Филми мустанади «Бешарафӣ», доир ба амалу кирдорҳои нангини хоинони миллат, бахусус роҳбарият ва аъзои ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ бо дастгирии хоҷагони хориҷии хеш бар зидди давлату миллати тоҷик амалу кирдорҳои ғайриинсонӣ анҷом додаанд ва то ҳол баъзе пайравони бадахлоқу бадсириштон анҷом дода истодаанд, маълумот медиҳад.

Тавре ки аз филм бармеояд, амали Муҳаммадиқболи Садриддин ва ҳаммаслакони ӯ, ки  аз намояндагони собиқ Ҳизби наҳзати исломӣ мебошанд, ба қаллобию мардумфиребӣ машғул буда, аз амалу кирдори бади худ даст барнамебардоранд. Муҳаммадиқбол кист? Муҳаммадиқболи Садриддин писари яке аз таъсисдиҳандагон ва фаъолони собиқ Ҳизби наҳзати исломӣ Садриддинов Қаландар мебошад, ки солҳои нооромӣ маҳз бо пешниҳоди ӯ як қисми мардум ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳамчун гуреза паноҳ бурдаанд. Ин кор низ пешакӣ бо ҳаммаслаконаш тарҳрезӣ шуда буд, мардумро маҳз ба хотири рӯёндани маблағҳои калони пулӣ ба минтақаи Афғонистон ҳамчун гуреза бурданд. Бо ҳидоятҳои падар Муҳаммадиқбол тайи солҳои 1992-97 дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон таҳсилоти ифротгароӣ гирифта, яке аз шогирдони муваффақи як пойгоҳи таълимоти экстремистию ифротгароӣ гардидааст. Чун аз наворҳои филм бармеояд Муҳаммадиқболи Садриддин ва даҳҳо тан мисли ӯ қурбонии идеяҳои ифротии террористию экстремистии собиқ Ҳизби наҳзати исломӣ гардидаанд. Муҳаммадиқболи Садриддин яке аз ҷиноятпешагони берӯйи наҳзатист, ки дар шабакаҳои интернетӣ аз худ чеҳранамоӣ карда, ҳамарӯза ба бофтани маълумоти бардурӯғ ва фитнаю иғвоандозӣ машғул аст. Дар ҷомеа ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ гоҳ худро як нафари насиҳатгар муллову тақводор нишон медиҳаду ва гоҳе худро дар сурати як нафар озодандеш ва ҳуқуқдону башардуст.

 Оё аз рӯйи адолати мусалмонист, ки зери шиори “бародар бародари муъмин аст” гуён бо ҳар роҳу восита мардумро фиреб карда, ҳамватанони худро зери доми худ афканӣ ва маблағи калони пулие, ки баъзеи онҳо бо арақи ҷабини худ кор кардаанд, бо ваъдаҳои бардурӯғи худ соҳиб гардӣ? Шахсоне, ки аз тарафи ӯ ҷабр дидаанд, бе хонаю бе макон сарсону саргардон гаштаанд. Шахсоне ки пули худро аз ӯ талаб кардаанд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ онҳоро таҳқир ва дашном намуда паст мезанад.

Бефаросатӣ ва бешармие, ки аз чеҳраи Муҳаммадиқбол маълум аст, аз тарбияи нохуб ва муҳити хонаводааш сарчашма гирифтааст. Аҷоибаш он аст, ки ин бадсириштон бо вуҷуди доштани камбудиву хатоиҳои зиёди ҳаётӣ ва муносибати ноҷавонмардона нисбат ба наздикону пайвандони худ, имрӯз гуё ки аз камбудиҳои як давлат ва як миллат бохабаранду аз минбар сухан мегӯянд. Шурӯъ аз Кабирӣ, ки пулро аз ҷанозаи модаре, ки чашм ба роҳи фарзандаш буд, боло дониста, ба ҷанозаи модараш наомад. Муҳаммадиқболи Садриддин низ ба ҷанозаи падари дар ғарибиву ғурбат ҷондодаи худ рафтанро лозим надонист.

 Фарзанде, ки тобути падару модарро худро намебардорад ва нафаре, ки маблағи ночизро аз ҷанозаи падар боло медонад, шахсе, ки ба ҳамсар ва бародару хоҳари худ раҳме надораду ин қадар ба осонӣ аз наздикони худ даст мекашад, барои мардуми одии кишвар чӣ амали некеро анҷом дода метавонад!

 

Муҳаммад Муродов,

мутахассиси Раёсати

таҳлил ва ояндабинии сиёсати

хориҷии МТС – и назди Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Чоп кунед