Рӯзи 19 сентябри соли 2019 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи гирд дар мавзӯи “Масъалаҳои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон: вазъ ва дурнамо” баргузор гардид. Дар ҳамоиш намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ, марказу пажӯҳишгоҳҳои илмӣ, коршиносон ва хабарнигорони воситаҳои ахбори оммаи давлатӣ ширкат варзиданд.
Ҳамоишро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Диловар Қодирзода кушода, иштирокчиёни мизи гирдро хайрамақдам гуфт ва зимни суханронии ифтитоҳии худ қайд кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлоли сиёсӣ роҳи инкишофи демократиро интихоб намуд. Маълум аст, ки шарти асосӣ ва зарурии бунёди бомуваффақонаи демократия мавҷудияти ҷомеаи шаҳрвандии инкишофёфта мебошад. Ҷомеаи шаҳрвандии комил танҳо дар натиҷаи рушди ҳамкориҳо, муносибатҳои байниҳамдигарии ниҳодҳои сиёсӣ ва муносибатҳои бозори озод имконпазир мебошад. Аксари масъалаву вазифаҳое, ки дар Паёми имсолаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” инъикос шудаанд, бо ҳамкориву мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ татбиқ мешаванд.
Ҳизбҳои сиёсӣ, ҳаракатҳои ҷамъиятӣ, марказҳои фарҳангии ақаллиятҳои миллӣ, иттиҳодияву иттифоқҳои гуногун ва созмонҳои ғайридавлатӣ дар амалӣ гардидани ҳадафҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси шарики боэътимоди давлат иштирок менамоянд.
Роҳ кушодан ба ҷомеаи шаҳрвандӣ яке аз воситаҳои муҳимтарини раванди демократикунонӣ дар давлат ба шумор рафта, барои ҳамкории ниҳодҳои ғайридавлатӣ бо давлат мусоидат менамояд ва ҷиҳати ҳаллу фасли муҳимтарин масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ имкон фароҳам меорад. Бо вуҷуди ин, бунёди давлати иҷтимоии демократӣ ва ҷомеаи шаҳрвандиро бе шаҳрвандони он, бидуни донишҳои муосир дар бораи ҷаҳон, ҷомеа, ҳуқуқ, давлат ва бе ташаккули имкониятҳои васеи ба даст овардани чунин донишҳо тасаввур кардан ғайриимкон аст. Дар ин раванд бояд созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва худи шаҳрвандон ширкати фаъол дошта бошанд.
Бояд гуфт, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ сохтори худидоракунӣ ва кушодаи муносибатҳои байни одамон мебошад, ки дар асоси арзишҳои фарҳанги умумӣ, иқтисодиёти бозорӣ, шаклҳои ихтиёрии ниҳодҳои шаҳрвандӣ муттаҳид гашта, дар ташкили демократияи устувор нақши муҳим мебозанд. Мавқеи он, пеш аз ҳама, бо пайдоиши шаҳрванди озод, узви мустақили ҷомеаи дорои як қатор ҳуқуқҳо ва озодиҳо, инчунин, масъули маънавӣ барои амалҳои худ дар назди ҷомеа мебошанд, алоқаманд аст, чунки рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар бисёр ҳолатҳо аз пайдоиши иттиҳодияҳои гуногуни одамон вобастагӣ дорад.
Ҷомеаи шаҳрвандӣ, инчунин, дорои асосҳои сиёсӣ мебошад, ки ташкилоту ниҳодҳои гуногуни шаҳрвандиро ташкил медиҳад ва бо якдигар, бо давлат ҳамкорӣ мекунанд ва ин ҳизбҳои сиёсӣ, ҳаракатҳои ҷамъиятӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, муассисаҳои анъанавии худидоракунӣ, масҷидҳо ва васоити ахбори оммаи мустақил мебошанд. Танҳо фаъолияти самараноки қувваҳои сиёсиву шаҳрвандӣ рушди устувори ҷомеаро таъмин месозад, метавонанд ҳуқуқ ва манфиатҳои гурӯҳҳои гуногуни аҳолӣ, ҳуқуқҳои конститутсионӣ ва озодиҳои шахсро ҳимоя ва муҳофизат карда, ба ин васила муносибатҳои байни шаҳрвандон ва давлатро ҳамоҳанг созад.
Барои рушди ҳамаҷонибаи истиқлоли давлатӣ рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, фарҳангию маърифатӣ ва фаъолнокии шаҳрвандон зарур аст, ки ақидаи идеологиро ҷорӣ созад, ҳисси масъулият ва ватандӯстӣ, бахусус, барои насли наврас, зарур аст. Нақши муҳим дар ин соҳа ба оила, таълим, илм, дин, ҳунар, ки муносибатҳои иҷтимоӣ, маориф ва маънавиро ташкил медиҳанд, дода мешавад Оила ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири давлат дар якҷоягӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ асоси онро ташкил мекунад. Дар муқоиса бо дигар ниҳодҳои иҷтимоӣ, оила дар тарбияи шахс ва тарбияи рафтори вай нақши муҳим мебозад, хусусиятҳои фардии шахсӣ, ҷаҳони ботинӣ, ҷаҳондонӣ ва ҷаҳонбинии фардро инкишоф медиҳад.
Нақши оила, ҷавонон, тамоми бахшҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсии давлат баланд аст ва ин нишондод ботадриҷ афзоиш меёбад, ба монанди тағйирёбии ҷаҳон, тағйирёбии Тоҷикистон, усулҳои бунёди муносибатҳои байни одамон, байни давлату ҷомеа тағйир меёбанд ва ин бояд имрӯз ба назар гирифта шавад, фардо шояд дер шавад.
Ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҷавонон, оила, аҳолӣ бо мавқеъ ва иштироки худ дар воқеаҳои ҳизбиву сиёсӣ ва ҳаёти ҷамъиятӣ барои дарёфти тавозуни зарурӣ байни давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ кумак мерасонанд. Аз ин рӯ, баргузории мизи гирд дар мавзӯи “Масъалаҳои рушди ҷомеаи шаҳвандӣ дар Тоҷикистон: вазъ ва дурнамо” хеле арзишманду актуалӣ мебошад ва умед дорем, ки ҳамоиши имрӯза барои рушду пешрафти ҷомеаи шаҳрвандӣ дар кишварамон мусоидат хоҳад кард.
Сипас мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода зимни сухани табрикӣ аҳамияти мавзӯи номбурдаро таъкид карда, ба иштирокчиёни ҳамоиш барори кор орзу намуд.
Ҳамин тавр, коршиноси Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти стратегӣ Нусратулло Зокиров дар мавзӯи “Ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ чун омили муҳими демократия дар Тоҷикистон”, раиси Ассотсиатсияи миллии созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон Шамсиддин Каримов дар мавзӯи “Нақши созмонҳои ғайридавлатӣ дар ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон”, сармутахассиси Раёсати иттиҳодияҳои динии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муллоалӣ Алиев дар мавзӯи “Таносуби арзишҳои миллӣ ва динӣ дар рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ”, раиси Шӯрои васоити ахбори оммаи Тоҷикистон Шаҳло Акобирова дар мавзӯи “Нақши васоити ахбори омма дар рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ” суханронӣ намуда, ба саволҳои ҳозирин посухҳои қаноатбахш доданд. Баъдан, пиромуни маърӯзаҳои ироашуда ибрози назар ва табодули афкори арзишманд сурат гирифт. Мизи гирдро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Диловар Қодирзода ҷамъбасту натиҷагирӣ кард ва ба иштирокчиёни ҳамоиш барои ширкати фаъолона изҳори сипос намуд.
Ҳамоиш дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда баргузор гардид.
Хадамоти матбуотии Маркази
тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон