Чанде пештар дар шабакаҳои телевизионии кишвар қисми 7-уми филми мустанади “Хиёнат” зери унвони «Бешарафӣ» намоиш дода шуд, ки дар он гуноҳҳои Муҳаммадиқболи Садриддин ва падари Ӯ Қаландари Садриддин муллақаб бо мулло Қаландар фош карда шудааст. Филми мазкур дар асоси факту далелҳои воқеӣ, шоҳидон (ҷабрдидагон, ҳамсояҳо, омӯзгорон, ҳамсинфҳо, намояндагони ташкилоти экстремистӣ-террористии собиқ ҳизби наҳзати исломӣ (ТТЭ ҲНИ) ва шоҳидони дигари воқеа, аз ҷумла аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон таҳия гардидааст.
Дар воқеъ, баъд аз тамошои филми мазкур ҳар фарде, ки ҳадди ақал каме фитрати инсонӣ дар ӯ ташаккул ёфтааст, нисбати шахсони мазкур дар қалби вай нафрати куллӣ ба вуҷуд меояд.
Тавре, ки аз маводҳои филм ва изҳори ақидаи худи шоҳидон мушоҳида мегардад, Муҳаммадиқболи Садриддин бо ҳар гуна амалу кирдорҳои манфии худ, аз ҷумла бо истифода аз суханҳои неки бузургон ва пеш овардани ривоят аз ояту ҳадисҳои Қуръони карим мардумро фиреб дода, аз онҳо маблағ талаб карда, ба манфиати шахсӣ ва хоҷагонии хориҷии худ сарф мекардааст. Бо чунин амалҳои разилонаи худ Муҳаммадиқбол мардумро ба доми фиреб андохта онҳоро сарсону саргардон ва дар назди дигарон қарздор намудааст. Вале дар ни росто барои Муҳаммадиқбол фарқе надорад, ки тақдири ин ашхос чӣ мешавад, фарзандони онҳо чӣ мехуранд, дар куча мемонанд ё ғарибу дарбадар.
Ин бешараф аз ҳисоби маблағҳои бо роҳи фиреб ва муфт бадастовардааш дорои хонаҳои зиёди истиқоматӣ мебошад, ҳол он, ки қаблан дар ягон ҷо кору фаъолият ва сарчашмаи даромад надошт. Ҳоло дар ин хонаҳо иҷоранишинҳо, аз ҷумла хориҷиҳо низ ҷойгир шуда, Муҳаммадиқбол ягон намуди андоз ба фоидаи давлат пардохт наменамояд.
Чунин ҳолат ҷабрдидагонро маҷбур сохт, ки ба мақомоти Прокуратураи генералӣ нисбати ин бешараф муроҷиат намоянд. Бинобар ин, ҳадафи асосии намоиши филми мазкур на ба хотири таҳқири шахсияти касе, балки нишон додани воқеият ба мардум буда, сабақест барои тамоми сокинони кишвар, хусусан ҷавонон, то пайрави чунин афрод набошанд ва номи бошарафи худро доғдор насозанд.
Чунки воқеият дар пайроҳаи пурпечутоби зиндагӣ Муҳаммадиқбол бозича ва қурбонии дасти дигарон табдил дода, маҷрои ҳаёташро ҷониби дунёе бурдааст, ки онҷо танҳо дасисаю моҷаро, худбохтагию бегонапарастӣ, найрангу тақаллуб, разолату хиёнат, бенангию беномусӣ ва ҷаҳолату беҳайсиятӣ ҳукмфармо буданд.
Аз гуфтаҳои шоҳидони воқеии ин филм дида мешавад, ки оилаи мулло Қаландар, аз ҷумла Муҳаммадиқбол низ на танҳо маълумоти олӣ, балки миёна ҳам надоранд. Онҳо ҳатто таъкид менамоянд, ки Муҳаммадиқбол 13 фарзанд дошта, аз онҳо ягонташ маълумоти олӣ надорад.
Аз падаре, ки шуғлу касби муайян ва ҳатто дар дин ҳам саводи кофӣ надорад, инчунин, оддитарин хислатҳои ахлоқи ҳамидаро надошта, даст ба дуздию ғоратгарӣ, мардумфиребӣ ва таҷовузи чорво мезанад, чӣ гуна метавон фарзанд тарбия намуд…?.
Ҳамчунин, аз тамошои филм мушоҳида гардид, ки сатҳи донишу хониши Муҳаммадиқбол дар мактаб ҳам суст буда душвортарбия будааст. Бо омӯзгорону хондагон дағалона муносибат мекард ва дар маҷлиси падару модар ҳатто волидонаш иштирок намекарданд. Ҳамсояҳо аз рафтору кирдори Ӯ монда шуда буданд. Вай бо сабаби таъсири падараш ба дарсҳои дунявӣ қариб, ки таваҷҷуҳ намекард ва аз рӯзҳои аввал зери таъсири акидаҳои хурофатпарастӣ гирифтор шуда буд.
Илова бар ин, аз филми мустанади мазкур ва шоҳидони асил ба назар мерасад, ки оилаи Муҳаммадиқбол ҳамчун як оилаи хурофотпараст, мағрур, худписанд ва бо такаббур, хуслоса як носолим буда, Муҳаммадиқбол дар чунин муҳити носолим ба воя расидааст. Маҳз ҳамин рафтору кирдор ва тарбияи нодуруст ва ақидаҳои хурофотпарастии падари хонадон ба он оварда расонд, ки хонаводаи имрӯз титу парешон ва шармандаву саргардон гаштааст.
Дар маҷмӯб, тамошои филми мазкур хулоса баровардан мумкин аст, ки Муҳаммадиқболи Садриддин, аз ҷумла бо сабабҳои дур мондан аз донишҳои илмии дунявӣ, тарбия нодурусти волидайн, хусусан падараш, зери таъсири акидаҳои хурофатпарастӣ ва хоҷагони хориҷӣ, аз ҷумла саркардагони ТТЭ ҲНИ қарор гирифтан ва ғайра ба амалу кирдорҳое, аз ҷумла, ба манфиати шахсии худ ҳаллу фасл намудани кумакҳои созмонҳои байналмилалӣ барои гурезагони дар хоки Афғонистон воридгардида, ба никоҳе марде даромадану бузургтарин муқаддасоти мардӣ (номус)-ро аз даст додан, аз шарм зиёд мунтазам иваз намудани макони зист ва ғайра даст задааст, ки аз гуфтанаш марди соҳибақл на танҳо шарм, балки ба ғазаб меояд.
Муҳаммадиқболи Садриддин тавонистааст аз таҷрибаи рӯзгор он баҳраеро бигирад, ки барои манфиати шахсиаш ҳосили бебаркаш медиҳад. Исломро ӯ доми тазвире ҷиҳати роҳгумзадани афроди эътиқодманд ва аз худ кардани моли ҳалоли онҳо кардааст.
Мардум бояд хуб дарк кунад, ки ҳатто исломи ӯ дар нӯги забон аст, на дар умқи қалб. Агар мусалмони ҳақиқӣ мебуд, аз туҳмат, ғайбату ҳақорат, дашном, бадном кардани дигарон, ранҷонидан, айбҷӯйӣ нисбати дигарон, шаҳодати бардурӣғ додан, маълумотеро надониста паҳн кардан, сӯистифодаи дину мазҳаб, бо макру фиреб хонавайрон кардани мардум парҳез мекард. Вале ин бешараф ба ин нигоҳ накарда, боз аз муқаддасот сухан мегӯяд…?
Ҳамин тавр, кору кирдоре, ки аз ҷониби Муҳаммадиқболи Садриддин ва падари вай содир гардидааст, нобахшиданӣ аст. Набояд фаромўш кард, ки дар тӯли таърих ягон халќу миллат хиёнат ба Ватан-модар, давлат ва мардумро набахшидааст ва намебахшад.
Раёсати таҳлили масъалаҳои
соҳибкорӣ ва рушди бахши хусусӣ