ЗИ ҲУШАНГ МОНДА ИН САДА ЁДГОР
(Гуфтори бузургони адабиёти форсу тоҷик доир ба ҷашни миллии Сада)
Гуфтор андар пайдоиши ҷашни Сада
Яке рӯз шоҳи ҷаҳон сӯйи кӯҳ,
Гузар кард бо чанд каси ҳамгурӯҳ.
Падид омад аз дур чизи дароз,
Сияҳрангу тиратану тезтоз.
Ду чашм аз бари сар ду чашмаи хун,
Зи дуди даҳонаш ҷаҳон тирагун.
Нигаҳ кард Ҳушанги боҳушу санг,
Гирифташ яке сангу шуд тезчанг.
Ба зӯри каёнӣ раҳонид даст,
Ҷаҳонсӯз мор аз ҷаҳонҷӯ ҷаст.
Баромад ба санги гарон санги хурд,
Ҳам ону ҳам ин санг гардид хурд.
Фурӯғе падид омад аз ҳар ду санг,
Дили санг гашт аз фурӯғ озаранг.
Нашуд мор кушта, валекин зи роз,
Аз ин табъи санг оташ омад фароз.
Ҷаҳондор пеши Ҷаҳонофарин,
Ниёиш ҳамекарду хонд офарин.
Ки ӯро фурӯғе чунин ҳадя дод,
Ҳамин оташ он гоҳ қибла ниҳод.
Шаб омад бирафрухт оташ чу кӯҳ,
Ҳамон шоҳ дар гирди ӯ бо гурӯҳ.
Яке ҷашн кард он шабу бода х(в)ард,
Сада номи он ҷашни фархунда кард.
Зи Ҳушанг монда ин Сада ёдгор,
Басе бод чун ӯ дигар шаҳриёр.
Абулқосим Фирдавӣ
Ҷаҳоне ба некӣ аз ӯ ёд кард,
К-аз обод кардан ҷаҳон шод кард.
***
Магар меҳри Наврӯзу ҷашни Сада,
Ки ӯ пеш рафтӣ миёни рада.
Абулқосим Фирдавӣ
Биҳиштам биёмад зи оташкада,
Чу наздик шуд рӯзгори Сада.
Абулқосим Фирдавсӣ
Ба Наврӯзи Ҷамшеду ҷашни Сада,
Ки нав гаштӣ ойини ҷашни Сада.
Низомии Газнавӣ
Афридун ҳамон рӯз, ки Заҳҳок бигрифт, ҷашни Сада барниҳод ва мардумон, ки аз ҷавру ситами Заҳҳок раста буданд, писандиданд ва аз ҷиҳати фоли нек он рӯзро ҷашн кардандӣ ва ҳар сол то ба имрӯз ойини подшоҳони некаҳдро дар Эрон ва даври он ба ҷой меоваранд.
Аз “Наврӯзнома”-и Умари Хайём
Сада гӯянд, яъне сад ва он ёдгоре аз Ардашери Бобакон аст ва дар иллату сабаби ин ҷашн гуфтаанд, ки ҳар гоҳ рӯзҳо ва шабҳоро ҷудогона бишморанд, миёни он ва охири сол адади сад ба даст меояд ва бархе гӯянд, иллат ин аст, ки дар ин рӯз зодагони Каюмарс падари нахустин дуруст сад тан шуданд ва яке аз худро бар ҳама подшоҳ гардониданд ва бархе бар онанд, ки дар ин рӯз фарзандони Машӣ ва Машиёна ба сад расиданд ва низ омада шумори фарзандони Одам Абулбашар дар ин рӯз ба сад расид.
Абӯрайҳон Берунӣ
Вожаи “Сада” дар китоби “Авесто” ҳам ба маънои тулӯъ кардан ва ҳам ба маънои ғуруб кардан омадааст ва ба гумони зиёд ҷашни Сада ба як ҳодисаи кайҳонӣ, яъне тулӯъ ва ғуруби ҳамзамони ду ситораи пурнуру дурахшон дар нахустин шабҳои баҳманмоҳ дар ҳудуди панҷ ҳазор сол пеш иртибот дошта бошад. Ҷашни Сада ҳеҷ гоҳ ба ҳеҷ як аз қавмҳо ё динҳои бостонӣ иртиботе надошта ва ҳамеша ҷашни ҳамагонӣ ва баргирифта аз шароити иқлимӣ ва рӯйдодҳои кайҳонӣ будааст.
Ризо Муродии Ғиёсободӣ
Сада ҷашни мулуки номдор аст,
Зи Афридуну аз Ҷам ёдгор аст.
Унсурии Балхӣ
Омад, эй сайиди аҳрор, шаби ҷашни Сада,
Шаби ҷашни Садаро ҳурмати бисёр бувад.
***
Оташе бояд чунон ки фарози аламаш,
Бартар аз доираи гунбади даввор бувад.
***
Май хӯр, эй сайиди аҳрор, шаби ҷашни Сада,
Бода хӯрдан, бале, аз одати аҳрор бувад.
Манчеҳрии Домғонӣ
Сада омад, ки туро мужда диҳад аз Наврӯз,
Мужда бипзиру бидеҳ хилъату кораш ба тароз.
Фаррухии Систонӣ
Инак, биомадаст ба панҷоҳ рӯз пеш,
Ҷашни Сада–талояи Наврӯзи навбаҳор
Манучеҳрии Домғонӣ
Ҷашни Сада, амиро, расми кибор бошад,
Ин ойини Каюмарсу Исфандиёр бошад.
Аслаш зи нур бошад, фаръаш зи мор бошад,
Чун бингарӣ ба арзаш аз кӯҳсор бошад.
Чу бингарӣ ба тӯлаш сарву чинор бошад.
Манучеҳрии Домғонӣ
Рӯшанӣ бар осмон аз хоки тира бар шавад,
Рӯшанӣ бар осмон з-ин оташи ҷашни Сада.
Манучеҳрии Домғонӣ
Шаби Сада-ст яке оташи баланд афрӯз,
Ҳақ аст мар Садаро бар ту, ҳаққи он бигзор.
Фаррухии Систонӣ
Биовар май, ки гоҳи комронист,
Зи май моро ҳавои саргаронист.
***
Наво сар деҳ ба оҳанги ҳумоюн,
Ки гӯйӣ дар сарам шӯри ҷавонист.
***
Бизан сантуру з-он пас тору танбӯр,
Ки дилхоҳам суруди хусравонист.
***
Ба ойини Сада шобош сар кун,
Ки ин расм аз русуми бостонист.
***
Муборак бод ин ҷашни каёнзод,
Бар он к-ў дар танаш хуни каёнист.
***
Сада ин ҷашни фаррухфоли фирӯз,
Намоде аз суруру шодмонист.
***
Сада ин ёдгори аҳди дерин,
Фурӯғаш зинда, номаш ҷовидонист.
Адиби Барӯманд
Оташи ҷашни Сада оташи меҳри Ватан аст,
К-андар ин мулк нахоҳад, ки шаби тор бувад.
***
Хуршеди Сада бар сари мо нурфишон шуд,
Аз шуълаи он гарм дили пиру ҷавон шуд.
***
Зардиву ранҷурии ман аз ту,
Сурхиву хуррамии ту аз ман.
Аз эҷодиёти шифоҳии мардуми тоҷик
Гирдоваранда ва мураттиб Қиёмиддин Сатторӣ,
котиби матбуотии Маркази тадқиқоти
стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон