Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши зан-модарро дар ҳаёти имрӯзаву оянда муҳим дониста, зикр намуданд, ки «Бо эътирофи бузургону мутафаккирони олам зан-модар аз ҷумлаи олитарин неъматҳои башарӣ ва идомадиҳандаи ҳаёт дар рӯи замин мебошад. Воқеан, мо дар зиндагӣ ҳеҷ гоҳ наметавонем, муҳаббате беҳтар ва ҳақиқиву самимитар аз муҳаббати модари худ дарёбем. Аз ин лиҳоз, модар на танҳо азизтарин шахс барои ҳар як фарзанд, балки гаронбаҳотарин сарвати ҳар як халқу миллат мебошад».
Хурсандибахш аст, ки дар симои зан халқи тоҷик инсонҳои дорои фарҳанг ва ахлоқи воло, занони ҳалиму хоксор, хушодобу закӣ, бонувони зебову иззатманд, модарони мушфиқу ғамхор ва сиёсатмадорони муваффақро мешиносанд. Ҷойи ифтихору сарбаландист, ки занону бонувони иззатманди тоҷик имрӯзҳо миёни доираҳои гуногуни сиёсӣ ҳамчун сиёсатмадори варзида ва муваффақ маҳбубияти хоса пайдо намудаанд. Албатта, набояд фаромӯш сохт, ки аз оқибатҳои даҳшатбори муноқишаҳои дохилӣ пеш аз ҳама занону модарони тоҷик азияти бузурги рӯҳию маънавӣ дидаанд. Аз даст додани фарзандон ва саробони оила дар он рӯзҳои мушкил табиист, ки барои модарони мушфиқу ғамхори тоҷик зарбаи ҷонкоҳ ва талафоти бузурги ҷуброннопазирро ба бор овард. Бо дарки муҳимияти масъала аз солҳои аввали истиқлоли давлатӣ масъалаи беҳбудии шароити кору зиндагии занон ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Президент ва Ҳукумати кишвар қарор дошт. Аз ин рӯ, Ҳукумати кишвар бо дарназардошти воқеияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва хусусиятҳои фарҳангиву суннатӣ тамоми имконияту шароитҳоро ба хотири дастгирии ин қишри осебпазири ҷомеа ва роҳандозӣ намудааст. Бо мақсади таъмини иштироки ҳарчи бештари занон дар ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва идоракунии давлат, аз ҷониби Ҳукумати кишвар бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то ба имрӯз чандин санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ қабул гардидаанд, ки онҳо барои баланд бардоштани мақоми зан дар бунёди ҷомеаи демократӣ нақши муҳим мебозанд. Дар ин давра вобаста ба ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии занон ва баланд бардоштани мақоми онҳо дар ҷомеа, ҳаллу фасли масъалаҳои муҳимтарини ҳаёти занон, инчунин масъалаҳои вобаста ба сиёсати демографӣ, танзими расму анъана ва оинҳои мардумӣ як силсила асноди меъёрии ҳуқуқӣ қабул карда шуд, ки татбиқи онҳо боиси хеле беҳтар гардидани мақоми зан дар ҳаёти ҷомеа гардид.
Дарвоқеъ, қабули ин санадҳои муҳим ба беҳдошти вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ, фарҳангиву маънавии хонаводаҳо, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, иштироки фаъолонаи онҳо дар идоракунии давлат, омода кардани кадрҳои боистеъдод аз ҳисоби духтарон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занон ва беҳтар намудани вазъи сиҳатии модару кӯдак заминаи бузург гузоштанд. Гузашта аз ин, ҳамасола Пешвои миллат зимни суханронӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи модарон аз хизматҳои беназири занону модарони мушфиқу ғамхори мамлакат дар ҷодаи таҳкими дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ ёдовар шуда, нақши занони бофарҳангу соҳибмаърифатро дар ташвиқу тарғиби пойдории оила ва ҷомеаи солим, инчунин, иштироки онҳо дар таҳия ва амалӣ сохтани барномаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ баҳои баланд доданд. Инчунин Пешвои миллат вобаста ба нақши модари тоҷик таъкид намуданд, ки: “Модари тоҷик ҳазорон нафар фарзандони бонангу номус, ҷасуру ватандӯст, абармардони хирадманду фарзона, сиёсатмадорони номдору фидокор ва номбардори миллатро ба дунё оварда, дар оғӯши пурмеҳри худ ба камол расонидааст ва онҳоро дар роҳи хизмат ба халқу Ватан раҳнамоӣ кардааст. Аз ин хотир, дӯст доштан, эҳтиром кардан, ба қадри ранҷу заҳмат ва меҳру муҳаббати самимии модар расидан қарзи инсонии ҳар як фарзанди бедордил ва бонангу номус мебошад”.
Яке аз арзишмандтарин ва бузургтарин хизматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии занон ин ҷудо намудани квотаи президентӣ барои духтарони кӯҳистон дар мактабҳои олии кишвар ба ҳисоб меравад. Ин иқдоми наҷиб роҳбари давлат барои боло бурдани маърифати ҳуқуқӣ ва босавод гардонидани занон мусоидат намуда истодааст. Ҳоло, дар кишвари мо имконият фароҳам оварда шудааст, ки занон дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа баробари мардон ширкати бевосита ва фаъол дошта бошанд. Имрӯз теъдоди ҳарчи бештари занон ба вазифаҳои роҳбарикунандаи мақомоти марказӣ ва маҳалии ҳокимияти давлатӣ фаро гирифта мешаванд. Аз ҷумла, зимни суханронии хеш Пешвои миллат дар маросими таҷлили рӯзи модарон, таъкид карданд: “Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сол то сол афзоиш ёфтани шумораи занон дар сохторҳои низомии кишвар низ натиҷаи кӯшишҳои пайвастаи ҳукумати мамлакат доир ба баланд бардоштани мақоми занон мебошад”. Бо мақсади мусоидат ба рушди фаъолияти соҳибкории занон Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъсис ва ҷудо намудани грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2016-2020” қабул шудааст.
Воқеан, таҳлилҳои боло далели возеҳи онанд, ки бо шарофати истиқлоли давлатӣ, ваҳдати миллӣ, фазои сулҳу субот ва оромии кишвар ва аз ҳама муҳим дар заминаи амалӣ сохтани сиёсати ҳадафмандонаву бобарор, ташаббусҳои созандаву башардӯстонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар шароитҳои муносиб ва имкониятҳои арзанда барои боло рафтани мавқеи зан дар ҷомеа фароҳам оварда шудаанд, ки онҳо назир надоранд.
Ба ҳамагон маълум аст, ки дар соли 2020 кулли кишварҳои ҷаҳон ба як мушкилоти ғайри чашмдошт рӯ ба рӯ шуданд. Хуруҷи бемории сироятии COVID–19 ба кишвари мо низ бетаъсир намонда, аксар соҳаҳои ҷомеа, алалхусус соҳаи тандурустиро ба мушкилоти вазнин рӯ ба рӯ намуд. Хушбахтона, бо азму иродаи кормандони соҳаи мазкур алалхусус кормандони соҳаи тиб ва ҳамшираҳои шафқат мушкилоти ба вуҷуд омада бартарф карда шуд. Вобаста ба хизматҳои шоистаи онҳо Пешвои миллат дар рафти ироаи Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ миннатдории самимии хешро изҳор намуда, таъкид намуданд, давлату Ҳукумати Тоҷикистон ҳама имконияти мавҷударо баҳри ин қишри ҷомеа фароҳам меорад.
Мо, занону бонувон ва модарони мушфиқу ғамхор, ҷавобан ба ғамхориҳои рӯзафзун ва бемисли ҳукумати кишвар вазифадорем, ки бо дарки баланди масъулияти шаҳрвандӣ ва қарзи инсонӣ тамоми нерую ғайрат ва кӯшишу заҳмати хешро барои ҳифз, нигаҳдошт ва таҳкими дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, манфиатҳои миллӣ ва таъмини ояндаи дурахшони Ватани маҳбубамон равон намоем.
Боқиева Малика,
мутахассиси Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилӣ
Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон