Рӯзи 18 сентябри соли 2019 мулоқоти директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Диловар Қодирзода бо Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Муҳаммадтақӣ Собирӣ баргузор гардид.
Диловар Қодирзода дар оғози мулоқот Сафири муҳтарамро хайрамақдам гуфта, робитаҳои дӯстонаи Тоҷикистону Эронро мусбат арзёбӣ кард ва таъкид намуд, ки рушду тавсеаи минбаъдаи онҳо ҷавобгӯйи манфиатҳои ҳар ду тараф мебошад. Ӯ хусусан, инкишофи робитаҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сайёҳиро барои ҳар ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳангро муҳим дониста, зикр намуд, ки мутаассифона, зарфиятҳои воқеии ҳар ду давлат дар ин самт истифода нашудаанд.
Зимнан, мавсуф таъкид кард, ки бояд ҳамкориҳои илмиву пажӯҳишии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо марказҳои тадқиқоти стратегии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба роҳ монда шаванд.Барои ин кор бояд дар байни ин марказҳо Ёддошти тафоҳум имзо гардад. Дар он сурат, кормандони марказҳои тадқиқотии ҳар ду кишвар метавонанд дар самтҳои гуногун пажӯҳишҳои илмиву таҳлилӣ анҷом диҳанд ва китобҳои муштарак дар мавзӯъҳои гуногуни сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ба табъ расонанд.
Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадтақӣ Собирӣ дар навбати худ барои пазироӣ ва мулоқоти самимона ба директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуд ва ба рушди робитаҳои дӯстонаи Эрон ва Тоҷикистон баҳои баланд дода, таҳкими онро ҳадафи асосии фаъолияти дипломатии худ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон номид. Ӯ таъкид бар он кард, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон аввалин шуда дар ҷаҳон Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эътироф карда, сафорати худро дар шаҳри Душанбе боз намуд. Ӯ аз муштаракоти забонӣ, фарҳангӣ, нажодӣ ва таърихии халқҳои Эрону Тоҷикистон ёдовар шуда, тазаккур дод, ки барои рушду густариши минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуногун, бахусус, бахши иқтисодиёт, барномаҳо ва пешниҳодҳои мушаххасро амалӣ хоҳад намуд. Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷаноби Ҳасан Рӯҳонӣ имсол дар ҳошияи Машварати ҳамкорӣ ва боварӣ дар Осиё дар шаҳри Душанбе дар самти ҳамкорӣ ва робитаҳои сиёсӣ, иқтисодь ва фарҳангии ду кишвар уфуқҳои тоза боз намуд.
Ҷаноби Сафир қайд кард, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон ду маркази тадқиқоти стратегӣ: яке дар назди Президент ва дигаре дар назди Вазорати корҳои хориҷӣ дорад. Сафорати кишвари мо кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки дар наздиктарин муҳлат дар байни марказҳои тадқиқоти стратегии Эрон ва Тоҷикистон робитаҳои зичи илмиву пажӯҳишӣ барқарор гардад, ки ин иқдом ба манфиати ҳар ду кишвари дӯсту ҳамзабон ва ҳамфарҳанг аст.
Инчунин, ҷаноби Сафир изҳор дошт, ки Эрон бозори хеле бузург ва муносиб барои содироти меваҳои хушк, сангҳои ороишӣ, маснуоти заргарӣ, сарватҳои зеризаминӣ ва дигар молу амволи содиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Кишвари мо талош меварзад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба обҳои озод дастрасӣ пайдо намояд ва аз бунбасти коммуникатсионии минтақаи Осиёи Марказӣ комилан раҳо гардад. Барои амалӣ гардидани ин ҳадафи наҷиб ҷониби Эрон бандари “Чобаҳор”-ро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷора пешниҳод намудааст, ки ба манфиати ҳар ду кишвар аст. Дар айни замон, Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳозир аст, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсулоти гуногуни хушсифати саноатӣ ва кишоварзӣ содир намояд.
Ҳамин тавр, мулоқот дар рӯҳияи дӯстона ва ҷавобгӯй ба сатҳи баланди муносибатҳои ду кишвар анҷом ёфт.
Хадамоти матбуотии Маркази
тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон