МАТБУОТИ МИЛЛӢ ВА ФАРҲАНГИ ИТТИЛООТӢ: МИЗИ ГИРД ДАР МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ
11 марти соли 2026, бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик, дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи гирд таҳти унвони «Матбуоти миллӣ ва фарҳанги иттилоотӣ» баргузор гардид.
Чорабиниро муовини якуми директори Марказ Ораз Муртазозода ифтитоҳ намуда, таъкид кард, ки имрӯз, 11 март, аз нашри нахустин рӯзнома ба забони тоҷикӣ — «Бухорои Шариф» 114 сол сипарӣ гардид. Маҳз 11 марти соли 1912 дар шаҳри Бухоро ин нашрияи таърихӣ ба табъ расида, ба дасти хонандагон расид ва оғози марҳалаи нави рушди журналистикаи миллӣ гардид. Бо дарназардошти ин рӯйдоди муҳим, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», аз соли 1994 инҷониб 11 март ҳамчун Рӯзи матбуоти тоҷик дар саросари кишвар расман таҷлил мегардад. Ин сана иди касбии кормандони соҳаи иттилоот, нашрияҳо ва табъу нашр ба ҳисоб меравад.
Ораз Муртазозода ҳамчунин зикр намуд, ки дар давоми 35 соли истиқлолият, ки Тоҷикистон марҳалаҳои гуногуни таърихиро паси сар намуд, аҳли журналистика бо қалами худ моҳият ва аҳамияти истиқлолиятро ба ҷомеа шарҳ дода, ҳисси ифтихори ватандориро таҳким бахшиданд. Онҳо инчунин симои воқеии Тоҷикистони соҳибистиқлол, таъриху фарҳанги куҳан, сулҳу субот ва ваҳдати миллиро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуданд.
Дар мизи гирд инчунин бо маърӯзаҳои худ муовини директори Марказ Лоҳутӣ Шарифзода дар мавзуи “Такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи матбуот: мушкилот ва дурнамо”, сардори Раёсати таъмини иттилоотии Марказ Бахтиёр Ҳамдамов дар мавзуи “Дурнамои рушди матбуот дар замони муосир” ва котиби матбуотии Марказ Ибодат Давлатова дар мавзуи “Матбуоти тоҷик — омили ташаккули афкори ҷомеа ва таҳкими истиқлолият” баромад намуданд.
Зикр гардид, ки дар ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд воситаҳои ахбори омма яке аз омилҳои муҳими таъсиррасон ба андешаи ҷамъиятӣ маҳсуб мешаванд. Озодии баён, дастрасӣ ба иттилоот ва фаъолияти мустақили расонаҳо аз шартҳои асосии рушди устувори ҷомеа ба шумор мераванд. Тибқи Моддаи 30-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар шахс озодии сухан, нашр ва истифода аз воситаҳои ахбори омма кафолат дода шудааст. Ин меъёри конститутсионӣ далели равшани сиёсати давлат дар самти таъмини муҳити боз ва шаффофи иттилоотӣ мебошад.
Гуфта шуд, ки давраи истиқлолият барои матбуоти тоҷик марҳалаи нави рушд ва истифодаи техника ва технологияҳои рақамӣ фароҳам овард. Имрӯз нашрияҳо ва платформаҳои электронӣ на танҳо манбаи иттилоъ, балки минбари таҳлил, баҳс ва пешниҳоди андешаҳои созанда мебошанд. Ин раванд ҳамзамон масъулияти журналистонро барои пешниҳоди иттилооти дақиқ ва таҳлилӣ афзун мекунад.
Зимни мубодилаи афкор зикр карда шгуд, ки матбуоти тоҷик дар тӯли зиёда аз як аср роҳи пурмасъулият ва пуршарафро тай намудааст ва минбаъд низ ҳамчун минбари андеша, воситаи тарғиби арзишҳои миллӣ ва омили муҳими пешрафти ҷомеа хизмат хоҳад кард.




Хадамоти матбуотии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон