ТАШКИЛИ КОНУНИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ ВА МАРКАЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ – ИҚДОМИ САРИВАҚТӢ ДАР САМТИ ҲИФЗИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ

Ҳифзи арзишҳои миллӣ дар шароити ниҳоят ҳассоси ҷомеаи ҷаҳонӣ ва бархурди тамаддунҳо яке аз самтҳои меҳварии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз даврони аввали соҳибистиқлолии кишварамон то имрӯз ба масъалаи эҳё, таҳким ва ҳифзи арзишҳои миллӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, онро омили муҳимми таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ арзёбӣ менамоянд.

Талошҳои хастанопазири Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пеш аз ҳама ҷиҳати бедор кардани ҳисси худшиносии миллӣ ва ифтихор аз таърихи пурғановати миллати тоҷик равона шуда, бо ташаббусҳои бевоситаи Пешвои миллат як зумра ҷашнҳои бузурги таърихию фарҳангӣ, аз ҷумла,  Рузи Истиқлоли давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, Забони давлатӣ, Парчам ва Нишони давлатӣ, 1100 солагии давлати бузурги Сомониён ва  дигар санаҳои муҳимми миллӣ дар сатҳи баланд таҷлил мегарданд, ки барои тақвияти ҳисси ватандустӣ, худогоҳӣ ва худшиносии миллии ҷавонон нақши муҳим доранд.

Бояд гуфт, ки дар баробари пос доштани рукни асосии арзишҳои миллӣ, яъне забони давлатӣ, ҳамзамон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба эҳё ва гиромидошти суннату анъанаҳои миллӣ, аз ҷумла Наврӯз, Меҳргон, Сада, Тиргон ва дигар оинҳои қадимаи суннатии тоҷикон таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Бо ташаббуси бевоситаи Сарвари давлат Наврӯз ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эътироф гардида, дар арсаи ҷаҳонӣ фарҳанги пурғановати миллати тоҷикро муаррифӣ намуд.

Ифтитоҳи “Маркази байналмилалии Наврӯз” ва “Маркази тамаддуни ориёӣ”  ки Сарвари давлат зимни ироаи Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид доштанд, идомаи  эҳё ва гиромидошти суннату анъанаҳои миллӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, он метавонад ба як ниҳоди бонуфузи илмию фарҳангӣ табдил ёбад. Зеро мақсад ва вазифаҳои аосии он ҳифз, омӯзиш, тарғиб ва байналмилалӣ гардондани арзишҳои миллӣ мебошад.

Дар ин зимн, ҷиҳати муайян намудани самтҳои асосии фаъолият, пеш аз ҳама зарурати омӯзиш ва таҳқиқи таъриху фалсафаи Наврӯз ҳамчун ҷашни куҳанбунёди ориёӣ, устувор намудани робитаҳои фарҳангии кишварҳои ҳавзаи Наврӯз, тарғибу ташвиқи арзишҳои сулҳпаймонӣ, дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамзистии халқҳо пеш меояд.

Илова бар ин, яке аз самтҳои калидии ташаббусҳо ҳифзи мероси ғайримоддии фарҳангӣ ба шумор рафта, вобаста ба татбиқи он андешидани чораҳои муассир дар самти илмӣ-таҳқиқотӣ, ташкили пажӯҳишгоҳ доир ба омӯзиши Наврӯз, ҷалби доираи коршиносон, олимон, муҳаққиқон ва фарҳангшиносони байналмилалӣ, нашри китобҳо, маҷаллаҳои илмӣ ва маводи таҳқиқотӣ ва бунёди бойгонии рақамӣ яъне ба талаботи муосир ҷавобгӯй мувофиқи мақсад мебошад.

Самти дигаре, ки дар таҳияи консепсияи “Маркази байналмилалии Наврӯз” мусоидат мекунад, пеш аз ҳама самти фарҳангӣ ва маърифатӣ мебошад, ки бо баргузории фестивалҳои байналмилалии Наврӯз, намоиши суннатҳо, расму ойинҳо, либосҳои миллӣ ва таомҳои наврӯзӣ, ташкили барномаҳои омӯзишӣ барои наврасон ва ҷавонон, омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ ва амсоли инҳо татбиқи консепсияи мазкурро таъмин менамояд.

Ҳамзамон, ташаккули ҳамкории байналмилалӣ низ яке аз самтҳои афзалиятнок муайян гардида, ҷиҳати роҳандозии ҳамкориҳо бо ЮНЕСКО ва дигар созмонҳои байналмилалӣ, ташкили ҳамоишҳо, симпозиумҳо ва форумҳои байналмилалӣ ва табодули фарҳангӣ байни кишварҳои узви ҳавзаи Наврӯз метавонад дар рушди тамаддуни ориёӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ нақши калидӣ дошта бошад.

Инчунин, аз ҷониби дигар банёди “Маркази байналмилалии Наврӯз” хусусияти иқтисодӣ дошта, дар рушди соҳаи сайёҳии кишвар таъсири мусбат хоҳад расонд. Аз ҷумла,  мақсаду вазифаҳои гузошташуда метавонанд бо роҳи табдил додани марказ ба макони ҷолиби сайёҳӣ, ҷалби сармоягузорӣ ба соҳаи фарҳанг, эҷоди ҷойҳои нави корӣ ва пешбурди бренди фарҳангии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ амалӣ гарданд.

Дар шароити муосири ҷаҳонӣ рушди илму техника ва технология дар пешбурди тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳимми кишварҳо аҳамияти хосса дошта, дар таъсиси “Маркази байналмилалии Наврӯз” низ аҳамияти вижа дорад. Аз ҷумла дар самти рақамисозӣ ва иттилоотӣ зарур аст, ки эҷоди сомона ва платформаи байналмилалии Наврӯз, таҳияи барномаҳои муаррифии рақамӣ ва пахши мустақими чорабиниҳои наврӯзӣ, ки дар кишварҳои ҳавзаи Навруз баргузор мегардад таҳия ва бунёд карда шавад.

Дар баробари ин, ифтитоҳи “Маркази тамаддуни ориёӣ” ҳамчун омӯзиши ҳамаҷонибаи таърихи тамаддуни ориёӣ, устуор гардонидани ҳувияти миллӣ ва ифтихор аз таърихи башарӣ, тарғиби нақши тоҷикон дар ташаккули тамаддуни ҷаҳонӣ, ҳифз ва муаррифии мероси моддӣ ва ғайримоддии ориёӣ ба шумор меравад, ки ҳадафи асосии он омӯзиш, эҳё ва тарғиби мероси тамаддуни ориёӣ дар сатҳи миллӣ ва ҷаҳонӣ мебошад. Инчунин, вобаста ба ташаккули ҳифзи ғояҳои он пажӯҳишҳо оид ба таърих, забон, фарҳанг ва фалсафаи ориёӣ ва омӯзиши осори хаттӣ, ҷалби олимону муҳаққиқони ватанӣ ва хориҷӣ, нашри асарҳои илмӣ, энсиклопедия ва маҷмӯаҳои таҳқиқотӣ мувофиқи мақсад мебошанд.

Мавриди зикр аст, ки эҷоди осорхонаи муосири тамаддуни ориёӣ, баргузории фестивалҳо, намоишгоҳҳо ва рӯзҳои фарҳангӣ, ташкили барномаҳои маърифатӣ барои ҷавонон ва донишҷӯён барои мукаммалгардонии пояҳои арзишҳои миллӣ нақши муҳим дорад. Алалхусус,  омода намудани барномаҳои таълимӣ вобаста ба таърихи тамаддуни ориёӣ, ҳамкорӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олӣ, омӯзиши забонҳои бостонӣ ва курсҳои махсус ба устуворӣ ва пос доштани арзишҳои фарҳангии ниёгонамон заминаи боэътимод мегузорад. Илова бар ин, табдил додани марказ ба макони ҷолиби сайёҳии фарҳангӣ гувоҳи он аст, ки ҷалби сармоягузорӣ ба соҳаи фарҳанг ва таъсири мусбат ба ҳаёти иқтисодии кишварамон хоҳад расонд.

Ҳамин тавр, метавон гуфт, ки татбиқи консепсияи “Маркази байналмилалии Наврӯз” ва “Маркази тамаддуни ориёӣ” имкон фароҳам меоварад, ки Тоҷикистон ҳамчун меҳвари ҳифз ва рушди тамаддуни ориёӣ ва арзишҳои фарҳангӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ гардида, хизматҳои хастонапизир ва ташаббусҳои созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи арзишҳои фарҳангии умумибашарӣ боз ҳам ташаккул хоҳанд ёфт.

Ҷамшед Солиҳов,

муовини сардори Раёсати таҳлил ва

ояндабинии иқтисодиёти соҳавии

Маркази тадқиқоти стратегии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон