Муддати қариб сӣ сол аст, ки сокинони кишвари азизамон–Тоҷикистони биҳиштосо аз баракати соҳибистиқлолӣ дар фазои орому осудаи сиёсӣ Баҳори оламафрӯз ва Наврӯзи дилафрӯзро истиқбол мегиранд. Бо шарофати Истиқлолият, Наврзи Аҷам домани густурда пайдо карду ба ақсои олам роҳ гирифт ва ба як чорабинии бузурги байналмилалӣ табдил ёфт.
Қабул гардидани қарори Шӯрои 64-уми Ассамблеяи генералии Созмони Миллали Муттаҳид, аз 26 феврали соли 2010, дар бораи дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷлил намудани Наврӯз бояд мояи ифтихори ҳар яки мо бошад. Ангуштшуморанд чорабиниҳое, ки ба як ё чанд халқу миллат мансубанду баъдан ба доираи васеъ роҳ ёфта, ба ифодаи дигар байналмиллалӣ мегарданд.
Ёзадаҳум сол аст, ки аксари кишварҳои олам пайи татбиқи қарори Ассамблеяи генералии Созмони Миллали Муттаҳид бо ҳусни таваҷҷҳи зиёда Наврӯзро таҷлил менамоянд.
Инак, ба сарзамини кишварамон боз Баҳор омад. Баҳоре, ки бартарафкунандаи сардиҳою эҳёгари табиат аст, омаданашро тамоми мавҷудоти олам чашминтизорӣ мекунанд.
Нахли умеду орзуҳо бо шарофати рангу ҷилои тоза ва нафаси гарму ҷонбахшои Баҳор дар қалби ҳар яки мо бедор мегардад.
Наврӯзи дилафрӯз қосиди Баҳор асту аз бедории табиат, аз оғози фасли гулбасар ва оғози кишту кор мужда медиҳад.
Наврӯзие, ки ифодакунандаи рамзи эҳёи табиат, чун оғози тоза ва нишони ҷовидонаи зиндагӣ, сарчашмаи хуррамӣ, покизагиву зебоӣ, ҳамчун мероси гаронбаҳои аҷдодии мардуми Шарқ, алалхусус тоҷикон, ҳазорсолаҳост, ки арзи ҳастӣ дораду акнун дар саросари олам тантана мекунад.
Замоне идеологияи шӯравӣ ҳукмронӣ дошт, Наврӯзро ҳамчун мероси хурофотпарастон мамнӯъ дониста, муддате монеи таҳким ва рушду нумӯи ин ҷашни бостонӣ гардида буд. Шукронаи беинтиҳо, ки Истиқлолияти давлатии кишвар Наврӯзро ҳамчун мероси милливу аҷдодӣ шукӯҳу нусрат бахшид. Бо моҳияти бузурги тарбиявиаш Наврӯз ҳазорсолаҳо фаромш нагардид, балки дар қарни 21-ум мақоми ҷаҳонӣ пайдо кард.
Бояд тазаккур дод, ки боиси ифтихор аст ки дар қабули қарор доир ба ҷашни байналмилалӣ эълон гардидани Наврӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми арзанда дорад.
Тоҷикон бо мероси пурарзиш ва гаронбаҳои худ– ҷашни Наврӯзи дилафрӯз, ки саросар аз ойинҳои неки зиндагиомӯз иборат аст, дар миёни халқҳои олам эътибору шҳрати зиёдаро сазовор гардиданд.
Барои оламиён бори дигар собит гардид, ки мероси пурғановату фарҳангии миллати тоҷик, ки ҷашни Наврӯз аз ҷумлаи онҳост, дар тарбияи ҷомеаи ҷаҳонӣ, махсусан, дар таҳкими ваҳдати халқияту миллатҳо ва дину мазҳабҳои гуногун дар оянда хизматҳои арзишманд хоҳад намуд.
Аҳамият ва мақому мартабаи баланд доштани Наврӯзро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар рушду нумӯи он хизмати арзишманд намудааст, тавсиф намуда, қайд кардаанд:
«Наврӯз иди поку беолоиши мардумист, ки ба дастархони ҳар хонадон файзу баракат меорад, аз зиндагии серу осуда мужда мерасонад ва ба кишоварзону деҳқонон кушоиши кор ато менамояд»
Ҳамеша ба ягонагӣ, ору номус ва ҳимояи Ватан омода будан аз фалсафа ва ҳикмати бузурги Наврӯз маҳсуб ёфта, ҳамчунин, ин ҷашни бузург анъанаҳои ахлоқӣ ва таърихии халқро дар худ таҷассум намудааст.
Дар оғози сол дар айёми фарорасии Баҳор ва рӯзҳои таҷлили Наврӯз, ки рамзи покизагии ҳаёт аст, дар дил парваридани орзуву ниятҳои нек ҳамеша касро ба муроду мақсадҳои наҷиб мерасонад гуфта таъкид медоштанд гузаштагонамон.
Ёдовар шудани ин нукта аз он хотир зарур аст, ки имрӯз дар саросари кишварамон фазои ором ва амнияти воқеӣ ҳукмрон аст. Барои фаъолияти бисёрҷабҳа ва рушду равнақи кишварамон ин гуна шароит мусоидати комил менамояд.
Ҳамеша баҳри ҳифзи оромӣ ва афзун гардонидани дигар дастовардҳои халқу кишварамон, ки боиси рузгори пурсаодатамон гардидаанд, бояд ҷидду ҷаҳди қавӣ намоем. Дар паҳлуи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайи татбиқи сиёсати хирадмандонаи ин марди воқеан халқпарвар, созандаву бунёдкор кӯшиш ба харҷ диҳем.
Бояд ба воқеаҳои сиёсии ҷаҳон баҳои ҳаққонӣ дода, душворӣ ва мушкилоти ду даҳсола пештари ҳаёти халқу кишварамонро пеши назар оварда, ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надода, барои дубора такрор нашудани ҳодисаву воқеаҳои барои халқу миллат нангин роҳ надиҳем.
Яке аз талаботи оинҳои наврӯзӣ ба роҳ мондани корҳои ободонию созандагист. Аз ҳамин хотир аст, ки мардум қабл аз Наврӯз хонаву дар, кӯчаву деҳу диёри худро тозаву озода менамуданд. Ин анъанаро пас аз Наврӯз ҳам идома медоданду бо ин васила ба ободкориҳои бисёр комёб мешуданд.
Аз тарафи Роҳбарияти кишварамон дар арафаи ин ҷашни фархунда эълон гардидани ҳашарҳои ободонӣ аз ҷумлаи тадбирҳои муассир ҷиҳати ба корҳои ободонӣ сафарбар намудани кулли шаҳрвандон ба шумор меравад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид менамоянд, ки барои ба яке аз кишварҳои беҳтарину дидании ҷаҳон табдил ёфтани кишари азизамон, ки орзуи ҳар яке аз сокини мамлакатамон аст, заҳмати зиёд кашиданамон зарур аст. Барои ба ин мақсад ноил гардидан, пеш аз ҳама, ҳар яки мо бояд дар ободӣ, тозаву озода нигоҳ доштани маҳалли зист ва кору таҳсили худ кӯшиш намоем. Ин вазифаи ватандӯстонаву шаҳрвандии ҳамаи мо ва вазифаи инсонии ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа мебошад.
Бояд гуфт, ки ҳадаф аз «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019–2021 боз ҳам обод гардонидани саросари кишварамон ба шумор меравад. Барои ба ин ҳадафҳо расидан имкониятҳои зиёд мавҷуданд, ки аз он оқилонаву самаранок истифода бурдан зарур аст.
Маврид ба зикр аст, ки дар нақшаи бунёдкориву созандагиҳои кишварамон ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳазорҳо иншооти таъйиноти гуногун дарҷ гардида буданд, ки давоми солҳои 2018–2019 шумораи зиёди онҳо бунёду ба истифода дода шуданд. Итминони комил аст, ки то арафаи Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар аз нақшаи тасдиқгардида иншооти гуногун бунёд гардида, моро на танҳо барои сазовор истиқбол гирифтани ин бузургтарину муқаддастарин ҷашни миллиамон муваффақ мегардонад, балки дар баробари ин дар беҳдошти сатҳу сифати рӯзгори сокинонамон мусоидати комил менамояд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар санаи 18-уми марти соли 2020 ба таври анъана ва мулоқоти худро бо аҳли зиёи кишвар баргузор намуд. Мулоқоти баргузорнамудаи Пешвои муаззами миллат бо зиёини кишвар дар арафаи ҷашни Наврӯз ва тадбирҳои оқилонаву ғамхориҳои падаронаашон ҷиҳати рушди гуногуни илми кишвар чун пайғоми дилхушкунандаи Наврӯзӣ ва насими фараҳбахши баҳорона хотири тамоми сокинони кишварро хушу болида гардонид.
Мо, тамоми сокинони кишвар, бо ҷонибдорӣ аз ин зуҳуроти ғамхорӣ ва сиёсати оқилонаву хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд ба хотири рушди минбаъдаи давлату миллатамон дар амалӣ гардидани тадбирҳои андешидаи Сарвари давлатамон бо ҳисси баланди масъулият ҳиссагузорӣ намоем.
Мирзо Ашуров,
сармутахассиси Раёсати таҳлил ва
ояндабинии сиёсати дохилии
Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон