, ва дар ин замина коҳиш ёфтани ҳаҷми даромад аз содиротӣ маҳсулот, инчунин коҳиш ёфтани ҳаҷми интиқоли маблағ аз ҷониби муҳоҷирони меҳнатӣ ва зиёд гардидани вобастагии мамлакат аз таъсири омилҳои берунӣ;
 Паст рафтани қурби асъори миллии шарикони муҳимми иқтисодиву тиҷоратӣ, коҳиши нархи тилло ва талабот ба маҳсулоти содиротӣ, аз ҷумла металлҳои ранга, маъданҳо ва маснуоти саноати дӯзандагӣ ва бофандагӣ;
 Паст гардидани суръати сатҳи рушди иқтисодиёти кишварҳои муҳимми шарики стратегӣ, бархурди дурушти Русия нисбат ба муҳоҷирони корӣ, раванди глобалии тағйирёбии босуръати иқлим.
Пешгуйиҳои ниҳодҳои баёнгардида то кадом андоза асоси воқеъӣ дошта, дурнамои нишондиҳандаҳои макроиқтисодии мамлакат дар соли 2025-ум то чӣ андоза таъмин гардиданд?
Натиҷаҳои таҳлил доир ба масъалаи гузошташуда муайян намуданд, ки соли 2025 дар натиҷаи татбиқи босамари мақсаду вазифаҳои дар доираи барнома ва стартегияҳои қабулгардида, пешгирии хавфу хатарҳои эҳтимолӣ ва таъсири онҳо ба рушди иқтисоди миллӣ, инчунин таъмини иштироки фаъоли бахши хусусӣ ва соҳибкорӣ, хусусан соҳибкории истеҳсолӣ дар раванди амалӣ гардидани ҳадафҳои стратегии кишвар ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 176,9 млрд сомониро ташкил дода, суръати рушди воқеии он, ба ҳисоби миёна дар сатҳи 8,4 дарсад таъмин гардидааст.
Дар муътадил ва устувор нигоҳ доштани чунин тамоюли рушди иқтисодиёти мамлакат дар соли сипаригардида, бахшу соҳаҳои зерин нақши муҳимму ҳалкунанда доштанд. Тибқи таҳлилҳо соли 2025 суръати рушди истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ — 22,1 дарсад, кишоварзӣ — 9,5 дарсад, гардиши савдо- 13,9 дарсад, мусофиркашонӣ- 10,9 дарсад, хизматрасонии пулакӣ — 13,2 дарсад, боркашонӣ — 15,2 дарсад ва маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ — 23 дарсад таъмин гардидаст.
Дар ин росто, андешидани чораҳои зарурӣ дар самтҳои зерин нақши муҳимму ҳалкунда доштанд, аз ҷумла:
 Таъмини раванди саноатикунонии босурати мамлакат ва дар ин замина ташкили 400 корхонаи нави саноатӣ бо 2422 ҷойи нави корӣ;
 То 2,7 дарсад ё 517,9 миллион доллари ИМА зиёд гардидани ҳаҷми содироти маҳсулоти саноатӣ;
 То 22,5 миллион доллари ИМА ё 39,7 дарсад афзоиш ёфтани содироти маҳсулоти кишоварзӣ;
 Таъмини иштироки фаъоли бахши хусусӣ, соҳибкорон ва саҳми онҳо дар рушди иҷтимоиву иқтисодӣ;
 Фаъолона муаррифӣ гардидани имкониятҳои сармоягузорӣ, бахусус дар бахшҳои афзалиятнок. Бо ин мақсад, танҳо дар соли сипаригардида, дар заминаи ташкилу баргузории беш аз 12 форуму ҳамоишҳои тиҷоратию сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ, имкониятҳои сармоягузории кишвар муаррифӣ гардиданд. Танҳо дар доираи баргузории Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест-2025» дар маҷмуъ, 52 созишномаҳои ҳамкорӣ ба маблағи 4,1 млрд доллар ба имзо расид;
 Тақвияти раванди дастгирии рушди соҳибкорӣ ва дар ин замина то 15242 адад зиёд гардидани шумораи субъектҳои соҳибкорӣ;
 Аз 7,6 млрд сомонии соли 2024 то ба 8,2 млрд сомонӣ расидани ҳаҷми пешниҳоди қарз ба рушди соҳибкории истеҳсолӣ;
 Ниҳоят таъмини самаранокии сатҳи иҷрои мақсаду вазифаҳои дар барномаву стартегияҳои давлатӣ пешбинигардида.
Ҳамин тавр, дар заминаи чунин факту рақамҳо хулоса карда мешавад, ки пешгуйиҳои ниҳодҳои баёнгардида чандон асоси воқеъи надоранд, зеро суръати рушди воқеии иқтисодиёти мамлакат дар соли 2025 нисбат ба дурнамо 03-04 дарсад, пешгӯийҳои Бонки Ҷаҳонӣ — 2,4 дарсад, Бонки Осиёии Рушд — 1,0 дарсад, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд — 0,9 дарсад ва ниҳоят Хазинаи Байналмилалии Асъор дар сатҳи 0,4-1,7 банди фоизӣ зиёд мебошад.
Дар баробари ин, Бонки Осиёии Рушд сатҳи таваррумро дар соли 2025-ум, бо таъсири омилҳои манфии зерин, аз ҷумла афзоиши ҳаҷми қарзҳои истеҳсолӣ, баланд гардидани музди маоши хизматчиёни давлатӣ, андозаи нафақа ва тарифҳои хизматрасониҳои комуналӣ, ба андозаи 5,0 дарасад пешгӯйи карда буд, аммо дар ин давра, бовуҷуди ноустувор будани авзои ҷаҳони муосир ва таъсири дигар омилҳои манфии берунӣ, сатҳи таваррум дар мамлакат 3,5 дарсадро ташкил дода, нисбат ба ояндабинии ниҳоди мазкур 1,5 банди фоизи кам мебошад.
Илова бар ин, дар давраи таҳлилӣ сатҳи қурби расмии сомонӣ нисбат ба доллари ИМА ба андозаи 15,4 фоиз устувор гардида, ҳаҷми қарзҳои додашуда 30,0 млрд сомониро ташкил намуда, ки ин нисбат ба соли 2024-ум 22,1 дарсад зиёд мебошад. Ҳамзамон дар ин давра, яъне давоми солҳои 2024-2025 ҳиссаи соҳаи истеъмолот дар ҳаҷми умумии қарзҳои пешниҳодгардида, на зиёд, балки ба андозаи 4,5 банди фоизи кам ва ҷалби қарз, сармоя, бахусус сармоягузориҳои мустақим ба низоми бонкии кишвар бошад 43,4 дарсад зиёд гардидааст.
Факту рақамҳои баёнгардида бешубҳа далели возеҳу равшани он аст, ки соли 2025-ум сарфи назар аз таъсири манфии омилҳои беруна ва дигар таҳдиду хатарҳои ҷойдошта, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муяссар гардидаст, ки дурнамои нишодиҳандаҳои рушди иқтисоди миллиро дар заминаи нақшаву барномаҳои қабулгардида барзиёд таъмин намуда, пешгӯйиҳои институтҳои молиявии байналмилалии ҷаҳонӣ вобаста ба и н масъала чандон асоси воқеӣ надоштанд.
Зиёда аз ин, хулоса карда мешавад, ки мақсаду вазифаҳои муайянгардида ва дар ин замина таҳияи дурнамои рушди иқтисодиёти кишвар дар асоси нақшаи дурбинона, кафолатнок ва воқеан амалишаванда пешбинӣ гардидаанд.
Дар маҷмуъ, бо вуҷуди он ки нишондиҳандаҳои рушди иқтисодиёти кишвар дар соли сипаригардида, муътадил арзёбӣ гардад ҳам, аммо вазъи зудтағйирёбанда ва мураккабу пешгӯйинашавандаи ҷаҳони муосир талаб менамояд, ки дар самти татбиқи саривақтӣ ва босамари иҷрои мақсаду вазифҳои дар барномаву стартегияҳои давлатӣ пешбинигардида, пеш аз ҳама, ба иқтидору имкониятҳои дохилии кишвар бештар такя намуда, маҳз дар ҳамин асос суръати баланди рушди иқтисодиёти мамлакат ва рақобатпазир гардонидани онро таъмин намоем.
Дар ин самт, захираву имкониятҳои фарохи ҳанӯз истифоданашуда, ва зимнан мунтазам баланд бардоштани нишондиҳандаҳои рушди устувору босифати иҷтимоиву иқтисодии мамлакат хеле зиёданд.
Гарчанде суръати рушди иқтисоди миллӣ дар қиёс бо дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ нисбатан баланд арзёбӣ гардад вале то рафт авҷ гирифтани рақобатҳои шадиди тиҷоративу иқтисодӣ дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон моро водор менамояд, ки минбаъд, хусусан дар соли ҷорӣ, ба масъалаҳои таъмини рушди технологияҳои рақамӣ, зеҳни сунъӣ, саноатикунонии босуръат, инчунин татбиқи васеи технологияҳои инноватсионӣ дар истеҳсолот, истифодаи имкониятҳои транзитӣ ва сайёҳӣ, дастгирии рушди соҳибкорӣ, беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ ва дар ин замина таъмини суръати рушди устувори иқтисоди миллӣ дар сатҳи на кам аз 8 дарсад дар соли 2026-ум боз ҳам, таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда шавад.
Наҷмуддинов М.С.
Мутаххасиси пешбари Раёсати таҳлил ва
ояндабинии масъалаҳои соҳибкорӣ ва бахши хусусӣ