Тоҷикон аз қадимтарин халқҳои дунё ба ҳисоб мераванд, аммо бо ҳукми таърих баъди суқути давлати Сомониён, тӯли ҳазор сол аз истиқлолу соҳибихтиёрӣ маҳрум буданд. Ҳазор сол дар таърих муҳлати кам нест, аз ин рӯ, истиқлолияти сиёсию давлатие, ки соли 1991 насиби миллати мо шуд, дар низоми арзишҳои миллӣ муқаддастарин ва бебаҳотарин арзиш ба шумор меравад. Ин сухани саҳлу содаест, ки мегӯянд: истиқлол баъди пош хӯрдани давлати абарқудрати Шӯравӣ якбора чун ганҷи ногаҳонӣ аз осмон падид омад. Инро онҳое мегӯянд, ки аз зоҳири масъала кор гирифта, ба умқи ҳаводиси таърихи пурталотуми ташаккул ва таҳаввули миллати тоҷик ва саҳми он дар рушди давлатдориҳои ғайр, сари андеша фурӯ нарафтаанд.
Чун ба таърих бо назари таҳқиқ бингарем, метавонем гуфт, ки истиқлолият рамзи мубориза ва рӯҳи шикастнопазирии халқи тоҷик алайҳи неруҳои аҳриманист, ки дар ҷодаи расидан ба ин неъмати арзишманд ҳазорон ҳазор ҷавонмардони меҳанпараст, донишмандони ҳушманд ва сиёсатмадорони баруманд ҷони худро аз даст додаанд.
Як зумра таҳқиқоти касбӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки кишварҳое чун Ҳиндустон, Покистон, Афғонистон ва як силсила давлатҳои қитъаи Африқо садсолаҳо алайҳи истилогарони аҷнабӣ муқовимат ва мубориза намуда, ба истиқлолияти давлатӣ мушарраф шудаанд, аммо то имрӯз дар байни кишварҳо ихтилофи назар ва тақсимоти нодурусти ҳудудӣ бо мудохилаи абарқудратҳо боиси авҷ гирифтани ҷангҳои минтақавӣ гаштааст.
Ҷанг ва хунрезиҳои пайдарпайи сарлашкарҳои ҷаррори муғулу араб, дасисакориҳои миллаткуши пантуркистон ва сиёсати замони Шӯравӣ натавонист ҳувияти тоҷикӣ ва иродаи миллии халқи моро решакан ва аз арсаи зиндагӣ маҳв намояд. Тағйири харитаи сиёсии ҷаҳон пас аз пирӯзии Инқилоби Октябри соли 1917 боиси пайдо гаштани давлатҳои алоҳидаи миллӣ, ба монанди ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Туркманистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон гашт. Аморати Бухоро ба таври абадӣ мавқеъ ва ҷойгоҳи худро аз даст дод.
Душманони миллату фарҳанги халқи тоҷик бо ҳар тарзу усули сиёсию идеологӣ талош варзиданд, ки забону хат ва фарҳанги тоҷикро инкор намуда, таъсиси кишвари алоҳидаи Тоҷикистонро зимни тақсимоти миллию ҳудудии солҳои бистуми асри бист номумкин гардонанд. Дар ин давраи пурошӯб даҳҳо фарзандони фарзонаи миллат, аз қабили Садриддин Айнӣ, Абдулқосим Лоҳутӣ, Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум ва дигарон дар таъсиси давлати алоҳидаи Тоҷикистон дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ саҳми бориз гузоштанд. Онҳо бо қаламу сухан, бо зарфияти бузурги сиёсию мафкуравӣ ва илмию маърифатии худ алайҳи ҳама душманони кишвари Тоҷикистон мубориза ва муқовимат намуданд. Дар таърихи 8-уми сентябри соли 2008 оид ба мавзӯи мазкур Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин иброз доштанд: “Дар интиҳои асри XX дар давоми ҳамагӣ чанд сол дар натиҷаи дигаргуниҳои амиқ ва бар асари равандҳои пурталотуми ҷаҳоншавӣ харитаи сиёсии ҷаҳон тағйир ёфта, як қатор кишварҳои соҳибистиқлол, яъне давлатҳои мустақили миллӣ арзи ҳастӣ намуданд”.
Душманони Истиқлолият дар аввал миллати тоҷикро ба гирдоби мухолифат ва муқовиматҳои сиёсию мафкуравӣ кашида ва ҳамзамон, кишвари азизамон Тоҷикистонро шомили ҷанги шаҳрвандӣ гардониданд. Аммо доираҳои манфиатдори фитнаҷӯ ва ихтилофангези хориҷию дохилӣ натавонистанд иродаи истиқлолхоҳии халқи тоҷикро бишкананд. Онҳо бо истифода аз шиорҳои сохтаи демократимаоб ва динӣ мардуми мусалмони тоҷикро ба сангарҳои ба ҳам душман тақсимбандӣ намуданд, ки ин омил боиси хунрезӣ ва қатлу куштори ҳазорон инсонҳои бегуноҳ гардид.
Дар ин маврид Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон мефармоянд: “Бар асари саривақт ва дуруст дарк накардани ҳадафҳо ва ғаразҳои сиёсию мафкуравии баъзе доираҳои сиёсии хориҷӣ, ҳамчунин, мазмуну моҳияти аслии равандҳои мураккаби минтақавию байналмилалӣ, дар натиҷаи ба доми фиреби бегонапарастон афтидани як қисми мардуми камтаҷриба дар кишвари мо арзиши муқаддаси истиқлол ва давлатдории миллӣ, ки аз ҳама гуна манфиатҳои маҳдуди сиёсию иҷтимоӣ ва ҳадафҳои ҳизбию гурӯҳӣ волотар аст, поймол гардид. Вале бар хилофи азму талошҳои гурӯҳҳои манфиатдори хориҷӣ қувваҳои солими ҷомеаи мо роҳи расидан ба сулҳу субот ва ваҳдати миллиро, ки мардуми мо онро дер боз интизор буданд, интихоб карданд”.
Бо шарофати саъю талоши абармардони миллат, бахусус Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва хиради азалии халқи тоҷик ба ҷанги шаҳрвандӣ ва таҳмилӣ хотима дода шуд. Ин омил яке аз дастовардҳои беназири Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар барқарор намудани сулҳу субот ва расидан ба ваҳдати миллӣ маҳсуб меёбад.
Ҳадафи асосии иғвоангезони сиёсӣ ва гурӯҳҳои моҷароҷӯи иртиҷоӣ, пеш аз ҳама, бар зидди истиқлолияту давлатдории миллӣ ва раванди тақвият ёфтани он равона гардида буд. Зеро дар ин давра дастёбӣ ва шинохти ҳувияти миллӣ, ҳифзи тамомияти арзӣ, нангу номуси миллӣ барои халқи тоҷик бо шарофати истиқлолият яке аз самтҳои афзалиятноки давлати Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт.
Халқи тоҷик дар чунин шароити мураккаби сиёсӣ ва бархӯрди манфиатҳои кишварҳои абарқудрати ҷаҳон дар минтақа маҳз бо шарофати худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ аз арзишҳои истиқлолият пуштибонӣ намуда, саҳми худро дар эҳёи суннатҳои мардумӣ, ҳифзи андеша ва тозагии забони тоҷикӣ, покии фарҳанг ва рушду такомули иқтисоди кишвар гузошт. Бо шарофати истиқлолият кишвари Тоҷикистон ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд ва демокративу дунявӣ аз ҷониби ҷомеаи башарӣ ва ташкилотҳои байналхалқӣ пазируфта шуд.
Душвориҳои давраи аввали таҳкими истиқлол кам набуданд. Яке аз онҳо – набудани робитаҳои нақлиётӣ дар замони қабл аз истиқлол буд. Ҳамакнун, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ дар баробари таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва озуқаворӣ аз вазифаҳои аввалиндараҷаи стратегӣ ба ҳисоб меравад.
Бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари азизамон аз бунбасти иқтисодӣ ва вобастагиҳои молӣ наҷот ёфт. Аз шимол то ҷануб аз ғарб то шарқи кишвари маҳбубамон тамоми роҳҳо ва шоҳроҳҳои мошингард дар сатҳи байналмилалӣ сохта шуданд. Садҳо неругоҳҳои хурди барқӣ ва бузургтарини онҳо – неругоҳи барқи обии “Роғун” бунёд гардида, имрӯз дар хизмати халқу Ватан қарор доранд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мефармоянд: “Шукронаи истиқлолияти давлатӣ, ки имрӯз халқи мо барои риояи тамоми рукнҳои дини мубини ислом шароит ва имконияти заруриро доранд ва дар ин самт ягон монеа вуҷуд надорад”. Албатта, ин суханони Пешвои миллат аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки гурӯҳҳои иртиҷоӣ ва фаъолони ҳаракатҳои ифротӣ талош доранд, ки бо ворид сохтани идеология ва ақидаҳои ботили “исломиноб” ва “исломи инқилобӣ” заминаҳои ихтилоф ва ангезаҳои моҷароҷӯёнаи ДИИШ-ро тақвият диҳанд. Аммо ин бадхоҳони миллат ва давлати Тоҷикистон фаромӯш кардаанд, ки мардуми тоҷик дар доираи мазҳаби Имоми Аъзам-Абӯҳанифа тоату ибодати худро бидуни мушкилот ва монеаҳо иҷро менамояд ва ниёз ба афкору ақидаи ботили гурӯҳҳои тундрави бемазҳаб ва ифротӣ надоранд.
Ҳамин тариқ, таҳлил ва ковишҳои тахассусӣ аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки истиқлол неъмати арзишмандест, ки бар ивази ҷонбозиҳои зиёд ва азму талоши беҳтарин фарзандони барӯманди халқи тоҷик насиби Тоҷикистони азиз гаштааст. Набояд ин неъмати бузургро пушти по зад, зеро Худованд носипосонро дӯст намедорад.
Ҳукумат ва давлати Тоҷикистон барои расидан ба истиқлолияти комил ва амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии хеш аз тамоми зарфият ва имкониятҳои сиёсию иқтисодӣ истифода хоҳад кард. Эҳтиром, шинохт ва амалӣ намудани арзишҳо ва муқаддасоти истиқлолият таъминкунандаи ормонҳои миллӣ ва таърихии халқи тоҷик маҳсуб меёбад.
Бидуни шак, сарчашмаи тамоми комёбиҳои сиёсию иқтисодии кишвари маҳбуб ва саодатмандии ҳар шаҳрванди Тоҷикистони азиз аз шинохти дуруст ва ҳифзи комили истиқлолият вобастагӣ дорад.
Исроил ФАЙЗОВ,
Коршиноси Раёсати омӯзиши
масъалаҳои амнияти минтақавии МТС
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон