ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ НУКТАҲОИ АСОСИИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ ДАНҒАРА

Санаи 22 январи соли ҷорӣ бо мақсади расонидани муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара вохӯрии намояндагони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони соҳаи маориф, занон, намояндагони соҳаи дин ва раисони ҷамоатҳои ноҳияи мазкур баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии масъалаҳои макроиқтисодии Маркази тадқиқоти стратегӣ Иброҳим Иброҳимзода баромад намуда, доир ба нуктаҳои асосии Паёми Президенти кишвар ибрози назар кард. Номбурда зикр намуд, ки Паёми навбатии Пешвои миллат ҳамчун санади муҳими сиёсӣ ва стратегӣ самтҳои асосии рушди устувори иҷтимоиву иқтисодии кишварро муайян намуда, барои фаъолияти минбаъдаи тамоми сохторҳо роҳнамо ба ҳисоб меравад.
Зимни баромад таъкид гардид, ки дар сиёсати иҷтимоии давлат масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон яке аз самтҳои афзалиятнок маҳсуб ёфта, Ҳукумати мамлакат нақши занон ва духтарони тоҷикро дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа ҳамеша қадрдонӣ менамояд. Тавре Президенти кишвар дар Паёми худ таъкид доштанд, ҷалби бонувони лаёқатманд ба вазифаҳои роҳбарикунанда ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти онҳо дар маркази диққати давлат қарор дорад ва ин раванд минбаъд низ идома хоҳад ёфт.
Дар идомаи Паём Пешвои миллат ба нақши муҳими занон дар тарбияи насли наврас ишора намуда, таъкид карданд, ки тарбияи фарзандон дар рӯҳияи илмомӯзӣ, касбомӯзӣ, эҳтиром ба қонунҳои миллӣ, риояи расму ойинҳо ва суннату анъанаҳои неки тоҷикона, аз ҷумла сарфаю сариштакорӣ ва пӯшидани либосҳои миллӣ, аз вазифаҳои муҳими ҷомеа ба шумор меравад. Ҳамзамон, зикр гардид, ки занону бонувон бояд дар муқовимат ба бегонапарастӣ, хурофот, исрофкорӣ ва зиёдаравӣ нақши фаъол дошта бошанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин ба падару модарон, омӯзгорон ва аҳли ҷомеа муроҷиат намуда, бо камоли масъулият муносибат кардан ба масъалаи таълиму тарбияи дурусти фарзандонро муҳим арзёбӣ карданд. Таъкид гардид, ки ояндаи давлату миллат аз насли босаводу донишманд, соҳибкасбу соҳибҳунар, ватандӯсту дорои худшиносии миллӣ вобастагии амиқ дорад.
Дар Паём ба рушди илму маориф таваҷҷуҳи хос зоҳир гардида, гуфта шуд, ки асри XXI асри пешрафти илму техника ва технологияҳо мебошад ва танҳо тавассути илмомӯзӣ метавон ба зиндагии осуда ва рушди устувори кишвар ноил гардид.
Инчунин дар рафти вохӯрӣ масъалаи никоҳи бармаҳал ва дур мондани духтарон аз таҳсил ҳамчун яке аз мушкилоти ҷиддии иҷтимоӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Қайд гардид, ки мутаассифона, то ҳол дар баъзе шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳолатҳои никоҳи бармаҳал ба мушоҳида мерасанд, ки ин падида метавонад ба мушкилоти гуногуни иҷтимоӣ, аз ҷумла нофаҳмиҳо дар оила, ҷудошавии оилаҳои ҷавон ва маҳдуд гардидани имкониятҳои рушди шахсии духтарон оварда расонад. Таъкид шуд, ки барвақт ба шавҳар додани духтарон дар синни мактабхонӣ боис мегардад, ки онҳо барои зиндагии мустақилона омодагии комил надошта бошанд. Аз ин рӯ, аҳли ҷомеа, падару модарон ва сохторҳои марбута вазифадоранд барои пешгирии чунин ҳолатҳо чораҳои мушаххас андешанд ва ба таҳсили духтарон аҳамияти аввалиндараҷа диҳанд, то ки шумораи ҷудошавии оилаҳои ҷавон коҳиш ёбад.
Дар фарҷоми вохӯрӣ иштирокчиён таъкид намуданд, ки муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти минбаъдаи онҳо ҳамчун дастури муҳим хизмат намуда, онҳо ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат дар маҳал саҳми босазо хоҳанд гузошт.
Хадамоти матбуотии Маркази тадқиқоти
стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон