Барои Тоҷикистон, ки муносибатҳои бозорӣ ташаккул ёфта истодааст, сиёсати нави иноватсионӣ ба нигоҳдории илмию технологии мамлакат нигаронида шудааст. Таъмини рушди устувори минбаъдаи иқтисодиёти мамлакат муайян намудани сиёсати нави давлатии инноватсияро тақозо мекунад, ки он ба ояндаи устувори дарозмӯҳлат нигаронида шуда бошад. Барои ин, муқррар намудани тавозуни дурусти тақсими захираҳо байни давраҳои инноватсионӣ зарур аст. Оғози асри XXI нишон медиҳад, ки дар ҷаҳони муосир табаддулоти амиқи иттилоотию технологӣ сурат мегирад, ки вай ба ҳама ҷабҳаҳои истеҳсолоти муосир ва фазои соҳибкорӣ, инчунин, ба ҳамаи низоми муносибатҳои ҷамъиятӣ, таъсири зиёд мерасонад. Қонуниятҳои глобалии навъи рушди инноватсионии маориф, тайёр кардани кадрҳо, қонуниятҳои пайдоиш ва ҷорисозии кашфиёту ихтироот ва навгониҳои техникӣ, ташкилӣ, иқтисодӣ, густариши дараҷаи илмию техникӣ ва сифати маҳсулот, мушкилотҳои иқтисодиёти муосирро нишон медиҳад. Дар Тоҷикистон низ қонунгузории инноватсионӣ аз соли 2012 инҷониб амал намуда истодааст, ки дар он тамоми самтҳои – фаъолияти инноватсионӣ фаъолияте, ки ба таҳия ва ҷорӣ намудани инноватсия (натиҷаи нав ё такмилдодашудаи таҳқиқоти илмӣ, корҳои таҷрибавию конструкторӣ ё дигар дастовардҳои илмию техникӣ) алоқаманд буда, барои расонидани он то бозор дар шакли нав ё такмилдодашудаи маҳсулот, хизматрасонӣ, усули истеҳсолот ё дигар натиҷаи самараноки ҷамъиятӣ равона гардидааст, яке аз самтҳои асосии таъмини рушди иқтисодиёт дар замони имрӯза тақвияти соҳибкории инноватсионӣ мебошад.Зери маҳфуми «соҳибкори инноватсионӣ» ҷараёни офаридан ва истифодаи тиҷорати техника ва технологияи навоварӣ мебошад. Инноватсия ҳамчун воситаи махсус барои соҳибкорӣ хизмат мекунад, на барои он чизе, ки ихтироъ шудаст, яъне равонасозии ташкили кофтукоби чизҳои нав дар сохтори соҳибкорӣ мебошад.
Соҳибкории инноватсионӣ раванди махсуси навоварӣ буда, офаридани ягон чизи нав, раванди хоҷагидорӣ, дар асоси кофтукоби доими, имконияҳои нав дар навоварӣ мебошад. Соҳибкори инноватсионӣ дараҷаи оллии фаъолияти соҳибкорӣ буда, ки ба муштариён қарорҳои нави оиди ҳалли масъалҳо (маҳсулоти нав, хизматҳо, технологӣ ва ғайра) -ро муарифӣ менамояд. Аз он ҷумла имкониятҳои нави навоваришуда дар тиҷорати шахсӣ мебошад.
Дар адабиёти иқтисодӣ се навъи асосии асосии соҳибкори инноватсиониро ҷудо мекунад.
Навоварии маҳсулот – раванди нав кардани фурӯши иқтидори корхона, ки устувории ширкат (корхона)-ро нигоҳ медорад ва ҳамвора ба ин ҳаҷми фоидаи бадастовардашуда, паҳнои дар бозор, нигоҳдоштани муштариён, созмон додани ҷойҳои нави корӣ ва ғайра.
Навоварии технологӣ – раванди иқтидори истеҳсолӣ, ки равона сохтан баҳри баланд бардоштани истеҳсолоти меҳнат ва сарфаи энергия, ашё ва дигар захираҳо, ки дар навбати худ имкон медиҳад, ки фоидаи корхона, таъмини бехатарӣ, бурдани чорабиниҳо оиди муҳити атроф, самаранок истифода бурдани системаи итилоотии дохили корхонавӣ.
3. Навоварии иҷтимоӣ – раванди умумии нақшавии бехатарии фазои гуманитарии (инсонпарварона) корхона, мақбул донистани ингуна навоварӣ имконияти паҳн шудан дар бозори қуваи корӣ сафарбаркунии корхона доир ба мақсадҳои гузошташуда устуворгардонӣ ва боварии уҳдадориҳои иҷтимоии корхона дар назди коргарон ва ҷомеа мебошад.
Соҳибкории инноватсионӣ маънои васеъро дорост. Дар асоси ташкили ҷараёни навоварона дар корхона се модели соҳибкороиро ҷудо намудан мумкин аст:
1. Соҳибкории навоварона дар асоси ташкили берунӣ бо ёрии шартномаҳо. Яъне, вақте ки навоварӣ дар дохили ширкат ба вуҷуд меояд;
2. Соҳибкории навоварона дар асоси ташкили берунӣ бо ёрии шартномаҳо. Яъне вақте ки навоварӣ аз худ карда мешавад, ширкатҳо бо дигар ширкатҳо бйни худ шартнома мебанданд;
3. Соҳибкории навоварона дар асоси ташкили берунӣ бо ёрии вечурҳо (навоварҳо). Вақте ширкат барои иҷрои лоиҳаи навоварии ширкактҳои вечури таъсис медиҳад, ки маблағҳои берунаро ҷалб намоянд.
Таҳия, ҷорӣ сохтан ва истеҳсоли маҳсулоти нав барои корхона ҳамчун воситаи баланд бардоштани рақобатнокӣ ва рафъи вобастагии корхона аз мутобиқат накардани давраҳои ҳаётии маҳсулоти истеҳ-солшаванда аҳамияти муҳим дорад. Дар шароити кунунӣ таҷдиди маҳсулот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо суръти нисбатан суст ҷараён мегардад.
Низоми миллии инноватсионӣ бояд дар заминаи меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи фаъолияти илмӣ, илмию техникӣ, инноватсионӣ, инчунин, рушди низоми тадбирҳои иқтисодии ҳавасмандгардонии ин фаъолият, ташаккул ёбад. Илова бар ин, таҳияи санадҳои қонунгузорӣ доир ба моликияти зеҳнӣ, ҳимоя ва муҳофизати ҳуқуқҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иншооти моликияти зеҳнӣ ва натиҷаҳои дигари фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ зарур аст. Ҳамин тариқ, барои ташкилотҳои дар ҳама соҳаҳои иқтисодиёт ба раванди инноватсия вобастабуда (дар тадқиқотҳо ва пажуҳишҳо, истеҳсолот, фурӯш ва хизматрасонии навовариҳо, омодасозӣ ва бозомӯзии кадрҳои илмию тадқиқотӣ, маблағгузории ин ҷараён-ро ташкил намудан зарур мебошад.
Дар марҳалаи мазкур зарурати мавҷуд будани низоми инноватсионии миллии кишвар пеш меояд, ки он ба ғайр аз механизмҳои мусоиди иқтисодӣ ва ташкилию ҳуқуқӣ, инчунин инфрасохтори мукаммалро низ бояд фаро гирад. Инфрасохтори низоми инноватсия марказҳои иттилоотию инноватсионӣ, технопаркҳо, технополисҳо, марказҳои таҳвили технологияҳо ва инкубаторҳои технологӣ, телекоммуникатсия ва иттилооти давлатии илмию техникиро дар бар мегирад.
Ташаккули системаи миллии навҷорисозӣ, ки таъмин намудани фаъолияти инноватсияро дар миқёси давлат талаб мекунад, рушди иқтидори кадрии соҳаи илмию техникӣ, баҳодиҳии фаъолнокии инноватсионии корхонаҳои мамлакат, таъминоти молиявии фаъолияти ниноватсионӣ дар кишварро пешбинӣ мекунад. Аз сабаби он, ки соҳаи инноватсия дар Тоҷикистон танҳо акнун рӯ ба ташакул ёфта истодааст, ҳоло омодасозии кадрҳои илмию техникӣ аҳамияти махсус пайдо кардаанд Вобаста ба ин, рушди минбаъда ва такмили омодасозии кадрҳои илмӣ тавассути аспирантура, докторантура ва институтҳои унвонҷӯӣ зарур аст. Инчунин, зарурати ташкили омода кардани менеҷерони фаъолияти инноватсионӣ, ташкили таълим ва такмили ихтисоси ҳайати шахсӣ барои татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва рушди инфрасохтори он ба миён меояд. Тоҷикистон аз захираҳои кории зеҳнӣ ғанӣ буда, сармояи назарраси инсонӣ низ дорад. Вазъи баамаломада дар назди мамлакат як қатор мушкилотҳоеро пеш мегузорад, ки дар байни онҳо мушкилоти ба таври самаранок истифодабарии сармояи инсонӣ дар мадди аввал гузошта мешавад. Ҳатто, агар иқлими инноватсионӣ фароҳам оварда шавад ҳам, корхонаҳо на ҳама вақт метавонанд, аз ин имконияти бадастомада оқилона истифода намоянд, зеро, барои аксари роҳбарон ва кормандони корхонаҳо норасоии донишу малакаҳои нав хос аст. Аз ин рӯ, мушкилоти татбиқи самоягузориҳои воқеӣ дар якҷоягӣ бо сармояи инсонӣ ба вуҷуд меояд. Дар шароити ҷаҳонишавӣ рушди навъи инноватсионии иқтисодиёт ба беҳтар гаштани зиндагии шаҳрвандон, кам кардани сатҳи камбизоатӣ нисбат ба дигар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон нигаронида шудааст, ки ин ба ҳамгироии байналхалқӣ пешомадҳои тозаеро фароҳам меоварад. Дар ин маврид, вазифаи муҳимми рушди навҷорисозӣ афзоиши истеҳсолот ва фурӯши маҳсулоти технологшиашон пешрафтаи рақодатпазир дар бозори ҷаҳонӣ мебошад.
Ба андешаи мо ба рушди фаъолияти инноватсионӣ дар Тоҷикистон дастгирии давлатии мақсадноки иштирокчиёни лоиҳаҳои инноватсионӣ зарур аст. Низомҳои молиявии чунин дастгириро дар асоси фондҳои махсусгардонидашудаи инноватсионӣ, рушди бахши хизматрасониҳои суғуртавӣ, барномаҳои байни идоравии фаъолияти инноватсионӣ бунёд намудан мувофиқи мақсд аст.
Раҳматулло Темуров,
мутахассиси пешбари Раёсати тадқиқоти масъалаҳои
соҳибкорӣ ва инкишофи бахши хусусии
МТС-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон