Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва неруи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд.
Эмомалӣ Раҳмон
Ҳар як ҷомеа дар шароити муосир барои мустаҳкам намудани пояҳои давлатдорӣ ва таҳкими истиқлоли худ ба неруву қудрати муайяне такя менамояд. Аз ҷумлаи ҳамон нерӯву қудрат, ки дар олами муосир василаи рушди давлат мегардад, насли ҷавон мебошад. Маҳз дар сиёсати давлатҳои ҷаҳон пайваста дастгирӣ гардидани ҷавонон, такя намудан ба сармояи ақлонии онҳо, ба корҳои ҷамъиятию сиёсӣ ҷалб намудани ҷавонон, диққати ҷиддӣ додан ба таълиму тарбияи насли ҷавон, шароит ва имконоти васеъ фароҳам овардан барои рушду инкишофи ҷавонон, аз он дарак медиҳад, ки мақом ва нақши ҷавонон дар пешрафти давлат ва ҷомеа бузург мебошад. Дар ҳақиқат, ҷавонон қишри муҳим ва меҳварии давлату миллат буда, маҳз онҳо пешбарандаи ва инкишофдиҳандаи ҷомеа мебошанд. Муҳим будани нақши ҷавонон дар рушди давлат ва таҳкими Истиқлоли давлатӣ дорои якчанд вижагӣ аст:
пеш аз ҳама, давомдиҳандаи ҳаёти ҳар як давлату миллат ҷавононанд ва мавҷудияти давлату миллат ба насли ҷавон ногузир вобастааст;
рушди ҳар як давлат аз сармояи инсонӣ, махсусан, ҷавонони созанда, алоқамандии бевосита дорад;
ҷавонон нисбат ба дигар қишрҳои ҷомеа дар рушди соҳаи илму инноватсия ва эҷодкорӣ пешсаф ҳастанд;
таҷрибаҳо собит месозанд, ки танҳо ҳамон давлатҳое соҳиби рушди устувор гардидаанд, ки ба неруи ҷавонон такя намуда, стратегияи рушди худро бо дарназардошти манфиатҳои ҷавонон тарҳрезӣ кардаанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити муосир ҳамчун давлати соҳибистиқлол, соҳибихтиёр, демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд арзи ҳастӣ дорад ва инкишоф ёфта истодааст. Баъд аз соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти он ки бештар аз 35 дарсади аҳолии мамлакатро насли ҷавон ташкил медиҳанд ва ҷавонон неруи бузурги созандаи ҷомеа мебошанд, ҳукумати мамлакат дастгирӣ ва ҳифзи манфиатҳои ҷавононро ҳамчун стратегияи муҳими рушди худ ва арзиши меҳварии сиёсати давлатӣ қарор додааст. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар сиёсати давлатии ҷавонон” аз 13-уми марти соли 1992 худ нишонаи возеҳи мақом ва нақши ҷавонон дар сиёсати давлатӣ мебошад. Дар алоқамандӣ ба ин дар муддати бисту ҳашт соли соҳибистиқлолӣ як қатор барномаву стратегияҳо аз ҷумла “Консепсияи миллии сиёсати ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Стратегияи сиёсати ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020”, “Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021”, “Низомнама дар бораи Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз ҷониби Ҳукумати мамлакат қабул гардид. Қабул гардидани чунин санадҳои муҳим тамоми имконотро ба вуҷуд овардааст то ҷавонон тавонанд қудрати зеҳниву ақлонии хешро неру бахшида, дар идоракунии ҷомеа фаъолона иштирок намоянд. Дар ин раванд дар назди ҷавонон иҷрои як қатор рисолати муҳими таърихии тақдирсоз меистад. Пеш аз ҳама, ҳифз ва азхудкунии фарҳанги моддиву маънавии миллат, садоқат ба Ватан, баланд бардоштани сатҳи худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ, таҳкими Истиқлоли давлатӣ, азхуд кардани донишҳои муосир, дастгирӣ аз сиёсати бунёдкоронаи ҳукумат, таъмини амният ва суботи давлат аз муҳимтарин вазифаи ҳар як ҷавони кишвар дар шароити муосири давлатдорӣ аст.
Дар ин маврид Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ ба ифтихори Рӯзи дониш (01.09.2019) чунин ибрози андеша намуданд: “Дар ин даврони орому осоишта ва пешрафти бесобиқаи кишварамон мо ҳамаи шароиту заминаҳоро барои таҳсилу омӯзиш ва зиндагии шоистаи ҷавонон фароҳам овардаем ва ният дорем, ки дар оянда барои насли ояндасоз заминаҳои боз ҳам беҳтарро муҳайё кунем. Дар оғози соли нави таҳсил, яъне дар рӯзе, ки мо ба донишу маърифат ҳамчун калиди худогоҳиву бедорӣ ва ибтикору созандагӣ арҷ мегузорем, бори дигар таъкид менамоям, ки неруи ақлу хирад, донишу маърифат ва иродаву садоқат роҳи шуморо дар идома додани корномаи бузургони гузаштаи миллати тоҷик равшан хоҳад кард”.
Мутаассифон, дар ҷомеа иддае аз ҷавононе мавҷуданд, ки ҳамаи ин дастовардҳо ва ғамхориҳои давлату ҳукуматро нодида мегиранд ва ё дарк накарда, дар муқобили манфиатҳои давлату миллати худ қарор мегиранд. Аз ин ҳолат бештари гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ истифода намуда, онҳоро ҳамчун неруи нарм дар амалинамоии манфиатҳои ғаразноки худ истифода мебаранд, ки ин ҳолат якчанд хатару таҳдидҳоро ба Истиқлоли давлатӣ ва суботи ҷомеа ба вуҷуд меорад:
Қабл аз ҳама, зиндагии ҷавононе, ки гирифтори доми гуруҳҳои ифротианд қурбонии ҳадафу манфиатҳои шахсони муайян мегарданд;
Ифротӣ ва мағзшӯӣ гардидани ҷавонон аз ҷониби гурӯҳҳои экстермистӣ, пеш аз ҳама, рисолати онҳо, яъне “ояндасози давлат будан”-ро аз байн мебарад ва онҳо худ дар раъси таҳдид ба суботи ҷомеа қарор мегиранд;
Дар раванди ба гурӯҳҳои ифротгаро ҷалб гардидани ҷавонон онҳоро ба иҷрои як қатор вазифаҳои дигар маҷбур мекунад. Пеш аз ҳама, наздикон, ҳамсолон ва афроди дигарро тавассусти ҳар гуна таблиғоти таъсирнок бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ ба сафи ташкилотҳои худ даъват менамоянд;
Танҳо ба сафи созмонҳои экстремистӣ ворид кардани ҷавонон ҳадафи охирон набуда сенарияҳои манфиатдорони ин гуна гурӯҳҳо ба охир намерасад. Онҳо ҳар гуна сенарияҳо (бетартибиҳои ҷамъиятӣ, иҷрои амалҳои террористӣ, ифротӣ гардонидани қисми дигари ҷомеа ва ғайра)-ро тавассути ҷавонони гумроҳ амалӣ карданӣ мешаванд.
Омилҳои ворид гардидани ҷавонон ба сафи гурӯҳҳои экстремистӣ -террористӣ гуногун буда, ба андешаи бештари муҳаққиқон сабабҳои асосие, ки боиси гирифтор гардидани ҷавонон ба ин гуна гурӯҳҳо мегарданд, қабл аз ҳама, надоштани маърифати динӣ, камсаводӣ ва надонистани илми муосир, фанатизми динӣ, аз хурдӣ тарбият наёфтани ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, ҳувияти миллӣ ва садоқат ба сарзамини модарӣ ташкил медиҳанд.
Дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ ва бавуҷудоии як қатор равандҳои пуртазоди олами муосир ҳар кадоме аз моро зарур аст, ки дар роҳи мубориза бар зидди ҳар гуна амалҳое, ки ҷавононро аз роҳи садоқат ба Ватан ба сӯйи хиёнат ба сарзамини модарӣ водор мекунад, ки аз ҳар вақта дида бештар стратегия ва тактикаҳои судмандро амалӣ намоем. Дар ин раванд, қабл аз ҳама нақши ҷомеа ва ниҳодҳои он хеле бузург аст. Ниҳодҳои ҷомеа, аз ҷумла оила ва мактабро зарур аст, ки дар роҳи талқини арзишҳои волои миллӣ ба насли ҷавон, ба монанди: рушди хиради инсонӣ, омӯзиши илми муосир, дарки моҳияти аслии дин, садоқат ба сарзамини модарӣ ва таҳким ва ҳифзи Истиқлоли давлатӣ, эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ ва ҳифзи тамаддуни ғании ниёгон диққати ҷиддӣ диҳанд.
Барои он, ки нақши ҷавонон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ самаранок карда шавад, дар шароити муосир мавриди эътибор қарор додани ҷиҳатҳои зерин ба манфиати ҷомеа ва махсусан, ба манфиати ояндаи насли ҷавон аст.
Якум, аз хурдӣ тарбия кардани ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва садоқат ба сарзамини модарӣ, ба вуҷуд овардани ҳувият ва ғурури миллӣ дар сиришти онҳо.
Дуюм, ҷалби ҷавонон ба омӯзиши илмҳои муосир (сиёсатшиносӣ, геополитика, дипломатия, диншиносӣ, назарияи муносибатҳои байналмилалӣ, иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва ғайра) ва хондани китобҳои олимону донишмандони ватанӣ. Дар ин замина зиёд кардани теъдоди китобхонаҳои оммавӣ дар мамлакат аз ҷумла дар деҳот ба салоҳи кор аст.
Сеюм, пайваста баргузор кардани семинарҳои омӯзишӣ дар масъалаҳои хештаншиосӣ ва садоқат ба сарзамини модарӣ дар ҳама қаламрави мамлакат. Чорум, дар ҳама гуна муассисаҳои таълимӣ ҷорӣ кардани фанни махсусе, ки талқинкунандаи арзишҳо миллӣ бошад.
Панҷум, ташкил кардани бозиҳои илмӣ адабӣ дар байни афроди гуногуни ҷомеа махсусан ҷавонон. Завқи китобхониро дар вуҷуди ҷавонон бештар кардан беҳтарин чораи мубориза зидди ҳар гуна гурӯҳи экстеремистиву террористӣ аст. Яке аз роҳхои бештар кардани чунин завқ дар ҷавонон ин ташкили мусобиқаи китобхонӣ дар ҷомеа мебошад. Масалан, бар ивази мутолиаи ҳар як китоб хонанда соҳиби мукофоти муайян карда шавад.
Шашум, барои ҷавонони лаёқатманд ва ихтироъкор шароити мусоид ва имкониятҳои васеъ фароҳам овардан ба фоидаи кор аст.
Ниҳоят гуфтан мумкин аст, ки иҷрои чунин ҳадафҳо аз манфиат орӣ набуда, нақши ҷавононро дар роҳи ҳифзи арзишҳои миллӣ, таҳкими истиқлоли давлатӣ ва ршди устувори мамлакат боз ҳам беҳтар менамояд.
Алиназар Ашӯров, мутахассиси
Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати
дохилии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон