РАВАНДИ ТАШАККУЛУ ИНКИШОФИ АРТИШИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
Артиш як ниҳоди асосии давлат буда, ҷиҳати таъмини амнияти низомӣ, ҳифзи манфиатҳои давлат ва пешгирӣ ё бартараф кардани таҳдидҳо пешбинӣ шудааст. Бо тариқи дигар артиши миллӣ кафили субот ва амнияти кишвар маҳсуб меёбад. Дар тули таърих Артиш ҳамеша рамзи ҳифзу амният дониста шуда, дар баробари дигар ниҳодҳои давлат ҷойгоҳи хос дошт.
Миллати тоҷик, чун миллати бумии минтақа, аз оғози таърих дорои давлат ва рукнҳои давлатдорӣ буданд. Доштани артиши миллӣ дар ҳар давру замон ҳамчун рукни асосӣ маҳсуб меёфт. Далели бешаки ин гуфтаҳо мавҷудияти 10 девон дар аҳди Сомониён мебошад, ки барои идора кардани корҳои умури дохилӣ ва берунии давлат хизмат карданд.
Дар самти ҳарбӣ, ки тамоми фаъолият ба соҳаи махсус алоқаманд буд, Исмоили Сомонӣ, асосгузори давлати бузурги тоҷикон-Сомониён, ҳамзамон сипаҳсолори Артиш низ маҳсуб меёфт. Дар ин ҳошия тамоми раванди машқҳои ҳарбӣ зери назари Исмоили Сомонӣ қарор дошт ва тадбирҳои мушаххас барои такмили артиш андешида мешуд.
Қобили таъкид аст, ки миллати тоҷик дар таърихи хеш намудҳои гуногуни артишро доро буданд, ки ҳангоми таъсиси Артиши миллӣ аз таҷрибаи ниёгон ва навгониҳои имрӯза пурра истифода гардидааст. Доштани Артиши миллӣ ҳамчун рукни асосӣ ҷиҳати ҳифзи шаҳру мамлакатҳо маҳсуб меёфт. Ҳамин буд, ки дар гузашта ниёгони мо аз худ номи нек дар саҳифаи таърих гузошта, ҷойгоҳи худро бо хатҳои заррин сабт намуданд.
Ҳамчунин соли 1991, баъд аз 70 соли мавҷудият дар харитаи ҷаҳонӣ, ИҶШС барҳам хурд ва 15 ҷумҳуриро мувазаф месохт, ки роҳи эъморро дар шакли дигар пеш гиранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун яке аз кишварҳои собиқ шӯравӣ, дар он шароити мураккаб, 9 сентябри соли 1991 истиқлолияти хешро эълон дошт. Баъди пошхурии ИҶШС, кишварҳои аъзои он мероси шуравиро миллӣ карданд, вале бо сабабҳои мухталиф дар кишвари мо ин раванд амалӣ нашуд. Ҳамин буд, ки дар назди миллат ва давлати тоҷик, зарурати таъсиси Артиши миллиро гузошт. Дар таъсиси Артиши миллии кишвар Иҷлосияи XVI-Шурои Олӣ ва қарорҳои сиёсии он ҷиҳати ташкили Қувваҳои Мусаллаҳ мавриди таваҷҷуҳ аст.
Нигоҳ накарда ба шароити ҳассоси он замон, соли 1993 барои бори аввал дар майдони “Дӯсти”-и пойтахт, гузашти низомии қисму воҳидҳои навтаъсиси Артиши миллӣ доир гардид, ки шурӯъ аз ҳамон рӯз санаи 23-юми феврал расман ҳамчун Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.
Тибқи таҳлили коршиносон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Артиши миллӣ се давраро аз сар гузаронидааст. Давраи аввали он ба соли 1992 рост меояд, ки ин вақтро замони эҳёи Артиш ном мебаранд, ки дар ин баробар родмардони ватан ба таъмини истиқлолияти кишвар, як порчагии марзу бум ва ҳаёту озодии шаҳрвандон камари ҳиммат бастанд. Ҳамин буд, ки ҷиҳати ҳар чи бештар тақвият додани самтҳои ҳуқуқии артиши миллӣ қабул гардидани якчанд санадҳои ҳуқуқӣ шарти зарурӣ маҳсуб меёфт.
Сипас, шурӯъ аз соли 1997 давраи дигари ташаккули Артиши миллӣ ба назар мерасад, ки баъди ба имзо расидани Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ шурӯъ гардидааст. Ин давра ба такмили сохторию штатии Артиши миллӣ рост омад ва ташаббусҳои гуногун ва таъхирнопазиро амалӣ намуданд. Ҳамзамон ҷиҳати муайян намудани уҳдадории умумӣ ҳарбӣ, хизмати ҳарбӣ, таъмину нигоҳдошти лавозимотҳои зарурии соҳа, муайян намудани ҳаҷми маблағгузории соҳа аз буҷети давлатӣ, ҳамчунин ташаккул ва рушди самтҳои интизоми дохилӣ ва волоияти қонун, таъмини тартиботи ҳуқуқӣ дар фаъолияти хизматчиёни ҳарбӣ ва афсарону сарбозон аз махсусиятҳои ин давра ҳисоб меёфт.
Давраи дигар аз соли 2005 то инҷониб маҳсуб ёфта, Артиши миллии мо дар баробари дигар кишварҳо ба талаботи давру замон мутобиқ гашт. Дар солҳои минбаъда ҷиҳати таъмин намудани шароити лозимӣ ва сайқал додани шароити буду боши аскарон аз ҷониби Ҳукумати мамлакат тадбирҳои гуногун андешида шуданд. Ҳамин аст, ки дар зарфи зиёда аз 30 соли таъсиси Артиши миллӣ родмардони Ватан тавонистанд, ки асосҳои сохтори конститутсионӣ, марзу буми аҷдодӣ ва дигар рукнҳои миллиро ҳифз намоянд.
Тайи солҳои соҳибистиқлолии кишвар бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мактабҳои олӣ ва академияи ҳарбӣ, дар назди ниҳодҳои гуногун кушода гардид, ки ин аз таваҷҷуҳи Сарвари давлат ба омоданамоии кадрҳои баландихтисос дар ин соҳа дарак медиҳад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи эъмори давлати тозаистиқлол қадамҳои устувор гузошта дар як муддати ками таърихӣ ба як кишвари ташаббускор табдил ёфт. Пеша намудани сиёсати мутавозин ва созанда ба кишвари мо имкон дод, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ бо ташаббусҳои худ барои ояндаи башарият ғамхорӣ намояд. Дар замони соҳибистиқлолӣ дастовардҳои кишвар беназир маҳсуб меёбад, ки яке аз онҳо таъсиси артиши сирф миллӣ мебошад.
Артиши ҷавони тоҷик, ки бешак рукни давлатдорӣ ва сипари боэътимоди амнияти кишвар маҳсуб меёфт, дар заминаи холӣ ва шароити ҳасос ташкил ёфтааст. Имрӯз артиши мо марзҳои кишварро ҳимоя намуда, ҳаёти осоиштаи шаҳрвандони кишварро таъмин менамоянд. Дар замони истиқлоли давлатӣ сарбозони кишвар масъулият ва вазифаи барояшон муайян гардидаро дар сатҳи баланд иҷро карда, ҳамеша шуҷоат, далерӣ ва матонати хешро нишон медиҳанд. Дар давоми ин солҳо ҳазорон ҷавонон ба ин мактаби мардонагӣ дохил шуда, дар он обутоб ёфтаанд.
Имрӯзҳо ҳар ҷавони худогоҳ ва ватандӯсти ин кишвар дарк менамояд, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ вазифаи ҷавонмардӣ буда, аз ҳар ҷавон масъулияти баландро талаб менамояд. Ҷаҳон пайваста дар ҳоли таҳаввул аст ва таҷдиди технологӣ дар ҳама соҳаҳо аз ҷумла дар соҳаи ҳарбӣ-техникӣ, муҳим аст. Зарурати идома додани навсозии сатҳи технологии артиш ва шумораи лавозимоти ҳарбии ба замон мутобиқ рукни муҳим ба шумор меравад.
Тамоюлҳои рушди ҷаҳонӣ дар охири асри 20 ва аввали асри 21 нишон медиҳанд, ки доираи мушкилоти амниятӣ дар кишвару минтақаҳо васеъ гашта, барои сайқал додани соҳаи ҳарбӣ ва ба талаботи давр мутобиқ намудани он ҳушдор медиҳад. Тибқи таҳлили коршиносон тақвият ва навсозии неруҳои мусаллаҳи мавҷуда дар сурати набудани таҳдидҳои возеҳи низомӣ ва андешидани тадбирҳои иловагӣ дар мубориза бо хатарҳои эҳтимолӣ дар шароити кунунӣ яке аз роҳҳои таъмини амният маҳсуб меёбад.
Ҳамчунин, тарбияи неруҳои мусаллаҳи воқеан муосир ва дорои қобилияти посух додан ба чолишҳо ва хатарҳои ғайричашмдошт, тақозои замон маҳсуб меёбад.
ШАРИФХОНЗОДА МОҲИРА,
Сармутахассиси Раёсати таҳлил ва
ояндабинии сиёсати дохилии
Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон