НАҚШИ МЕРОСИ ТАМАДДУНҲОИ БОСТОНӢ ДАР ТАШАККУЛИ ДАВЛАТҲОИ МУОСИРИ МИЛЛӢ

Санаи 18 декабри соли 2025 таҳти унвони «Нақши мероси тамаддунҳои бостонӣ дар ташаккули давлатҳои муосири миллӣ» дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.
Дар кори ҳамоиш директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, профессор, узви вобастаи АМИТ Хайриддин Усмонзода, инчунин намояндагони масъули вазорату идораҳои давлатӣ, олимону коршиносони ниҳодҳои илмӣ-таҳлилӣ ва намояндагони васоити ахбори омма ширкат намуданд.
Конференсияро директори Марказ Хайриддин Усмонзода ифтитоҳ намуда, иброз доштанд, ки дар шароити муосир такя ба мероси тамаддунҳои бостонӣ ҳамчун омили муҳими ташаккули давлатҳои миллӣ аҳамияти хоса аҳамияти муҳим касб намудааст. Ба таъкиди мавсуф, таҷрибаи ҷаҳонӣ собит месозад, ки бисёре аз давлатҳои пуриқтидори имрӯз худро давлатҳои тамаддунӣ муаррифӣ намуда, рушду суботи худро ба решаҳои таърихӣ ва фарҳангии худ вобаста медонанд.
Ҳамзамон зикр гардид, ки ҷомеае, ки дар масъалаи ҳувияти таърихӣ ва тамаддунӣ ҳамфикрии умумӣ надорад, дар шароити рақобатҳои ҷаҳонӣ наметавонад устувор бошад. Ин масъала барои Ҷумҳурии Тоҷикистон низ муҳим мебошад, зеро ташаккули ҳамфикрии ҷомеа вобаста ба мансубияти таърихӣ ва фарҳангӣ заминаи муҳими таҳкими давлатдории миллӣ маҳсуб меёбад.
Дар ин замина ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, таъкид шуд, ки Пешвои миллат бо пешниҳоди ташаббусҳои муҳим дар самти эҳё ва муаррифии мероси тамаддунии ниёгон, аз ҷумла тавассути бунёди Маркази тамаддуни Ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз мавқеи давлати миллии моро ҳамчун вориси тамаддунҳои куҳан, аз ҷумла тамаддуни ориёӣ, равшан муайян намуданд.
Ҳамчунин зикр гардид, ки эълон шудани соли 2026 ҳамчун “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” ба таҳкими ҳамфикрии умумимиллӣ ва худшиносии таърихӣ равона гардидааст.
Ба гуфтаи Хайриддин Усмонзода нақши мероси тамаддунҳои бостонӣ дар ташаккули давлатҳои муосири миллӣ на танҳо як мавзуи илмӣ, балки масъалаи амнияти маънавӣ, ваҳдати миллӣ ва рушди устувори давлат мебошад: “Вазифаи мо ҳамчун олимон, мутахассисон ва аъзои ҷомеа он аст, ки ин меросро амиқ омӯзем, дуруст муаррифӣ намоем ва онро ба омили муттаҳидкунандаи ҷомеа табдил диҳем”.
Зимни баргузории конференсия таҳлилу баррасии як қатор масъалаҳои мубрам, аз ҷумла равандҳои давлатсозию миллатсозӣ дар низоми нави муносибатҳои байналмилалӣ, консепсияи тамаддунии шинохти масоили геосиёсии муосир, зарурати шинохти тамаддунӣ дар ҷаҳони муосир, ташаккули давлатҳои миллӣ дар заминаи осори тамаддунӣ, ҳифзи фарҳанги миллӣ дар чорчӯби тамаддуни ниёгон, айнияти тамаддунӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ ва постмодерн, таъсири равандҳои геосиёсию тамаддунӣ ба рушди имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бархурди тамаддунҳо ва таҳмили арзишҳои фарҳангӣ, масъалаҳои таъмини амнияти фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин таҳдиду чолишҳои фарҳангию тамаддунии муосир дар минтақаи Осиёи Марказӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Иштирокчиён дар баромадҳои худ таъкид намуданд, ки давлатсозӣ ва миллатсозӣ мафҳумҳое ҳастанд, ки дар ҳар ҷомеа аҳамияти хоси худро дошта, дар низоми нави муносибатҳои байналмилалӣ бо умумиятҳо ва соҳибихтиёрии худ фарқ мекунанд. Таъсис ва таҳкими ниҳодҳои давлатӣ, сохтори маъмурӣ, ҳуқуқӣ ва муайян намудани сарҳад ва ҳудуди давлат ба раванди давлатсозӣ дар низоми нави муносибатҳо дохил гардида, раванди миллатсозӣ ба мутаҳидсозии омма тавассути умумиятҳои забон, фарҳанг, таърих, ташаккули ҳувияти миллӣ, таҳкими ваҳдат, ҳифзи музаффариятҳои миллӣ ташаккул ва рушд меёбад.
Ҳамчунин иштирокчиён ба нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, ки санаи 16 декабри соли 2025 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардида буд, ишора намуда, зикр карданд, ки масъалаҳои фарҳанг ва тамаддун ҳамеша дар меҳвари сиёсати Президенти кишвар қарор дошта, барои арҷгузорӣ ва ҳифзи тамаддуни бостонии миллати тоҷик иқдомҳои ҷасурона ва сарнавиштсоз амалӣ мегарданд.
Дар идомаи муҳокимаҳо таъкид шуд, ки ворид гардидани номинатсияи миллии «Хуттали Қадим» ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО зимни Иҷлосияи 47-уми Кумитаи мероси ҷаҳонӣ дар шаҳри Париж далели эътирофи байналмилалии мероси фарҳангии Тоҷикистон мебошад. Қайд гардид, ки ин номинатсия ёздаҳ ёдгории таърихию фарҳангии қаламрави вилояти Хатлонро дар бар мегирад.
Дар фарҷоми конференсия мубодилаи афкори озод сурат гирифта, иштирокчиён перомуни роҳҳои таҳкими худшиносии миллӣ, истифодаи иқтидори тамаддунӣ дар сиёсати давлатӣ ва нақши ниҳодҳои илмӣ дар муаррифии мероси таърихию фарҳангии Тоҷикистон андешаҳои судманд баён намуданд. Таъкид гардид, ки идомаи чунин ҳамоишҳо ба таҳкими ҳамфикрии илмӣ ва рушди сиёсати фарҳангиву тамаддунии кишвар мусоидат хоҳад кард.
Хадамоти матбуотии Маркази тадқиқоти
стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон