Рӯзи 17 ноябри соли 2020 ҷаласаи Шӯрои илмиву методии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Ҳамоиши илмиро бо сухани муқаддимавӣ муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Шӯрои илмиву методии Марказ Парвиз Муҳаммадзода ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки тибқи рӯзнома дар ҷаласа чунин масъалаҳо мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор мегиранд:
- Ҳисоботи панҷсола (солҳои 2015–2020) ва имсола (соли 2020) доир ба натиҷаҳои фаъолияти илмиву пажӯҳишии раёсатҳои Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Нақшаву пешниҳодҳо доир ба фаъолияти илмиву таҳқиқотии раёсатҳои Марказ дар соли 2021.
Сипас дар назди ҳозирин сардорони раёсатҳои Марказ доир ба натиҷаҳои корҳои панҷсола ва имсолаи илмию тадқиқотии раёсатҳои худ мухтасаран гузориш ироа намуда, ба саволҳои ҳозирин посухҳои қаноатбахш доданд.
Таъкид карда шуд, ки гузоришҳо аз семинару конфронсу мизҳои гирд ва дигар чорабинҳои илмии Марказ дар васоити ахбори оммаи давлатӣ ба таври васеъ инъикос шуда, ҳамчунин, хабари баргузории онҳо дар сомонаи Марказ сари вақт гузошта шудаанд. Дар баробари ин, кормандони Марказ дар конфронсу ҳамоишҳо, семинару маҳфилҳо, мизҳои гирд, ки аз ҷониби созмонҳои гуногуни ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ доир шуданд, ширкат варзида, бо маърӯзаҳои илмӣ суханронӣ намуданд.
Музокирачиён дар қатори аҳамият ва арзиши корҳои илмию таҳқиқотии анҷомдодаи раёсатҳои номбурда камбудиву норасоиҳоро зикр намуданд ва барои пешрафти фаъолият тавсияҳои муфид доданд. Аъзоёни Шӯрои илмиву методии Марказ пиромуни фаъолияти илмию тадқиқотии Марказ дар панҷсола ва соли 2020 фикру андешаҳои судманд иброз намуданд.
Ҳамзамон, дар кори Шӯрои илмиву методӣ нақшаҳои илмиву таҳқиқотии Марказ барои соли 2021 барраасӣ ва муҳокима гардид.
Дар охир ҷаласаи Шӯрои илмиву методии Марказ ҷамъбаст ва натиҷагирӣ карда шуд.
Хадамоти матбуотии Маркази
тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон